ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.
Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа
МАСҶИДИ ГОГОЛ
Чор пиру чор тадбир мегӯянд. Яке аз чунин пирони хирадманду ботадбир имоми Аъзам мебошад, ки бо донишмандӣ ин унвони олиро соҳиб гардидааст. Имом Шофеӣ қоил аст, ки имоми Аъзам дар мартаба бисёр баланд буда, ҳуқуқи сарварии ҳамаи моро дорад. Бо номи ин бузургвор ҳоло дар як қатор ҷойҳо масҷиду мадрасаҳо бунёд ёфтаанд, ки дар онҳо муҳасилин илм омӯхта, мардумон тоату ибодат кардаю намоз мегузоранд. Лекин, ҷои тааҷҷуб аст, ки баъзе одамон чунин масҷидҳоро бо номи вай ба забон намеоранд, балки маҳалаашро ном мебаранду халос.
Масалан, аз касе пурсед, ки намозро дар куҷо адо кардед, кӯтоҳакак ҷавоб медиҳад, ки дар чордаҳум. Ҳол он ки масҷиди имоми Аъзам дар он ҷост.
Чунин ҳолатҳои гамангез на як бору ду бор мушоҳида мегардад, ки аз он алами кас тоза мешавад.
- Ба куҷо меравед? - мепурсад нафаре аз шиносаш, ки саросема ба ҷое шитоб дошт.
- Ба намоз, - ҷавоб медиҳад вай.
- Намозро дар куҷо мегузоред?
- Дар масҷиди Гогол, - мегӯяд ӯ.
- Аҷабо, магар Гогол ҳам масҷид дорад? Охир, вай нависандаи рус асту дину мазҳабаш дигар. Пас, чӣ тавр метавонад бо номи ӯ масҷид бошад? Шояд гӯянда маҳаларо дар назар дорад, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ номи он кайҳо моли бойгонӣ гардидаасту инро одамон намедонанд.
Дар баъзе лаҳзаҳои дигар мардум аз бесаводию бефарҳангӣ ҳатто номи маҳаларо ҳам намегиранд. - Мондаҳо?
- Аз масҷид омада истодаам.
- Намозро дар куҷо адо кардед?
- Дар кривой.
- Дар маҳалаи серодами дигаре низ бо ҳамин сингор одамон масҷиди он ҷойро аз нодонӣ беширеш ба номи
Ломаносов часпондаанд.
Дар мавриди гӯру чӯб аҳвол аз ин ҳам гиряовар аст.
- Маитро дар куҷо ҷаноза кардед?
- Дар Марксизм.
Ҳамин қадараш мондааст, ки занакҳоро бо номи чунин маҳалаҳо ҷеғ занем, зеро ба онҳо одат кардаем...
ТАЛВОСАИ ҶОН
Зиндагӣ печидагиҳои зиёде дорад, ки хоҳу нохоҳ касро мешламбонад. Яке ба касалии дил гирифтор мешаваду дигаре ба бемории гурдаю рӯда. Сеюмин аз фишори баланди хун фалаҷ гаштаю бистарӣ мешавад.
Табибон ҳамаи инро бори асаб мекунанд, ки ба каму косту норасогии рӯзгор беширеш мечаспад. Хулоса, маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок наққоши азал баҳри чӣ орост маро.
Асабҳои зане, ки чун тори танбӯр таранг буду ҳамеша бо фишори баланд мегашт, оқибат кори худро кард. Вай аз по афтода, ҷогаҳӣ шуд. Азбаски хешу ақрабо ва пайвандонаш дар роҳи дур зиндагӣ мекарданд, аз гаронии нарху навои нақлиёт гоҳ – гоҳ ба аёдаташ меомаданд. Рӯзаке чанд вайро бемордорӣ намуда, боз ба хонаҳояшон бармегаштанд, зеро бачаю качадори бисёре буданду ба қавле ажғол. Наберааш ҳам, ки муаллима буд, аз паи дарсҳояш мерафт.
Касал касал нест, балки касалдор касал аст мегӯянд, ки рост будааст. Нигоҳубину парастории зан дар гардани шавҳараш бор буду савор. Шабҳои дароз болои сари ӯ қайза меистод. Барои овардани давою дармон дорухонаҳоро охурча карда буд. Фишорашро дам ба дам месанҷиду ба вай чою хӯрок медод. Сари озори завҷаашро надошт.
Ҳамсараш боре ба ӯ гуфт, ки вайро оббозӣ доронад, чунки аз молидани марҳамҳои зиёд баданаш бӯи ҳафт хар мекунад. Ҳукми зан раво мегӯянд. Шавҳараш ӯро ба ванна бурда, кӯдаквор оббозӣ доронд. Ин кор рафта - рафта ба зану шавҳар одат шуда монд. Ҳар саҳарӣ шавҳар ӯро бурда оббозӣ медоронд.
Боре завҷаашро ба хоначаи оббозӣ бурда, ба ванна шинонду оби ширгармро сар дода, сурохи онро маҳкам кард.
- Рагу пайвандат мулоим шавад, иншоолоҳ сиҳату саломат шуда мехезӣ,
- гуфт шавҳараш ӯро тасалло дода ва хост аз хоначаи оббозӣ барояд, лекин аз қазо сараш тоб хӯрду ба девор зад. Мардак беҳуш гашта, болои фарш талол шуд.
- Оби ванна, ки шавҳараш сурохи онро маҳкам карда буд, то таҳи манаҳаш расид.
- Омад ба сарам аз он чи метарсидам, - андешид зани бемор. Агар боз ками дигар гузарад, марги мафоҷо маро домангир мешавад.
Мариз шавҳарашро чанд бор ҷеғ зад, вале аз санг садо баромаду аз вай не. Об ба лаби поёни бемор расиду нафаскашияш душвор гашта, ҷонаш тангӣ кард.
- Яқин, ки маргам наздик аст, - аз дил гузаронид занак. Охир, ман моҳӣ набошам, ки дар об соатҳои дароз тоқат кунам.
Дар талвосаи ҷон зан бо панҷаҳои пояш соп- соп карда, банди қалпӯшаки сурохи ваннаро ёфту илоҷе карда онро боло бардошт. Об аз сурох шоридан гирифт. Ҳис кард, ки дасту пояш ба кор даромаданд.
- Шавҳарам гуфта буд, ки пою парам мулоим шавад, албатта аз ҷоям мехезам, - ба ёд овард гуфтаҳои вайро ва бо дасташ ба ванна такя намуда, аз он боло шуд. Дид, ки шавҳараш беҳушу беёд болои фарш хобидааст. Ӯро бардошта, хуни пешониашро пок кардаю дасту рӯяшро шуста ба хона бурда даровард.
Ба дуои шавҳараш малоикае омин гуфта будааст...
ДЕБЮТИ МУСТАФО
Дар зиндагӣ одамони шӯхтабиату базлагӯй бисёранд, ки рафтору кирдорашон ҳадиси сиҳати дил аст. Яъне бо хушгӯиҳои худ як давраро метафсонанд, зеро ханда ба кас умри дароз мебахшад. Шодравон устод Мустафо Муқимов ном марди омӯзгоре ҳамин хел одами хушчақчақ буд. Боре як шахси хунибинии пурмилае бо ким кадом сабабе вайро носазою гапҳои пасту баланд мегӯяд, лекин ӯ дандон сафед кардаю сухане ба забон намеорад.
- Ин одам шуморо бисёр таҳқир кард, - мегӯянд шоҳидон, аммо чаро ҷавобе надодед ё аз вай метарсед?
- Ман ҳам вайро боб кардам, - ҷавоб медиҳад устод.
- Чӣ тавр? - ба ҳайрат меоянд одамон. Охир, аз даҳони шумо ҳарфу ҳиҷое набаромад-ку?
- Ман ба ӯ гуфтам, ки тоқии шулукат дар хок.
- О, мо кар нестем, ки онро нашунавем.
- Ман инро бо таги дилам гуфтам, - табассум мекунад вай.
Рӯзе аз устод мепурсанд, ки ҳоло ба чӣ карҳо машғулед?
- Ба корҳои илмӣ,
- ҷавоб медиҳад ӯ. Чирчиракҳоро бо кайк дурага карда истодаам, ки зоти нав пайдо шавад.
Ин кашфиётамро шунида, маро пешакӣ ба гирифтани мукофоти Нобелӣ пешниҳод карданд. Касе, ки чирчиракҳои модаро дошта биёрад, онҳоро бо доллар мехарам.
Марди содаи деҳотие ба васвасаи доллар афтода, як миқдор чирчиракҳоро ҷамъ карда меорад. - Ту исбот карда метавонӣ, ки чирчиракҳои овардаат ҳамаашон модаанд? - мепурсад устод.
Марди деҳотӣ мулзам шуда, чирчиракҳоро партофта меравад. Мавсуфро рӯзе одамон дар роҳи калони мошингарди пеши меҳмонхона мебинанд, ки дар рӯи хараке нишаста, худро офтоб медод.
- Ҳа, устод, ин ҷо нишастаед? – мепурсанд кунҷкобона аз вай.
- Чену чоқ дорам, ки баъди сарам нимпайкараамро шогирдон дар куҷо гузоранд, то ба чашми ҳама расад, - ҳазломез мегӯяд устод.
- Бозии шоҳмотро устод дӯст медошту доимо ба чойхона меомад. Одамон ӯро дида, гирдаш ҳалқа мезаданду аз хушгӯиҳояш лаззат мебурданд. Агар устод ба ҳарифаш ғалаба кунад, бо ифтихор ин дебюти Мустафо буд, ки аз он Карпову Каспаров ҳасад мебаранд, - мегуфт.
- Боре устод ончунон саргарми шоҳмотбозию дебютҳояш гардид, ки дуздон пойафзолашро бурданду хабар наёфт. Чун аз шоҳмотбозӣ фориғ шуд, дид, ки аз пойафзолҳояш на пай асту на ҳайдар. Маҷбур шуд пои луч ба хона баргардад.
- Чаро, устоди азиз, дар танги тирамоҳ пои луч мегардед? – пурсиданд шиносҳояш ӯро дар роҳ дида.
- Пои луч гаштан ба касалии тарбод фоида дорад, - мегӯяд худро аз вазъият раҳонида.
- Як дафъаи дигари ба чойхона омаданаш ба рафиқонаш мегӯяд, ки барои вай як чойникча чойи талхи раисхӯр гирифта биёранд, набошад, ҳамон кори динагиро такрор мекунад. - Дина чӣ кор кардед? - бо ҳайрат мепурсанд шиносҳояш аз ӯ.
- Хеста, фусмол рафтам, - хандида ҷавоб медиҳад устод.
- Дар яке аз маъракаҳо устод худнамоӣ карда, мегӯяд, ки вай соҳибкаромот асту муъҷизаҳои бисёре дорад, ки онҳоро дар вақташ ҳазрати Мӯсою Исои Масеҳ наметавонистанд.
- Ба ростӣ? - мегӯянд шиносҳояш. Ин тавр бошад, якдутояшро номбар кунед, то дар армон намонем.
- Ба коса агар як каф намакро партоям, оби он шӯр мешавад, ҷавоб медиҳад устод. Баръакс, ба пиёла шакар андозам, чой ширин мегардад.
Мавҷи ханда ба фалак печид...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё