Зеҳн
Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Гуноҳамро медонам, – гирякунон гуфт Хушнуда.

Наход барои як хатоям ин қадар азоб медиҳӣ?.. Ин қадар месанҷӣ?.. Ин ҳама дарду аламро ба сарам мебиёрӣ... – гӯё ашк не, хуни дил мерехт. Аз рухсори харобаш донаҳои ашк якҷоя бо резаҳои борон ба замин сарозер мешуданд. Пеши сӯзиши дил дарди нохунашро эҳсос намекард. Лангон-лангон пеш мешитофт.

Мошине аз канори онҳо гузашта қарор гирифт. Марди камгӯшти қоматбаланде аз он фаромад:

– Ҳа хоҳар, нисфи шаб, дар ин борон куҷо меравед?

– Илтимос, ба додамон расед, – тезтар роҳ гашт Хушнуда. – Духтарам бемор аст. Шифохона мебарам.

– Албатта ёрӣ медиҳем, – мард дари қафои мошинро кушод.

– Лекин пул надорам, – ҳиҷолатмандона гуфт Хушнуда.

– Аз шумо пул пурсидам? – ниқоби рӯяшро дуруст кард мард.

– Ҳазор раҳмат, – оҳиста дар мошин нишаст Хушнуда.

– Бениқоб мегардед. Кормандони мақомот бинанд, ҷарима мекунанд, – сари фармони мошин нишаста, хандида гуфт мард.

– Аз саросемагӣ фаромӯш кардаем.

– Ба духтаратон чӣ шуд?

– Чанд рӯз боз чизе нахӯрдааст. Таб мекунад. Даруни обу оташ месӯзад. Ҳеч ҳарораташ паст намешавад, – гуфт Хушнуда.

– Зиқ нашавед, хоҳар. «То гӯсола гов шавад, дили соҳибаш об шавад», гуфтаанд. Ҳама бачаҳо то ба камолот бисёр афтода мехезанд. Худо хоҳад, сиҳат мешавад.

– Очаҷон, – гуфт Шукрона.

– Ҳа, духтарам.

– Тирезаро кушоед.

– Хунук мехӯрӣ, духтарам?

– Не... Хунук намехӯрам.

– Ман мекушоям, – гуфт мард ва оинаи паҳлуи худро поён кард.

Шамол ба даруни мошин бӯйи хазону боронро даровард. Қат­ раҳои борон ба даруни мошин мезад. Духтарак аз ин роҳат мебурд. Чашмонашро пӯшида, жарф-жарф нафас мекашид.

– Очаҷон, – бо овози дардолуд гуфт Шукрона.

– Ҷони оча...

– Одам мурад, дар осмон ситора мешавад-а?

– Ин гапро кӣ гуфт?

– Аз як филм фаҳмида будам.

– Чаро инро мепурсӣ?

– Ман ҳам мурам... ситора мешавам?..

– Ин тавр нагӯй, духтарам. Ин гапи бемаъниро аз куҷо ёфтӣ? – дубора гиря кард Хушнуда.

– Осмон абрнок бошад... мо ҳамдигарро чӣ хел мебинем... очаҷон? – овози духтарак ларзид.

Хушнуда тоқат накард. Ҷигарбандашро сахт оғӯш намуда, аз пешонияш бӯсид:

– Ин гапро нагӯй, духтарам. Худо хоҳад, садсола мешавӣ.

– Салом, ака. Йӯл бӯлсин. Қаерга кетяпсиз?

– Самарқанд...

– Қаерига?

– Шаҳар.

– Майли, ӯтиринг.

– Чанд сӯм...

– Эл қатори 100 минг сӯм...

– 100 ҳазор. Не-е...

– Нарх ӯзи шу. Мошиналар қатнамаяпти.

– Не, намешавад.

– Нечи сӯм бермоқчисиз?

– 50 ҳазор...

– Йӯғе... тӯғри келмайди, – гуфт ронанда ва рафт...

Салоҳиддин боз дар канори роҳ монд. Ба ҳар як мошин даст боло мекард. Мошине бозистод. Мард давон рафт:

– Салом, ака.

– Ваалайкум. Куҷо меравед?

– Самарқанд.

– То Каттақӯрғон меравам.

– Чанд сӯм?

– Худатон ягон чиз медиҳед.

– 30 ҳазор.

– Ҳа, шинед. Борхалтаатонро дар қафо монед, – гуфт ва бағоҷмонакро кушод. Салоҳиддин борхалтаи либосҳояшро дар бағоҷмонак монда, пулашро гирифту дар бағалкисааш андохт...

Ронанда модару духтарро ба шифохонаи шаҳр овард.

– Раҳмат ба Шумо. Ҳазор раҳмат. Илоҳо хушбахтии бачаҳоятонро бинед, - гуфт Хушнуда.

– Намеарзад. Худо шифо диҳад, – гуфт мард.

Хушнуда духтарашро маҳкам печонда, ба дарун шитофт.

Шукронаро зуд ба хонаи алоҳида дароварданд. Чанд ҳамшираи шафқат дар атрофи ӯ буданд. Яке аз онҳо, ки ранги либосаш аз дигар парасторон фарқ мекард ва сергӯшттар буд, ба ҳамширае фармуд, то шифокори навбатдорро ҷеғ занад. Худ рӯ ба Хушнуда овард:

– Шумо...

– Ман модараш.

– Модари бемор, – сар то пои Хушнударо бо нигоҳ палмосид. – Аз қафои ман биёед.

Дили Хушнуда таҳ кашид. Лангон-лангон аз дунболи парастор рафт ва дар ниҳод меандешид, ки ақаллан дору биёр нагӯянд. Охир доруро аз куҷо, бо кадом пул мехарад.

– Ҳуҷҷатҳои заруриро пур кардан лозим. Шифокори нав­ батдор доругиҳои заруриро мегӯянд, рафта мебиёред, – гуфт ҳамшираи шафқат...

Салоҳиддин ҳамроҳи ду ҷавон дар қафо менишастанд.

Дар паҳлуи ронанда зане буд. Ҳама дар рӯй ниқоби тиббӣ доштанд. Азбаски яке аз роҳҳои асосии сироятёбии коронавирус мулоқот буд, ҳама мусофирон аз бисёргӯӣ худдорӣ мекарданд. Ангор дар даҳон талқон андохта буданд.

Даруни мошин гарм буд. Салоҳиддин нимтанаи болопӯшашро кашида, аз бағалкиса телефонашро гирифту онро дар паҳлуи худ гузошт. Нигоҳҳои кунҷковонаи ҷавони бағалдасташ аз эътибори ӯ дур монд. Аз телефон соатро дид. Мили соат дувоздаҳро нишон медод. «Аз корхона бевақт баромадем. Лекин ронанда марди хуб будааст. То гузаргоҳи Самарқанд овард. Соати даҳ омада бошам, ду соат ба мошин нигарон мондаам» аз дил гузаронд Салоҳиддин ва худро лакоту бемадор ҳис кард. Ба оинаи мошин такя намуда, дида ба берун дӯхт ва аз кӯфтагии роҳ зуд хобаш бурд...

пешина
аз 10
навбатӣ