«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Рӯзе тамоми гапи дар дилаш ҷамъгардидаро дар ҳузури Бибианор чунин хулоса кард:
– Ман Манзаршоро намешиносам. Лекин дар бораи корнамоиҳояш бисёр шунидаам. Ту, дар ҳақиқат ҳам, зани сазовори номи ин мард будаӣ. Бар калонкардаат аҳсант! Ман ба ту ягон зӯрӣ надорам. Талоқат ҳам дода наметавонам. Инро ту аз ман беҳтар медонӣ. Фақат як хоҳиш дорам: ба касе нагӯ, ки ману ту муносибати заношавҳарӣ надорем. Минбаъд чи хеле дилат хоҳад, зиндагӣ кун. Барои туву бачаат чизе лозим бошад, бе1. Абин - палонҷ ибо гап зан.
Бибианор гапи ӯро мешуниду ба ду гӯшаш бовар намекард. Пас аз он ки гапаш ба охир расид, наздаш ба зону афтод, дасташро бӯсид ва бо гиряи пуралам нидо дод:
– Худованд сари фарзандонатро аз санг кунад. Маро бубахш, … наметавонам. Ман танҳо зани Манзаршоям, бовар кун, фақат зани Манзаршо! Ба ивази некиҳои туву занат иҷоза деҳ, ки хизматгори хонаат бошам.
Булато ин хоҳиши Бибианорро бо занаш муҳокима карда, иҷрои баъзе корҳои сабукро ба уҳдааш гузоштанд.
Пас аз як сол падараш Қубод Меҳтаршоро ба Баҳрзуд бурд.
Сабабаш он буд, ки мактабдори Шидз таълими бачаро ба уҳда нагирифт. Дар Баҳрзуд Қубод худаш ба ӯ хату савод ёд дода метавонист.
Ҳамин тариқ, Бибианор дар хонаи Булато ба сар мебурду шабу рӯз тазарро дошт, ки Худованд бори дигар ӯро ба Манзаршо расонад.
Он рӯз, пас аз гусели ҷанозаи Бобак, ба хона баргашта, сар ба зону гузошту зор-зор гирист. Султонбахт барояш об оварду сарашро хоҳарвор дар канор гирифт. Ин асно садои пасти шикастани чизе ба гӯшашон расид.
– Зери зонуят чизе шикаст, – гуфт Султонбахт ва дар нимравшании сиёҳчароғ ҳарчанд палмосид, чизе наёфт. Банохост чашмаш ба ангуштарини палонҷаш афтиду бо ҳайрат хитоб кард:
– Худоё, нигини ангуштариат ду пора шудааст!
Занон аз ғояти тааҷҷуб бо як овоз «вой» гуфта, аз ҷо хестанд. Маҳтобсангро ғуссаи бекарони Бибианор кафонда буд!
Он лахтаи хуни сиёҳгаштаро ба хотир меовард.
Он рӯз ангор заминларзаи даҳшатноке кӯҳҳои Вомарро барканду ба сари Беҷодамо рехт. Дар саҳни қалъаи Вомар гӯё маҳшар барпо шуда бошад, се-чор ҳазор нафар одам ҷамъ омада буд. Навкарон гурӯҳ-гурӯҳ бандиёнро оварда, дар як тараф занон ва дар тарафи дигар мардонро рӯйи замине, ки барфаш чанд рӯз пеш об шуда буд, шинонданд. Мардуми аз деҳаҳои дуру наздики Рӯшон омада дар интизори ҳал шудани тақдири хешовандони худ истода буданд.
Беҷодамову ҳамроҳонашро субҳи барвақт ба қалъа оварданд. Занон, пас аз панҷ-шаш моҳи ҳабс, бори аввал рӯзи равшану ҳавои тозаро медиданд. Бо дидани шафақи офтоб дар дили Беҷодамо шуълаи умеди озодӣ барқ зад. Ӯ ба зани ҳампаҳлуяш рӯ овард:
– Моро озод мекунанд!
Зан ба ӯ нигоҳи маъюсонае афканду гуфт:
– Бовар намекунам, озод мекарданд, аз ҳамон Боҷхона ҷавобамон медоданд. Ба фикрам, мекушанд.
Ба сари Беҷодамо гӯё оби хунук рехтанд. Пушташ ларзид, дандонҳояш ба ҳам заданд.
Вақте тамоми бандиёнро дар майдон шинонданд, аз қалъа ду марди хушлибос баромаданд – яке шабеҳи қирғизон, дигаре
– тоҷик. Марди тоҷик болои харсанге баромада, хитоб намуд:
– Бидонед ва огоҳ бошед, ки аз ҳамин рӯз эътиборан шоҳи мулки Шуғнон ҷалолатмаоби ҳумоюнфар, пушту паноҳи мусулмонон ва дини ислом Муҳаббатхон ибни Абдурраҳимхон, қалъаи Вомарро тасхир карда, мулки Рӯшонро ба тобеияти худ дароварда, ба ҳисоб овард. Юсуфалихон, ба сабаби ғалат карданҳои бисёраш дар умури давлат ва дин аз салтанат маъзул гардида, ҷаноби ҳазрати дунёпаноҳ Муҳаббатхон ӯро ба ҷойи овехтан ба дор, изн фармуда, ки ба ҳамроҳи муқаррабони осигаштаи худ ба Бадахшон муроҷиат намояд. Ононе, ки дар замони Юсуфалихон масъулияти ҳокимиятро доштанд, бо амри ҷаноби шоҳи мулки Шуғнон бевазифа гардонда шуда ва молу мулкашон тарака гашта, ба хазинаи давлат супурда ва занону духтарону хоҳаронашон ба амалдорони нав никоҳ мешаванд. Дар муддати ҳафт рӯзи иди Наврӯз шаҳди нашъаи ғалаба ва тантанаи ҷашни арӯсии занони душманони ғаддор пурқиматтарин туҳфа барои дӯстон ва саъбтарин подош барои душманон буда бошад.
Аз шунидани ин нутқ дили Беҷодамо гӯё аз тапиш бозистод, гӯшҳояш зангула навохтанд, сараш чарх зад. Мардум ба таҳлука афтод, занон фиғон кашиданд. Нооромии издиҳомро дида, марди қирғизмонанд, ки камзӯли низомӣ ба бар дошту шамшере ҳамоил ба паҳлу, чолокона болои харсанг баромад ва фарёд кашид:
– Талаб мекунам, ки доду бедод накунед ва табъи болидаи шоҳи мамлакатро хира насозед. Касе арбада кунад, қамчин мехӯрад!
Рӯзи аввали моҳи Гамунд, яъне Наврӯз, барои Беҷодамову ба мисли ӯ садҳо одамони бегуноҳу бепаноҳи дигар бо чунин таҳқиру тазйиқ оғоз гардид. Бандиёнро ба қалъа дароварда, дар толори васеи табақаи якум саф ба саф қатор карданд. Сипас барои бозпурсӣ ва таъйини ҷазо як-як ба ҳузури Муҳаббатхон даровардан гирифтанд.
Беҷодамо ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки бо чунин сурату сумоти зишту муҳаққар ӯро ба назди шоҳ медароранд.
Ӯ бори охирин ду рӯз қабл аз асир шуданаш, яъне тахминан ҳафт моҳ пеш сару тан шуста буду халос. На фақат ӯ, балки тамоми бандиёнро танҳо барои қазои ҳоҷат берун мебароварданду халос. Дигар ҳолашон аз моли даруни оғил тафовуте надошт. Пироҳани тани духтар аз ғояти чирк чунон карахш баста буд, ки аз андаке беэҳтиётӣ медарид, дурусттараш мешикаст. Мӯйи сараш пупанак зада, пехҳои як замон гулбуриаш ранг бохта, ҳангоми роҳ гаштан чириқ-чириқ садо мебароварданд. Ягона пӯшоки дурусттаре, ки Беҷодамо бо худ дошт, гилеми рағзаи барқади чиркбардоре буд, ки дар вақти зарурат баданашро аз китф то буҷулаки по мепӯшонд. Духтар ба туфайли ҳамин гилеми пашмин аз сардии зимистон ҷон ба саломат бурд.
Вақте навбати вуруд ба Беҷодамо расид, гилемро ба танаш дурусттар печонду рӯяшро бо рӯмоли бадбӯяш пӯшонда, аз қафои навкар ба ҳуҷрае даромад. Дар ҳуҷра шаш марди хушлибос болои суфаи пасти қолинпӯш нишаста, кабоб мехӯрданд. Беҷодамо рӯйи номубораки онҳоро рӯзи аввали асир гаштанаш дар ҳавлии оқсақоли фирории Вомар дид. Шоҳ ба лӯлаболишти ҷилдаш зардӯзӣ такя зада буд. Ҳама мисли гургони гурусна ба ӯ чашм ало карданд.
– Ин заифа кӣ буд? – пурсид шоҳ.
– Хоҳари навкари Юсуфалихон, шоҳам.
Шоҳ нимхез шуда, дақиқае тунд ба рӯяш назар карду амр дод:
– Моли баде набудаст, ба ҳарам баред.
Навкар Беҷодаморо аз ҳуҷра берун овард ва тавассути поғундаи зинадор ба табақаи дуюм баровард. Духтар ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки дар дунё хонаи дуошёна ҳам вуҷуд дорад. Ӯ аз ҳашамати қалъа ангушти ҳайрат газида, бо ваҳм меандешид, ки чи сон дар дохили ҳамин бинои даҳшатнок бисоти духтариаш туъмаи кадом як шағоли одамсурате мегардад. Дилаш таҳ кашид, гиря гулугираш кард.
Навкар ба чап тоб хӯрда, дареро кушод ва Беҷодаморо бо ишора ба дарун ҳидоят намуду дарро аз пасаш пӯшид. Дар дохили ҳуҷраи васеи равшан ду зан, гӯё маҳз омадани Беҷодаморо мунтазир бошанд, бидуни пурсише аз дасташ гирифта, ба воситаи роҳрави нимторики танг ба ошёнаи аввал фароварданд. Беҷодамо раҳораҳ ба зарда ва малолият меандешид, ки чаро шоҳ ӯро «мол» гуфт? Наход инсон мол бошад? Наход ӯро бифурӯшанд? Бародари азизаш дар куҷост? Доробшо чӣ?
Агар ба духтари заифе чунин зулм раво бинанд, бо онҳо чиҳо хоҳанд кард? Ё кушта бошанду вай дарак надорад?!
Андешаҳои мағшуш духтарро ба гиря водоштанд. Занон дари зебои кандакориеро боз намуда, ӯро ба дарун тела доданд. Якеаш фарёд кашид:
– Қабул кунед! – Ва дарро пӯшида рафтанд.
Хона нимторик буд. Ҳар ҷо-ҳар ҷо бар деворҳо машъалҳое месӯхтанд, ки аз сиёҳчароғи хонаи Беҷодамо чандин бор бузургтару зеботар буданд. Хона бӯйи хуш ва фарши он қолинҳои зебои нав дошт.
– Номат чӣ? – аз пушти сари Беҷодамо овози мардонае баланд шуд.
– Беҷодамо.
– Аз куҷоӣ?
– Аз Вомар.
– Чандсолаӣ?
– Нуздаҳсола.
Мард рӯ ба рӯяш истоду муддате аз фарқи сар то пояшро бодиққат аз назар гузаронд. Беҷодамо сар боло карда, ӯро диду сахт мутаҳаййир шуд: дар рӯбарӯяш на мард, балки зани пуррапайкаре бо рӯймоли сафеду пироҳани нафиси сабзранги гулдор меистод.
– Бо мард хуфтухез кардаӣ?
Духтар сар ба зер афканду посух надод. Аҷиб, овозаш мардона, либосу ҷисмаш занона! Беҷода аз шарм намедонист сарашро дар куҷо пинҳон кунад. Аммо зан, мунтазири ҷавоб нашуда, ба кори аз ин бадтар даст зад. Амр кард, ки Беҷодамо либосашро бикашад. Чун духтар таъхир намуд, худ дар як нафас ӯро лучи модарзод кард ва аз дасташ гирифта, ба ҳуҷраи дигаре даровард, ки гармоба будааст. Дар ин ҷо ҳам ду ҷавонзан, бидуни он ки гапе зананд, ба шустушӯи духтар пардохтданд.
Зани мардмонанд гуфт:
– Номаш Беҷодамо, сару танашро покиза шуста, либоси беҳтарин бипӯшонед. Ҷандаҳои худашро ба гӯлахӣ диҳед, ки бисӯзонад.
Занмард рафт. Аз оби гарм ва хору моли гуворо бадани
Беҷодамо роҳат кард. Дар ин муддат Беҷодамо чанд бор пурсид, ки онҳо ба чӣ мақсад чунин меҳрубониро ба ӯ раво мебинанд? Аммо аз санг садо буду аз онҳо не. Билохира, шустушӯ анҷом ёфту канизакон ӯро дар чодари сафеди нарм печонда, ба ҳуҷрае бурданд, ки сандуқи бисёр дошт. Чанд сандуқро кушода, кофтанд ва оқибат пироҳану поҷомаи мувофиқ интихоб намуданд. Сипас баданашро бо равғани хушбӯй масҳ намуданду либоси нав пӯшонданд.
Беҷодамо ба бозии чархи фалак ҳайрон монд. Ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки барои чӣ пас аз азобу таҳқири бисёр, боз ин қадар лутфу меҳрубониро ба ӯ раво мебинанд. «Шояд шоҳ аз ноодилона ба зиндон партофтанам пушаймон шуда бошаду акнун мехоҳад бо некӣ аз дилам барорад, – ба пурсишҳои бешумори дарунаш посух медод духтар, – ғалабаеро, ки мехост, ба даст овард, акнун рӯ ба инсофу адолат оварданист».
Ин асно боз ҳамон зани мардмонанд ё марди занмонанд ба ҳуҷра даромад. Ин бор духтарро бо чашми харидорӣ аз назар гузаронда, қаноатманд сар ҷунбонду гуфт:
– Ту, Беҷодамо, дар ихтиёри ман мемонӣ. Дар ҳаққи шоҳи олампаноҳ дуо кун, ки туро ба ҳарами худаш роҳ дод. Духтари хушбахте будаӣ.
Он вақт Беҷодамо маънои «ҳарам»-ро намедонист. Ӯ фикр кард, ки шоҳ ӯро чанд рӯз чун меҳмон иззату икром карда, сипас иҷозат медиҳад, ки ба хонааш баргардад. Духтар хонаву дарашро пазмон шуда буд. Мехост чун парранда бол баровараду аз ягон тоқи ин қалъаи нимторики ваҳмангез парида, рост болои боми хонаи азизи падараш биншинад, аз шодиву сурур бо ҳамин пироҳани наппа-нави хушрангу бӯяш рақс кунаду рақс кунад.
Ӯ ташнаи озодӣ буд. Аммо тақдир барои ӯ дар бағал санги дигаре доштааст. Занмард ӯро ба ҳуҷраи фарохе бурд, ки асосу палос ва курсиву болишти бисёр дошт. Дар кунҷу канори он ду-ду, се-се занону духтарони хушлибос нишаста буданд. Бо даромадани занмард ҳама аз ҷо хестанд. Нигоҳҳои кунҷковонаи онҳо ҳамагӣ ба Беҷодамо дӯхта шуданд.
Занмард гуфт:
– Ҳоло бароятон хӯрок мебиёранд. Ин духтар абини наватон – Беҷодамо.
Ва хандаи ғализе карду бадар рафт. Беҷодамо, аз он ки ин махлуқ ӯро «абин» муррифӣ намуд, аз шарм дасту по хӯрда, дар мобайни хона рост монд.
– Хоҳарҷон, биё, ба мо ҳамроҳ шав, – духтари нозукандоме, ки мӯйи зебояш то буҷули пояш мерасид, дасти ӯро гирифта, ба кунҷе бурд ва болои кӯрпачае шинонду пурсид: – Ту ҳам дар Боҷхона будӣ?
Беҷодамо ба ишораи тасдиқ сар ҷунбонд. Занон, чун диданд, ки абини навашон сахт бедимоғ аст, ӯро ба ҳоли худ гузоштанд.
Дар кушода шуду чанд канизак байни хона дасторхон андохта, онро бо мева, асалу набот, мағзу чағз ва кулчаву фатир пур карданд. Барои ҳар зан дар косаи алоҳидаи гулдор шӯрбо оварданд. Беҷодамо ду рӯз боз чизе ба даҳан нагирифта буд.
Бинобар ин, дар як дам шӯрборо дам кашиду даст ба мева бурд. Зани калонсоле, ки ба рӯшонӣ бо лаҳни бегона гап мезад, гуфт:
– Беҷодамо, духтарам, мева нахӯр, ки шикампеч мешавӣ.
Ҳоло наботчой хӯрӣ, беҳтар.
Беҷодамо зардолуи дасташро рӯйи дасторхон гузошт. Пас аз шӯрбо кабоб, пас аз кабоб оши боқило оварданд. Зани калонсол ним коса оши боқилоро ба Беҷодамо дароз кард ва гуфт:
– Ин фоида дорад, ҳатман бихӯр.
Беҷодамо ошро дар як нафас дам кашид ва гуфт:
– Раҳмат, холаҷон, сер шудам.
Занон аз ҳар хусус суҳбат мекарданд. Беҷодамо аввал ба он андешид, ки сокинони қалъаи Вомар чи дасторхони пурнеъмат доштаанд. Ӯ бори аввал медид, ки дасторхонро бо меваю хӯрок ин қадар оро додан мумкин аст. Чи ҳаёти бофароғате доштаанд ин қалъанишинон! Бе ягон меҳнату маҳрумият тамоми асбоби зиндагиашон муҳайёст.
Пас аз барчидани дасторхон Беҷодамо аз он зани калонсол, ки Қурбонгул ном доштааст, дар хилват пурсид:
– Хола, барои чӣ маро «абин» гуфтанд?
Зан хандаи баланде карду гуфт:
– Ин ҷоро «ҳарам» мегӯянд ва мо ҳамагӣ занони шоҳ Муҳаббатхонем. Ту магар намедонистӣ?
Боре Беҷодамо аз боми хонааш сарозер афтода, лат хӯрда буд. Аз шунидани ин сухан гӯё дубора аз баландии бом сарозер гашт. Нафасаш гиреҳ хӯрду ранги рӯяш пуркид. Зан сарашро дар канор гирифт ва пушташро молид, ки ором шавад. Беҷодаморо ҷигар месӯхт. Акнун дарк кард, ки барои чӣ ӯро дар чунин хонаи боҳашамат ҷо додаанду сари чунин хони шоҳона шинондаанд. Ҳатто як даҳон ризоияташро напурсида, ба золимтарин марди мамлакат, оне, ки даҳ-понздаҳ сол аз ӯ калон буд, ба шавҳар доданд.
Духтар бо даҳшат фикр мекард, ки чи тавр имшаб, ё шаби дигар ӯро ба бағали шоҳи манфур меандозанд. Бо ҳасрату надомат ба ёд овард, ки чи сон Доробшо, ба хотири нарасидан ба иззати нафси ӯ, дар кунҷи боғчаашон барои худ хоначаяке сохту ҳарчанд содиқона дӯсташ медошт, боре ҳам ба дасташ даст нарасонд. «Кош амонати худро ба Доробшо медодаму он насиби ин золими одамхор намегардид». Барои он ки оташи сӯзу гудози Беҷодамо паст шавад, Қурбонгул саргузашти талхи худро барояш нақл кардан гирифт.
Ӯ дар Будун ном деҳаи Язгулом ба дунё омадааст. Падару модарашро ёд надорад. Ӯро бобояш калон карда будааст. Дар бораи волидонаш ҳамин қадар медонад, ки онҳо ба Ванҷ сафар мекунанд ва аз овринг ба дара ғалтида, ҳалок мешаванд. Вақте ба дувоздаҳсолагӣ мерасад, бобои фартути барҷомондаашро барои мурдан ба Бобихӯр мебаранд. Расми ин қавм чунин будааст, ки пиру кампирони бемадоршударо ба сабад андохта, ба дараи дуре, ки Бобихӯр ном доштааст, мебурдаанд. Онҳо дар ин дара мурда, ҷасадашон туъмаи каргасҳо мешудааст. Ҳамсояе, ки бобояшро ба Бобихӯри даҳшатнок бурда буд, ба деҳа баргашта, ягона бузи онҳоро кушта, сарфи хайру худоӣ мекунад.
Духтар чанд муддат бо талбандагӣ шикамашро сер мекунаду рӯзе бобои меҳрубонашро пазмон шуда, ният мекунад, ки ба назди ӯ равад.
Як субҳи тирамоҳ каме нону талқон гирифта, ба тарафе, ки бобояшро бурда буданд, ба роҳ мебарояд. Рӯзи дароз роҳ мепаймояд, ба ободие намерасад. Ҳама ҷо сангистону кӯҳу буттаву гиёҳ. Офтоб нишаста, атрофро торикии воҳиманок зер мекунад. Пехҳои бетагчарми духтар ҷо-ҷо сӯрох гашта, поҳояш аз расидан ба қираи сангҳо захмдор мешаванд. Шабро даруни калфе мегузаронаду рӯзи дигар боз роҳашро давом медиҳад. Вале Бобихӯрро пайдо накарда, чанд рӯз дар дараву дарачаҳои ба ҳам монанди бисёр раҳгум мезанад. Аз гиряи бисёр дар чашмаш об намемонад. Рӯзе ба роҳи калоне баромада, гову моли бисёреро мебинад. Аз тарси наафтодан ба чашми чӯпон, даруни мол пинҳон шуда, хеле меравад, ки саги чӯпон мебинадашу ба ӯ ҳуҷум мекунад. Ҳамин тариқ, ба дасти чӯпони ванҷие меафтад. Чӯпон Қурбонгулро ба хонааш мебарад ва ният мекунад, ки тирамоҳ, баъди аз айлоқ фаромадан, ӯро ба никоҳи писараш медарорад. Иттифоқ чунин меафтад, ки ҳангоми баргаштан аз айлоқ, дастаи раҳгузаре аз лашкари Шуғнон чӯпону писарашро зада маҷрӯҳ месозанду духтарро бо чанд гову мол пешандоз карда, дар Рӯшон ба шоҳ Абдураҳимхон ҳадя менамоянд. Абдураҳимхон Қурбонгулро ба никоҳи худ медарорад. Пас аз ду сол писарони шоҳ ӯро маъзул карда, ба деҳаи Баҷув бадарға мекунанд. Шоҳ Қурбонгулро бо ду зану чанд хидматгор ба Баҷув мебарад. Пас аз гузаштани ду зимистон шавҳарашро ба Сучон, ду занашро ба Баҳрпанҷа мебаранду Қурбонгулро ба қалъаи Вомар меоранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё