Зеҳн
Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Ҳикоя

Жанри ҳикоя дар назари китобхони сода гӯё аз қисса ва роман дар ҷумласозӣ фарқ намекунад. Аммо бо маҳорати кам роман навиштан метавон, аммо ҳикоя не.

Сабаб ин аст, ки ҳикоя аз адиб кӯтоҳбаёниро талаб мекунад. Якеро сад магӯй, садро яке гӯй. Ин мақоли халқӣ пурра ба ҳикоянавис нигаронида шудааст.

Ҳикоя жанри дӯстдоштаи камина аст.

Солҳои шӯравӣ имкони чопи қисса ва роман буд, аммо газетаҳо бисёр ҳикоя чоп мекарданд.

Барои адибони тоҷик осори нависандагони рус мактаби асосӣ буд. адибони тоҷик низ ҳикояҳои ҷолиб бисёр доранд. Устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар ҳикоянависӣ устоди ҳамаамон буданд.

«Даъво», «Сози Мунаввар», «Рӯзи дафни усто Оқил» ва дигар ҳикояҳои устод барои мо ҷавонон мактаби омӯзиши ҳунари нависандагӣ буданд.

Барои навқаламони имрӯзӣ дар Ӯзбекистон чунин устодон нестанд. Худи ҷавонони насрнавис ангуштшуморанд. Зеро корест пурмашаққат. Садҳо китоб хондан лозим ва офаридани характер, тасвири хотирмон, инъикоси муҳимтарин падидаҳои ҳаёт ҷасорат ва фидокорӣ мехоҳад.

Хеле хурсандам, ки Фаридун дар ин ҷода саҳми худро гузоштанист. Барори кор.

ШАБИ ЯЛДО

- Ҳазор лаънат ба ин тақдиру сад ҳазор лаънат ба ин зиндагӣ. Худоё, болои сӯхта намакоб, боз коронавирус набошад. Агар вирус бошад чӣ мекунам?

Шӯрам дар гӯр мешавад, – дар сари болини духтараки бемораш нишаста мегуфт зан ва илова кард:

– Не-е, аз куҷо ин беморӣ ба ту мегузарад? Аз остонаи хона берун нарафта бошем...

Нисфи шаб. Борони тирамоҳ сим-сим ба тиреза мезад.

Дар хона шамъ хира месӯхт. Зане байни хонаву ошхона равуо дошт. Дар косае об оварда латтапораро тар мекард ва дар пешонии духтараш мегузошт.

Зан лоғарандому хароб буд. Шебу фароз ва ғаму ташвиши рӯзгор ӯро бармаҳал пир карда: дар рухсораш ожанг дамидаву ба мӯйи сараш торҳои сафед панҷа зада. Духтараки шашсола аз дард нола мекард. Дар худ мепечид.

Ҳарза мегуфт. Се рӯз боз таби баланд дошт. Модари бечора бо умеди муътадил шудани ҳарорати дилбандаш аз сари болинаш як қадам дур намерафт ва ҳар замон ба сар5 сахтии худ нафрин мехонд.

– Очаҷон, – аранг гуфт духтарак.

– Ҷони оча, чӣ мегӯӣ?

– Зиқ нашавед, – жарф нафас кашид. – Ғами мана нахӯред... Шуморо бисёр ғам додам... – канда-канда гап мезад.

– Ин хел нагӯй, ҷони оча. Ин ҳама сазои мани шӯрбахт аст. Тақдири мани роҳгумзада. Ту ягон айб надорӣ, ҷаҳони ман... – дар чашмони зан ашк ҳалқа зад ва рӯй ба шамъ овард.

– Шамъ ҳам сӯхта тамом мешавад, – зимоми суҳбатро дигар тараф кашид. – Тамом шавад, шамъ ҳам нест.

На шамъ ҳасту на чароғ. Маҷбур дар торикӣ шабро саҳар мекунем.

Зан аз тори сар ҳароратсанҷро гирифта, дар зербағали духтарак гузошт ва дубора латтапораро тар карда, дар пешонияш монд. Пас аз андак ҳароратсанҷро пеши шамъ бурда аранг дид.

