Зеҳн
ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.

Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

САВОЛИ ҶИГАРӢ

Дар масъалаи баланд бардоштани савияи донишу малакаи омӯзгорон курсҳои такмили ихтисос, ки онҳоро баъзан нодида мегирем, нақши калон мебозанд, зеро дар тамоми соҳаҳо табиист, ки ҳар рӯзу соат вобаста бо талаботи давру замон навигариҳои зиёде ба амал меоянду надонистани онҳо нобахшиданист. Фанҳои математикаю физика, химияю биология як тараф истад, дар таълими фанни забон ва адабиёт ҳам, ки гӯё дар онҳо дигар ҷои нобехтаю холигию норавшание намондааст, бозомӯзӣ лозим меояд. Чунки дар ин фанҳо ҳанӯз на ҳамаи шоирону нависандагони классикӣ таълим дода мешаванд. Онҳо ҳатто дар барномаи дарсӣ гӯё фарзанди ӯгай бошанд, ворид нагардидаанд. Масалан, бигирем Анварию Хоқонию

Манучеҳрии Домғонӣ, Унсурию Фаррухию Асҷадӣ ва боз дигар бузургонро, ки доди суханро дар шеъру қасидаҳои ғаррои худ додаанд, бо тамғаву айби дарборӣ будан сарфи назар шудаанд. Яъне онҳо паси абри гумномӣ мондаанд, ки ин ҳаргиз аз рӯи инсофу адолат нест. Чи расад ба Яҳёи

Себаку Абуисҳоқи Атима, Ҳайдари Шерозию боз даҳҳо адибони номдори дигар, ки хонандагон як тараф истанд, дар бораи онҳо ҳатто баъзе омӯзгорон таассуроте надоранд. Дар замони истиқлолият, ки бисёр камбудию норасоиҳои ноадолатонаи пешин бартараф гардидааст, курсҳои такмили ихтисос дар ин бобат метавонанд то андозае обро ба лаби ҷӯй баробар созанд. Дар масъалаи имло низ печидагиҳои зиёде ҷой дорад, ки он маҳз дар чунин курсҳо бо баҳсу мунозираҳои сахту тезутунди доманадор ҳал мегарданд. Баъзе омӯзгорони тунукмиҷозу ҷаҳонбиниашон ба сохти шахшудаи аҳди Шӯравӣ ширешгашта ба имлои наву коҳи куҳнаро бод додану унсурихониҳо кардан танбаи дар мешаванд, вале ҷавонони дигари донишманди имрӯза пурсед олим, напурсед золим гуфтагӣ барин бисёр чизҳои заруриро аз ин машғулиятҳо меомӯзанд. Шавқманди онанд, ки ин адибони мумтоз ҳатман бо каломи рангину шакарини худ аз нав зинда карда шаванд, то ноҳақиҳо бартараф гардад. Имлою тарзи навишт ҳам бояд фасеҳу дилнишин бошад.

Яке аз курсҳои бозомӯзии фанҳои забону адабиёт, ки дар он сурхусафедшавиҳо бисёр буд, анҷом ёфту лаҳзаи шаббахайру видою дастфишориҳо фаро расид. Роҳбари гурӯҳ аз ҳозирин пурсид, ки машғулиятҳо чӣ тавр гузаштанд? Аз онҳо оё барои худ ягон суду манфиате бардоштанд ё не ва илова кард, ки саволҳо бошад, марҳамат.

Омӯзгоре, ки дар машғулиятҳо ҳамеша нахӯди пеши қошуқ буду бо дониши пайвандиаш худро Афлотун метарошид, дар лаҳзаи охирин ҳамаро моту маҳбут карданӣ шуда, ман як саволаки ҷигарӣ дорам, - гӯён аз ҷой парида хест.

- Мебахшед, муаллимҷон, - бо ғурур гуфт ӯ,

- дар баъзе ҷойҳо Саъдии Шерозӣ менависанду дар мавридҳои дигар галагов андохта, номи вайро Ҳофизи Шерозӣ мегӯянд. Фаҳмонед, ки ҳамин сабилмондаҳо як одаманд ё ду нафар, то ҳангоми дарс дар назди хонандагон шарманда нашавем.

Роҳбари курси такмили ихтисоси забону адабиёт як оҳи вазнине кашида, оҳиста ба рӯи фарш шламбид...60

БОЗОРИ ҶАДИД

Як ҷавонмарди ҷумҳурии Афғонистони ба мо ҳамзабон, ки солҳо орзуи ба Тоҷикистон омадану ба тиҷорат машғул шуданро дошт, молу маноли худро гирифта, бо ҳазорон шодию ҳавас ба ин ҷо омад. Шунида буд, ки дар яке аз шаҳрҳои амну калон ва ободу зебои он бозори серхаридоре кушодаанд. Бозоре, ки дар он ҷо сӯзанро партоед, рост меистад. Яъне колои фурӯшанда ба гуфте ба замин нарасида, ба савдо мераваду соҳиби он манфиати зиёде ба даст меорад. Марди афғон, ки ба шаҳр балад набуд, аз роҳгузаре пурсид, ки коко, бозори серхаридору таърифии ҷадид дар куҷост?

- Ман номи ин хел бозорро дар умри сарам бори аввал мешунавам, - гӯён вай кифт дар ҳам кашида, аз паи кори худ рафт.

Аз навмедиҳо басе умед аст гуфтаанд. Соҳибкори афғон рӯҳафтода нашуда, аз чанд нафар раҳгузари дигар дар куҷо воқеъ будани бозори ҷадидро пурсид, вале муродаш ҳосил нагашт. Ҳатто нафаре аз коко, лутфан бигӯед, ки бозори ҷадид дар куҷост? - гуфтани ҳамсуҳбаташ ба ғазаб омада, ба сари вай теғи нигоҳ партофт.

- Ин калимаи кокою покои тумтароқро аз кадом гӯру лаҳади куҳна ёфта овардӣ? Тоҷикӣ гап занӣ, дар кундаи забонат пучак мебарояд? Ё аз дунёи дигар ба ин ҷо омадӣ, адабигуфтори худозада! Маълум, ки таҳҷоӣ нестӣ.

- Бале, ман аз Афғонистон бо нияти соҳибкорӣ ба мулки шумо омадам. Дар диёри мо бародарро коко мегӯянд - шарҳ дод мард. - Ин тавр бошад, бозори сабилмондаи ҷадидро рафта аз ҳамон кокоҳоят пурс, - гӯён роҳашро давом дод.

- Ниҳоят соҳибкори афғон бо ҷавони олуфтаи мағрурандоме вохӯрду бо умеди охирин аз вай дар кадом мавзеъ будани бозори ҷадидро пурсон шуд.

- Чӣ, то ҳол дар замони мо ҷадидҳо ҳастанд магар? - гуфт ҷавон. Охир, ким дар куҷое хонда будам, ки амир

Олимхон дар вақташ паи пои ҷадидҳоро аз Бухоро бо ҷорӯби кундик рӯфта партофта буд. Айниро бо гуноҳи ҷадидӣ ҳафтодупанҷ чӯб зада, ба обхона партофт, лекин ин ҷонсахт намурд. Боқимондаи ҷадидҳо низ ҷазою сазои худро диданд. Боз ту ҳам аз тоифаи ҳамон ҷадидҳо набошӣ, ки решаи онҳоро аз нав сабзонӣ?

- Не, ман соҳибкорам, - гуфтанӣ буд марди афғон, вале ҷавон сухани ӯро қалам кард.

- Ман ин корро ҳамин тавр намемонам! Дар бораи ту, хитой, ки ҷадиди қундӣ, ба мақомотҳои қудратӣ рафта хабар додан лозим, то ҷилавакатро сари вақт кашанду хамроҳони исқотиятро ҳам ёбанд, ки дунёро аз нав ба бузакбозӣ наандозед, - гӯён ким ба кадом ҷои ба худаш даркорӣ чорхез заданӣ буд, - лекин ногоҳ чашмаш ба як корманди амният, ки бо ӯ андаке шиносоӣ дошту аз ҳамин наздикиҳо мегузашт, афтод. Вайро рафта кашолакунон гирифта ба сари тоҷири афғон овард.

- Ин мардак чӣ гуноҳ дорад? - пурсид корманди амният аз ҷавон баъди вохӯрию пурсупос бо соҳибкори афғон.

- Вай худро тоҷир тарошида, дар шаҳр бозори ким - кадом як ҷадидро мекобад, - гапро туқуз монд ҷавон. Садуяк тугмаи гиребону сари остинаш гувоҳи ҷадидиҳои ӯст.

- Нодон, - ба сари вай теҳа кард корманди амният.

Дар мулки ба мо ҳамсояи Афғонистон, ки ман дар он ҷо ба сифати тарҷумон хизмат кардам, навро ҷадид ҳам мегӯянд.

Ҷавон аз хиҷолат думро хода кард...

НОМИ БУЛАҶАБ

Мӯйсафед дар нӯги сӯзан нишастагӣ барин шаби дароз мижжа таҳ накард. Рӯи ҳавлӣ баромада, то саҳар чиртак рафт.

- Ба ин бача чӣ бало расида бошад, ки аз мактабаш ба номи ман хат омад? - худ ба худ хавотиромез андешид мӯйсафед. Дар он навиштаанд, ки гӯё вай ким ба кадом тоифаи ҷавононе ҳамроҳ шуда, дарсгурезу бесару қайсар шудаасту ба корҳои ношоям даст мезанад.

- Тезии корд дар нӯги корд. Пирамард пагоҳии барвақт сару пар карда, роҳи мактаби писарашро пеш гирифт. Ният дошт, ки ба мактаби бачааш рафта, сирру савдои вайро мефаҳмаду барои хислатҳои ношоямаш ӯро гӯштоб мекунад. Азбаски ҳамсараш бемор буду ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошт, азм кард, ки бегоҳӣ ҳатман ба хона бармегардад. То омаданаш духтари ҳамсояро илтимос намуд, ки аз ҳоли кампир хабардор шавад, зеро ҳамсоя ба сарам соя гуфтани мақоли халқӣ ҷон доштааст.

- Сухани хона ба бозор рост намеояд. Дар шаҳр мӯйсафед ҳарчанд суроғаи мактаби писарашро ҷӯён шуд, ҳеҷ обдара сарашро нашуст. Касе намедонист, ки мактаби махсуси МТМТНМТХ дар куҷост. Раҳгузаре, ки пирамард дар куҷо будани чунин мактабро аз ӯ пурсон шуд, кифт дар ҳам кашид.

- Хубаш, падар, ба кормандони милитсия муроҷиат намоед, - маслиҳат дод вай. Онҳо ҳар суроху таҳу тарақи шаҳрро панҷ панҷаашон барин медонанд. Шояд дар куҷо будани мактаби махсуси МТМТНТХ - и сабилмондаро, ки шумо меҷӯед, донанду мушкилатонро осон гардонанд. - Поёни шаби сиёҳ сафед аст, - ғурунгид зери лаб мӯйсафед ва нишонии мактаби писарашро боз аз чанд нафари дигаре, ки бо вай рӯбарӯ омаданд, пурсид, вале ҳамааш бефоида. Ҳатто нозирони уқобчашми роҳ ҳам ба дардаш даво нашуданд.

- Як марди зиёинамое, ки дар собиқа омӯзгори фанни таърих будааст, гуфт, ки вай калимаю ибораҳои мураккаби дар вақташ кӯтоҳкардашударо аз қабили КПСС - у РКСО, яъне партияи коммунистии иттиҳоди Шӯравӣ ва револютсияи кабири сотсиалистии октябр як қиёмат медонад, лекин номи тумтароқи мактаби махсуси

МТМТНМТХ - и исқотиро дар хоби шабаш ҳам нашунидааст. Аз гирифтани ин номи булаҷаб забони кас дар даҳонаш пешпо мехӯрад. Дар шарҳи он дандони ақлаш кундӣ мекунад.

- Рӯз бегоҳ мешуду пирамард аз кампири бемораш сахт дар ташвиш буд, ки мабодо бенигоҳубин намонад, аммо ягон илоҷ надошт. Мошине намеёфт, ки ба хона баргардад. Ночор ба чойхонаи арзонбаҳои сари роҳ, ки он дар шаҳр урӯғӣ боқӣ монда буд, сар халонд. Дар он ҷо ду - се нафар мусофирони дигар низ бо нияти шаббошӣ суҳбат кардаю чой менӯшиданд. Пирамард, ки рӯзи дароз дар кӯчаҳо сарсону саргардон гашта, суроғаи мактаби махсуси писарашро меҷӯст, бисёр гурусна монда буд. Заҳру марг як пиёла чою як бурда нон хӯрда, рӯи кат дароз кашид.

Нимишабӣ ҳис кард, ки дасти касе кисаи ҷелакашро соп - соп дорад. Мӯйсафед дасти ӯро анбурвор дошту ҳамроҳонашро ҷеғ зад. Онҳо аз хоб хеста, хостанд чароғро фурӯзон намоянд, лекин болои сӯхта намакоб қасд кардагӣ барин барқ набуд. Дар равшании чароғаки телефони65 мобилӣ бо саллаи пирамард илоҷе карда, дасту пои дуздро, ки дар рӯй ниқоб дошт, сахт баста, аз ҳодиса ба навбатдори милитсия хабар доданд. Нозирон омада ҷавонро гирифта бурданду ба мӯйсафед фармуданд, ки пагоҳӣ ба шуъбаи корҳои дохилӣ биёяд, то баёнот нависад.

- Пагоҳӣ пирамард ба он ҷо ҳозир шуд. Дид, ки писараш шохҷорӯб дар даст саҳни ҳавлии шуъбаро мелесад. Хаёл кард, ки бачааш аз рӯзи ногузаро дар он ҷо ним баст кор карда, ба нозирон дар тозагии гирду атроф ёрӣ мерасонад.

- Беинсофҳо бачаи бечораро танҳо ба шанбегӣ бароварданд, - гӯён дар дил онҳоро маломат кард. Ҳеҷ гумон надошт, ки дузди хонагӣ писари худи ӯст. Хост рафта вайро ҳолпурсӣ намояд, вале фурсат наёфт.

Милитсионере омада ҷавонро пешандоз карда, бурданӣ буд, ки чашмаш ба мӯйсафед афтод. Ҳодисаи шабона ба ёдаш расиду вайро ҳам барои гирифтани баёнот ба назди сардор ҳозир кард.

Кормандони милитсия барои шарҳи номи мактаби махсуси МТМТНМТХ, ки суроғааш номаълум буду ҷавони дузд чун партизанҳо ҷои онро фош намекард, мукофот эълон намуданд, то дар хусуси воқеаи рӯйдода ба директори он хабар диҳанд...

пешина
аз 15
навбатӣ