Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа
Хушнуда дар толори қабул менишаст. Яке аз ҳамшираҳои шафқат, ки ҳамкасбонаш ӯро Дилрабо ном мегирифтанд ва дар ҳақиқат аз дигар парасторон дилработар буд, хабар дод, ки шифокори навбатдор ӯро интизор аст.
Дар утоқи навбатдорон ҷавони қоқинае менишаст.
Азбас ки машғули навиштан буд, омадани Хушнударо пай набурд.
– Салом, – бо овози паст гуфт Хушнуда.
Шифокор сар боло намуда, ба саломаш алайк гирифт ва ба нишастан таклиф кард. Шифокор ҷавони тахминан сисола буд. Абрӯҳои ғафси сиёҳ, чашмони калон-калон дошт. Нигоҳаш бошарару самимӣ менамуд, ки хоси аксар шифокорон аст.
Вақте ки Хушнуда наздиктар омада дар курсӣ нишаст, сурати шифокор ранг бохт. Чеҳраи Хушнуда ба назараш шинос намуд. Шифокор саргарми андешаҳо аз зан чашм намеканд:
– Ҳамшира гуфтанд, ки маро даъват кардаед, – аз диққати ӯ андак ҳиҷолат шуда гуфт Хушнуда.
– Ҳа-ҳа, – дасту по гум кард шифокор. – Духтараки бемор фарзанди шумо?
– Ҳа, – овози Хушнуда ларзид. Дилаш ба ҳавл меомад, метарсид, ки ҷигарбандаш гирифтори бемории вазнин набошад.
– Чанд рӯз боз таб мекунад? – бодиққат ба Хушнуда нигоҳ мекард ва то ҳол меандешид, ки ин занро дар куҷо дидааст...
– Се рӯз...
– Чаро барвақттар ба шифокор муроҷиат накардед?
– Ман шамол хӯрдааст, гузашта меравад гуфта будам, – дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
– Вазъи саломатии Шукронаро хуб гуфта наметавонам. Духтаратон...
– Корона...-гиря гулӯгираш карда, садояш дар халқаш печид.
– Ҳоло аниқ не, – ҷиддӣ гуфт шифокор. – Аммо нишонаҳо ба аломатҳои бемории нав монанданд. Ба қоидаҳои карантин риоя мекардед?
Пеши чашми Хушнуда сиёҳӣ зад. Дар дилаш халаи ҷонкоҳеро эҳсос намуд. Гӯё касе бо болға дар сандуқи синааш мех мекӯфт.
– Мемирад? – аранг пурсид ва оби чашмаш равон шуд.
– Не-е. Воҳима накунед. Ман коронавирус нагуфтам.
Танҳо нишонаҳо монанданд. Шумо рӯҳафтода нашавед.
Худатон медонед, ки аз моҳи март боз ин беморӣ дар мамлакати мо «меҳмон» аст. Барои ҳамин мепурсам, – самимона гуфт шифокор. – Пагоҳ вирусшиносонро ҷеғ мезанем. Тести озмоишӣ мегузаронанд. Дар хона ба қоидаҳои карантин риоя мекард? – дубора пурсид.
– Ҳа, - оби чашмашро бо остин тоза кард.
– Ягон пайвандатон аз хориҷа наомада буд?
Хушнуда тавони сухан гуфтан надошт ва ба маънои «не» сар ҷунбонд.
– Умед мекунем, коронавирус набошад. Чӣ хел беморие бошад ҳам, табобатро тезтар сар кунем, ҳамон қадар барвақт ба по мехезад.
– Чӣ хел табобат? – бо ҳарос пурсид Хушнуда.
– Мо ёрии аввалини тиббиро мерасонем. Бо доруҳо табобат мекунем. Шукрона бояд зери назорати доимии шифокорон бошад.
– Пеши духтарам равам мешавад.
– Албатта,-гуфт шифокор ва бо телефон ҳамшираро ҷеғ зад.
Парастори болоқади хушандом даромад.
– Дилрабо, ба хола ниқоб дода, пеши духтарашон баред, – супориш дод ва ба Хушнуда рӯ овард:
– Ҳозир шумо пеши Шукрона равед. Дар пеши духтаратон буданатон, ба вай мадор мешавад, – бо табассум гуфт шифокор ва барои гуселонидан аз ҷой хест.
Хушнуда лангон-лангон тарафи дар рафт.
– Ба поятон чӣ шуд? – пурсид шифокор. – Ҷароҳат дорад?
– Не. Нохунам...
– Шумо ҳамроҳи Дилрабо равед, – гуфт ва ба парастор фармуд: – Аввал дар пояшон марҳам молед. Баъд пеши духтарашон баред.
Хушнуда ҳамроҳи парастор берун рафт ва шифокор аз қафои вай бо саволҳои беҷавоби дил нигарон монд...
Салоҳиддин аз ногаҳонӣ тормоз додани шофёр бедор шуд. Чархи мошин ба «яма» афтод, ки ронанда роҳсозонро лаънат мегуфт. Ду ҷавони ҳамроҳаш набуданд. Зан хуррок мекашид. Салоҳиддин соати телефонро дида, хост онро дар кисаи пиҷама андозад. Телефонро андохта, курткаро бардошта буд, телефон ба поён афтод.
Даст ба киса андохт: он буридагӣ буд. Дарҳол пулҳоро хабар гирифт. Пул набуд. Салоҳиддинро гӯё барқ зад. Ҳуш аз сараш парид. Пеши пояшро дид, давру барашро кофт, ҷойи нишасти ҷавононро даст-даст кард.
Чароғи даруни мошинро гиронда, дубора кофт, аммо пулро наёфт...
Шукрона бо таъсири доруҳо мехобид. Дар нафаскашӣ душворӣ мекашид. Рангаш докавор сафед буд.
Дар утоқи хурд ду кат, як мизу ду курсӣ ва либосовезаку дуто ҷевони хурд буд. Хушнуда ором менишаст. Ором набуд, гиря мекард. Фақат бесадо. Чашм аз нури дидааш намеканд. Дар ниҳод меандешид, ки наход нури дидааш, фурӯғи рӯзгораш, мазмуни ҳаёташ, сурури зиндагонияш ба бемории вазнин печидааст? «Боз як санҷиш, боз як дард, боз як азоб ва боз бо ман, – гуфт бо худ. – Зиндагӣ нобаробарист. Саршор аз ноадолатиҳо, фисқу фасод, дурӯғу риё, кибру ҳасад, ғайбату туҳмат. Ҳеч гоҳ дар он мезони адолат риоя нашудааст ва шояд нашавад.
Зиндагӣ... Ҳатто дар тақсими ғаму шодӣ адолат нест. Яке тӯли умр бо суруру шодӣ, дар миёни хушбахтию фараҳ умр ба сар мебарад, дигаре як умр пойбанди дарду ғам. Як умр бо умеди рӯзи нек, саодат ва бахт зиндагӣ мекунад. Як умр поёни шаби сиёҳро интизор мемонад.
Зиндагӣ... Тирарӯзиҳояш аз ибтидо сар мешавад, аз рӯзи таваллуд. Баробари таваллуд дар гаҳвора дасту поро ишкел мезананд, то даст ба ҳар ҷо набариву по ба ҳар ҷо наниҳӣ. Аввал аз нодонӣ азият мекашӣ, баъд подоши нодониҳоят азоб медиҳанд ва пас аз он ҳазор мушкилоти худу дигаре ба гарданат бор мешавад ва дар ниҳоят, ба чунин тарзи рӯзгор одат мекунӣ. Ҳа, ҳа, одат мекунӣ. Хулоса мекунӣ, ки зиндагӣ худ чунин аст. Қонуни зиндагӣ ҳамин, ҳосили умр чунин: яъне ҳама ҷамъ омадаанд ва туро ба роҳи охират мебаранд.
Ман ҳам одат карда будам. Ба тирарангии умри худ.
Медонистам, ки рӯзе аз бори зиёди рӯзгор миёншикан мешавам, дигар тоби мубориза бо бадиву номардиҳои он намемонад ва дар дил сад армон мемирам. Аммо ҳеч умедвор набудам, ки Худованд пеш аз ман ҷигарбандамро, бачаи талабидаву харидаамро мерабояд. Пораи диламро бо марг рӯ ба рӯ мекунад. Охир, ин ҳоло бача аст. Чӣ айб дорад?
Бигӯ, Худоҷон, чӣ гуноҳ кардааст? Чӣ хуширо дид? Ҳоло сафеду сиёҳро хуб фарқ намекунад. Шарт нест, ки аз аввал ба ӯ ранги сиёҳро нишон дода, бигӯем, ки ин ранги зиндагист: сип-сиёҳ...»
Шаби сиёҳ равшантару дили Салоҳиддин зулмонитар, манзил наздику хаёлоташ ба дуриҳо парвоз мекард. Намедонист чӣ кор кунад. Ангор мағзаш кор намекард, дилаш наметапид, чизеро эҳсос наменамуд. Танҳо саволҳои беҷавоб сарашро гиҷ мекарданд: чӣ гуна ин гиреҳро кушояд? Чӣ хел бачаҳо пулашро гирифтанду ӯ бехабар монд? Ронанда онҳоро мешинохт ё бегона буданд? Роҳкироро аз куҷо медиҳад? Падарқусурҳо, кисабурҳои ботаҷриба будаанд.
Ҳама кисаҳоро бурида, пулро гирифтаанду як тин намондаанд.
– Ин ду ҷавони ҳампаҳлуям дар куҷо фаромаданд? – гапро аз дур овард Салоҳиддин.
– Дар Мирбозор, – садои радиоро пасттар кард ронанда.
– Онҳоро мешинохтед?
– Не-е, аз куҷо мешиносам, – чашм аз роҳ намеканд. –
Ҳозир ҳама аз худ метарсад. Ҳеч кас роҳмондагонро намегирад. Касал – коронавирус набошанд гуфта меҳаросанд.
Шумо барин аз роҳ баромаданд, гирифтам...
Хушнуда дар болои кати духтараш сар монда зор-зор мегирист. Бечора бе дуд месӯхт.
– Чаро бениқоб мешинед? – аз овози ногаҳонии ҳамшира, ки омаданашро пай набурда буд, як қад боло ҷаст ва ашки чашмонашро тоза карда, гиряолуд гуфт:
– Шарт не.
– Барои саломатии худатон мегӯям.
– Бигзор бемор шавам, азоб кашам. Ҷони духтарам азият накашад, шуд, – гиря кард.
– Агар дард кашидани духтаратонро нахоҳед, худатонро эҳтиёт кунед, гуфт парастор ва коғазеро дароз кард:
– Ин рӯйхати доруҳои зарурӣ. Шифокор гуфтанд, биёред.
– Доруҳо... – аз ҷой хеста коғазро гирифт.
– Духтаратон хастаҳолу бемадор аст. Иммунитеташ паст. Аксари ин доруҳо, иштиҳакушо ҳастанд ва масуниятро хуб мекунанд. Иммунитет қалъаи саломатӣ аст, ки инсонро аз ҳар гуна дардҳо ҳифз мекунад. Қалъаи саломатӣ ноустувор бошад, одам зуд бемор мешавад.
– Хоҳарҷон, – сар аз рӯйхат бардошта ҳиҷолатомез лаб кушод Хушнуда, – ҳамин доруҳоро ҳозир аз ҳисоби шифохона диҳед, баъд ман пулашро биёрам намешавад?..
– Ин хел доруҳои қиматро аз ҳисоби бемористон намедиҳанд. Ҳамаи инҳо аз хориҷа меоянд.
– Ҳозир пул надоштам, – сар хам кард. – Аз саросемагӣ аз хона ҳам пул нагирифтаам, – дурӯғ гуфт.
– Ба шавҳаратон, хешонатон телефон кунед, пул биёранд.
– Чӣ гап Дилрабо? – дар суҳбат буданд, шифокор омад.
– Рӯйхати доруҳоро додам, Беҳзоди Мурод.
– Табобатро бояд тезтар сар кунем, – рӯ ба Хушнуда овард шифокор. – Шаб дорухонаҳо нархро дучанд мегӯянд.
Доруҳоро пагоҳӣ биёред ҳам мешавад.
– Раҳмат, духтур. Пагоҳӣ албатта ҳамаашро мебиёрам, – гуфт Хушнуда ва бо худ андешид, ки то пагоҳӣ шавҳараш ҳам меояд.
– Хоҳед хонаатон равед. Ин ҷо монданатон шарт не.
– Не, дар пеши духтарам мемонам.
– Ихтиёратон, фақат худро эҳтиёт кунед, – гуфт Беҳзоди Мурод ва баромада рафт. Аз худ мепурсид, ки «Наход ҳамон инсон? Агар ҳамон зан аст, чӣ хел ба ин ҳол гирифтор шуд? Ё ман ғалат мекунам?»...
Салоҳиддин воқеаро ба ронанда нақл кард. Шофёр аввал дурӯғ пиндошта, ду-се сухани пасту баланд гуфт.
– Ба ҷойи роҳкиро телефонамро гиред, -гуфт Салоҳиддин. – Шарт не. Ҳозир телефонатон аз ман дида, ба шумо заруртар аст, – гуфт ронанда ва ӯро дар истгоҳи Самарқанд монду рафт.
Соат аз ду гузашта буд. Димоғи осмон гирифта ва шамол бӯйи боронро ба машом мезад. Дар ҳар сӯ хазонтӯдаҳо ба чашм мерасиданд. Дар истгоҳ мошине набуд. Салоҳиддин ба чор тараф нигоҳ кард ва ба тарафи дӯкончаи канори истгоҳ қадам монд. Дар шамолпанаҳе нишаста, аз телефонаш рақамеро ёфт. Ба он дурудароз нигоҳ кард. Баъд тугмаи сабз ро пахш карду зуд тугмаи сурхро зер намуд.
Дудила мешуд: занг занад ё не. Дигар илоҷи гиреҳкушоии муамморо надида, боз тугмаи сабзро пахш кард. Телефон даъват мекард, аммо касе ҷавоб надод. Ду-се бор телефон кард, ҳеч кас набардошт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё