ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда
Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа
ДАР БОРАИ ПАДАР
Дар бораи падарам маълумотҳоро аз модарам гирифтаам, ки ӯ дар синни 88 солагӣ (модарам) аз олам даргузаштаанд. Аз падар ба ман ягон ҳуҷҷат ва ё дастхате нест ва дарёфт карда натавонистаам. Ёфтани ҳуҷҷатҳо ба ман муяссар нашуду ягона ҳуҷҷати зинда модарам шуда монд. Аз ӯ истифода бурда, гуфтаҳояшро дар бораи падарам менависам.
Падарам Ҳафизов Мирзо дар шӯрои қишлоқи Мазори Султон деҳаи Алушкур тахминан солҳои 1912 – 1913 ба дунё омадааст.
Бо бародарон дар ҳамон деҳа то хонадоршавӣ зиндагӣ кардааст. Солҳои 30-юми асри ХХ бо модарам хонадор шуда ҳамроҳии бобои модариам Холов Ҳақназар (сарояндаи машҳури давр, достонсарои гуруғлӣ) ба деҳаи Урсихо шӯрои деҳоти Девдор, ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) меояд. Чанде зиндагӣ ба сар мебаранд ва бародарам Абдукарим он ҷо соли 1936 таваллуд мешавад. Дар ин деҳа Устонасриддин ном шахси босаводе будааст, ки ӯ номҳои моро гузоштааст. Баъди таваллуди акаам ба ӯ Абдукарим ном мемонаду боз ба бобоям мегӯяд, ки баъди ин писар боз духтаратон ду писари дигар меёбад ва онҳоро ман пешакӣ ном мегузорам. Яке Абдураҳим ва дигареро Абдулазиз номгузорӣ мекунед.
Солҳои 1939-1940 асри ХХ аз он ҷо кӯчида ба деҳаи Чагами Боло шӯрои қишлоқи Чагам меояд. Чанд соле зиндагӣ мекунанд ва ҳамон ҷо сардори бригадаи ғаллакорӣ интихоб мешавад. Корро аз меҳнати ҳалол сар мекунад. Дар ҳамин деҳа 08. 10. 1941 ман писари дуюм ба дунё меоям. Сонитар соли 1943–1944 додарам Абдула-13 зиз таваллуд мешавад. Хулоса соҳиби се фарзанд мешавад. Солҳои вазнин ва вазъи иқтисодии рӯзгори мардум паст буд.
Давлати шӯравӣ мӯҳтоҷи ҳама намуди маҳсулот буд. Мардум аз шири буз сар карда, то гову аспашон ва ҳатто аз тухми мурғ андоз месупориданд.
Пуст, пашм, равғани зард, тухм аз растаниҳои мевадор ҳар сол ба миқдори муайян ҳар оила ба давлат андоз месупориданд. Азбаски тамоми корҳои саҳроӣ дастӣ иҷро мешуданд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосили пасти ғалладона мегирифтанд. Аз ҳосили ба дастовардаашон ба давлат ёрӣ ва андоз месупориданд.
Ҳамин минвол, мардуми кӯҳистон рӯзгорашро бо душворӣ пеш мебурданд ва қоматашон акнун каме рост гашта, ҳаёт ба маҷрои худ даромада буд, ки 22-юми июни соли 1941 бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ сар шуд. Ташвиши мардум боз ҳам афзунтар шуд. Ҷанги хонумонсӯз боз ҳам зиндагии мардуми камбизоатро вазнинтар мекард.
Бисёр мардони ба ору номуси деҳа ба ҳимояи Ватан рафтаанд. Акнун кори саҳро ба зимаи муйсафедон, занону наврасон монда буд. Онҳо шабҳо дар саҳро хоб карда, баъди баромадани моҳтоб хеста ғалларо дастӣ медаравиданд. Мардони солхӯрда кори сохтмонҳо ва куфтани ғалларо дар хирманҳо ба зимаи худ доштанд.
Ғалларо бо қувваи говҳо галагов ва чапар мекарданд. Аспонро низ баҳри ғаллакӯбӣ истифода мебурданд. Ин ҳама ба пирону наврасон ва занон хело вазнин буд.
Аммо чораву илоҷи дигаре набуд. Ҳам зиндагии ақибгоҳро пеш бурдан лозим буд, ҳам фронтро таъмин кардану дастгирӣ кардан лозим меомад.
Дар ҳамин солҳои вазнин боз дар назди халқу Ватан вазифаҳои дигаре ба миён меомад. Барои ободонии Ватан саҳроро обёри кардан лозим меомад. Ба гӯшаҳои кӯҳистони мамлакат роҳҳо кандан лозим шуд. Ана аз ҳамин сабаб дар назди Ҳукумат лозим шуд, ки «Баталиони коргарӣ» ташкил карда шавад. Бо ин баталион мардону пиронсолони ақибгоҳро сафарбар кардан лозим буд. Аз ҷумла падари маро низ ба ҳайати ин баталиони коргарӣ гирифтаанд. Ин тахминан солҳои 1943 – 1944 будааст. Падарам дар ин баталион дар сохтмони канали Ҳисор чанде кор мекунанд ва ба касалии шикам гирифтор шуда ба хона бармегардад. Дар хона соли 1943 – 1944 аз ин беморӣ мефавтад. Синну солашон дар ин давра ба 31–32 расида будааст. Тарбияи се кӯдак ба зимаи модари якка мемонад.
