Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ХАФАКЧИНӢ

Дар ин солҳои душворӣ зиндагӣ, модар худ меҳнати хоҷагӣ мекарду ба мо ки 6-7 сола шуда будем супоришҳо медод, ки барои аловии хона хас ва хафак (саргини гов, ки дар саҳро ҳангоми чаридан мепартоянд ва хунук мешавад) чинда биёрем. Рӯзе бо ҳамроҳии Гадомад – писари бобои Бозормад ва бародарам ба заминҳои кишти деҳаи Деҳдурозак, дар наздикии деҳаи мо буданд ба хафакчинӣ рафтем. Ин охири моҳҳои октябр буд. Ҳаво абру шамоли хунук мевазид. Дар байни замин юғу сипори коргарони деҳаи Деҳдурозак меистоданд. Мо аз ҷои ҷуфт нокарда, ки подачар буд, хафак мечиндем. Ҳамин ҳолат ҷуфтгарҳо акаи Аслам, акаи Нур (кали Нур лақабаш), акаи Ҳисайн ва боз чанд каси дигар говҳои ҷуфтӣ пешопеш ҷуфткунӣ омаданд.

Баъди фурсате моро даъват карда пурсиданд, ки оҳанҳои сипори моро куҷо кардед? Мо ҳарчӣ кӣ қасам мехӯрдем, гиря мекардем, ба онҳо қабул намешуд.

Моро бо говрона (чӯби говро мезадагӣ) мезаданд, ҳақорат намуда, талаби оҳанҳои сипари худро мекарданд. Мо он чиро, ки онҳо талаб мекарданд, надида будем ва аз зери хок баровардани онҳоро низ қувват надоштем. Ин гиряву зории мо ба онҳо маъқул нашуд ва ҷазои дигарро ба мо раво диданд. Бародари ман Абдукарим ва Гадомадро куртаю шимашонро бароварда, лучи соф сар додаанд. Ман ки хӯрдтар будам куртаамро гирифтанду халос. Мо ҳарсе пои луч будем, шамол мевазид ва аз хунукӣ мо меларзидем. Гиряву зории мо ба деҳа қариб мерасид. Мо онҳоро мешинохтем, чунки ба мо ҳамсоядеҳ буданд. Ҳар чӣ қадаре, ки номашонро мегирифтему зорӣ мекардем, раҳми онҳо ба мо намеомад. Фақат ба мо ҳақорат ва таҳдид мекарданду халос. Талаб ҳамон буду ҳамон, яъне оҳанҳои ҷуфтиро биёред. Агар оҳанҳоро биёред, либосҳоро мегиред, ва агар на аз хунукӣ мемуред.

Бобои Бозормад худ як аспи зарду ало, яъне чавкӣ дошт ва ӯро мо аз дур дида мешинохтем, чунки мо бо писараш якҷоя мегаштему, аспашонро ба дарача барои обдиҳӣ ҳамеша мебурдем. Барои обдиҳӣ албатта савор шуда мерафтем. Ҳамеша дар ҷувозаш нонҳои хушки дастамонро ба равғани зағер тар карда медоду мо мехӯрдем.

Равғани зағер як бӯи дилгиркунандае ҳам дорад вале ба бадани одам фоидаи хуб дорад. Ба хусус хунукиро аз бадани одам тез рафъ мекунад. Дар ҳамин ҳолати ногувор ман аз дур дар масофаи 500-600 м аспи бобои Бозормадро дидам, ки аз ҷониби деҳаи Назарбой ба сӯи Чагам меояд. Бо як қувваи кӯдаконаи худ дод гуфта, ҷониби ӯ давидам. Ҷои медавидагии ман нишеби буд ва ман гоҳо меафтидам, боз хеста давиданро идо-31 ма медодам. Дар вақти давидан бобо гуфта дод мезадам. Бобои Бозормад дар даруни сангобчае, ки аз деҳаи Деҳдурозак меомад даромада буд. Он кас овози бобо гуфтани маро шунида, тарафи ман аспашро гардонида, тез давонида омад. Ман ба овози гиряолуд ба он кас ҳодисаро баён кардам. Он кас аз асп хам шуда, маро аз дастам гирифта, зери ҷомааш печонида, пеши ҷуфтгарҳо омада расид.

Маро аз асп ба замин фароварду писараш ва акаамро бо чашми худ дид. Онҳо аз хунукӣ шох шуда қобилияти гапзанӣ надоштанд. Бо он мардҳои бераҳм чӣ гуфтугӯе кард ва баъд аспашро як тозиёна заду ба сари Асламу Нур ва Ҳисайн ҳуҷум намуд. Он ҳарсеро бо қамчин ва пеши бари асп зада ба замин афтонд.

Онҳоро маҷбур сохт, либосҳои моро пӯшонанд. Онҳо ин фармонро иҷро намуда аз бобои Бозормад бахшиш пурсиданд. Мо хафакҳои чидаамонро гирифта ба хона омадем.

Дар зиндагӣ ҳар гуна нофаҳмиҳо ва ноҳақиҳо мешавад ва одамон боз бо ҳам во мехӯранд. Солҳои 60-70-и асри гузашта Асламу Ҳисайн ба шаҳри Кӯлоб кӯчида омаданд ва Нур вафот карда буд (ёдаш ба хайр). Дар кӯчаи Нонбои Поён зиндагӣ ба сар мебурданд. Мо ки ҳамсоядеҳ будем, бо ҳам рафту омад доштем. Ман ин ҳодисаи гузаштаро дар синни калонсолӣ дар маъракаҳо ба онҳо ҳикоя кардаам. Онҳо лабханд зада узр мепурсиданд. Чандин солҳо мо бо ҳам ҳамчун ҳамсоядеҳ ва шинос рафту омад доштем ва охир онҳо – Аслам ва Ҳисайн вафот кардаанд (ёдашон ба хайр) ва мо ҳоло зинда аз онҳо ёдоварии рафту омадашонро мекунем.

Ҳоло аз онҳо писарони хуб ҳаст, ки рафту омадашонро ба мо давом дода истодаанд.

ШИНОСОӢ БО АМАКАМ

Ин замоне буд, ки мо сли 1947 аз ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) дуюмбора ба шаҳри Кӯлоб деҳаи Корези Поён кӯчида омада будем. Дар ҳамин вақт мо 7-9 сола будем ва модар ҳамагӣ 30–31 сола буданд. Зиндагӣ ин ҷо низ ба зани бешавҳар ва калон кардан ду фарзанд, ба осонӣ ба даст намеомад. Модар бо марде ба шавҳар баромад, ки Саид ном дошт, осиёббон буд. Вақте ки модарамон аз ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) бо ҳамроҳии хешонамон Мирзомурод ва Хол барои гандум орд кардан ба ин деҳа меомад, бо ин шахс шинос буд. Он мардро занаш Мамлакат ном буд ва фарзандонаш мемурдаанд.

Ӯро сар дода бо модари ман хонадор шуд. Аз ӯ як писаре низ ёфт, ки дар синни 2-солагӣ вафот кард.

Зиндагӣ бо як маҷрои пурпечутоб пеш мерафт. Мо ҳарду бародар дар хона ва саҳро ҳамроҳии модар ба корҳояш ёрӣ медодем. Қисман дар осиёб ба он мард ёрӣ медодем. Яъне осиёбро қаровулӣ ва ба корафтодагон ёрӣ медодем. Вале он мард моро нағз намедид ва ҳамеша бо модар мегуфт, ки ин нонхӯрҳои зиёдатиро аз хона берун кун. Худ дар вақти хӯрокхӯрӣ ба мо як тикагӣ нон медоду, таъкид мекард, ки шумо аз сари дастурхон дур шинед. Мо ин фармонро иҷро менамудем, вале модар бо ӯ дар мунозира меистоданд. Ҳамин тавр зиндагии мо идома меёфту мо мактабхон будем.

Дар синфи якум якҷоя бо бародарам мехондем.

Рӯзе аз мактаб омада дидем, ки як марди тахминан 30-35 сола дар хона нишаста буд. Ин соли 1951 буд. Мо ӯро намешинохтем. Ӯ моро дида аз ҷой бархосту бо овози баланд гиря карда моро дар оғуш гирифта, мебусиду33 додараконам гуфта менолиду менолид. Ин чанде давом кард ва баъд ором гирифта аз мо пурсон шуд. Номҳои моро гирифта, сарамонро сила карда, мегуфт: «Сад афсус аз бародарам ва шукри ёдгорӣ аз фарзанди падарам». Зор-зор мегиристу моро дам ба дам зери бағал мегирифту мебӯсид. Баъдтар мо аз модар фаҳмидем, ки он шахс Ҳалим ном додари хурдии падарамон будааст.

Он кас солҳои 1943-1944 ба деҳаи Чагам барои дидорбинӣ пеши падарам рафта будааст. Шаб бо падарам якҷоя меистаду то нисфишабӣ сӯҳбат мекунад. Ӯ як рамаи колхозро (колхози К. Маркси ноҳияи Фархор) сарварӣ мекардааст. Саҳар падарам ӯро дуо медиҳаду аз хона баромада меравад. Бо гуфти модарам масофае чанд мераваду боз гашта ба пеши падарам меояд. Падарам мепурсад, «Ҳалим чаро гашта омадӣ ?». Ӯ ҷавоб медиҳад, ки «Имшаб низ ҳамроҳат меистаму фардо ба роҳ мебароям». Ҳамон шаб падарам ҷон медиҳаду саҳар ӯро ба хок месупоранд.

Амакам баъд ба хонааш бармегардад. Аз ҳамон солҳои 1943 –1944 моро гум мекунаду соли 1951 ба воситаи хешамон Мирзомурод Солеҳов ҷои зисти нави моро ёфта ба хонаи мо омада буд. Ҳамон шабе, ки амакам хонаи мо омада буд, саги дайдуе маро дар пеши осиёб хоида маҷрӯҳ кард. Пусти сарамро канда буд, сари синаамро низ канда буд. Амакам аз хонаи мо рафту муноқишаи модарам бо шавҳараш Саидов Саид тезу тунд шуд. Сабаб ин буд, ки мо амак доштаем ва мо ҳамроҳии ӯ бояд аз пеши модар равему модарамон ин ҷо монад.

Ҳамин талаб борҳо такрор шуд. Яъне мо нонхӯри тайёрем, бояд бо соҳибони падарии худ бошем. Модарам бояд аз ду роҳ якеро интихоб менамуд. Ё аз хона пеш кардани мо, ё аз шавҳар ҷудо шудан.

Падарам: Шарифов Маҳсиддин Модар, ки дар калон кардани мо бепадар ранҷи зиёде кашида буд, роҳи ҷудошавиро аз шавҳар авлотар донист. Акнун мо дар деҳаи Корези Поён дигар хешу табори наздик надоштем. Фақат дар саҳро модар кор мекарду мо ёрирасони ӯ будем. Лекин дар ҳар мулк баъзан одамони хайрхоҳ ва ба бечорагон ёрирасон ҳастанд.

Дар Корези поён Эмомов Ориф ном шахс буд, ки хонаҳои акааш холӣ буданд. Акааш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбон шуда будааст. Фарзандонаш Бурию Қурбонбиро, ки бо мо ҳамсол, 7-9 сола буданд бо хонаи худ бурдааст. Моро дар ҳамон хонаи холии акааш ҷой дод. Мо чанд моҳе он ҷо зиндагӣ намуда, ҷои дигар рафта, як зимистонро зери чакиши хонаи болояш аз қиёғ (хасу хошок) пӯшонидашуда гузаронидем. Ҳаёт бепадар мушкилу нороҳат будааст. Азбаски модар синнаш 30-32 сола буд, бояд шавҳар мекард.

Ин замон марде бо ном Маҳсиддин Шарифов дар деҳа, хонаи хешаш Саидҳошим зиндагӣ мекард. Зану фарзанд надошт. Акаам Абдукарим модарамро илтиҷо мекард,ки ҳамин мардро ба шавҳарӣ қабул намояд. Чунки ба зани ҷавони бешавҳар, бадномӣ зиёд мешавад.

Албатта модар гапи фарзанд ва одамони калонсоли маҳалларо гирифта, ба ин шахс ба шавҳар баромад. Ин мард дар ҳақикат ба мо падари ғамхору дилсӯз шуд. Мо дигар худро бепадар ҳис намекардем. Ӯ моро фарзандвор дӯст медошт ва дар ҳаққи мо ғамхориҳо мекард.

Акнун мо соҳиби хона, гову мол ва аз ҷиҳати зиндагӣ хело пеш рафтаем. Моро хононд, хонадор кард, худаш соҳиби се фарзанд шуд. Яке аз онҳо фавтид ва дуи дигараш бо ман хоҳар буда, зинда ва хонадору фарзандор мебошанд. Соли 1993 падари ӯгай вафот кард ва мо ӯро падарвор гӯронида, ҳамаи расму русумҳои тоҷикиро36 барои ӯ хуб иҷро намудем. Дар ин кор ба ман хоҳаронам Баргигулу Майрамбӣ бо шавҳаронашон Рустаму

Сайдалӣ ва фарзандонашон ёрирасон шудаанд. Имрӯз ман бо ин хоҳарон ва фарзандонашон, ҳама ҷо мефахрам, ки аз модар ба ман қанотҳои зиёде боқӣ мондаанд. Яъне ҳам хоҳарону ҳам фарзандони онҳо бо ман қанотанду ёрирасон мебошанд.

Дар халқ мегӯянд, ки «Пушт бо қабурғаҳо дошта мешавад». Яъне хешу табори бонангу номус ба одам ҳамон қабурғаҳое, ки халқ мегӯянд. Ман дар зиндагӣ ду амакамро, яъне бародарони падарамро дидаам. Се тои дигарро фақат фарзандонашонро мешиносаму медонам.

Аввал меҳоҳам, ки аз падар ва бародарони ӯ ёдрас шавам ва аз гуфтаҳои модар тарзи зиндагӣ ва ҳаёти гузаронидаи онҳоро каме ҳам бошад рӯи коғаз биёрам, то ин ки фарзандон аз хешони падар ва модари ман шиносоӣ пайдо кунанд. Дар ҳаёт ин чиз ба фарзандон ёдгорӣ мемонад.

пешина
аз 13
навбатӣ