Зеҳн
ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.

Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ҶИНГИЛАК МӮЙ ДОРӢ

Баъзе ҳофизон то номию овозадор гардиданишон дар ҷавонӣ мисли репхонҳои ҳозира сурудҳои фачу лачи каммазмун сароида, мухлисони ҳамсолашонро ба ваҷду рақси самовӣ меоварданд. Тамошобинон ба онҳо гулу гулдастаҳо тақдим намудаю духтарони маҳҷабин рӯи саҳна баромада, зери оҳанги ҳофизон арғушти остин мерафтанд.

Хонуме хонум дар каблукот ҷонум ё ҷингилак мӯй дорӣ табъи дили мухлисон буданд.

Дар чунин консертҳо тамошобинон он қадар бисёр мерехтанд, ки сӯзанро партоед, рост меистод. Мухлисон дару деворро мешикастанду ба қавле ҳатто чун парандаҳо дар шохаҳои дарахтон лона мегузоштанд. То пайдо шудани сурудҳои эй сорбону куҳандиёрро ва имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ солҳои зиёде лозим омад.

Дар тарғибу ташвиқи сурудҳои ба гуфте дилнишини ҳамонвақта радиоҳои девории панҷсума хизмати хирсона мекарданд. Аз карнаи онҳо гаштаю баргашта чунин сурудҳо тӯтивор садо медоданд. Баъдан ҳофизони номӣ, ки акнун дунёро фаҳмида буданд, сурудҳои бамаънӣ месароиданд. Лекин мухлисонро гоҳу ногоҳ хумори ҳамон оҳангу гӯрӯғлихониҳои пешина мегирифту радиоро мактубборон мекарданд. Хоҳиш менамуданд, ки ҳамон сурудҳои давраи ҷавониро шунавонанд. Азбаски талаби мухлисон барои кормандони радио ҳатмӣ буд, бечораҳо аз таги чангу хоки бойгонӣ он фитаҳоро ёфта, соатҳои дароз ба гардиш медароварданд.

Ин анъана ҳоло ҳам давом дораду шунидани ному насаби фиристодагони нома аз мавҷи радио барояшон монанди пештара руҳбаландӣ ҳисоб меёбад. Аммо дар лаҳзаҳои дури таърихӣ он боиси ранҷишу озурдахотирии як нафар корманди идораи нигоҳдории сирри давлатӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо, ки марди тосаре буд, гардид. Вай боре соатҳои сею чори шаб ба маводе эрод гирифта, фармуд, ки онро аз саҳифа бардоранд. Ҳарчанд ба ӯ фаҳмониданд, ки ин қисса хотираҳои иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳон асту аз он солҳои зиёде сипарӣ гардидааст, пойро дар як мӯза монда, розӣ нашуд.

- Дар кадом давру замоне набошад, набояд аскари советӣ хиёнат карда, аз ҷанг гурезад, - пофишорӣ намуд вай.

Рӯзноманигорон, ки аз ин бефаросатии марди тосар сахт ба танг омада буданд, ба ҳар ҳол дар ҳамон бевақтии шаб низ илоҷи корро ёфтанд. Маводи чорсадсатраро аз саҳифа гирифта, ба ҷояш аз захираҳои пештара мақолаи дигареро ҷой доданд, ки то он вақт хурӯсҳо ҷағ заданду субҳ дамида.

- Чӣ бояд кард, ки кали якрав шармандаю ради маърака шавад? - андешиданд навбатдорони саҳифа.

- Биёед, аз номи вай ба радио мактуб навишта, хоҳиш менамоем, ки суруди ҷингилак мӯй дориро барояш шунавонанд.

Маслиҳат пухту мактуб ба радио парвоз кард. Баъди чанд рӯз бо гирифтани ному насаби худи ӯ суруди ҷингилак мӯй дорӣ барояш садо дод. Шиносҳояш занг зада, вайро ба ин муносибат табрик намудаю ба ҷон оварданд.

Марди тосар шармандавор думро аз вилоят хода кард...

АҲРОМҲОИ МИСР

Асрори сохтмони аҳромҳои Миср то ҳанӯз чун муаммо боқӣ мондааст. Касе намедонад, ки одамон сангҳои гаронвазнро чӣ тавр ба он баландиҳо бардошта бошанд, зеро он вақтҳо мисли ҳозира манораҳои пурқуввати борбардор набуданд. Ҳазорон одам ҷамъ шавад ҳам, ин корро карда наметавонистанд, чунки дар он галагову рӯзи арасот саг соҳибашро намеёфт. Пас чӣ тавр ин аҳромҳои пурасрор қомат афрохта, ҳамаро дар ҳайрат гузоштаанд?

Фарзияе ҳаст, ки ин корро гӯё одамони покдилу покдин, ки хислати валигӣ доштанд, саранҷом мекарданд.

Онҳо ба сохтмон омада, бо зарби нигоҳ сангҳоро бардоштаю ба ҷои даркорӣ бурда мегузоштаанд. Охир, чунин муъҷизаҳо кам нестанд, ки онҳоро то замони пеш аз исломӣ ҳазрати Бурхи сармасти валӣ нишон дода будааст.

Вай маҷрои обро чаппа гардонидаю ҳатто боре бо

Худованди тааллоҳ дар хусуси биҳишту дӯзах сарбасар мешавад. Дар ғазаб омадаю бо асобелчааш як сутуни ҷаҳаннамро зада вайрон мекунад.

Бобои Нозим, ки валигӣ надошту дар чашмгарӣ ном бароварда буд, обро чаппа гардонида, сангҳоро ба боло бардошта натавонад ҳам, онҳоро майда мекард. Боре вай аз ким кадом маъракае баргашта мебинад, ки дар назди хонаи як ҳамдеҳааш харсанге лангар партофтаасту касе ёрои ҷунбонидани онро надорад. Мардумон гирдаш тортанак барин гашта, сарҳисоби корро гум карда буданд, ки бо он чи кор кунанд. - Оҳо, дар умри сарам чунин харсанги бадвоҳимаи бадҳайбатро бори аввал мебинам, - гӯён Бобои Нозим гиребонашро гирифта тавба мекунаду роҳашро давом медиҳад.

Мӯйсафед се – чор қадам дур нарафта, санг кафидаю пора - пора мешавад. Дафъаи дигар пирамард ба говтавила рафта, мебинад, ки чархи пеши трактори ДТ – 24 дар лой ғӯтидаасту он илоҷи пеш рафтан надорад.

Соҳибаш, ки ба нарм кардани бехи ниҳолҳои пахтазор машғул буд, аз пушти чанбарак фаромада, чархро аз лой гирифтаю ба ҷои дигар мегузорад.

- Рустами таърифӣ дар зӯрӣ пеши ту дастобгир намешудааст, - мегӯяд бобои Нозим, ки шоҳиди ин воқеа буд.

Баъди аз чашм ғоиб шудан вай миёни тракторчии бечора чуқ рафта, чандин моҳ бистарӣ мегардад.

Ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки бобои Нозим барои он ки зарофати чашмаш ба касе нарасад, ҳамеша сари остини ҷелакашро таҳ карда мегаштааст. Тасодуфан рӯзе пӯшидани ҷелакашро фаромӯш карда, аз назди ситораҳои сари танӯр, ки нон мепухтанд, мегузарад.

- Бобоҷон, аз ҳамин нонҳои гарми мо чашида бинед, - гӯён зане ба вай муроот намуда, ба ӯ пораи гирдачаеро шикаста медиҳад.

- Офарин, духтарам, ҳамин нонҳои болаззати сурхосафедро худат бастӣ? - мепурсад пирамард бурдаи нонро ба даҳон андохта.

Мӯйсафед пал нагашта, зан қариб сарозер ба оташдон фурӯ равад, вале хайрият вайро ҳамсояҳо наҷот медиҳанд. Бо Худованд мисли Ҳазрати Бурх сануман кардани бобои Нозим дар гумон аст, вале агар вай аз шаҳомати аҳромҳои Миср хабар медошт, аз чашмзахми ӯ онҳо кайҳо хоку туроб мешуданд...

ХАТУБА

Мардуми мо аз қадимулайём санъатдӯст асту барои ҳофизон ба қавле ҷонашро фидо менамояд. Чун шунавад, ки сарояндае омаданист, паропару даводав сар мешавад.

Одамон пешакӣ рафта, ҷойҳоро мангирифт кардаю лангар мепартоянд. Дар яке аз консертҳои ҳофизи номӣ Одина

Ҳошимов низ чунин ҳолат рӯй дод. Аз тамоми гӯшаю канор ба боғи фарҳангию фароғатии шаҳр одам рехт. Аз бисёрии мухлисон чӣ тавре мегӯянд, ҷои қадамзанӣ набуд.

Ҳарчанд бевақт шуда бошад ҳам, ҳофизи маҳбуби мардумӣ суруд мехонду ҳаводоронаш кафкӯбӣ кардаю хоҳиш менамуданд, ки барои онҳо мувофиқи талаб сурудҳои нав ба нав хонда, хотирашонро шод гардонад.

Дар байни одамон бо лақаби Вижай ҷавони майнӯши бадахлоқи ҷангарае бо ҳамқадаҳҳояш менишаст, ки ҳамаро ба дод оварда буду касе аз тарс ҷилавашро кашида наметавонист. Онҳо ҳайёҳуй намуда, якзайл ҳуштак мекашиданд. Парвое надоштанд, ки мухлисонро нороҳат месозанд. Вижай, ки ба ҳиндуҳо як себи ду тақсим буд, яке аз ҳамқадаҳҳояшро ҷеғ зада, фармуд ба ҳофиз рафта гӯяд, ки ягон суруди ҷигарии ҳиндӣ хонад.

Вай рафту баъди чанде баргашта омад.

- Шерӣ ё рубаҳ? - пурсид Вижай аз ӯ.

- Рубаҳ шеф, рубаҳ,

- ҷавоб дод вай. Ман суруди ҳиндиро намедонам, мегӯяд сабилмонда.

- Ту рафта, ба ҳофиз аз номи ман гӯй, ки Вижайро суруди ҳиндӣ мефорад.

Қарақулоқ рафту лаҳзае нагузашта боз баргашт.

- Чӣ шуд? - пурсид Вижай бо чашмони хунгирифта. - Исқотӣ пойро дар як мӯза монда, ман суруди ҳиндиро намедонам гӯён якравӣ дорад.

- Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб,

- аррос зад

Вижай. Хезед, рафта хокашро мебезем.

- Вижай пешопешу думравонаш аз қафо мардумро бар зада, ҷониби саҳна равон шуданд. Устод, ки Вижайро мешинохту аз номаъқулиҳояш огаҳ буд, вайро дида, дар дилаш алов афтод. Андешид, ки аз дасти ин сағераи сархӯр ҳар кор меояд. Боз маъракаро вайрон накунад? Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтагӣ барин аз писараш Раҳматулло пурсид, ки ягон суруди ҳиндӣ медонад ё не?

- Не, ҷавоб медиҳад писараш. Ман ҳамон сурудҳои мехондагии шуморо медонаму халос.

- Биё, ин тавр мекунем, - гуфт устод, ман суруди ҷингилак мӯй дориро мехонаму ту сари овозамро гирифта, дар нақарот хатуба, хатубаро ҷӯр мекунӣ.

Маслиҳат пухту суруди ҷингилак мӯй дорӣ бо нақароти хатуба дар фазо танинандоз гардид. То ин вақт

Вижаю ҳамқадаҳҳояш ба саҳна баромаданд.

Акаи Одина, - гуфт Вижай дасти ҳофизро фишурда, ту якравӣ кардӣ, ки суруди ҳиндиро намедонӣ.

Мешудааст-ку? - гӯён ба яке аз думраваконаш фармуд, ки давида рафта як сабад гул гирифта биёрад, то устодро табрик намояд...

пешина
аз 15
навбатӣ