Зеҳн
ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.

Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ҶӮРАИ ЮДАКОВ

Шоирон мардуми эҷодкоранду барои навиштани шеъри тару тозаю рангине, ки он писанди мухлисон шавад, ҳамеша гӯшаяки орому хилватеро меҷӯянд. Ҷоеро, ки ба қавле пашша пар назанаду хотири онҳоро парешону ошуфтаю озурда насозад. Бо ҳамин мақсад боре шоир

Гулназар савори автомашинаи шахсиаш ҷониби бӯстонсарой равон гардид. Роҳ бе оҳ намешудааст. Дар ноомади кор шиша дандон шиканад гуфтагӣ барин дар хамгаште ба чанголи корманди бехатарии давлатии автомобилӣ афтод.

- Рафиқ ронанда, чаро қоидаи ҳаракатро дар роҳ дағалона вайрон кардед? – гуфт нозир даст ба чакка бурда.

- Чӣ хел вайрон кардам? - пурсид адиб, ки бегуноҳии худро медонист. Охир, ман бо суръати бисёр паст мошин мерондам-ку?

- Гап ҳам дар сари ҳамин, ки ту мошинро оҳиста ронда, сабаби танбашавии нақлиёт гардидед. Яке ба кор мешитобад, дигаре шояд дар беморхона касалии вазнин дошта бошад. Чӣ, онҳо аз пушти ту сангпуштвор кашола шуда рафан гиранд? Бепарвоию фориғболиро аз ҳад гузарондед, рафиқ ронанда.

- Магар маро нашинохтед? - бо мулоиматӣ пурсид шоир.

- Ман авлиёям, ки туро шиносам? - гуфт корманди

БДА омирона ишорачӯби рангинашро болои сари адиб чун сиркбозон ҷавлон дода ва фармуд, ки ҳуҷҷатҳояшро нишон диҳад. - Ман муаллифи Суруди миллӣ Гулназар, - боадабона худро муаррифӣ намуд шоир.

- Ҳоло ман Гулназар гӯед? - пурсид нозири роҳ.

- Бале, Гулназар, - ҷавоб дод адиб. Агар хоҳед, бароятон як – ду шеъраки ба тозагӣ навиштаамро хонам, то ба муаллифи Суруди миллӣ будани ман бовар кунед.

- Нозир якбора ба аспи ҷаҳл нишасту ситеза кард, ки бо сабаби надонистани Суруди миллӣ вай аз санҷиши аттестатсионӣ нагузашта, ҷояки кори равғанинашро, ки ҳар рӯз ба сараш байлама мисли борон мерехт, аз даст додаасту акнун ба чор тангаяки садақакардаи ронандаҳо зор аст.

- Шумо Суруди миллиро надониста бошед, гуноҳи ман чӣ? – гуфт шоир. Онро ҳар як сокини кишвар бояд донаду ба он арҷ гузорад.

- Ҳамроҳу шарики сарзадаат дар кадом гӯру лаҳади кӯҳна аст, ки наметобад? - пурсид аз адиб нозири роҳ.

- Кадом шарику ҳамроҳам? – ҳайрон шуд шоир.

- Кадом мешуд, ҳамоне, ки оҳанги сурудро баъди ту саросемавор навиштааст. Болои сӯхта намакоб дар санҷиш номи ҳамон ҷигаррехтаро ҳам аз ман пурсиданд, ки исқотӣ ҳеҷ ба хотирам нарасид. Ким-чи хел номи дарози якқулоча доштааст. Боз нимаш тоҷикию нимаш русӣ.

- Сулаймон Юдаковро дар назар доред? – пурсид адиб.

- Ҳа, ҳамон зормондаи Юрмаковро ҷавоб дод корманди бехатарии давлатии автомобилӣ.

- Юрмаков не, Юдаков, - вайро ислоҳ намуд шоир. - Чӣ фарқ дорад, ду понздаҳ як сӣ,

- шӯрид корманди БДА. Лекин ту ғами худакатро хӯр, ки бо ҷаримаи миёншикан дар сари як мӯ кашолӣ!

- Чӣ кор кунам? - пурсид адиб.

- Гӯй, ки ҳамон носуди шарикат аз кадом роҳ мегузарад, то он ҷо дом андохта, адабаки Худозадаро диҳам!

Шоир хандида, хост бигӯяд, ки муаллифи оҳанги суруд кайҳо вафот кардааст, вале нозир суханашро қалам кард.

- Агар рақами мошини ҳамон ҷӯраи гӯрсӯхтаатро гӯӣ, корҳо панҷу ҷонакам аз ҷарима халос гуфтан гир. Яъне ман уштури сафедро надидам.

- Рақами мошини вайро чӣ кор мекунед? – ҳазломез гуфт адиб. Беҳтараш ман ба шумо суроғаи мазорашро медиҳам.

- Об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем, - гуфт корманди БДА калимаи мазорро бозор фаҳмида. Шояд вай бачаҳалок дар бозор бозии алик малики оҳангро ташкил карда бошад? Ҳоло замон замони бозаргонию ҳар кас чи нағмаю нағомоте дошта бошад, нишон медиҳад. Лекин, ман ин корро ҳамин тавр намемонам. Аз ҳисоби ронандаҳо гурӯҳи зудамал ташкил карда, дар бозор сар медиҳам.

Вайро аз таги замин бошад ҳам, ёфта меоранд. Дар идораи андоз дӯстонамро саг намехӯрад. Бизнеси алик маликро аз сараки оҳангсоз сабил намонам, аз пуштаки падарам набошам!

РАҲОӢ АЗ МАҲБАС

Дар зиндагӣ баъзе одамон бо қомати чун най росту сари болою баланд, ханда дар лаб савлат карда мегарданд, ки ба ин рафтору кирдори онҳо ҳавасам меояд. Зеро мисли он ки чор ишкелашон дуруст бошад, парвои касею чизе надоранд. Лекин, баръакс, банда доимо бо қомати монанди камон хамзада дар кӯчаҳо бо авзои гирифтаю парешон ва чеҳраи хокшапида сархаму саргардон қадам мечинам.

Табассумро дар лабам касе намебинад. Ханда гӯё умре бо ман қаҳрӣ бошад, ки аз хотирам баромадааст. Вазъияти ман ба Хуал ном шоири кубагие, ки ашъораш саропо оҳанги ғаму андӯҳу навмедӣ доштааст, як себи ду тақсим аст, вале сирру асрорамро аз тарс ба касе намегӯям. Бисёр вақт шиносҳо маро дар даст бо тӯрхалтаи вазнини пурбор мебинанд, ки онро бо азобе кашола карда мебарам.

Ҳарчанд шоир набошам ҳам, гоҳҳо ким-чи хел мисраъҳои каҷмокаҷак бофтаамро зери лаб замзама мекунам, ки аз оҳанги онҳо роҳгузарон як навъ ранҷу азобу кулфати ба сарам омадаро ҳис мекунанд. Лекин ба харе бор надорӣ, чи кор дорӣ гуфтагӣ барин бо раҳм тарафам нигариста, аз паҳлӯям мегузаранд. Шояд маро девонаю ақлбохта ҳам мепиндоранд, вале ба он эътиборе намедиҳам, чунки ба ин ҳад надорам. Телефони мобилиям замонаке дам намегираду осуда нест. Агар онро лаҳзаеке хомӯш намоям, кампири хушдоманам маро фалақ меандозад. Вай лаҳза ба лаҳза занг зада, мефармояд, ки аз бозор барояш садуяк хел меваю чеваи заруриро харида биёрам, ки ҳамаи он дар ёди кас намемонад. - Аз сари шолӣ омад, хӯрҷини холӣ омад, - боре тӯрхалтаи овардаамро шамол дода, фиғони пиразан баланд шуд. Агар шохакат мешуд, як оғилро банд мекардӣ, гов! О, ман ба ту фармуда будам, ки бароям аз таги замин бошад ҳам, чукрии таҳсангӣ ёфта биёрӣ, чунки фишори хуни исқотиям баланд асту он ба касалии қанд ҳам фоида дорад.

Ту бошӣ, аз рӯи одат боз ду - се килоякак картошкаи пӯсидагиро арқа карда овардӣ, ки сафедааш бисёру ба саломатии ман заҳр. Ё маро зинда ба зинда куштаниӣ, сағера? Ангурҳои овардагиат ҳам пучалаю ба мизоҷи ман мувофиқ нест. Ба ҷои ҳамин сабилмондаҳо апелсину мандарину кивӣ меовардӣ, мемурдӣ?

- Рӯйхати супоришҳои навиштагиатро аз саросемагӣ дар бозор, ки он ҷо сӯзанро партоед, рост меистад, гум кардам, - гуфтам узрхоҳӣ намуда.

- Аз хонаи домод сояи шиғ беҳтар гуфтани мардум ҷон доштааст. Дили нохоҳам узри бисёр. Нархи апелсину мандарину кивӣ баланд - а?

- Гови шохзан ситезад, одами боақл гурезад, - андешидам дар дил ва ба таънаю маломатҳои кампир, ки ба он одат карда будам, чандон эътибор надода, дар бало мондам.

- Соҳиби дари тиллоӣ ба соҳиби дари чӯбин муҳтоҷ шудааст, - хомӯшии маро кампир аломати таслимшавиям дониста, ба гурӯғлихонӣ даромад ва рӯйхати дигареро ба дастам часпонда фармуд, ки ба ҷустуҷӯи боз ким - чи хел фармудаҳои вай чорхез занам.

Домод - вакили харҷ. Ночор боз роҳи бозору мағозаҳоро пеш гирифтам, то лаҳзаяке бошад ҳам, аз ҷанҷоли пиразан осоям. - Атласи навиштагиямро аз хотир набарор! - аз қафо шунида шуд овози дупӯстаи кампир.

Чун аз дасти пиразан дар кадуча азон мегуфтам, бо аломати ризо сар ҷунбонида, мисли ҳарбиён пошна ба ҳам задаю даст ба чакка бурдам.

- Гашта биёӣ, баъд ман ба ту пошназаниро дар чашмакат нишон медиҳам, - гӯён пиразан тамасхӯри маро пай бурда, калушашро аз пой баровардаю аз пуштам ҳаво дод.

Ёри мард - кифти мард. Фармудаҳои пиразанро дар пушт чун хари қошғарӣ бардошта, нолишкунон бо илоҷе ба хона баргаштам. Раҳораҳ фикр кардам, ки ба телефони мобилии кампир чӣ бало расида бошад, ки якбора гунг шудааст? Нимкосаи таги косаро баъди ба ҳавлӣ даромадан фаҳмидам. Ба гӯшам садои навҳаи ҳамсарам расид, ки ашкрезон рӯю мӯй меканд. Одаму як дам. Дар набудани банда Азроил пиразанро гиребонгир шуда будааст. Ҳатто дидани рӯи атласи овардагии ман ҳам насибаш нагардиду ҳасрати онро ба гӯр бурд.

Бо чеҳраи хандону табъи болида чаппасар гашта ба кӯча баромадам. Шиносҳои дар назди ҳавлӣ ҷамъшуда аз нишоте, ки онро умре дар зиндагии ман надида буданд, дар тааҷҷуб монданд.

- Хушдоманам мурд! - ба саволи онҳо мунтазир нашуда, қоматамро росту сарамро боло гирифта, босавлат чун маҳбуси аз зиндон озодшуда гуфтам қаҳқаҳа зада...

ЯК КОСА ШӮРБОЮ ДУ ҚОШУҚ

Барои баъзеҳо пул барги бед асту ба қавле онро саг намехӯрад. Ин хел одамон дар ошхонаҳои одию сарироҳӣ хӯрок хӯрданро ба худ ор медонанд. Субҳонаю хӯроки нисфирӯзию шомро дар тарабхонаҳо нӯши ҷон мекунанд, ки ин барояшон як навъ ифтихор аст. Мазмун, назарашон ҳар майдачуйдаро намегирад. Вале баъзеҳои дигар, ки маошашон ба як кашиданӣ нос намерасад, пойро чени кӯрпаашон дароз мекунанд. Яъне ба дил санги қаноат баста, рӯзи дароз бо шиками чоруқӣ ҷурӯҳида мегарданд.

Банда низ вақтҳои охир одамгурез шудаму худро аз рафиқон канор мегирам. Аз рафтан ба ошхонаҳо ҳамроҳи ёру дӯстонам метарсам. Охир, осиёб бо навбат гуфтаанд.

Намешавад, ки ҳар дафъа онҳо маблағи пули хӯрокро пардозанд, ки бечораҳо ҳам бо як маоши қоқу воқ зиндагӣ мекунанду ягон хел даромади иловагӣ надоранд. Барои ҳамин бисёр вақт ба маъракаю чорабиниҳояш қуш нашуда, баҳона пеш меорам, ки навакак аз оши наҳор омадам ё дар хона ширчойи серравған хӯрдам, ки дар сари дилам гиреҳ задаасту иштиҳо надорам. Зеро шояд дар байнашон нафароне низ ёфт шаванд, ки дар рӯям нагӯянд ҳам, дар ғайбам ба пешонаам тамғаи хасисию мумсикиро беширеш часпонанд. Гӯянд, ки агар мумсик аз пули худ нон шиканад, атола дандон шиканад.

Дар ноомади кор боре ҳамроҳи як дӯсти меҳрубону дилсӯзам, ки маро навбатпарон карда, ҳамеша худаш харҷу хароҷотро ба гардан мегирифт, нисфирӯзӣ ба як ошхона сар халондем. Ин дафъа мардигарӣ карданӣ шуда, хостам вайро зиёфат диҳам, лекин ҳисобу ҳасаб кунам, маблағи дар ҷайбам буда ба мантую шашлик он тараф истад, ҳатто ба як коса шӯрбо базӯр мерасаду халос, ки бо ин пул гурба ҳам ба офтоб намебарояд. Азбаски навбати гаштаки банда буд, тадбири кору илоҷи раҳоиро аз ин вазъияти ногувор хаёлан меҷустам, ки ба наздамон ишвакунон пешхизмат омада, дар тори сарамон қайза кард. Дар хӯроки якум номи биринҷобаю боршу боз ким - чи хел таомҳои дигарро қаторак намуд. Хӯрокҳои дуюмро ҳам, ки бисёр иштиҳоовар буданд, як - як номбар кард, ки аз ҳаваси онҳо оби даҳони кас шаш қатор мерехт.

- Дар хӯроки якум барои мо дуто нимтогӣ шӯрбо биёред, ки осонҳазмкунак асту меъдаро азоб намедиҳад, - фармоиш додам ба вай.

- Барои дуюм чӣ таом мефармоед? - пурсид пешхизмат, ки чорчашма ба кисаи мизоҷон менигарист.

- Ҳоло хӯроки якумро биёред, ки онро ҳалу дал намоем, баъд фикр мекунем, - гуфтам андешаманд.

- Лекин, огоҳ карда монам, ки мо нимтогӣ шӯрбо надорем, - ғамзакунон таъкид намуд пешхизмат.

- Ин тавр бошад, барои мо дар таоми аввал як коса шӯрбою ду қошуқ биёред гуфтам...

НАВИСАНДАИ «КАПИТАЛ»

Ҳар замон хусусияти хоси худро дорад, ки мансуби ҳамон давр аст. Масалан, дар аҳди Шӯравӣ масъалаи санҷидани арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба қавле баҳо надошт, зеро онҳоро гурумбаст тафтиш мекарданд. Ҳатто аризаҳои шикоятии беимзоро низ месанҷиданд. Барои санҷидани аризаи шикоятии фарроше аз худи Маскав одам меомад, то ҳақро ба ҳақдор расонад. Мавридҳое ҳам шудааст, ки барои хунукназарию беаҳамиятӣ ва бегуноҳ аз кор рондани ягон кас кормандони масъули ҳизбӣ ҷазои сахт мегирифтанд.

Фармон ном марде, ки дар ҳеҷ куҷо кор намекарду умре дасташро ба косаи оби хунук назада буд, аз рӯи аризабозӣ зиндагӣ менамуд. Бо таъбири имрӯза шикоятнависӣ як навъ бизнеси вай ҳисоб меёфт. Бо хоҳиши яке аз номи вай ариза навишта, аз ӯ чойчақаи вазнин мегирифту дигареро, ки дар соҳаи савдо кор карда, гуноҳи бисёр доштаю шабҳои дароз аз тарс хобаш намебурд, палпечон намуда, нонашро равғанин мекард.

Хулоса, ҳамаро ба дод оварда буду илоҷашро касе намеёфт. Ҳизбиёнро дар ҷинҷак ҷой карда буд. Онҳо аз пушти аризаҳои шикоятии навиштаи вай моҳҳои дароз овора шуда мегаштанд. Рафту онҳоро насанҷанд, дар балои дусара мемонданд. Аз болояшон мактубҳои шикоятии беимзо ба марказ парвоз мекард. Гӯё назоратчии халқии таппа тайёр буд бачаҳалок ҳамон давра, ки ҳама дар пеши даму нафасаш меларзиданду вале илоҷе надоштанд.

Фармон агар аз пушти касе ариза менавишт, ин барои ӯ фармони қатл буд. - Чӣ бояд кард, ки аз ин фалокати аризабоз халос шавем? – пурсид рӯзе котиби райком. Охир, исқотӣ ноҳияро ба ҷӯш овардаасту касе ҷилавашро кашида наметавонад. Обу зиёфати санҷишгарони боло кошки боз осон бошад!

- Биёед, вайро ба аъзогии ҳизб қабул намоем, - таклиф пешниҳод кард яке аз мудирони шуъба.

- О, ту соқӣ, бача? – гуфт котиби райком. Чӣ гуна ҳамин хел як одами аризабозро ба сафи ҳизб қабул кардан мумкин аст?

- Агар вайро ба сафи ҳизб қабул намуда, ба ӯ ягон вазифаяк диҳем, шояд дамаш дарун афтаду аз нависонавису номаъқулиҳояш монад, - боз гуфт ҳамон мудири шуъбаи ҳизб.

- Рост, рост, - вайро ҷонибдорӣ намуданд баъзе ҳамкорон.

- Сабилмонда ҳатто дониши казоӣ ҳам надорад, - боз эътироз намуд котиб. Муҳлати номзадиро низ ба аъзогии ҳизб нагузаштааст. Боз ягон фалокат нашавад, ки дар бало монем?

- Парво накунед, рафиқ котиб, - гуфт яке аз ҳизбиёни дигар. Зарур бошад, раво бошад, гуфтаанд.

- Масъалаи саволҳо чӣ мешавад? - бо ташвиш пурсид котиб. Охир, вай ҳеҷ хоку балоро намедонад.

- Рӯзи қабул ба вай саволҳои омиёнаю сабук – сабукак медиҳем, то ба онҳо ҷавоб дода тавонад, - гуфт аъзои комиссияи ҳизбӣ.

- Майлаш, ман розӣ,

- гуфт котиб гӯё аз дӯшаш бори вазнинеро гирифта бошанд ва фармуд рӯзи қабулро муайян карда, ба Фармон хабар диҳанд.45

Ниҳоят рӯзи қабул ба сафи ҳизб фаро расиду Фармон бо сару либоси ҷойраваки нав, ки дар пеши бараш нишони дружиначии ихтиёрии халқӣ ва ордену медалҳои қаҳрамонмодарии бисёр кӯк карда шуда буд, ҳозир гашт.

Касе ҳурбаи ба вай аз тарс эрод гирифтанро надошт.

Фармон аз ин қадрдонӣ фахр карда, дар дил қад – қад мепарид, ки алови чашми ҳизбиёнро гирифтаасту насиб бошад, вазифаяки ҷононеро ҳам баъди коммунист шудан аз худ мекунад.

Ба ду - се саволаке, ки онро мурдаҳои садсола ҳам медонистанд, Фармон ҷавобҳои хому хатала дод, ки тадбиргарони қазия бо аломати тасдиқ ба дурустии онҳо сар ҷунбонданду ба ӯ офарин хонданд. Чун маслиҳат додани саволҳои одӣ буд, яке аз аъзоёни комиссия пурсид, ки нависандаи «Капитал» - кист ва боварӣ дошт Фармон онро медонад, лекин хестӣ, ки хобӣ! Девори намкаш, ки калимаи нависандаро кинояи шикоятнависиҳояш гумон намуда буд, якбора алас шуда, ба худсафедкунӣ даромад.

- Ба кадом лафзе қасам надиҳед, ба номи Худо, ки

«Капитал» - ро ман нанавиштаам, - гуфт вай…

пешина
аз 15
навбатӣ