ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда
Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа
БЕМОР ШУДАНИ АКААМ
ДАР ҲАШАРИ ЛОЙСУМКУНИИ РАИС
Рӯзе моҳҳои март буд. Модарамро алакай ба Метинтуғай ба кор бурдагӣ буданд. Мо ҳамроҳии акаам дар ҳамин деҳа бесарбон будем. Рӯз ҳар ҷо мегаштему як бурда нонро аз дасти холаи Давлатӣ гирифта мехӯрдем ва шабро дар ҳамон масҷид, ки барои мо хона ҳисоб мешуд мегузаронидем. Рӯзе раиси Қурбоналӣ ном шахс, ки раиси ҷамоат буд, дар ҳамсоягӣ бо мо зиндагӣ мекард. Дар маҳали мо оби равон набуд, аз ҳамин сабаб моҳҳои феврал, март, апрел одамон бо оби борон ва кашида лой карда ба худ хона, оғил сохта, гирди ҳавлиҳои худро маҳкам мекарданд. Раиси ҷамоат барои сохтани хона лой мекард ва бачагони деҳаро барои лойсумкунӣ истифода мебурд. Аз ҷумла ману акаам ва боз 5–6 нафари дигар дар ин ҳашар ҳузур доштем.
Мардони калонсол низ 2–3 нафар буданд. Дар иҷрои кор ба мо атола ё хӯроке пухта медоданд. Аз ҳамин сабаб мо бачагон ба ин ҳашарҳо бо дили гарм иштирок мекардем. Дар вақти лойсумкунӣ акаам 7–8 сола ва ман
6-7 сола будем. Дар болои лой акаам яке якбора дод зада афтид ва мо ҳама ҳайрон шуда мондем. Сайфулло ном ҷавон, ки дар хонаи раис хизмат мекард акаамро аз болои лой бардошта ба ҷои қоқӣ гузошт. Чанде истодем, ки акаам хеста натавонист.
Ҳамон Сайфулло акаамро пуштора карда ба хонаи бобои Хол бурд. Болои Хол бо занаш холаи Давлатбӣ ба пои акаам равғани зағер молида ба сандалӣ хобониданд, болояшро бо намади кӯҳнае бор кардаанд. Шабро дар таги сандалии момаи Давлатбӣ гузаронидем. Саҳар ман аз хоб хестам ва бародарам хеста натавонист. Ҳарду пояш аз сари қуймучҳо рост намешуданд. Ман сафолпораеро оварда пешоби акаамро гирифтам. Азбаски ман хурд будам зурам ба бардоштани акаам намерасид.
Ӯро аз китфонаш кашида ба лаби бора (бораи хонаи бобои Хол қариб 2 м баландӣ дошт) оварда, рӯяшро шуёнидам. Ҳамин тариқа 10-15 рӯз холаи Давлатбӣ ба пои акаам равған ва алафҳои гуногунро майда карда баст ва акаамро мисли кӯдаки навзод бардошта дошт медоронид. Ман ба ӯ ёрӣ мерасонидам. Акаам бисёр аз дард менолид ва холаи Давлатбӣ сари ӯро сила карда тасалиаш медод. Баъди 10-15 рӯз модарамон аз Метинтуғай дараки бемории акаамро ёфта омад ва табобати акаамро идома дод. Баъди ду-се моҳ, ки модарам чӣ табобатҳоеро иҷро кард ва акаам ба пой хест ва мактабрав шуданд.
ДАР ҶУСТУҶӮИ РЕШАИ ШИРИНБИЯҲ
Азоби зиндагӣ ба сари мо рӯз то рӯз зиёд мешуд, чунки модар дар кори саҳро, мо хӯроки хурданӣ надоштем. Маҷбур мешудем, ки ба саҳро баромада, ба хӯрдани решаи алафҳо ва барги гиёҳҳо ва инчунин решаи бияҳи зард (ширинбияҳ) машғул шавем.
Рӯзе ҳамроҳии бародарам ба қитъаи замине, ки Гурмачит ном дошт омадем. Аз канори ин замин дарачаи обраве мавҷуд аст, ки 2-3 м чуқурӣ дорад, дар баҳорон аз теппаҳои маҳаллаҳои Бодомту, Назарбой, Деҳдурозак22 ва қисман аз Чагами Боло оби борон ба ин дарача ҷорӣ мешавад. Дар маҷрои худ заминро шӯста мебарад ва дар канорҳояш решаи зардбияҳ кашол мемонд. Аз тарафи шарқу ғарбии ин дарача заминҳои киштбоби зиёде мавҷуд аст, ки ғалла мекоранд. Аз либос дар тани мо яктоги куртаи кӯҳна буду халос, пойафзол надоштем.
Ана бо ҳамин аҳвол мо қад-қади ҳамин дарача дар ҷустуҷӯи решаи зардбияҳ мерафтем. Дар ҷое ки решаро медидем агар дастрас мешуд мекандемаш ва агар не, онро бо сангу чӯб зада меканонидем ва он қисме, ки мо ба даст меовардем, хело моро хушҳол мекард, чунки мо онро ҷағонида бо дандонҳо хоида фурӯ мебурдем, ё решаи сахттару пирашро болои санги паҳн монда бо санги дигар мекуфтем ва майдаашро хоида фурӯ мебурдем.
Ҳамин тариқа рӯзро бо кофтани решаи зардбияҳ мегузаронидему шаб ба хона меомадем. Модар барои мо аз барги алафҳои баҳорӣ аз ҷумла лолакаҳак, печак, раҳдавак, қоқух, шамантулоқ ва дигар алафҳо хӯрок (алафҷушак) тайёр мекард ва мо хӯрда дар ҷогаҳи «шоҳии» худ, ки аз пахол буд хоб мекардем. Он ҷойгаҳи хоби моро ҷамъ карда намешуд, шаб дарунаш медаромадему, саҳар аз дарунаш баромада, аз паи зиндагӣ мешудем.
Ҳамин тавр тамоми рӯзу моҳ давом мекард.
БО УМЕДИ ТАРБУЗХӮРӢ
Рӯзи дигар баъд аз хоб хестан мо ба чӣ кор машғул шуданро нақшакашӣ кардем. Рӯзи гузашта дар қарибии ҳамон дарача, дар қисми шарқиаш як хаймачаеро дида будем, ки дар он полез буд. Ба умеди он ки ба мо ягон тарбузча ва ё харбузачае медиҳанд, албатта ин хаёлҳои бачагӣ буд, ҳамроҳии бародарам рафтем ва аз дур чаш-23 мрас ба полез расидем. Дар назди каппаи полезвон як саге мехобид, мо аз тарси саг пеши полезвон рафта наметавонистем. Полезвон як марди тануманди сиёҳи ӯзбек буд, ки мо ӯро намешинохтем. Ҳар чи ки мо тағои полезвон гуфта ҷеғ мезадем, ӯ ба мо садое намедод, ҳол он ки мо ба полезвон садорас будем ва ӯ моро хуб медид. Каме гузашта буд, ки саги полезвон ба сӯи мо аккосзанон давид.
Мо аз тарси саги полезвон лаб–лаби дарачаи ба мо шинос медавидем. Аз тарси саги полезвон мо мегиристему медавидем. Дар вақти давидан мо дасти якдигарро гирифта гӯё бо ҳам ёрӣ медиҳем ва ба қафо нигоҳе накарда чанде давидему аз назди полез дур шудем.
Акнун на полез намоён буду, на саги полезвон. Мо аз хӯрдани тарбузу харбуза бенасиб мондем.
ХОРИ МАРҒЕЛОН
Баъди ташвиши саги полезвон дар як ҷои ҳамвории лаби дарачаи обрав хостем, ки дам гирем, вале ҳайҳот, ба ҷои дамгирӣ дар ҷои ҳамвории сангдаре ба хори марғелон дучор омадем. Ҳар ҷое ки по мениҳодем, хор мехалонд, даст мемонем, хор мехалонд, дар замин менишинем, боз хор мехалонд. Ҳарду бародар дигар ба ҷони худ саргардон будем.
Ба якдигар ёрӣ дода наметавонистему доду воямон ба фалак мепечид. Ҳамин лаҳза марди харсаворе аз гӯшаи чапи дарача мегузашту доду вои моро шунида, ба ёрдами мо омад. Он шахс тахминан 30-35 сола аҳволи моро дида, аз мо напурсида, харашро сӯи мо равона намуд.
Аз болои хар истода аввал маро аз дастам гирифта болои хар ниҳоду ба раҳрави лаби дарача бурда фаровард. Баъди ин боз ба хорзор бо хараш даромада, ака-24 амро аз дасташ гирифта, болои хар гузошту ба пеши ман оварда аз хар фаровард.
Баъди аз хорзор баровардани мо он шахс аз хар фаромада, моро аҳволпурсӣ намуд ва пойҳои моро молиш дода, хорҳоро қисман аз пойҳоямон гирифта ва бо мо хайрухуш намуду роҳашро сӯи муқобили мо, яъне боло давом дод. Мо ба ӯ ҳазорон раҳмат мегуфтем.
Аммо афсӯс, ки мо ному насаби ӯро напурсидем ва аз куҷо будани ӯро низ надонистем. Ман то имрӯз, ки зиндаам ба он мард зинда ё мурдааст намедонам, ҳазорон раҳмат мегӯям. Зиндагӣ ҳамин аст, ки дар ҳалқ мегӯянд. «Хубӣ куну дар об парто». Ҳамин хубии он шахсро ман ба фарзандон мегӯяму оби чашмам ҷорӣ мешавад. Дар дунё шахсони боҳиммату ғамхор, нигоҳ накарда ба молу пул доштан, ё фақер буданашон зиёданд, ки дасти бечорагонро мегиранд. Дар ҳолати бечорагию дармондагӣ, дасти ёрӣ ба онҳо дароз мекунанд. Ин ҷо сухани устод Рӯдакӣ ба ёд меояд:
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Бегоҳ ба хона шиками гурӯсна ва пойҳои хунолуда баргаштем. Модар ба пойҳои хуншори мо равғани пахта молида, моро бо гардобаш сер намуд ва ба ҷои хобамон гусел намуд, худ болои сарамон бо оби чашм менишасту моро бо дидааш тасаллӣ медод: – «Фарзандон, тоқат кунед, ин ҳама мегузараду, шумо мард мешавед ва маро дар дами пирӣ нигаҳбон мешавед». Дар оянда ҳамин нияти бо чашмонаш ба мо гуфтааш (модар) амалӣ шуду дар синни 88 солагӣ ӯро танҳо ба хок супоридам (акаам фавтида буд).
Дар вақти аз сари манзил гаштан ба хона ва то имрӯз мегӯям: «Модар, сад афсус, ки хизмататро хуб иҷро карда натавонистам, чунки худ дар зиндагӣ бемор будам, 20 сол болои ғаму андӯҳат, ғаму андӯҳи дигареро дар ҷисму ҷонат зиёда намудам. Гарчанде, ки баъдтар ҷарроҳи намудаму худро солим шуморида, ба ту каме хизмат кардаам. Ин хизмати ман аз ҷарроҳӣ намудани чашмонат ба воситаи табибон буду, ту чанде пеши поятро дидию ба ман дуои нек додӣ.
ХУШАЧИНӢ
Дар халқ мегӯянд, ки «Ҷои захми табар аз бадан зудуда мешавад, гапи бад, кирдори бад аз ёдҳо намеравад.»
Мо рӯзе бо бародарам мувофиқи супориши модар ба хушачинӣ баромадем. Баъд аз дарави ғалла занон ва кӯдакон ба саҳро баромада, пеш аз подаро ба ҷои даравидагии ғалла даровардан, хушаҳои ғаллаи рехтаро аз замин мечиданд ва дар хона кубида, ба худ хӯрока захира мекарданд. Баъди даравидани гандум онро (дарзаашро) бо чигина ба хирман меоварданд. Аз ҳамин лиҳоз дар замин хушаи гандум зиёд мерехт ва мо кӯдакон хушачинӣ мекардем.
Ман низ ба бародаронам дар ин маърака хамроҳӣ мекардам. Рӯзҳо мо хуша чида меовардему, модар баъди кори хоҷагӣ баргаштан, шабҳо хушаҳои чидаи моро бо чӯб ва санг мекӯбид, бо табақи чӯбин чач мекард ва коҳашро ҷудо менамуд.
Рӯзе ки хӯша меёфтем 2–3 тоқи гандум мешуд, баъзан холӣ меомадем. Рӯзе ҳарду бародар заминҳои ғаллаи даравидаи маҳалли Гурмачитро давр зада баромадем. Аз ин заминҳо дигар хушае боқӣ намонда буд.
Алакай пода дар ин заминҳо мечарид. Ёфтани як хӯша гандум заҳмати зиёдеро талаб мекард. Мо баъзан лаби26 марзҳои заминҳо мегаштем. Чунки дар болои лонаҳои мурчаҳо ва мушҳои саҳроӣ баъзан донаю хӯшаи гандум дида мешуд. Мо аз ин лонаҳо истифода бурда, донаю хушаҳои ҷамъкардаи онҳоро руфта мегирфтем.
Дар ин рӯзи бебарор мо давр зада, чандин замини ғалларо гузаштем. Аз ташнагию гурӯснагӣ хело монда шуда будем. Дар яке аз заминҳои деҳаи Тошбулоқ (Чашмаи санг), ки аз деҳаи мо 3-4 км дур буд, хирмани ғалла буд. Он ҷо низ куфтани ғалла ба охир расида истода буд. Мо барои обхӯрӣ ва пурсидани пораи ноне ба он ҷо рафтем. Аз хешон ва ҳамсояамон бобои Маҳмадалӣ ва додараш Абдулфаттоҳ дар он хирман кор мекарданд. Бо аспу харҳои худ ғалларо сум карда, коҳашро майда мекарданд. Онҳо моро дида ҳайрон шудаанд, ки дар ин масофаи дур ин кӯдакон чӣ тавр ба ин ҷо омадаанд. Мо дар таги халтаҳои худ як тоқигӣ хушаи гандум доштему халос. Аз мондагию ташнагӣ орои гапзанӣ надоштем.
Бобои Маҳмадалӣ, ки марди солхӯрда буд ва занаш холаи Ойҷонбӣ, ки бо модарам холадухтар буданд, моро сағера гуфта, ғамхорӣ мекарданд. Ана дар ҳамин ҷо низ ба мо ғамхорӣ намуда, аз машки об, ки зери коҳ пинҳон буд, ба мо об дод. Як порагӣ нони хушкро аз рӯймолаш, ки дар миёнаш бастагӣ буд, кӯшода, ба мо дод. Мо нони додаи ин мӯйсафедро намедонистем чӣ гуна фурӯ барем. Бобои Маҳмадалӣ бо акаи Фаттоҳ чӣ гӯшакие карданд, худаш назди мо омаду халтаҳои хушачинии моро гирифта назди кумаи гандуми майдакарда рафт. Гандум ҳоло бод карда нашуда буд, бо коҳаш якҷоя буд.
Акаи Фаттоҳ бошад болои баландие баромада гирду атрофро наззора мекард. Ду марди дигар зери каппа хоб буданд. Мумкин шаб онҳо бо хару асп ва говҳо гандумро галагов карда бошанд ва аз бехобӣ дар нисфирӯзӣ хоб рафтаанд. Баъди дамгирӣ боз онҳо хеста корро идома медиҳанд. Бобои Маҳмадалӣ дар халтаҳои мо ду-се тоқигӣ гандуми коҳдорро бардошта, хушаҳои чиндагиамонро аз болояш гузошта ба мо дод. Таъкид кард, ки бо роҳи пода мерафтагӣ наравед. Танҳо теппа ба теппа бо роҳи пинҳонӣ ба деҳа равед, ки дар роҳ шуморо касе набинад.
Ман бо бародарам дар сар чӣ хаёлҳо ва тарсу воҳимаи зиёде доштем. Гуфтаи бобои Маҳмадалиро иҷро карда, бероҳа бо даруни заминҳои аз ғалла тозашуда ва қади хамчаҳои табиӣ роҳ мерафтем. Дар қарибии дарачаи обрави миёнароҳ расида будем, ки марди саворе моро аз дур чашмрас дида, суямон аспдавон омад.
Ба суямон як нигоҳи қаҳролуде карду аз дастамон халтаҳоро кашида гирифту, моро бо асп пешандоз намуда, сӯи хирмани ғалла мерафтем. Ин шахс бригадири ғаллла Аргат ном шахси ӯзбек буд. Сару рӯяш сиёҳ ва рӯяш доғ дошт, худаш лоғару бадҷаҳл менамуд.
Ба мо гоҳ ба тоҷик ва гоҳ ба ӯзбекӣ ҳақорат медод. Дар ҳамин синну сол ман забони ӯзбекиро медонистам.
Чунки дар деҳаи Чагами Поён фермаи гови ҷушо буду модари ман дар ин ферма ҳамроҳии Чиғатой, Оимхол ва дигарон, ки аз ҳамин деҳа буданд, якҷоя гов медушиданд. Ман бо фарзандони онҳо бозӣ мекардам ва аз онҳо забони ӯзбекиро ёд гирифта будам. Яке аз онҳо Файз (пайз гуфта ӯро рафиқон ҷеғ мезаданд) буд, ки баъдтар бо ман дар институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ, ҳамсабақ шуда мехонд ва муаллим шуда кор мекард. Дар деҳаи худ, ки синфҳои ӯзбекӣ мавҷуд буданд, дарс мегуфт.
Оқибат моро ин марди сиёҳрӯ ба сари хирман расо ниду бобои Маҳмадалӣ ва акаи Фаттоҳро ҷеғ зада, ҳақоратҳои зиёде дода, халтаҳои моро болои гандуми бод нокарда холӣ карду, моро аз назди хирман то масофаи 100-200 м пеши асп намуда, боз ба хирман баргашт. Мо сӯи хона дастхолӣ меомадем, ҳаво алакай торик шуда буд. Вақт, хуфтан шуда буд.
Вақте ки назди хона расидем, модарамон сари баландие, ки назди хонаамон буд, истода моро интизор буд. Моро дида, оҳи сарде кашида, ба сӯи хӯрокхӯрӣ таклифамон кард. Худаш бо чашми ҳайратангез ба мо нигоҳ мекард. Чӣ андеша дошт мо намедонистем…
Баъдтар шунидем, ки Аргати бригадирро дар яке аз маъракаҳои бузкашӣ, аспаш кашида ба ҷарие бурда меафтонад ва бо ҳамин касалӣ вафот мекунад.
Дар «Насиҳатнома»-ҳои бузургон аз ҷумла дар Қуръони маҷид таъкид карда мешавад: «Касе бар ту бадӣ кард, ту ба вай некӣ кун». Ман фурсати бо вай некӣ карданро наёфтам. Чунки хурд будам ва дур аз маҳал бе ӯ калон шудаам. Ҳар хеле, ки бошад рӯҳаш шод, манзилаш обод бошад. Дар зиндагӣ, ҳама гуфтору рафторро бо андеша гуфтану кардан лозим. Вақте ки ба назди манзилгоҳ ё гуристоне мегузарем, мебинем, ки ҳама хомӯшанд, зери хоканд, ягон кас аз хубӣ, бадӣ, давлатмандӣ, камбағалу фақер будан гап намезананд. Чӣ тавре, ки дар халқ мегӯянд: «Дар ин хона, шоҳу гадо баробаранд». Баъзан болои қабрҳоро одамони доро ва пулдор ороиш медиҳанд. Хонаҷаҳои барангу бор месозанд, ки ин зиндагии он шахс, хубу бад ва боинсоф будани онро нишон дода наметавонад. Танҳо хислатҳои хубу бади он маитро дар зиндагӣ мардум муайян карда метавонанд.
Ин хислатҳо аз даҳон ба даҳон гузашта, фарзандони дигари оянда онро овоза мебаранд. Қабристонҳо ва макони муқаддасро зиёрат кардан лозим, зеро зиёрати қабристонҳо инсонро ба ёдаш марг ва қиёмат меорад.
Зиёрати асосӣ ин аст, ки инсон барои панд гирифтан ба қабристон равад ва ин дуоро бихонад: – «Ассалому алайкум аҳлу-д-диёри мина-л-мӯъминина ва-лмуслимина, ва инно иншоа-л-лоҳу бикум лоҳиқуна, асъалу-л-лоҳа лано ва лакуму-л-офията». Бигузор одамон ҳама дар зиндагӣ бо ҳам дӯсту ғамхор бошанд.
Дасти якдигарро гирифта, ёрии худро расонанд. Ба хусус ба ятимону бепарасторон. Мисле ки мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон мегӯяду мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё