«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
– Қарррорр! – дод зад Ҷаҳонгир, – ин чӣ бедодӣ?
– Ту кистӣ? – бо хашм дӯғ зад марди каттакамондоре1, ки сардори навкарон буд.
– Ман ватандори ҳамин мулк – Ҷаҳонгир писари Фаромурзам. Бояд шуморо пурсам, ки кистед?
Издиҳом хомӯш гашт. Навкарон аз пайдо шудани марди қавиҳайкале бо ришу мӯйи сафед ва ҷуръату салобати рустамона ҳайрон шуда, аз гирудор бозистоданд.
– Мо бо фармони шоҳ омадаем, ки зану фарзандони ин мурдаҳоро ба Саройи санг барем…
Ҳанӯз гапи афсар тамом нашуда, Ҷаҳонгир аспашро ба сари ӯ ронд ва лагаде ба таги манаҳаш зад. Вай панҷ-шаш қадам парида, ба девор бархӯрд ва ҷуволи холӣ барин ба замин афтод.
Навкарон даст ба камону шамшер бурданд. Навкари камондор Ҷаҳонгирро нишон гирифт. Мирзоазиз ба як ҷаҳиш худро ба ӯ расонду ба зарбаи як мушт ба замин парчинаш кард.
Мардони маърака ба сари ду навкари дигар рехтанд. Онҳо аз болои сафили боғ парида, ҷонҳавл гурехтанд.
Вақте шӯру валвала хомӯш шуд, Ҷаҳонгир аз асп фарома1. Каттакамон – камони дарози пилтаӣ да, ба сари шаҳидон рафт. Рӯйи мурдаҳоро кушода диду боз пӯшонд ва ду даст бар сар зада, диккак нишаст. Ҳеҷ бовар намекард, ки Мазҳабшо ва писараш Маҳмадзиёро ба ин хориву зорӣ кушта бошанд! Онҳое, ки мӯнису фарёдраси халқи Баҳшор буданд, онҳое, ки дар ин мамлакат бо хайру саховат ном бароварда, дар тиратарин рӯзҳо ғаллаву моли худро аз шоҳони Шуғнон дареғ надошта буданд, бо баданҳои лахт-лахту кафанҳои лолагун рӯйи хок мехобиданд.
Ҷаҳонгир бархост ва бе он ки ба касе муроҷиат кунад, пурсид:
– Чӣ гап шуд?
Амаки Мазҳабшо, пирамарди кӯзпушти пастқад, ки Навбаҳор ном дошт, поҳояшро базӯр кашол карда, назди Ҷаҳонгир омад ва гуфт:
– Паҳлавон, инҳо он рӯз тир нахӯрда, худро мурда вонамуд карда буданд. Вақте ба хона оварданд, дидам, ки зиндаву саломатанд. Ду шаб дар хона буданд. Зоро касе ба шоҳ хабар бурд, ки шаб ду навкар омада, ба чунин хориву зорӣ куштандашон.
– Барои чӣ маро огоҳ накардед? – аз алам дандон совид Ҷаҳонгир.
– Гуфтанд, ки беморӣ. Дирӯз ба аёдатат рафтам, ба Вужпидрӯд рафта будӣ.
Ин асно марде омада гуфт:
– Паҳлавон, навкареро, ки задӣ, мурдааст.
– Барои он задам, ки мурад, – гуфт оромона паҳлавон, –дигараш чӣ ҳол дорад?
– Дар таги девор нишастааст, об додем, сари ҳол омад.
Ҷаҳонгир ба назди навкар рафт. Ӯ ҷавонмарди сӣ-сиву панҷсолаи ботанутӯше буд.
– Туркӣ ё тоҷик? – пурсид паҳлавон.
Навкар аз ҷо бархост ва ишками зарбхӯрдаашро молида, посух дод: – Қатаған.
Ҷаҳонгир гуфт:
– Силоҳатро мону мурдаи сардоратро пуштора карда, гум шав.
Қатаған силоҳҳои худу афсари мурдаро ба замин гузошт.
Мурдаро ба пушташ бор карданд. Ӯ ҷониби аспаш рафт.
– Асп меистад, даркор шуд, ман худам мебарам, – дӯғ зад Ҷаҳонгир.