Модарам: Ҳақназарова Зарнигор
ДАР БОРАИ МОДАР
Модарам Ҳақназарова Зарнигор тахминан солҳои 1915 – 1916 дар деҳаи Дараи Аспони Боло ё Поёни (ба ноҳияи Тавилдара наздик) шӯрои қишлоқи Мазори Султон ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Падараш Хол Ҳақназар ҳофизи гуруғлисарои подшоҳӣ будааст, то ба мамлакатҳои ҳамсоя Афғонистон низ даъват карда мешудааст. Ба гуфти модарам Ҳофизи гуруғлисаро Ҳикмат Ризо яке аз шогирдони хуби падараш будааст.
Модарам аз хурдӣ аз модар маҳрум мегардад ва моиндараш момаи Моҳбӣ калонаш мекунад.
Дар ҳамон деҳа бо падарам ба шавҳар баромада ба ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) ҳамроҳии бобоям Ҳақназари Ҳофиз кӯчида меоянд. Баъд аз вафоти падар тарбияи се тифл ба зимаи модарам мемонад. Дар ин давра муносибати хешу таборӣ ба шароити танги зиндагӣ нигоҳ накарда, хело хуб буд. Ҳамеша хешон ба якдигар дастгиру нигоҳбон буданд.
Барои модарам баъди вафоти падар як асп ва як гов боқӣ монда будааст. Аз гуфти модарам бармеояд, ки дар ин солҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома дошт ва аспонро низ ба фонди Армияи Сурх мебурданд. Ҳамин тариқ аспи падар, ки дар яккамех бастагӣ буд аз тарафи комиссияи ҳамонвақта гирифта бурда мешавад. Модарам ба касалии сурхакон гирифтор мешавад ва гови ягонааш дар оғилхона аз гуруснагӣ ё беморӣ ҳаром мемурад.
Акнун нигоҳубин кунандаи мо духтари амакам Маликамо буд. Ӯро баъд аз вафоти падараш Хол Ҳафизов падари ман барои нигоҳубин кардани мо аз ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Чагам оварда будааст. Модарам баъди нигоҳубини ҳамсояҳо – момаи Давлатбӣ, Сухан17 ва Шамъмигул, ки ниҳоят дусту ғамхор буданд ба по мехезад.
Ҳамин момаи Шамъигул барои ман модари ширхора буд. Дар солҳои ҷанг ман ба дунё меоям ва модари дар кору бор сухтаи ман, моро бо шир таъмин карда наметавонад. Момаи Шамъигул бошад фарзандонаш пеш намерафтааст.
Дар вақти таваллуди ман он кас низ пештар фарзанде ёфта будааст. Баъди таваллудаш он кӯдакаш мефавтад.
Бо таклифи модари ман момаи Шамъигул маро сина медиҳаду дарди синаҳои худро кам мекунад. Баъди ҳамин то имрӯз ман ӯро (ҷояш ҷаннат бошад) модар меҳисобам. Фарзандони он шахс, ки солҳои 1948 ва 1950 Одинамо ва Талбак ба дунё омадаанд, барои ман хоҳару додар ҳисобида мешаванд. Бо онҳо рафту омади доимӣ дорему аз якдигар бохабар мебошем. Писараш Талбак Шарифов – дар идораи ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳисобчӣ – ревизор мебошад. Духтараш Одинамо хонашин буда, дар шаҳри Кӯлоб давлати пирӣ меронад. Зиндагӣ ба мо бо хубӣ ба даст наомад. Додарам Абдулазиз дар ҳамин қишлоқи Чагам аз касалии сурхча вафот мекунад. Модарам ба пеши хешонаш ба шаҳри Кӯлоб меояд. Ин хешонаш Роҳиламо ва Робиямо дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд ва шавҳардор буданд. Мо дар кӯчаи заводи пахтаи шаҳри Кӯлоб қариб се сол зиндагӣ ба сар бурдем. Ин солҳои 1945 –1947 буд. Хӯрока бо карточка дода мешуд. Ба мо ба се нафар нон (хлеб) кашида медоданд.
Дар заводи пахта ва идораҳои давлатии шаҳр русҳо зиёд кор макарданд. Русҳоро аз майдонҳои ҷанг мерафтагии Россия ба ақибгоҳ гурезонида оварда будаанд.
Ана аз ҳамон одамон дар назди мо хонае (барак мегуфтанд) буд, ки русҳо зиндагӣ мекарданд. Тахминан 20-30 оила дар ин баракҳо зиндагӣ мекарданд. Модарам ба онҳо ёрӣ медод. Хонаҳояшонро мерӯфт, фарзандонашонро нигоҳубин мекард, либосҳояшонро мешуст ва дигар кору борашонро иҷро мекард. Аз ҳамин хизматҳо ба ӯ пул, либосҳои кӯҳнаи фарзандон, қисман ҳиссаи нонашонро (хлеб) медоданд. Заводи равғани шаҳри Кӯлоб ба мо дар масофаи 100-150 м ҷойгир шуда буд. Аз ҳамон завод баъзан мо равған ва кунҷора бо нархи арзон дарёфт мекардем ва модарам аз ҳамон кунҷора кулчаҳо мепухт ва мо боиштиҳо мехӯрдем. Аз ҳисоби пул бошад фақат нафақаи бепадариро мегирифтему халос. Боқи бо роҳи хизмати модар, ки ба оилаҳои русҳо мекард, рӯз мегузаронидем. Чанде модарам ба сифати фаррош низ дар заводи пахта кор карда буд.
Азбаски хонаи зистӣ ва қайди гражданӣ дар шаҳр надоштем, моро ҳар рӯз кашмокаш мекарданд. Дар мактаб моро барои хондан қабул накарданд. Модарам маҷбур шуд, ки боз моро ба ноҳияи Шӯрообод, (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) қишлоқи Чагам барад. Ин охирҳои соли 1947 буд. Вақте ки мо ба деҳаи Чагам омадем аз хонаи мо дараке набуд. Бо маслиҳати дустони падарам Бозормад, Холбобо, Бобои Алиф, Рустам, Бобои Қурбоналӣ, Бобои Мурод ва дигарон, ки мардони дилсӯз ва хайрхоҳ буданд, як хона–масҷид буд, ки дару тиреза надошт, болояш пӯшондагӣ буд ва дар рӯзҳои боронӣ об дар дарунаш мечакид.
Ҳамин мардон болояшро андова намуданд, тирезаашро бо пахоли зағер чапарак бастанд, дарашро низ бо шохи бодом чапарак намуда, болояшро бо пахоли зағер маҳкам намудаанд. Дар заери фарши хона чанд дарза пахолро паҳн намуда, бо чӯби бонгкӯб (хоки болои боми хонаҳоро бо ҳамон чӯб мекуфтанд, ки сахт шава-19 ду об даруни хонаҳо начакад) куфта майда карданд, ки мо даруни он даромада хоб кунем. Ҳамин хизмати онҳоро ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, чунки мо либоси ҷои хоб ҳам надоштем ва як зимистони соли 1947ро ҳамон пахоли майда кардаи ин шахсон ба мо ҳамчун курпа ва курпача хизмат кард. Зиндагӣ ба мо ва модари азизам душворӣ мекард ва маҷбур будем, ки куч баста боз ба шаҳри Кӯлоб биёем.
Зурӣ дар он буд, ки одамони қобили меҳнатро аз ҷамоати Чагам ва дигар ҷамоатҳо ҷамъ карда ба ноҳияи Чубек (баъд Москва ва ҳоло Ҳамадонӣ) барои азхудкунии заминҳо барои пахтакорӣ мебурданд. Маликамои духтари амакам, ки ҳамроҳии мо буд, ӯро низ ба пеши модараш Ҳалимова Хаймагул, ки дар ноҳияи Ховалинг зиндагӣ мекард бурданд. Дигар моро ҳангоми кор дар
Метинтуғай будани модарамон шахси нигоҳубин мекардагӣ набуд.
Алакай дар ин давра ман ва бародарам мактабхон будем. Ман аз бародарам хурд будам, вале бо ӯ мактаб рафта дар парта (парта набуд, чубе поя дошт ва болои он нишаста дар сари зону супориши муаллимро иҷро мекардем) менишастем. Мактаб дар деҳаи Чагами Поён буд.
Ёд дорам, ки муаллими мо акаи Шариф аз Чагами Боло (дар боло номбар шудааст) ва Қувват аз Чагами Поён буданд. Ба фикрам акаи Қувват муаллими синфҳои ӯзбекӣ буд. Бо ҳамин минвол мактаб мерафтем ва ягона шахси нигоҳубин мекардагиамон зани хеши модариам Бобои Хол – Давлатбӣ буд.
Холаи Давлатбӣ зани резапайкари сару чашму абрувони сиёҳи базебе дошт. Дар ҳалимӣ ва хоксорӣ ҳамто надошт. Дар зиндагӣ баъди калон шудан низ ин хел зани зеборо ҳис накардаам. Ҳоло ҳам холҳои бари рӯ ва20 ғамхориҳои модаронаи ӯро фаромӯш накардаам (рӯҳаш шод бошад).
Ҳалимӣ ва ғамхории ӯро дар бемории акаам ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё