Зеҳн
ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.

Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

УСТОИ НЕМИС

Хонаи нави истиқоматӣ сохтанӣ шуда, як – ду нафар бачаҳои маҳаллиро, ки дар Россия кор кардаю ҳунари бинокориро аз он ҷо ёд гирифта омада буданд, киро намуда овардам. Бачаҳои бечора чандон бад кор намекарданд, вале шояд шинухезу рафтору гуфторашон ба табъи нозуки занак нафорида бошад, ки якбора ба арбадагӯӣ даромад.

- Ин сабилмондаҳои бедасту панҷаро аз кадом гӯру лаҳади кӯҳна ёфта овардӣ, ки корашон мазза надорад, - иллат кард вай.

Ҳарчанд ба ӯ гуфтам, ки ҳоло дар ҳама ҷо сохтмон дар авҷу устоёбӣ кори осон нест, лекин магар ба занак гап фаҳмонда мешавад? Чун замонҳои модаршоҳӣ вай ду пойро дар як мӯза монда, фармон дод, ки накши пои онҳоро ҳарчи тезтар аз хона рӯбам, вагарна қиёматро ба сарам қоим мекунад. Аз тарс ночор бачаҳоро ҷавоб дода, дар ҷустуҷӯи сохтмончиёни ба қавли занак ҳалол афтодам.

- Аз таги замин бошад ҳам, ягон устои русро ёфта биёр, - гуфт занак. Кори ин мардум дигару бобаракат.

Фиребу найрангро намедонанд.

Бисёр сарсону саргардон шуда, устои руси занак мегуфтагиро ҳеҷ пайдо карда натавонистам, чунки онҳо кайҳо хонахез кӯчида ба Россия рафта буданд. Тасодуфан бо як рафиқам, ки устогиро ба гуфти худаш об карда хӯрда будааст, вохӯрда, бо ӯ диламро кафонидам. Вай гуфт, ки алҳол дар рухсатии бемуҳлат асту метавонад дар ин кор ба ман ёрӣ расонад, то ҷонам аз ҷанҷоли ҳамсарам халос шавад. - Душвории кор дар он ки занак ба ман фармудааст ҳатман ягон устои русро ёфта биёрам, - фаҳмондам ба вай.

- Ҳеҷ, қисса набудааст, маро рус гӯён пеши янга бар,

- гуфт дӯстам.

- Не, намешавад, - ҷавоб додам ба ӯ. Ту ба русҳо ҳеҷ монанд нестӣ. Ҳатто забони онҳоро ҳам чандон хуб намедонӣ. Боз шарманда нашавем? Баъд, занак чанд сол пеш бо русҳо ҳамсоягӣ дошту онҳоро аз рангу рӯяшон мешиносад. Магар, ки сари туро ранги сурх кунем, то ба онҳо монанд шавӣ.

- Ба кордон – кор осон, баъди андаке тавақкуф хуми тилло ёфтагӣ барин ба гап даромад дӯстам. Ин тавр бошад, маро ба завҷаат олмонӣ, яъне немис гӯён мешиносонию корҳо панҷ. То тамом шудани сохтмон дар хонаи ту асло тоҷикӣ гап намезанам.

Бо маслиҳати рафиқам, ки аз устокобӣ ҷонам ба нӯги биниям расида буд, розӣ шуда, ӯро гирифта ба хона овардам. Занак ба сараш теғ кашида нигаристу мисли бум пуп карда рафт. Аз нигоҳи таҳдораш фаҳмидам, ки вай бинокори руси фармудаи маро ёфта наовардӣ,

- гӯён барои ҷанг дар сари як мӯ истодааст.

- Сохтмончии русро ҳозир пайдо кардан бисёр душвор аст, - гуфтам занакро ором карданӣ шуда. Онҳо мисли тухми анқо ноёфтанд. Ҳамаашон ба ватанҳои бобогиашон рахти сафар бастанд. Лекин ҳамин Ганси немисбачаеро, ки то ҳол дар ин ҷо урӯғӣ боқӣ монда будааст, хуни ҷигар хӯрда, бо илоҷе ёфта овардам. Русҳо дар пеши немисҳо дар хушкорӣ дандонкобак намешаванд.

- Ин немисбачаи овардагият забони тоҷикиро медонад? -пурсид занак сару рӯи ӯро бо нигоҳ палмосида.48

- Не, - гуфтам. Вай немисбачаи курук асту тоҷикиро пай намебарад. Ҳатто забони русиро ҳам чала - пала медонад, вале бачаҳалок дар кор алмоси тайёр аст.