– Аз 37 боло, – ғамгинона гуфт ва пас аз сукути кӯтоҳ илова кард: – Ин аҳвол намешавад. Беморхона бурдан лозим. Дигар ба азобҳоят тоқат карда наметавонам. Ту камтар сабр кун, ҷони оча. Ман аз ҳамсояҳо ёрӣ мепурсам. Шояд ягон баинсоф дасти ёрӣ дароз кунад, – гуфт ва ҷониби дар рафт.

Пеши дар пойафзоли худро бо даст кофта наёфт:

- Э, Худоҷон, ин ҳама азоб барои чӣ? Ин ҳама санҷишҳоят охир доранд ё не! То кай мани шӯридабахту пешонисахтро барои як хатоям ҷазо медиҳӣ? Магар ҳамин қадар озмуданат кам буд, ки акнун духтарамро азоб медиҳӣ?

Торикӣ барои гову хар аст мегӯянд. Наход чун гову хар қадр надорем? Дар бинои бисёрошёна бе чароғу бе газ чӣ хел зиндагӣ кардан мумкин? Охир, кор ба ҷону корд ба устухон расид-ку...

– Ассалому алайкум.

– Ваалайкум. Марҳамат дароед, Салоҳиддин, – гуфт сардор ва чашм аз мард наканда ба нишастан даъват карду илова намуд: – Чӣ хизмат? Котиба гуфт, ки кори муҳим доред.

– Ҳа. Бо як илтимос омадам.

– Чӣ гап?

– Духтарам бемор шудааст. Ҳамсарам телефон карда аҳволаш вазнин гуфт. Барои ҳамин...

– Танҳо ҷавоб напурсед. Аз вазъият бохабаред. Ҳоло ягон кормандро ҷавоб дода наметавонем. Ғайр аз ин, аз

Бухоро то Самарқанд чӣ хел меравед? Аз постҳо намегузаронад.

– Медонам, аммо ноилоҷам.

– Ҳама кор илоҷ дорад. Худаш чӣ шудааст?

– Се рӯз боз табаш баланд будааст. Метарсам, ки...

– Не-е, – авзои сардор тағйир ёфт. – Ба шифохона набурдаанд?

– Не.

– Зудтар баранд. Ба хешовандон гӯед, тез шифокор ҷеғ зананд.

– Хешовандон ҳама дур аз шаҳр зиндагӣ мекунанд. Имкони омадан надоранд. Илтимос, маро дуруст фаҳмед.

Наравам намешавад.

– Шумо кай равона?- пас аз сукути кӯтоҳ ба Салоҳиддин нигоҳ кард.

– Агар ҷавоб диҳед, ҳозир ба роҳ мебароям.

– Бегоҳ мошини корхона Навоӣ меравад. Ман ҳозир ба ронанда мегӯям, то Навоӣ ҳамроҳ мебарад...

Зан дарро кушод, зери нури чароғи берун дампойиашро ёфт.

Азбаски дар ошёнаи якум ғайр аз онҳо дигар касе зиндагӣ намекард, ба ошёнаи дуюм баромада, занги дареро пайиҳам чанд бор пахш кард. Аз дарун садое набаромад.

Дар пушти дари паҳлуи он занг набуд ва бо даст ба дар зад.

– Кӣ ҳаст? Илтимос ёрӣ диҳед... – гиря гулӯгираш мекард. Ҳастияшро эҳсоси тарс фаро гирифта буд. Метарсид, ки ҳаёт ӯро аз мазмуни зиндагӣ, дору надори умраш ҷудо мекунад. Охир дигар тобу тавони санҷиши рӯзгорро надорад. Аз дарун шарфаи пой шунида шуд.

– Кто там? – овози марғуладор баланд шуд.

– Ман, ҳамсояаатон. Илтимос дарро кушоед...

– Кто?

– Хушнуда. Ҳамсояатон. Ваша соседка...

– Что тебе надо?

– Ёрдам кунед. Аҳволи духтарам вазнин. Температураш болост...

– Вон отсюда! Не беспокой меня...

– Илтимос, кумак кунед. Духтарам ба ёрӣ муҳтоҷ аст, – гиря кард.

Садое наомад. Хушнуда фаҳмид, ки дарро намекушояд.

Ба ошёнаи сеюм давид. Аз саросемагӣ пояш бо ҳам печида афтод ва нарангушташро ба зина зад.

– Оҳ, очаҷон, – дод зад. Нохуни ангушт боло шуда, аз паҳлӯяш хун таровид. Нохунашро бо даст зер карду роҳашро давом дод. Занги дареро пахш кард. Пас аз фурсате овози зане баланд шуд:

– Кист?

– Ман ҳамсояатон. Илтимос, ба ман ёрдам кунед.

Духтарам, Шукрона бемор аст, – гирякунон гуфт. – Ҳарораташ намефарояд. Беморхона набарам, намешавад.

– Шавҳарам нестанд, – ҷавоб дод ҳамсоязан. – Бачаҳоям танҳо. Ба ёрии таъҷилӣ занг занед, омада мебинанд.

– Телефонам нест. Агар телефонатонро медодед, – гӯш аз пушти дар намегирифт...

– Телефонам пул надорад, – сухани Хушнударо то охир нашунида гуфт зан. Маълум буд, ки баҳона мекунад. –

Тезтар шифохона баред. Боз коронавирус набошад. Дар берун доду бедод накунед, бачаҳо метарсанд.

– Чӣ хел дод нагӯям? Охир духтарам бо марг дар талош аст... Илтимос, ёрӣ кунед...

«Коронавирус набошад» гуфтани ҳамсоязан дар дили Хушнуда оташ афрӯхт. Тарсаш дучанд гардид. Наход нури чашмаш ба ин балои нав печида бошад? Зуд ба ошёнаи чорум рӯ овард. Ҳар ду дари ошёнаи чорум занг надошт. Ноилоҷ бо даст кӯфт. Паснигарон буд. Аз Шукрона хавотир мекард. Дари якумро касе накушод. Пушти дари дуюм рафт. Афсӯс, ҳеч кас садо надод. Хушнуда ноумед қафо баргашт. Нохунаш сахт дард мекард. Вақте ки панҷааш ба пойафзолаш мерасид, дард ҷонкоҳтар мешуд. Димоғсӯхта хона даромад. Шамъ нурҳои охирини худро дар фазои хона паҳн мекард. Зан пеши духтараш омада нишаст:

– Ҷону ҷаҳони оча. Медонам, ҷонат дард мекунад, – латтапораи пешонии духтаракро нам карда дубора гузошт ва дамосанҷро дар зербағалаш монд. Гиря кард.

Ҷони бачам сахт дард мекунад. Ин нолаи духтарҷони ман не, ин оҳи дард аст. Ин афғонҳои ту миёни ҳамин чор девор мемонанд, духтарам. Касе нест то садои дардҳоро шунида, дармон шавад. Кош, ба гӯши ягон одамиятдоштае мерасиду ёрӣ мерасонд. Ҳеч набошад, дарашро мекушод. Одамон бемеҳр шудаанд. Дар амну амонӣ бо ҳам чӣ меҳрубон буданд, ки дар вақти паҳншавии ин касалии гузаранда ғамхор шаванд. Ҳама дар тарси ҷон, – дамосанҷро гирифта дид, ки симоб ба 38 расидааст.

– Чорае накунам намешавад, – палточаи духтаракро аз болояш гирифта пӯшонд. – Ҳозир туро шифохона мебарам, – гуфт ва духтарро оғӯш карда ба кӯча баромад.

Резаборон ба рӯйи хазонбаргҳо оҳиста мезад, чун мутрибе, ки ангор ба тор нохун мезанад.

Хушнуда духтарашро дар канор сахт зер карда сари роҳи калон баромад. Мошин кам буд. Мусофиркаше намоён шавад, Хушнуда даст боло мекард. Аммо мошинҳо наистода «шув-шув» аз паҳлуяш мегузаштанд.

аз 10
навбатӣ