Навкар рафт. Мардум зану мард, хурду калон гиряву навҳаро фаромӯш карда, дар атрофи Ҷаҳонгир ҷамъ омаданд.
– Акнун чӣ кор кунем? – пурсид касе.
– Намози ҷаноза мехонем, шаҳидонро дафн мекунем, – посух дод паҳлавон.
– Агар навкарон қасосгирӣ биёянд, чӣ?
– Ҷанг мекунем. Мо бештар ҳаққи қасос дорем, – овозашро баланд карда гуфт Ҷаҳонгир. – Чи силоҳе дошта бошед, омода кунед. Вақти шуғнизарба1 расид! Мо ҳамон шуғниҳои бебокем, ки бобоҳоямон сад сол пеш лашкари хитойиҳоро шикастанд, мо он мардумем, ки манҷуриҳоро то Саракӯл пешандоз карда, мағлуб ва Ёркандро аз пойи номуборакашон пок кардем. Дигар тан ба хориву зиллат намедиҳем!
Сухани паҳлавон фаҳмо ва қатъӣ буд. Дудилагиву номуайянӣ аз синаҳо бадар шуд. Акнун халқ медонист, ки чи кор кунад. Мардон намози ҷанозаро анҷом дода, тобутҳои хунчаконро бардоштанд.
Пас аз дафни шаҳидон Ҷаҳонгир на ба хона, балки ба сӯйи дара асп монд. Мирзоазиз гумон кард, ки бобояш аз шиддати ғазаб ҳуш бохтаву роҳгум задааст. Бинобар ин, аз пасаш дод зад:
– Бобо, аз хона гузаштем.
Ҷаҳонгир ба қафо нигоҳ накарда, қамчинашро бардошта, тарафи дара нишон дод. Мирзоазиз мутмаин шуд, ки бобояш ҳуш набохтааст, таскин ёфт ва дунболи ӯро гирифт.
Дар ҷойе, ки рӯд аз тангнойи дара озод гардида, оби нуқрагуни худро дар маҷрои фарохи водӣ парешон мекард, мазоре мавҷуд аст. Атрофи онро девор гирифта, бар бомаш гунбазе сохтаанд, ки ба шакли панҷа навиштаҷоти хирае дорад.
Ҷаҳонгир аз шохоби рӯд вузӯ гирифту дари мазорро боз карда, даромад. Рӯ ба қибла дар назди қабр, ки аз гӯри маъмулӣ бузургтар метофт, дузону зад. Мирзоазиз низ чунин кард. Онҳо ду ракъат намоз гузориданд. Сипас Ҷаҳонгир даст ба дуо бардошт:
– Ё Ҳазрати Сайид, ба инояти ту ва аҷдоди бузурги ту, омадам ба даргоҳи муъминпаноҳи ту, ки зулми тоқатнопазири золимони хунхорро аз сари халоиқи Шуғнон рафъ намоӣ ва меҳрубониву гузашту фурӯтаниро дар қалби мусулмонон зиёда фармоӣ ва замири моро бо нури осудагиву хушҳоливу футтуват биороӣ.
Чу беша тиҳӣ гашт аз наррашер,
Шағоле ба беша дарояд далер!
Ё Ҳазрати Сайид, омадам, ки аз Худованди якто мазиди қувватро дар китфу бозу, синаву миён ва пову панҷа ва гӯшту устухонам талаб намоям, ки даррандахӯёнро дарронда тавонам ва сари пасти халқи табоҳгаштаро бори дигар ба баландӣ расонам. Ё Алӣ, мадад!
Ҷаҳонгир даст ба рӯ кашид, бархост ва ба Мирзоазиз ишора кард, ки аз паси ӯ барояд. Вақте дарро пӯшид, зулфи онро се бор ҷунбонда, ба чашм молид ва гуфт:
– Мирзоазиз, «ло фато» бихону се бор ин зулфро ба чашм бимол.
Мирзоазиз хоҳиши ӯро баҷо овард. Бобо ба зулф лук андохт ва ба соҳили рӯд фаромад. Мирзоазиз дар ваҷоҳатиаш тағйирот диду тааҷҷуб кард: мӯсафед хеле бардаму чолок шуда буд.
– Бори сеюм аст, ки аз остони ин бузургвор мурод металабам. Бори аввал, вақте доӣ Шоҳнасими Булӯр маро ба Форс ба дарбори Имоми замон бурд. Он вақт бисту як сол доштам, дарахтро ба як зӯр аз бех дармеовардам. Бори дувум, замоне ки Қубодхон пас аз реҳлати падарам паҳлавон Фаромурзи сафшикан маро ба сипаҳсолории лашкари Шуғнонзамин баргузид.
Ин маротиба бо ту омадам.
Мирзоазиз дарёфт, ки бобояш кори азиме карданист. Аз ин макони муқаддас мурод хоста бошад, пас нияти бузурге дар дил дорад. Аҷабо, мазор чӣ шарофат дошта бошад, ки ба бобояш неруи тоза бахшид? Аз ин рӯ, пурсид:
– Бобо, ин мазори кӣ бошад?
– Дар ин макон бузургтарин шахсияти дини мо Сайид Шоҳи Хомӯш хоб аст, – гуфт Ҷаҳонгир. – Вай барои ҳидоят намудани халқ ба роҳи диндорӣ ватанаш Форсро тарк карда, ҳамроҳи се қаландари дигар ба Шуғнони мо омад. Он замон дар Шуғнон кофарон ва мусулмонон бо ҳамдигар ҷанг мекардананд. Ҳукумат дар дасти авлоди Ривон буд. Онҳо ба ҷойи Худои ягона офтобро мепарастиданд. Шуғнониёне, ки Пир Шоҳ Носири Хусрав мусулмонашон карда буд, намехостанд кофарон бар онҳо фармонраво бошанд. Ин ҷангҳо, гоҳе хомӯш шудаву гоҳе авҷ гирифта, беш аз дусад сол давом карданд. Дар ниҳояти кор, мусулмонон ғолиб омаданд. Шоҳ Рив дар ҷанг кушта шуд, қисми авлодаш фирор кард, баъзеро куштанд, иддаеро ба зиндон партофтанд. Барои мусулмонон шахси донову ҷаҳондидае лозим буд, ки ҳам бар онҳо шоҳӣ кунад, ҳам кори динро пеш барад. Ин асно аз даргоҳи Имоми вақт чор қаландар расиданд. Мардум Шоҳи Хомӯшро дар Шуғнон, Шоҳ
Бурҳони Валиро дар Шохдара ва Шоҳ Малангро дар Рӯшон ҳоким интихоб карданд. Сайид Шоҳи Хомӯш Шуғнонро ба сулҳу салоҳ овард, душманоиро барҳам дод, мулкро обод намуд. Даҳ сол подшоҳӣ кард ва мувофиқи васияташ ӯро дар ҳамин ҷо ба хок супурданд.
Мӯсафед, гапашро тамом карда, пехҳояшро кашиду болои санг ниҳод. Баъд почаҳояшро бардошту поҳояшро даруни об гузошт ва гапашро хулоса кард:
– Барои ҳамин, мардум аз эътиқоде, ки ба Шоҳи Хомӯш доштанд, мазорашро остон гирифтанд. Ҳар гоҳ кори сахте пеш ояд, занҷири дарашро ҷунбонда, нийяташонро мегӯянд. Муродашон ҳатман ҳосил мегардад.
Нақли бобо барои Мирзоазиз наву аҷоиб буд. Онро хомӯш дар андешааш хеле гардонд ва ниҳоят пурсид:
– Ҳоло чӣ нийят кардӣ?
– Шамшер аз ғилоф мекашам ва мардумро ҳимоя мекунам.
– Ба ман иҷозат медиҳӣ? – ба оҳанги умед пурсид набера.
– Албатта. Имрӯз исбот кардӣ, ки ҷангида метавонӣ.
Машқҳоямон зоеъ нарафтаанд.
Ҷаҳонгир аз ҳафтсолагии наберааш сар карда, ба ӯ шамшерзанӣ, аспдавонӣ, гӯштингирӣ ва найзазанӣ ёд медод ва ҳоло аз натиҷаи хуби кораш қаноатманд буд.
Бобову набера роҳи хонаро пеш гирифтанд. Аснои роҳ Мирзоазиз саволеро, ки пас аз ҳикояи бобояш дар сари ӯ чарх мезад, ба забон овард:
– Бобо, ҳамин Муҳаббатхон ҳам аз авлоди Шоҳи Хомӯш аст?
– Ҳа, насабаш ба ӯ мерасад, – ҷавоб дод Ҷаҳонгир.
– Пас барои чӣ шуғнониёнро ин қадар бад мебинад?
– Бобокалони инҳо Шоҳванҷӣ, писари Шоҳи Хомӯш, барои давлату дунё шуда, худро ба шоҳони Қатаған фурӯхту ломазҳаб шуд. Узбакони Қатағану Қундуз ба ӯ молу пул ва лашкари бисёр дода, бар зидди шуғнониён сафарбар карданд. Шоҳванҷӣ Сучон, Ғунд, Шохдара ва Рӯшонро тасарруф карду ба тахти Шуғнон нишаст. Ӯ авлодашро низ ба мазҳаби узбакон гардонд. Барои ҳамин шуғниҳо ба онҳо лақаби «чахт» додаанд. Агар ин корро намекард, бадахшиҳову қатағаниҳо ӯро дастгирӣ намекарданд. Решаи зулму бедоди Абдураҳимхону писарони хунхораш дар ҳамин ҷост, бачам.
Ақли Мирзоазиз ба умқи маънии суханони бобояш нарасад ҳам, дарк кард, ки шоҳу навкарони вай ба расму русуми қавму қабилаи ӯ нафрат доранд. Онҳо мехоҳанд, ки дар Шуғнон расму русуми худро ҷорӣ намоянд.
Дурдонамо хусуру писарашро бо пазмонӣ пешвоз гирифт.
Ранги рӯяш пуркида, чашмонаш маҳзун метофтанд. Паҳлавон аз пешонии синҳораш бӯсиду гуфт:
– Медонам, барои мо хеле ғам хӯрдӣ, духтарам.
Дурдонамо сар ба синаи хусур гузошту домани гиряро сар дод.
– Маҳмадзиё чӣ гуноҳ дошт? Мазҳабшоҳ ба кӯдаки деҳа ҳам овоз баланд намекард, падар, – фиқ-фиқ гиря карда, гуфт ҷавонзан. – ин чӣ бедодист? Имрӯз ё фардо барои куштани шумо омаданашон мумкин.
Ҷаҳонгир сари синҳорашро силакунон гуфт:
– Духтарам, мутмаин бош, ба хонаи мо касе бо шамшер дарояд, зинда намебарояд. Лекин, гапат рост, бедоди шоҳ аз тамоми ҳадҳо гузашт. Дигар хомӯш истодан худкушист! Худатро ба даст гиру ба гапам гӯш деҳ. Ман ба ғамхона меравам, туву писарат аслиҳаамонро бароварда, тоза кунед. Акнун чи хӯроке дорӣ, биёр.
Дили Дурдонамо каме таскин ёфту ба ошхона шитофт.
Гуланор таб баровард. Ҳалқаш зуд-зуд хушк мешуд. Ҳар дам об мехост. Рангаш заъфарон гашт. Дар хобу дар бедорӣ алоӣ мегуфт. Дар бораи Диноршои мақтул бехудона ҳарфҳое мезад. Ҳарорати баданаш аз ҳавои тобистон баландтар буд.
Ширинбек кори бисёр дошт. Аввал ғами ҷамъ овардани андозро хӯрдан лозим. Аз ҳар хона ҳар моҳ ҷамъ овардани ҳашт тафсин равғани гов, як гӯсфанд, даҳ қулоч чилбур, се банд ҳезум, ду пидмок ришта, як ҷуфт пех, ду-се косаи сафолӣ ва ғайра кори осон нест. Ғами тирамоҳро ҳам хӯрдан лозим, ки аз кӣ чи миқдор ғалла, ҷӯроб, чакман, ҷули асп, меваи қоқ, молу гов ва даҳҳо чизи дигарро ҷамъ оварда, ба мосали шоҳ биспорад. Бар замми ҳамаи ин, субҳ чопоре аз қалъа омада, амри девонбегиро дар бораи ҷамъ овардани андози тӯй расонд. Акнун оқсақол бояд меҳмонони шоҳро дар хонаи худ ва чанд деҳқони дорои деҳа қабул намояд. Суронаро ҳам бояд дар муддати яку ним рӯз ҷамъ орад.
Тайи чанд рӯзи дар Рӯшон буданаш дар Демурғон навигариҳои зиёд рух дода барои вай ташвиши иловагӣ пеш оварданд.
Вақте чанд нафар, аз ҷумла Диноршоро ба маҳбас бурданд, оқсақол гумон надошт, ки Муҳаббатхон онҳоро мекушад. Фикр кард, ки бозпурсӣ карда, ҷавобашон медиҳанд. Ӯро ҳам шоҳ ба қалъа даъват карда, пурсида буд. Муҳаббатхон аз он изҳори ташвиш кард, ки гӯё аз тамоми деҳаҳои Шуғнон сӣ нафар дар Демурғон ҷамъ омада, ба маслиҳат нишастаанд ва қарор додаанд, вақте ки шоҳ ба қасди шикор аз деҳа мегузарад, дар кӯчаи Сармочид роҳашро гирифта, бикушандаш. Ширинбек ба шоҳ гуфта буд, ки чунин машварат дар қаламрави ӯ нашудааст ва касе чунин хабар дода бошад, аз душманӣ гуфтааст. «Чӣ хел сӣ нафар дар Демурғон ҷамъ омада бошаду ман огаҳ нашавам?
– Эътироз пеш овард Ширинбек, – одами бегона пайдо шавад, дар як дам бачагон овозаву дарвоза мекунанд. Ҳатто ду занак дорем, ки рӯзи дароз хона ба хона гашта, хабар ҷамъ меоранду хабар мебаранд. Об дар даҳанашон гарм намешавад, шоҳам».
Муҳаббатхон ба гапи Ширинбек сар ҷунбонда, чизе нагуфт, аммо хоҳиши ӯро дар бораи сафараш ба Чоснуд ба хушнудӣ пазируфт. Ҳатто ғайричашмдошт табассум кард ва таъкид намуд, ки салому дуои ӯро ҳатман ба амакаш халифа Ҳоҷимаҳмад расонад.
Ширинбек дар сари зани бемораш меандешид, ки барои чӣ шоҳ ӯро ба чунин осонӣ иҷозаи сафар дод? Шояд барои он ки агар дар деҳа мебуд, ӯро аз нийяти куштани маҳбусон бармегардонд. «Ҳо, шағоли маккор-е, – зери лаб садо баровард Ширинбек, – то куҷоҳоро фикр мекардааст ин худозада!»
Гуланор сар баланд карду дақиқае ба рӯйи шавҳараш бодиққат нигарист. Банохост дудаста аз гулуяш дошта, буғӣ кардан гирифт. Ширинбек ҳарчанд зӯр мезад, ки панҷаҳои занашро кушояд, қувваташ намерасид. Ангуштони Гуланор ба гулуяш анбӯрвор часпида буданд. Илоҷи дигар наёфта, ба руйи ӯ торсакӣ зад. Панҷаҳои зан суст шуданду Ширинбек гулуяшро раҳо кард. Занак сар ба болин гузошту бар андомаш ларза афтод. Сафедии чашмонаш берун баромаду дод задан гирифт. Ширинбек чи кор карданашро надониста, бонг зад:
– Модаратонро ваҳмак пахш кард, зуд чумчаву об биёред.
Ширинбек дандонҳои ба ҳам ҷафси Гуланорро бо чумчаи овардаи Хушназар аз ҳам ҷудо намуд. Сипас ба гулуяш об рехта, ба писаронаш амр кард, ки гиреҳи муштонашро боз намоянд. Пас аз анҷоми ин тадбирҳо Гуланор ором шуда, чашм кушод ва бо нигоҳҳои ҳайратомез шӯю бачаҳояшро аз назар гузаронд. Духтараш Мисринамо фиқ-фиқ мегирист.
– Ба ман чӣ шуд? – пурсид модар.
– Сахт тарсидаӣ, Нор, – ҷавоб дод шавҳараш, – туро хонондан даркор. Агар куҳна шавад, тамом, зиндагиамон талху мор мегардад.
– Андоми пора-пораи Диноршо аз пеши чашмам дур намешавад. Чизе аз гулуям намегузарад. Дилам ҳар замон беҳузур мешавад. Мебинам, ки Диноршо аз миёни пораҳои баданаш бархоста, наздам меояд ва гулуямро меҷафад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё