Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ПАСТИЮ БАЛАНДИИ ЗИНДАГӢ

Ман зодаи қишлоқи Чагами Боло ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) мебошам. Ноҳия мувофиқи Қарори Комитети Иҷроияи Марказии Точикистон аз 13 ноябри соли 1930 дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Дар соли таъсис ёфтани ноҳия, дар ҳайати он Шӯроҳои қишлоқии зерин бо марказҳои маъмуриашон дар қишлоқҳои алоҳида дохил мешуданд:

– Арабо (марказаш – қишлоқи Арабо)

– Даштиҷум (марказаш – қишлоқи Даштиҷум)

– Девдор (марказаш – қишлоқи Девдор)

– Йол (марказаш – қишлоқи Йол)

– Кодара (марказаш – қишлоқи Кодара)

– Маслуқ (марказаш – қишлоқи Маслуқ)

– Навобод (марказаш – қишлоқи Навобод)

– Сари Чашма (марказаш – қишлоқи Сари Чашма)

– Хоҷағалтон (марказаш – қишлоқи Хоҷағалтон)

– Шӯрообод (марказаш – қишлоқи Шӯрообод)

– Ҷилга (марказаш – қишлоқи Ҷилга)

Соли 1940 маркази маъмурии ноҳияи Шӯробод ба қишлоқи Сари Чашма кӯчонида шудааст. (Талбаков Ҷ. Тақсимоти маъмӯрӣ-териториявии вилояти Кӯлоб солҳои 1939 – 1955, саҳ. 118 – 124).

08.10.1941 сол ба дунё омадаам. Падарам Ҳафизов Мирзо он қадар дар ёд надорам, чунки хурд будаастаам. Ба гуфти модарам Ҳақназарова Зарнигор, ӯ деҳқон будааст.

Марди қоматбаланди серабрую тануманде будааст.

Дар ҳамин маҳал вазифаи сардори бригадаро ба душ доштааст. – Ӯ аз одамони таҳҷоии ин маҳал набудааст. Сухан аз таҳҷоӣ набудани падарам меравад.

Ӯ солҳои 30-юми асри ХХ дар ноҳияи Ховалинг зиндагӣ мекардааст. Бо модарам Зарнигор ба воситаи акои модарам (тағоям) Ҳақназаров Солеҳ, ки дӯсти давраи ҷавониаш будааст хонадор мешавад. Азбаски дар кӯҳистонҳои Ховалинг, Ёхсу, Сари Хосор, Дарвоз, Тавилдара заминҳои ҳосилхез камӣ мекарданд, мардум ба хотири таъмини рӯзгори хеш, ноилоҷ ба ҷойҳои серзамин мекӯчиданд. Аз ҷумла бобои модариам Холов Ҳақназар, ки яке аз гуруғли сароёни подшоҳӣ будааст, дар ноҳияи Ховалинг, Сари Хосор, Тавилдара ва ғайра номдор будааст. Ҳатто то ба мамлакати ҳамсоя Афғонистон барои гуруғлисароӣ даъват карда мешудааст. Аз бобоям ҳоло як писар бо номи Ҳақназаров Пирназар ҳаст, ки аз ӯ дар фонди архиви ҷумҳуриявии радио ва телевизион қисман шеърҳо ва достонҳои гуруғлиаш сабт шудаанд. Инро олимони фолклоршинос хуб медонанд ва дар баромадҳояшон дар телевизион инро худ гуфтаанду тасдиқ мекунанд.

Ана ҳамин бобоям Холов Ҳақназар аз ноҳияи Ховалинг, шӯрои қишлоқи Мазори Султон, деҳаи Дараи Аспони Боло ё Поён кӯч мебандад ва ба ноҳияи Шӯрообод шӯрои қишлоқи Девдор (марказаш қишлоқи Девдори Боло) қишлоқи Урсихо меояд. Модару падарам, ки хонадор будаанд онҳоро низ бо худ меорад. Ин тахминан солҳои 30-юми асри ХХ будааст.

Дар ҳамин деҳа (Урсихо) акаам Абдукарим (ёдаш ба хайр) 1.09.1936 сол таваллуд шудааст. Дар ҳамин солҳо хешони бобоям Солизодаи Хол, Солизодаи Мирзомурод ва Насриддин, Холабачаи падарам бобои Алиф, ки дар Шӯрои қишлоқи Сари Чашма, қишлоқи Чагами Бо5 ло омада зиндагӣ мекарданд, бобоямро бо падарам кӯчонида меоранд.

Бобоям дар деҳаи Деҳдурозак ҷой мегирад ва падару модарам дар деҳаи Чагами Боло зиндагиро идома медиҳанд. Баъди ман додарчаам Абдулазиз дар ҳамин деҳа таваллуд мешавад ва баъди 2–3 солагӣ аз ҳаёт меравад.

Падарам азбаски сардории бригадаро ба душ доштааст, ба кишту кори ғалладона машғул будааст. Дар ин солҳо деҳқонӣ ба воситаи ҷуфти гов ва дастӣ бо каланд иҷро карда мешуд. Аз гуфти мӯйсафедон ба назар мерасад, ки зиндагӣ дар ин ҷойҳо нисбати кӯҳистони Ховалинг, Сари Хосор, Тавилдара, Ёхсу ва дигар ҷоҳо хело хуб мегузаштааст. Чунки ин ҷо заминҳои киштбоб зиёд буд ва ғаллакорӣ хеле зиёд шуда буд. Аз ҳамин лиҳоз мардум зиндагии осуда ба сар мебурданд, қисман ба боғдорӣ низ машғул буданд.

Дар деҳаи Чагами Боло дар ин солҳо 15–20 оила зиндагӣ ба сар мебурданд. Дар деҳаи Чагами Поён бошад 10–15 оила ӯзбекҳо зиндагӣ ба сар мебурдаанд.

Оби нӯшокиашон дар Чагами Боло Қудуқ (чоҳи об) сохта будаанд. Ин Қудуқ (чоҳи об)-ро солҳои 30-юм вақте ки аз ноҳияи Ховалинг хешони бобоям Солизодаҳо ба қишлоқи Чагам кӯчида омада будаанд, соз карда будаанд. Ман сохтани ин макони обро аз даҳани бобои Мирзомурод Солеҳов шунида будам. Ӯ мегуфт:

«Вақте ки мо ҳамроҳии бародарон ба ин маҳал солҳои 30-юм омадем, баъд аз сохтани хонаҳои лой ба таъмиру сохтани макони оби нӯшокӣ даст задем. Дар наздикии ҷои зистамон (200–300 м) дуртар дарачае мавҷуд аст, ки аз таги деҳаи Деҳдурозак 3-4 км боло сар мешаваду аз канори деҳаи мо гузашта ба Чагами Поён мерасад.

Аз ҳарду тарафи дарача шухҳои калону хурд аз зери хок намоён мебошад. Аз болои ин шухҳо қатра-қатра об ҷорӣ мешавад. Дар рости деҳаи мо оби дарача тахминан ба як банди даст рост меояд. Оби лой мекардагиро аз ҳамон дарача бо зарфҳо мекашонанд. Ҳайвонҳо низ аз ҳамин оби дарача истеъмол мекунанд.

Дар рости маҳалли мо як шухи калонтаре аз зери хок намоён мебошад. Аз болои он об ҷорӣ мешаваду ба дарача шорида ҳамроҳи оби аз боло меомадагӣ якҷоя шуда, ба поён ҷорӣ мешавад.

Мо ҳамроҳии бародарон ва ҳамдеҳагон гирдогирди ин шухро бо сангҳои паҳн девор кардем, ки оби аз шух мешоридагӣ як ҷо ҷамъ шуда ҳавзеро ташкил диҳад.

Ҳамин тариқа оби Қудуқ (чоҳи об) шуда монд.

Чуқурии он тахминан ба 4-6 м мерасад. Болои онро мо бо чубҳои ғафсе пӯшонидем ва гирду атрофашро тоза намуда, роҳи рафту омади одамон ва ҳайвонҳоро сохтем. Одамон оби нӯшокиро бо хару аробаҳои дастӣ аз ин макони об ба хонаҳо мекашонанд. Аз чоҳ обро бо сатил ва банд ба боло мекашанд ва ба зарфҳои худ мерезанд. » Ҳоло ҳам ин чоҳи об вуҷуд дорад. Аҳолии деҳа зиёда аз 70 оиларо ташкил медиҳад ва аз ҳамин чоҳи об истифода мебаранд. Дар сӯҳбатҳо даҳҳо бор аз даҳони мӯйсафедони ин маҳал ман шунидаам, ки ёди корҳои неки ин мардро ба забон мегиранд. Ӯ дар назди хонаи худ боғи туте бунёд карда буд, ки зиёда аз 20-30 ниҳолро ташкил медод. Дар рӯ ба рӯи маҳал аз дарача ӯ тараф боғи зардолуе дар масоҳати 3-4 га замин бунёд намуд. Ҳоло ҳам ин боғ вуҷуд дорад ва хоҷагиҳо аз он истифода мебаранд.

– Бо дасти ин шахс аз таги деҳаи Деҳдурозак, аз қади дарача дар масофаи 1,5-2 км хати оби нӯшокӣ (вадопровод) бо қубурҳои пластикӣ кашида шудааст, ки назди хонаи Шарифов Мухтор, байни маҳалла ба миқдори 1-2 чилики одам об мерезад. Аз ин об ҳам одамону ҳайвонҳо истифода мебаранд. Ду новаи обхӯрии ҳайвонҳо сохта шудааст, ки ҳамаи ҳайвонҳои ин маҳал ҳамон ҷо оби худро нӯшида баъд ба хонаи соҳибонашон мераванд.

Аз аҳолии деҳаи Чагами Поён низ нисф зиёдаш аз оби ҳамин чоҳ ва хати оби кашида истифода мебаранд.

Ёди ин гуна мардони ташабускор ба хайр бошад.

Оби ин чоҳ ниҳоят хунук ва соф мебошад. Як хусусияти табобатиашро низ гӯям, ки баъди хӯрок хӯрдан агар аз оби ин чоҳ нӯшед, дар андак вақт боз хӯрдани хӯрокатон лозим мешавад. Аз ин хулоса баровардан мумкин, ки хусусияти хӯрокро тез ҳазм карданро доро будааст.

– Аз гуфтаи модарам бармеояд, ки падарам марди кордон ва бо маърифате будааст.

Дар баробари деҳқонӣ боз маҳфилоро низ будааст.

Худ дуторро хуб менавохтааст ва ҳофизӣ низ доштааст.

Дар вақтҳои бекорӣ ҷавононро ҷамъ карда бо базму бозӣ машғул мешудаанд.

Ӯ марди қоматбаланде будааст, ки бо лақаби Мирзои дароз номаш мебурдаанд. Дар деҳаи Чагами Боло боз Мирзои Қайюм ва дар деҳаи Чагами Поён Мирзои Санифа низ будааст. Мирзоҳоро бо ин лақабҳояшон ном мебурдаанд.

Дар ин давра дар шӯрои деҳоти Чагам одамони бомаърифат ва кордону пешкори зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки дар пешрафту ободӣ ва зироаткории маҳаллаҳо ҳиссагузор буданд. Ва ба маҳсулоти худ халқро таъмин мекарданд.

Аз ҷумла раиси хоҷагиҳо Ато Исуфро ном бурдан лозим аст, ки солҳои зиёд ба хоҷагиҳои деҳаҳои Деҳдурозак, Чагами Боло, Чагами Поён, Навбулоқ ва дигарон роҳбарӣ намуда буд. Дар деҳаҳо ободӣ ва зиндагиро беҳ гардонида буд. Аз ҷумла фермаҳои хоҷагиро ташкил намуда ба давлати нав ташкилшуда ғалла, гушт, шир, равған ва дигар маҳсулотҳоро месупоридааст.

Номи ин марди кордон ҳоло низ ба забон гирифта мешавад. Яке аз хоҷагиҳои ин ноҳия ба номи ин шахси кордон гузошта шудааст.

Дигаре аз рафиқони наздики падарам Маҳмудов Холбобо буд, ки бо аспи худ ҷувоз мекашид ва ба халқу Ватан равған тайёр мекард.

Яке аз устоҳои хуби ин маҳал усто Сафаралӣ буд, ки зину афзоли асп тайёр мекард, ниёзмандонро бо ҷилу лаҷом ва дигар сару асбоби аспон таъмин мекард.

Ҳамеша бо фарзандон ин касбро меомӯзонид. Ҳоло яке аз фарзандони он кас дар кӯчаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб зиндагӣ дорад. Номаш Маҳмадулло мебошад ва касби падарро иҷро карда истодааст.

Яке аз мардони ҳунарманди ин деҳа бобои Мурод буд. Он кас касби чоруқдӯзӣ ва кафшдӯзиро пеша карда буд. Барои мардон чоруқу мӯза ва барои занон кафш медӯхт.

Чармашро худаш аз пусти гов ва бузе, ки халқ мекушт тайёр мекард. Ғайр аз ин дукони карбосбофӣ низ доштанд, ки ман онро дар ҳамсоягӣ дида будам.

Бобои Мурод марди хушгапу хушмуомила низ буд (ёдаш ба хайр). Аз он кас як духтар бо номи Тағайгул дар хонаи қориҳои шаҳри Кӯлоб зиндагӣ дорад ва нафақахӯр мебошад.

Дигаре аз шахсони маъруфи ин деҳа устои чубтарош бо номи Устомаҳмуд буд, ки ягон хонаи месохтагӣ бе дахолати ӯ намешуд. Ҳамаи чубкориро он шахс бо дасти худ тайёр мекард. Аз он шахс писарони хуб боқӣ монда будааст. Яке аз онҳо Холбобо ном буд, ки ба вазифаи ҷувозкашӣ ном бароварда буд. Дигаре аз фарзандони ин шахс Маҳмудов Қарахон – муаллим, методисти калони шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ ва баъд методисти калони шӯъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг шуда кор мекард. Ҳама ҳамдеҳагон бо номи ин мардон фахр мекарданд.

Дигаре аз мардони бомаърифати ин маҳал Қурбоналиев Шариф буд. Падараш бобои Қурбоналибой дар синни 112 солагӣ вафот карда буд. Он шахс соли 1947 аввалин муаллими ман дар синфи якум буд. Баъд касби муаллимиро партофта ба касби ронандагӣ машғул шуд.

Касби муаллимиро баъди синфи ҳафтум пеша карда буд (ёдаш ба хайр). Ин шахс солҳои 90-уми асри ХХ дунёро падрур гуфтанд. Аз он шахс писарони хуби ҷамъият боқӣ мондаанд: – Яке аз онҳо Ҷурахон – ронанда буда, дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад.

Дигаре Шарофов Сайфуддин – раиси кумитаи иттифоқи касабаи коркунони муассисаҳои давлатии вилояти Хатлон мебошад.

Дигаре аз фарзандонаш – шоири хушкалом Хайрандеш Шарифов мебошад, ки шеъраш дар васфи Ватан, модар ва навгониҳои Ватани азизамон овозадор мебошанд. Шеъраш ҳамеша мақбули ҳофизон ва хонандагони заккӣ мебошад.

Яке аз рафиқони ҳамкори падарам бобои Қурбоналии деҳқон буд. Дар кори ҳоҷагӣ ҷуфтрону гандумчош буданд.

Аз ӯ писаре бо ном Абдуғаффор ҳаст, ки як умр то нафақа баромадан ронандаи фаъоли трактор буданд.

Ҳоло дар нафақа мебошад. Фарзандони он шахс соҳиби касбҳои гуногун мебошанд.

Дигаре аз шахсони маҳбуби ин маҳал Рустами Дарвозӣ ва занаш момаи Суханбӣ будаанд. Ягона писарашон Ҳотамхон буд, ки манро бо писарашон доимо якҷоя нигоҳубин мекарданд. Бобои Рустам дар почта хаткашон буданд, ҳамаи хатҳои ба сокинони маҳал омадаро ба соҳибонашон мерасонидаанд. Хусусан аз шахсони дар сафҳои Армияи Сурх бударо сари вақт ба соҳибонашон мерасониданд. Солҳои охир писарашон дар шаҳри Душабе дар кадом яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ муаллим, директор шуда кор кардаанд (ёдаш ба хайр). Ҳама аз сар рафтаанд ва номашон дар сатрҳо боқӣ мемонанд. Аз занҳои ин маҳал гули сари сабади маъракаҳо момаи Қурбонгул ва Суханбӣ будаанд. Ҳамаи маъракаҳо ва хусусан келинбаророн бо маслиҳати онҳо ба анҷом расонида мешуд.

Ҳоло ин ҷамоат ба даҳҳо деҳа зиёд ва деҳаҳои Чагами Боло, Чагами Поён ҳар яке аз 200 – 300 хоҷагӣ доранд. Ободии ин диёр ҳамто надорад. Боғу токпарварӣ ва хоҷагидорӣ дар сатҳи боло қарор дорад. Садҳо мардони ватанпарвар ва ободкунандаи диёрро доро мебошад. Мардум аз хизмати мактаб, бунгоҳои тиббӣ, мағоза ва марказҳои маишӣ ба хуби баҳравар мебошанд. Сатҳи зиндагии мардум ва кадр тайёркунии мактабҳо ба дараҷааш баланд мебошад. Фарзандони ба ору номус аз ин маҳалла дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ кор мекунанд. Ба ватану диёр хизмати фарзандонашон арзанда мебошад.

Дигаре аз мардони кории маҳал бобои Алиф буд. Кори хоҷагиро хуб медонист. Ҷуфту ғаллакориро дигарон аз ӯ меомӯхтанд. Саҳро ба ин гуна мардон зебанда буд. Додари бобои Алиф Сафар, ки аз хизмати аскарӣ нав омада буд, ба мардум хизмати шоён мекард. Ӯ дар ҷамоати Чаган аз солҳои 1947 – 1948-и асри ХХ сар карда, то охири ба нафақа баромадан ҳамчун котиб шуда кор кардаанд. Ниҳоят ҳусни хати зебою шинам доштаанд.

Шаҳодатномаи таваллуди ман бо дасти он шахс навишта шудааст ва дар дастам ҳамчун тӯхфа аз он кас нигоҳ дошта мешавад. Аз он кас писараш Ҳофизи Халқии Тоҷикистон буда, бо номи Ҷумахон Сафар номаш мебаранд. Агар суриди «Модар»-ро дар иҷрои он кас шунавед, лаззати хуби зиндагиро баҳри модар ҳис мекунед.

Марди дигари аспи чавкидор бобои Бозормад дар ин маҳал буд, ки ба ятимон ниҳоят ғамхору дастгир буд.

Ҷувозӣ равғанкашӣ дошт ва бо аспи худаш ба халқ хизмат мекард. Ятимонро доимо дастгирӣ менамуд.

Ҳикояти хафакчинӣ ва лату кӯби ҷуфтронҳои деҳаи Деҳдарозак халос кардани мо ва писарашро ба ҳамин шахс бахшидаам.

Аз он кас писаре бо номи Гадомад буд, ки солҳои аввали омадани поезди камбар ба Кӯлоб ҳамчун ронандаи сарпоезд (тепловоз) шуда, то нафақа баромадан кор кардаанд (ёдаш ба хайр).

Сухан аз падар гуфтан ва тасвири зиндагии ӯро кардан ба ман душвор аст. Зеро ки ман ӯро хуб дар ёд надорам. Он чи ки ба қалам медиҳам аз гуфтаи модари зорам бармеояд. Ӯ ва дидори рӯяш мисли хоби шаб медидагӣ дар хаёлам ҳаст. Албат хело хурд будаам, ки дар ёдам дидори хубе намондааст. Ҳар хеле, ки бошад маълумотро ба фарзандон аз падарам доданам лозим.

Онҳо бояд аз бобою момаи падарӣ баҳравар бошанд.

пешина
аз 13
навбатӣ