- Хайр, майлаш, бигузор ба кор сар кунад, - гуфт занак, зеро дар пеш зимистону устоҳои чалфаси пешинаат сохтмонро нимкора карда, партофта гурехтанд.

Рафиқам дасту остин барзада, ба кор часпид.

Таҷрибаи оғилсозиҳои хонааш барои гову мол кор доду ҳуҷраякеро дар чанд рӯз исмоилдавон андова кард.

- Аз дасти ин немиси исқотии таърифият ба хаёлам ҳеҷ хоку бало намеояд, - чун барфбод путухма кард боре занак.

- Чӣ тавр ягон кор намеояд? – гуфтам. Охир, вай офату дар як ҳафта сохтмони пешдолонро ҳам тамом кард- ку?

- Сараш дар гӯр нашуд, - норозигӣ кард занак. Мисли ҳамон устоҳои пештар овардагият кораш рӯзи дароз ҳарҳару лақ – лақу чойнӯшӣ. Бачаҳои бечора аз обёрию чойкашӣ афгор шудаю ба ҷон расиданд.

- Дар тобистон одами коргар чой нанӯшад, аз ташнагӣ ҳалқу нояш хушк мешавад, - гуфтам дар умрам бори аввал ба занак гапгардонӣ карда.

Ҳамин вақт дӯстам бо сатили пурлоӣ аз наздам гузашта, ба ман бо забони шикастаи русӣ салом доду ҳолпурсӣ намуд.

- Кори гӯрдаргирифтаи Ганс дар ҳеҷ ҷо нею иштиҳояш бисёр карнай, - аз пушти вай зарда кард занак, бо гумони он кӣ ӯ дар ҳақиқат тоҷикиро тамоман намедонад, чунки то ин вақт бечора аз рӯи маслиҳати пешакиамон бо аҳли хонаводаи банда ягон даҳон бо забони49 модарӣ ҳарф назада буд. Дилаш ҳар рӯз боз се маҳал таоми сергӯшт мехостааст - а? Чунин немиси пурхӯри

Қориишканбаро дар умри сарам якум бор мебинам!

Фалокат аз таги по мехезад гуфтаанд, ки рост будааст. Боре писарчаам аз мактаб баргашта, дар роҳ устои немисро мебинад, ки бо ким - кадом касе бо забони тоҷикӣ чақ – чақ дорад. Марди ношинос Ганси немисро Сабур ном гирифтааст. Вай инро начакондаю нарезонда бурда ба модараш нақл мекунад.

Аз кор баргардам, занак оташкобаки сари танӯр дар даст бесаброна роҳи маро мепояд…

ҚАҲРАМОНИ НАВБАРОМАД

Дар муассисаҳои фарҳангӣ қатори мардон занону духтарони бисёри бофаҳму фаросат ва донишманд низ фаъолият менамоянд. Онҳо касби худро аз таҳти дил дӯст медоранду ба он содиқу сазоворанд. Хусусан, китобдорон хеле сермутолиа буда, дар ғановати корҳои фарҳангию маърифатӣ бебаҳоянд. Китобҳои дар ихтиёрашон бударо ба қавле бехтаю мазмуну мундариҷаи онҳоро об карда хӯрдаанд. Ҳангоми баргардонидани китобҳо онҳо ҳатто бо хонандагон саволу ҷавоб мекунанд, то бидонанд, ки дар ҳақиқат мухлисони каломи бадеъ асарҳои гирифтаашонро хондаанд ё не? Баъди қаноатманд шудан ба онҳо таҳсину офарин мехонанд, то дилгарм шаванду шавқу ҳавасашон нисбат ба китобу китобхонӣ афзояд.

Гул бе хор намешавад. Дар баъзе ҷойҳо мудирони китобхонаҳо ашхоси нолоиқу тасодуфиеянд, ки ягон хоку балоро намедонанду мансабҳоро аз рӯи шиносбозӣ мангирифт кардаанд. Баъди гирифтани вазифа ба дари китобхонаҳо чун анбор қуфли ҳафтманӣ зада, бо хотири ҷамъ аз паи анҷараи рӯзгори худ мешаванд. Парво надоранд, ки хонандагони муштоқи китоб ҳафтаю моҳҳои дароз барои ёфтани онҳо аз пушташон кашола шуда мегарданд, то асарҳои дӯстдоштаю заруриашонро дастрас карда, ба озмунҳо тайёрӣ бинанд. Гӯё гаҳвораашон аз осмон афтода бошад, боз садуяк нағмаю нағомоти дилбазани дигаре ҳам доранд, ки мардумро аз китобхонӣ тӯронда, хислати мандонамишон оқибат ба сари худи ин тоифа оби хунук мерезад. Як рафиқи рӯзноманигори фарҳангиямро одати безеби нафаре аз чунин китобдорони ҷавону фориғболи бетаҷриба ба ҷон расонидаю ӯро ба танг оварда буд. Ҳар боре, ки вай ба китобхона меомад, ҳарчанд мудир ӯро медонист, лекин ҳатман ному насабашро тагкобӣ кардаю мепурсид, мисле, ки гӯё муфаттиш бошад.

- Хоҳарҷони азиз, - мегӯяд рӯзе ҳангоми ба китобхона омаданаш дӯстам ба вай. Охир, шумо маро мешиносед-ку? Пас, чӣ ҳоҷати ҳар дафъа батакрор пурсидани ному насаби банда. Он дар варақаи бақайдгирии хонандагони шумо ҳам навишта шудааст.

- Кӣ медонад, - бепарвоёна ҷавоб медиҳад духтараки китобдор, - ҳоло одамон мисли симкортҳои телефонҳои мобилӣ ҳар ҳафта ному насабашонро дигар мекунанд.

Мабодо шумо ҳам онро иваз накарда бошед мегӯям?

- Ному насаби падарию бобогиям он қадар беқадр нашудааст, ки онро тез - тез дигар намоям, - ҷавоб медиҳад рафиқам.

- Ин тавр бошад, тавбаи насуҳ кардам, - мегӯяд китобдор қасам болои қасам хӯрда.

Одате бо шир ояд, бо ҷон барояд. Боре дӯстам барои ёфтани як асари заруриаш боз ба китобхона меояд.

Китобдори парешонавзои фаромӯшхотир мисли Аҳмадаки порина қавлу қасамашро пушти по зада, аз рӯи одати ҳаринаи хунукаш аз нав ному насаби вайро мепурсад.

Шиносам аз ин сахт ошуфтаю бедимоғ гашта, дар варақе бо ҳарфҳои монанди чашми гов калон – калон ному насабашро навишта ба ӯ медиҳад, то вайро дигар беҳуда напурсаду асабӣ насозад. Дар яке аз санҷишҳои аттестатсионии дар байни кормандони муассисаҳои фарҳангӣ гузаронидашуда аз ҳамон китобдори бесаводи ҷойро тасодуфан бандкарда аъзоёни комиссия мепурсанд, ки номи қаҳрамонҳои

Тоҷикистонро медонад?

- Албатта медонам, - ба гурӯғлихонӣ медарояд духтараки китобдор. Номи яктояшон Темуршоҳ асту мегӯянд аслу насабаш Бадахшонист. Вай аъзои китобхонаи мосту ҳар замон ба он ҷо омада, як қиёмат китобҳоро сари арқа карда, барои хондан гирифта мебарад.

- Темуршоҳ? - бо ҳайрат мепурсад нафаре аз санҷишгарон ва гаранг мешавад, ки ин қаҳрамони навбаромад аз он ҷо боз кӣ бошад.

- Ҳа, Темуршоҳ,

- қамчин мезанад гапро китобдор.

Ҳатто ному насабашро ҳам навишта ба ман додааст, ки онро фаромӯш накунам.

Аъзоёни комиссия ба нимкосаи таги коса сарфаҳм рафта, ботааҷҷуб ба китобдор менигаранд, ки ин духтараки сабилмонда мабодо боз сарғӣ - парғӣ набошаду тӯйи бедоираро ба сарашон гардон карда, обрӯи ҳамаро резонад.

Сабза дар санг нарӯяд чӣ гунаҳ боронро? Шубҳаи санҷишгаронро пай бурда, аз оқибати кори худ бехабар китобдори бедонишу фарҳанг аз сумкачааш ҳамон варақи навиштаҷоти як вақтҳо ба вай додаи рӯзноманигор

Темуршоҳи Файзалиро бароварда ба онҳо нишон медиҳад...

КОСАГАРДОН

Воқеа дар мактаби ронандагӣ рӯй дод, ки мардум онро дар чунин ҳолатҳо бо забони русӣ кӯтоҳакак ЧП мегӯянд. Чархҳои резинии автомашинаи таълимӣ фарсуда шуда аз кор баромаданд. Бо чунин аҳвол хусусан дар фасли сармои зимистон машқ додани ронандагон хеле мушкилу хатарнок буд. Барои ҳамин, ронандаи мошин

Зокир ба такудав даромад. Сарашро дар санг зада, бо илоҷе ду чарх дастрас намуд, зеро ҳамон вақтҳои пеш ёфтани он чун тухми анқо бисёр душвор буду ҷони кас аз пора додану зора кардан ба нӯги бинияш меомад.

- Худоро шукр, ки чархҳоро ёфтаму акнун машғулиятҳо бетухтутоб мегузарад, - гӯён бегоҳ шуда бошад ҳам, Зокир онҳоро иваз карданӣ шуд. Ҳамин вақт аз куҷое Розиқ ном ҳамдеҳаашон чун кабктӯрон ногоҳ пайдо гашта, ба кори ӯ андаке зеҳн монду саросемавор пай канд.

Зокир корашро анҷом дода, бо димоғи чоқ ба хона баргашт. Ҳеҷ гумон надошт, ки фалокат аз таги по мехезаду аз пешаш ғӯзакашию нохушие мебарояд. Зеро пагоҳӣ омада дид, ки аз чархҳо ному нишоне нест, дуд аз димоғаш баромад.

Ҳамкорон низ ҷамъ омада, аз ин вазъияти ногувор огоҳ гаштаю бо аломати таассуф сар меҷунбониданд.

Директори мактаб барои тезтар ёфтани дузд ба милитсия занг зада, ҳодисаро фаҳмонид. Гурӯҳи тезамал ба қавле шамол барин расида омад.

- Об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем, - баъди дидани ҷои воқеа бо қираи чашм ба Зокир нигариста гуфт майори милитсия ва ба табеонаш фармуд, ки ронандаро пешандоз карда бо ҷои даркорӣ баранд, то дар он ҷо ӯро зери сунбу сапал гиранд, ки ба гуноҳаш иқрор шавад.

Ронанда азбаски бегуноҳии худро медонист, ба дӯғу пӯписаю таҳдидҳои кормандони милитсия сар нафароварда, ба ягон ҳуҷҷат имзо нагузошт. Майор

Зокирро, ки барои нагурехтан аз вай забонхат гирифта буд, ба наздаш ҷеғ зада, ба тақал даромад.

- Мо авлиёю анбиё нестем, ки сирри ғайбро донему дуздро дастгир кунем, - гуфт ба вай. Ту хубаш ба назди муллоаҳлиддин ном шахс рафта, раги хобашро ёбу ӯро гирифта биёр. Даму дуои ин бачаҳалок оби дарёро чаппа мегардонад. Ҳунари косагардонӣ ҳам дорад. Дуздро дар як мижжа задан меёбаду ҷони ту ҳам халосу кори мо низ осон мешавад, зеро аз боло моро ҷафида истодаанд.

Бо маслиҳати майор ронанда суроғупай карда ба хонаи муллоаҳлиддин рафт. Сар дар хоки пояш молида, бо зорию тавалло вайро гирифта овард. Муллои таърифӣ фармуд, ки як коса обу андаке орд гирифта биёранд. Аз орд хамир шӯрида, номи чанд нафар гумонбарро навишта ба он печондаю ба коса андохт. Зери лаб пичирросзанон ким – чи хел сураеро хонда, ба коса куфу суф карду онро чун чархи осиё ҳар лаҳза тоб додан гирифт. Хамир об гашта, номи як нафар муаллими бечора, ки дар шафати мактаби ронандагӣ мезист, рӯи об баромаду ӯро бо ҷурми дуздӣ палпечон карданд. Муллоаҳлиддин, ки хеши майор буда, бизнеси ӯро бо ҳамин таърифу воҳимаю саловотҳояш метезонидааст, чойчақаашро аз Зокир суруп рӯёнида, чун шабаҳ яку якбора ғайб зад. Муаллим ҳарчанд қасам хӯрду гуфт, ки чархҳоро дар умри сараш надидааст, касе ба гапаш бовар накард, зеро номаш дар косагардон баромада55 буду дар муъҷиза шаку шубҳае нест. Ҳатто ҳамсараш аз шарм бо муаллим ҷангу ҷанҷол карда, аз хона баромада рафт.

Зокирро ба хонаи ҳамсояашон, ки як даҳон нон карда будааст, даъват менамоянд. Дар омади гап нафаре аз корманди идораи маҳсулоттайёркунӣ, ки аз деҳаи дигар омада будааст, илтимос менамояд, ки ба вай ақалан як дона чархи резинӣ ёфта диҳад, ки саманди бодпояш қариб аз даву пар мондааст.

- Наход, ки ҳамин Розиқи ҳамдеҳаи лапашангатон чархи резинӣ ёфта тавонаду ту як одами чор кас медидагӣ гарданатро барои он пеши ҳар кас пайтоба карда гардӣ,

- мегӯяд вай. Ким - кадом рӯз ӯ ба ман рози дил намуда, гуфт, ки ду чархи наппа нави резинӣ дораду онҳоро ба мошинаш часпонда бурда дар бозор фурӯхтанист. Агар хоҳам, онҳоро ба ман бо нархи хоки сиёҳ мефурӯшад, вагарна бозор - ҷои беозор.

Ҳамин лаҳза чун барқ аз хотири Зокир гузашт, ки ҳамон бегоҳии чархшинонӣ дар назди вай Розиқ бо чашмони калопеса пайдо шуда, ҳатто ба вай нимғурма барори кор хоста буд. Ин хунибинӣ бо гуноҳи дуздӣ як вақтҳо меҳмони дорулахлоқ низ шудааст. Пагоҳӣ Зокир муаллимро аз воқеа огоҳ сохта, хоҳиш менамояд, ки ба хонаи Розиқ ба сифати харидор рафта, як разветкача карда биёяд, зеро дар деҳа онҳо чун дузд ангуштнамо шуда мондаанд. Корҳо панҷ шавад, янга ҳам парвоз карда, ба хона меояду олам гулистон.

Муаллим аз рӯи маслиҳат ба хонаи Розиқ меравад.

Завҷааш мегӯяд, ки вай ҳамроҳи муллоаҳлиддин ким ба кадом гӯру лаҳади куҳнае баромада рафтанд. Муаллим56 гулпурсӣ мекунад, ки гӯшам бод ёфт шавҳарат мошинашро мефурӯхтааст?

- Ҳа, - ҷавоб медиҳад ҳамсари Розиқ, ки як қамчин содагӣ доштааст. Онро ҳамроҳи муллоаҳлиддин ба бозори ноҳияи ҳамсоя бурда фурӯхтаниянд, зеро бо гуфти худашон дар ин ҷойҳо харидори дилобхӯре наёфтанд.

- Мумкин онро аз назар гузаронам? - мегӯяд муаллим. Ба шарте маъқул шавад, шавҳарат беҳуда саргардон гашта, бозорҳоро охурча накунад.

- Майлаш, - розӣ мешавад ҳамсари Розиқ аз сирру савдои шавҳараш бехабар.

Муаллим рафта, мошинро пасту покиза аз назар гузаронидаю рақами чархҳои навро навишта оварда ба

Зокир медиҳад. Чун рақамҳоро бо борхат ҷанг меандозанд, онҳо як себи ду тақсим мебароянд. Дар ин хусус Зокир ба як корманди масъули шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи ҳамшафат, ки замоне курси ронандагиро дар ҳамин ҷо хатм кардаю шиноси наздикаш будааст, хабар расонида, рақами мошини Розиқро ҳам ба вай медиҳад.

Ба мошинхарӣ омадани муаллимро Розиқ аз ҳамсараш шунида, дар пӯстинаш кайк медарояд. Тезии корд дар нӯги корд, - гӯён дар дилаш алов афтода, мошинро бо чархҳои хиткардааш каллаи саҳар ба бозори ноҳияи ҳамсоя бурда фурӯхтанӣ мешавад. Ба хонаи муллоаҳлиддини ҳаммаслакаш, ки замоне якҷоя дар маҳбас нишаста буданд, рафта, мефармояд, ки саҳарӣ барвақт сари роҳ барояд, то мошинро дукаса аз чашми бад дуртар бурда обу лой намоянду ҷинояти чархдуздиашон пайкӯр шавад, зеро муаллими сабилмонда дар пошнаашон нишастаасту аз дасти вай ҳар номаъқулӣ меояд. Майори хешаш ҳам дигар онҳоро шафоат карда наметавонад.

- Дар набудани ман муаллими гӯрсӯхта ба хона омада будааст, - мегӯяд Розиқ. Занаки беақлу фаросат гуфтааст, ки ҳамроҳи муллоаҳлиддин намедонам ба куҷое баромада рафтанд. Аҷаб нест, балодарсар рақами чархҳоро навишта бурда боз ба Зокири шумшук надода бошад, ки каппаамон дуд кунад?

Бо як тир - ду нахчир. Розиқу муллои косагардон ба қилаки кормандони фаврӣ меафтанд...

пешина
аз 15
навбатӣ