ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.
Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа
ПАРТИЗАНҲОИ СИРНИГОҲДОР
Достони «Ғалабаи Таня» - ро устод Абулқосим Лоҳутӣ ҳанӯз дар давраҳои ҷанги дуюми ҷаҳон навишта буд, ки аз он бисёриҳо хабардоранд. Хусусан, насли калонсол, ки ҳамон вақтҳо наврас буданду дар мактаби миёна таҳсил мекарданд, онро борҳо хонда, дарси мардонагӣ меомӯхтанд. Шоир дар ин достон далерию ҷасурии Таня ном ҷавондухтари партизанеро, ки ҷонро рӯи каф гирифта ҳамроҳи шариконаш пинҳонӣ бар зидди душманон мубориза мебурд, васф намудааст. Вай дар чанд амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуда, анборҳои пурсилоҳи душманонро таркондаю нобуд карда будааст.
Чӣ тавре мегӯянд, кӯзаро соҳибаш на ҳамеша аз лаби об ношикаста меорад. Дар яке аз чунин амалиётҳои ҷангӣ Таня ба даст меафтад. Ҳарчанд аз вай дар куҷо будани ҷои партизанҳоро мепурсанд, ӯ сир бой намедиҳад. Фашистон ба ғазаб омада, дар фасли сармои қаҳротун духтараки бечораро нимбараҳна болои барф то таги дор кашола мекунанд, лекин ҳайҳот. Аз вай ягон сирру асрори махфиро гирифта наметавонанд. Ҳатто сару рӯи ӯро бо чароғи керосинӣ месӯзонанд, вале духтараки нотарс таслим намешавад.
Ҳамроҳонаш, ки дар миёни ҷангалзорҳои анбӯҳ пинҳон гашта буданд, шабона чун балои осмонӣ ба сари душманон фурӯ рехта, онҳоро ба дод меоварданд. Борҳо релсҳоро вайрон намуда, поездҳои пурсилоҳи душманро нобуд сохтаю қассоси Таняи ғурамаргро мегирифтанд.
Хулоса, чунин ҷонфидоиҳо лак андар лак буданд, ки ғалабаро наздик мекарданд. Рӯзҳои дури таърихӣ гузаштанду кас ҳеҷ гумон намекунад, ки он лаҳзаҳо дигар такрор меёбанд, аммо хестӣ, ки хобӣ! Ҳоло ҳам ҳастанд партизанҳои навбаромади рознигоҳдоре, ки мисли Таня онҳоро ҳазоруяк бор пурсанд ҳам, поро дар як мӯза монда, сирашонро фош намекунанд.
Партоб ном ҷавоне, ки мошини тамғаи «Газел» дошт, чун дигар ронандагони чорчархаҳо дар роҳу рӯ ҷор задаю ба куҷо рафтани мусофиронро пурсида, худро гаранг намекард. Вай мизоҷони дилобхӯри ба худ хосро дошт, ки ҳамеша дар гарданаш кашол буданд. Онҳоро пагоҳӣ ба шаҳр оварда пош медоду бегоҳӣ бо халтаҳои пурбори сум задагӣ гирифта ба хонаҳояшон бурдаю чойчақаашро суруп мерӯёнд. Агар лозим шавад, гурӯҳро бо саманди бодпояш бо фармоиши сардорашон, ки зани ҳабашсурати барзангие буд, ба кунҷу канорҳои дурдаст барои фолбинию табобати беморон бурда, онҳоро соатҳои дароз интизор мешуд. Парво надошт, ки мизоҷонаш ин қадар дар кадом гӯру лаҳад ғанталак мезананд, зеро бегоҳӣ муллоҷиринг ба сараш мисли борон мерехт.
Боре вай сархуш гурӯҳи зудамалро савор карда, ба роҳ баромад. Азбаски ширакайф буд, дар гардише ҷилави мошинро кашида натавонист. Он аз роҳ баромада, ба дарахте бархӯрду чун тухми палағда пешаш маҷақ - маҷақ шуд. То омадани кормандони давлатии автомобилӣ Партоб ба ҳайъат, ки ҳамаашон занҳои ҷӯгитабор буданд, фармуд, ки ба милисаҳо мошин аз завод ҳамин хел пачақу маҷақ омадааст гӯянду сирро ошкор насозанд.
Нозирони роҳ дар як зум ба ҷои ҳодиса расида омаданд. - Эҳа, рафиқ ронанда, мошинро бо дарахт қушқорҷанг андохта, дабдалаи онро баровардед - ку? - гуфт яке аз нозирони роҳ баъди пасту покиза аз назар гузаронидани ҷойи ҳодиса.
- Рафиқ начайлик, ин мошини сархӯр аз бачагияш ҳамин хел ятребаю яклинга омада буд, - унгур – пунгур кард Партоб.
- Рост, рост, ин мошин аз завод ҳамин хел каллапоча омадагӣ, авлод, - сухани ронандаро об дод яке аз ҷӯгизанҳо аз рӯи маслиҳати пешакии бо шофёр кардаашон. Дар даҳони гург бошу поякат кашол. Мо чанд сол боз дар ин ароба, э мошин катайса дорему онро ҳамин хел мебинем.
Занҳои дигар сари овози ӯро гирифтанд.
Кормандони ГАИ маълум карданд, ки даҳони ронанда бӯи ҳафт хар мекунад...
ЯК МОШИН КАҲ
Ҳолдонҳо бо илова нақл мекунанд, ки марди гаронгӯше барои замонаи дунё ба аёдати як шиноси бемораш меравад. Баъди дуою фотеҳа аз вай мепурсад, ки аҳволатон чӣ хел? Азбаски мариз ӯро дар зиндагӣ дӯсти нонӣ медонисту поиқадамашро наҳс шуморида, чашми дидан надошт, бо зарофат аҳволи саг мегӯяд, чунки гаронгӯш аз пургӯию ҷакидан миёни мардум ҳамин лақабро гирифта буд. Кар гумон мекунад, ки бемор нағз гуфт, зеро онро беҳтар пиндошт.
Аз саволҳои беҳудаю ноҷои дигари гаронгӯш бемор ба танг омада, хост дарди сарро аз наздаш биронад, вале изои муъмин ҳаром гуфтагӣ барин лаб фурӯ басту дандон сафед накард.
- Аз таомҳо чӣ мехӯред? - пурсид кар аз мариз.
- Заҳр, - ҷавоб дод, бемор.
- Нӯши ҷонатон шавад. Шашлику мантую лӯлакабоби гуфтагиатонро мо дар шаби хобамон ҳам намебинем, - ҳарисона оби даҳон пош додаю лаб лесид гаронгӯш.
Бемор озурда шуда, беқаророна аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гаштан гирифт. Кар хаёл кард, ки аҳволи мариз бад асту шояд табиберо интизор бошад. Боз пошна кард:
- Аз табибон кӣ ба наздатон меояд?
- Азроил, - бо хашм ҷавоб дод бемор.
Кар гумон кард, ки бемор яқин номи ягон табиби шиносашро ба забон овард. - Пои қадамаш муборак бошад, - гуфт ӯ. Аз рӯи шунидам табиби мегуфтагиатон Синои сонисту ҷони, э дарди ҳазору як касро аз азоби тан раҳонидааст.
- Мисли ҳамин дар маҷлиси ҷамъбастии идораи рӯзномае як корманди гаронгӯши ҳизби ҳамонвақтаи
Шӯравӣ иштирок менамояд. Баъди анҷоми маърӯза муҳаррир аз нарасидани мутахассисон шикоят карда, мегӯяд, ки бо ҳамин сабаб материалҳо намерасанд.
- Чӣ намерасад? - кафро пушти гӯшаш чапарак намуда мепурсад корманди ҳизбӣ.
- Материал, яъне мавод, - ҷавоб медиҳад муҳаррир.
- Магар шумо дар назди идораатон сехи дӯзандагӣ кушодед? - бо ҳайрат мепурсад корманди ҳизб. Мефаҳмам, мефаҳмам. Ҳоло замон замони иқтисоди бозоргониву демократияю ошкорбаёнии Горбачёвист. Ҳар кас медонаду дави аспаш. Тавону дар намон гуфтаанд. Бо як маоши қоқу воқ зиндагӣ кардан душвор аст. Ба кордон - кор осон. Хуб кардед, ки дар назди рӯзнома сех кушодед. Бо ин обунаи исқотӣ чоятон асло ранг намегирад. Лекин материалу маводро ҳеҷ кас бо ду дасти адаб оварда ба шумо намедиҳад, - Афлотунвор гуфт ӯ. Оби шикам ҷунбонидан лозим, оби шикам. Маводаш агар мисли варсалану кремплину боз ким - кадом матоъҳо камёфт бошад, шербачаҳоятонро ба Дубаю Хитой фиристонед. Дар он ҷойҳо ғайр аз шири мурғу пои мор дигар тамоми материалу маводҳои ялтар - юлтури чашмбарро дастрас кардан мумкин.
Кормандони рӯзнома аз бефаҳмию бефаросатии намояндаи гаронгӯши ҳизбӣ монанди ҳамон бемор ба танг омада, дар ҷои нишасти худ ҷулидан гирифтанд.71
- Истед, ки роҳбарони хоҷагиҳо магар ёрӣ намерасонанд? - пурсид аз бом тароша афтидагӣ воре фиристодаи ҳизб. Охир, дар вақташ онҳо дар лаҳзаҳои душвор шоирону нависандагон ва аҳли адабро Ҳотамвор дастгирӣ меканданд-ку? Куҷо шуд ҳамон анъанаҳои пештара?
- Дастгирӣ куҷо, - гуфт муҳаррир. Баъзе роҳбарон чунон хасису кунуск шудаанд, ки рангу раҳмати тину тангаашонро офтоб намебинад, ҳайфини одам. Коҳу кунҷораи гови яке аз кормандонамон дар фасли зимистон тамом шуду бечора гарданашро пеши раиси хоҷагие пайтоба кард, ки ақаллан бо пули худаш ба вай як мошин каҳ диҳад, лекин ҳайҳот. Қавл доду вафо накард.
- Ҳеҷ қиссаи кироӣ набудааст, ки барои он шумо ҳамин қадар зиқ шавед, - омирона гуфт корманди ҳизб ҳангоми хайрухуш. Дар ин масъала ман ба шумо ёрӣ мерасонам.
Корманди ҳизбӣ мисли раиси хоҷагӣ ваъдахилоф набаромад, лекин бо иллати гаронгӯшӣ вай як мошин каҳро як мошинка фаҳмида, чанд рӯз пас ба идораи рӯзнома мошинкаи ҳарфчопкунӣ фиристод.
Аз хирс мӯе. Рӯзноманигорон онро ба манфиати идора истифода бурданд...
РОМАНИ ТАЪРИХӢ
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан гуфтаанд, ки ҷон дорад. Хусусан, дар ҳунари нависандагӣ. Он ранҷу заҳмату меҳнати сахту сангинро талаб мекунад, ки ҳар роҳгузари тасодуфӣ тоқати кашидани бори ин касбро надорад. Устод
Сотим Улуғзода дар яке аз хотираҳояш нақл мекунад, ки ман гумон мекардам Лев Николаевич Толстой бо як даст ҷунбонидан дунёро дигар месозад, зеро илҳоми вай осмонию Худодод аст. Лекин, чун ба зодгоҳи ӯ - деҳаи
Ясная Поляна рафта, хона - музеяшро тамошо намудам, дар тааҷҷуб мондам. Адиб яке аз бобҳои романи «Анна
Каренина» - ро ҳабдаҳ бор аз нав кору рӯбардор карда будааст, ки то ҳол дар он ҷо маҳфузанд. Худи устод Сотим
Улуғзода низ асарҳояшро баъди анҷом аз ҳамин дидгоҳ таҳриру мукаммал месохт, зеро нест дар таҳрир кофӣ як қалам, сад қалам аз ҳар наистон мекунам мегӯянд.
Баъзе бузҳои хирманкӯби навбаромад, ки чун занбурӯғҳои баъди борони фасли баҳор рӯидаанд, лак андар лаканду аз азоби қаламкорӣ огоҳ нестанд. Бо ҳавою ҳаваси нависандагию шуҳрат баровардан чӣ тавре мегӯянд, харашакро ба харча сар медиҳанд. Яъне ба пиндори худ романе навишта, онро ба нашриёт меоранду салмаи сақати сари кормандони он менамоянд. Азбаски дар ин даргоҳ касеро навмед намекунанд, «шоҳкорӣ» - ҳои ин тоифаро ба адибе месупоранд, то онро муҳаррирӣ намуда, таҳрир кунад. Боре як ҷавон китоби барзангияшро ба нашриёт овард. Нависандаи бечорае, ки муҳаррири он таъин гардид, асарро хонда, хуш аз сараш парид. Дар ҳар як ҷумла ду - сето пайвандаки тобеъкунандаи ки ва чандин пайвандакҳои дигари хилофӣ матнро гулкорӣ мекарданд, ки он хоки забони модариро мебехт. Ҷони муҳаррир аз ин ба нӯги бинияш расид, вале зӯр ҳам зӯру хотир ҳам зӯр.
Чун супориш аз боло буд, ҷон коҳонида, ҷумлаҳоро ислоҳ кардаю равон месохт, вале омад ба сарам аз он чи метарсидам. Рӯзе, ки саргарми таҳрир буд, муаллифи китоб чун кабктӯрон ногоҳ ба ҳуҷраи кориаш зада даромад. Ба дастхаташ, ки муҳаррир онро шудгор карда буд, назараш афтоду дуд аз димоғаш баромад.
- Шумо чӣ номаъқулӣ кардед? - мушташро қумғон карда, болои мизи муҳаррир фаровард вай. Шумо ҳуқуқи муаллифии маро поймол намудед. Охир, онро худи
Калонтаров хонда, ба чопаш иҷозат додааст. Ҳушёр шавед, ки агар аз он ягон нуқтаю вергул афтад, аз болоятон ба суд шикоят мекунам. Ҳоло шумо бо собуни ман ҷомашӯӣ накардаед! Дар курсиҳои боло нишаста, худро Афлотуну дунёгир хаёл мекунед?
- Ман чени тавонам навиштаҳои шуморо ба қолаби забони адабӣ медарорам, - хоксорона гуфт муҳаррир. Дар романатон мантиқу таносуби каломро ба доругӣ ёфта намешавад.
- Ин мантиқу пантиқаш боз чӣ гурӯғлӣ? - аз нав оташ гирифт муаллиф. Мантиқу таносуби каломро ман дар чашмакатон нишон медиҳам! Гуфтам-ку, онро худи
Калонтаров ҳиҷҷа карда хондааст. Дар он зарби қалами вай аст. Шумо дигар ҳаққу ҳуқуқи онро шаку мол кардан надоред.
Муҳаррир дид, ки баҳс бо ин нависандаи навбаромад фарёд дар рӯзи шамол аст, ваъда дод, ки аз он ҳарфу ҳиҷоеро каму зиёд намекунад, лекин чашмаш ба як боби74 китоб афтоду мӯи сараш рост хест. Вақте мо ба саҳни ферма даромадем, кампири Қирғизмоҳ ҷавро ғашд медаравид, - навишта шуда буд дар он. Ё тавба, ҷав дар саҳни ҳавлии ферма чӣ номаъқулӣ мекунад? Як сухан аз боғу як сухан аз роғ. Муҳаррир қавли додаашро фаромӯш карда, ин боби калони романро, ки саропо варсоқигӯӣ буд, пурра хат зад.
Баъди анҷоми таҳрир адибтарош китобро бурда аз нав хонда баромаду ин дафъа шодона ба нашриёт баргашт.
- Ана, ин гапи дигар, - гуфт ӯ дасти муҳаррирро самимона фишурда. Хайрият, ки боақлӣ намуда, ягон нуқтаеро аз он каму зиёд накардед, набошад, рулет, э сужети асар хароб мешуд. Охир, ин роман асари таърихист. Забону мисол, таъриху сол гуфтаанд. Мабодо воқеаҳои таърихӣ вайрон гарданд, хонанда як умр аз ман домангир мешавад.
Ҳарчанд муаллиф аз таҳрир қаноатмандӣ дошту боби ба пуррагӣ партофташудаи романи таъихиашро пай набурд, он рӯи нашрро надид, зеро Калонтаров то он вақт кайҳо чун тири камон аз вазифа парида буд…
ДОЛЛАР
Дар замони Шӯравӣ қурби доллар ба хоки сияҳ баробар буд. Шастуяк тини ҳамонвақта қиммати чандин долларбачаи майдаро дошт. Лекин, ба он муомилот намудин манъ буд. Касе, ки худнамоӣ карда, бо доллар харидуфурӯш мекард, гурумбаст паси панҷара мерафт.
Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Советҳо, ки ҳамон аҳд як қуттӣ гугирд як тан арзиш дошт, доллар дар савдо роҳ ёфт. Аммо қадраш ҳамон замон чандон кироию казоӣ набуд. Сад долларро, ки мардум ҳазломез баргаки сабз мегуфтанд, бо сиюшаш сомонӣ харидан имкон дошт.
Рафта - рафта қадри ин сабилмонда осмонию тарозузеркун шуд.
Кулли явмин бадтар гуфтагӣ барин солҳои баъдӣ арзиши ин хокбод якбора баланд гардид. Қиммати сад доллар ба ҳазору панҷсад - ҳазору ҳафсад сомонӣ расид.
Одамон шӯхиомез дар хусуси саддоллара, ки дар рӯяш акси Ҷорҷ Вашингтон нақш ёфта буд, ба мисли чистон ҳатто ду байте бофтанд:
Сараш калай ёл дора,
Якта як, ду нол дора.
Ёлҳои парешону дароз оҳиста - оҳиста зиндагии мардумро парешон сохт. Дар маҷлису маъракаҳо фақат дар забон номи доллар гардиш мехӯрд, зеро қурби ин исқотӣ ҳар лаҳзаю ҳар соат чун набзи инсон пастобаланд мешуд.
Ҷавонон аз паи он ким ба куҷое, ки намерафтанд. Хулоса, доллар ҷои салому алейку аҳволпурсиро гирифт. Одамон чун бо ҳамдигар рӯбарӯ меомаданд, аввал аз қурби доллар мепурсиданд, ки он чанд шудааст? Дар яке аз ҷамъомадҳо мандонаме бо ифтихор номи чандин миллионерҳои ҷаҳонро, ки гӯё хешу табори наздикаш бошанду аз маблағи онҳо ба вай кавсан мерасида бошад ба забон оварда, гуфт, ки онҳо бо доллар бозӣ мекунанд.
- Дар мо низ миллионерҳо солҳои охир зиёд шудаанд, ки долларҳояшонро саг намехӯрад, - шах дод вайро марде дар ҷавоб.
- Ман бошам, ҳеҷ гоҳ аз пушти доллар овора шуда намегардам, - гуфт марде, ки то ин вақт хомӯш нишаста, суханҳои дигаронро гӯш мекард. Баръакс, доллар аз қафоям чун ришта аз пушти сӯзан доимо кашола аст.
- Агар ту ин қадар миллионеру доллардор бошию он аз пуштат кашола шуда гардад, хонаю дари фарсудаи аз раҳматии падарат меросмондаро таъмир мекардӣ. Ё дороиятро ҳамроҳ ба гӯр мебарӣ? Сағераҳоят ҳам дар тан ҷилу ҷандаи ҳалол надоранд, - вайро сарзаниш кард шахсе.
- Бале, бале, - гапи ӯро об доданд дигарон. Умре дорем, туро ҳамин хел бекафан мебинем.
Мард аз ҷой хеста, Доллар, Доллар, - гӯён садо доду сӯи хонааш равон гардид. Доллар, ки лақаби сагбачааш буд, аз пушти вай кашола шуд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё