ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.
Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа
КАМПИРИ ЧОВАНДОЗ
Бемориҳо ҳар хел мешаванд. Яке ба касалии дил гирифтор мегардаду дигаре бо фишори баландии хун.
Сеюминро дарди гурда азоб медиҳаду носуде аз талхаю ҷигар азият мекашад. Гарму хунукшавии панҷаҳои пойро табибон аломати касалии қанд медонанд. Гирифтани иштиҳою нахӯрдани хӯрок ва ҳазм накардани он бошад, касро ба лоғарию харобӣ оварда мерасонад, ки илми тиб чораи ҳамаашонро меёбад. Лекин, боз ҳастанд касалиҳои дигаре, ки хилъатсафедон дар табобати онҳо оҷиз мемонанд. Фарбеҳшавии аз ҳад зиёд аз қабили ҳамин хел бемориҳоест, ки ҳарчанд дар назари аввал хандаовар намояд ҳам, лекин духтурон онро бемории ҷиддӣ меҳисобанду барои пешгирияш донистаю надониста ҳазоруяк дорую дармон мефармоянд, зеро бемор тахтамашқи табибон аст.
Фалокат аз таги пой мехезад. Кампири хушдоманам баъди аз осоишгоҳ баргаштанаш чашм расидагӣ барин яку якбора ба касалии ба қавле бедавои фарбеҳшавӣ гирифтор гардид. Сабаби онро баъзеҳо дар осоишгоҳ чарида гаштани кампир маънидод намуда, маро тасалло медоданд, ки гӯё он худ ба худ мегузаштааст, вале ҳайҳот, ки тахминашон нодуруст баромад. Баъди аз осоишгоҳ баргаштан баръакс иштиҳои пиразан қозгир шуду ҳар чизеро, ки меёфт, мисли аждаҳо фурӯ мебурд. Ду-се табақ ошу чанд лаълӣ гӯшти бирён барояш алейк намешуд. Мағзу чағзи аз рӯи дастархони мардум рӯфтааш барои ӯ газак ҳисоб меёфт.
Онҳоро дар кисаи ҷомааш, ки мисли халтаи дарозе аз дарун дӯхта буд, пур намуда, раҳораҳ нухшор карда мегашт. Барои ҳамин дугонаҳои ҳамсолаш вайро кампири халта лақаб дода буданд.
Чут зада бароям, маоши ночизи банда барои сер кардани шиками ғори кампир асло басанда набуд, чи расад вайро аз рӯи хоҳишаш сарупо кардану баҳраш харидани куртаҳои рангобаранг, ки гӯё ҳамсолонаш ҳар рӯз онҳоро даҳ бор иваз мекарданд.
- Шояд пиразанро боз ба осоишгоҳ фиристонам, ки дар он ҷо хӯрокҳои серғизо бисёр аст, -андешидам дар дил, вале ҳисоб карда бароям, сарам чарх зад, чунки нархи осоишгоҳҳои сабилмонда он қадар осмониянд, ки ҳатто хазинаи мирӣ дар як они воҳид холӣ мешавад. Ман бошам, на шоҳаму на амиру вазир. Бо нӯги қалам илоҷе карда, ризқу рӯзӣ меёбам. Фарзандонам ҳам мактабраваканду чор тангаяки маоши маро мепоянд.
Даҳонам боре хориду ба ҳамсарам гуфтам, ки чи мешавад агар ба духтурон муроҷиат карда, меъдаи гов, э кампирро ҷарроҳӣ намоем, зеро рӯдаи одамизод бе ин ҳам дароз аст. Агар онро андаке кӯтоҳ намоянд, шояд аз пурхӯрӣ каме монад, вале занак қиёматро ба сарам қоим намуд.
- Ҳоло модарҷонаки ман барои ту гов ҳам шудааст-а?
-гӯён мушташро ба сарам қумғон кард ва бо ғалтаки зуволатунуккунӣ чунон ба сарам фаровард, ки чашмонам сиёҳӣ зад.
Ин хабарро шунида, модараш якбора мисли барфбод путухма кард, ки домод нашуда мур! Дигарҳо хушдоманҳояшонро рӯйи даст бардошта мегарданду ман бошам, мазори бешафоатам. Пиразан аз пурхӯрӣ рӯз ба рӯз мевармосиду вазнаш тарозузеркун мешуд. Кадоме ба духтараш тавсия додааст, ки лижаронӣ ба кампир фоида дораду вазнашро мепартояд.
-Дар замистон –ку як илоҷ кардан мумкин, лекин дар тобистон барфро аз куҷо меёбед? - фикр кардам ман.
Магар, ки пиразанро гирифта ба Сафеддара барем. Аммо вайро, ки лижарониро наметавонад, ҳаргиз танҳо гузоштан мумкин нест. Кампири Худозада мабодо боз дар ягон ҷару ҷӯе сарозер афтода, ҳаром намурад, ки ҳамаамон шарманда шавем. Дар барфбоди он ҷойҳо мурдаи ӯро ҳатто куҳнавардон ҳам ёфта наметавонанд.
Бо як тир – ду нахчир. Ким-кадом як мандонами дигаре фармудааст, ки пиразан агар аспсаворӣ кунад, ҳам хароб мешаваду ҳам ҳунари човандозиро ёд мегирад. Ин маслиҳат ба кампиру духтараш маъқул шуда, аз гиребони банда чорчангола гирифтанд, ки сарамро ба санг зада, аспи бодпое ёфта биёрам.
- Пиразан дар пеши чашмамон бошад, аз ҳазор
Сафеддараравию лижаронӣ беҳтар, - гуфт завҷаам каме мулоим шуда ва аз аспи ҷаҳл андаке фаромад.
Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз, ки эзид дар биёбонат диҳад боз гуфтани мардум ба хотирам расиду ба ёд овардам, ки чанд сол пештар ба як галлабони шиносам дурбини аз Россия овардаамро барои тамошои таллу теппаҳою ёфтани аспҳои аз галла дурафтода туҳфа карда будам. Телефони мобилиро гирифта, ба ошноям занг задаю воқеаро нақл кардам.
Баъди чанд рӯз вай савори як аспи бодпои ҷавмасте ба деҳа омад. Онро дар шохи беди назди ҳавлӣ қантар намуда, ҳатто як пиёла чой нанӯшидаю бо узри он ки галла28 мабодо дар набуданаш пароканда нашавад, саросема баргашт.
Камири халта ҳунари човандозиро-ку ёд нагирифт, вале бо вазни гарони худ аспи бечораро аз пою пар афтонд.
Рӯям дуд мекунад, ки барои овардани аспи дигар ба галлабони шиносам занг занам…
ҲАМНОМИ ОҲАНГСОЗ
Санҷиш як навъ воситаи муайянсозии дониш буда, он ҳанӯз аз давраҳои мактабхонӣ оғоз ёфтаю то хатми донишгоҳу донишкадаҳо давом мекунад. Ҳатто дар аспирантураю докторантура низ олимон савияи донишу малакаи шогирдонашонро якзайл санҷида меистанд, зеро ҳамин ки хари одамон ба қавле аз лой гузашт, фориғболу бепарво мешаванд. Ҳарчанд дар истеҳсолот кор кунанд ҳам, навгониҳои соҳаашонро кам меомӯзанд. Парво надоранд, ки дар дунёи равшан дигар чи гапу калоча аст.
Барои ҳамин, бо мақсади санҷидани донишҳои тахассусӣ, фарҳангӣ, сиёсию одоби хизматчии давлатӣ дар зарфи ҳар панҷсола як маротиба дар корхонаю муассисаҳо аттестатсия гузаронида мешавад. Дар ин маврид дар ҳар соҳа аъзоёни комиссия аз ҳисоби ашхоси пуртамкину босабр, ҳалиму меҳрубону хоксор, вале сахтгиру серталаб интихоб гардида, дониши кормандонро холисона бо элак бехтаю бо гуфте онҳоро аз сурохи сӯзан мегузаронанд.
Чунин санҷиш боре дар яке аз идораҳо гузаронида шуд. Кормандон баъзе ҳуҷҷатҳои барояшон зарурӣ таги каш дар пушти дар ларзида, навбат мепоиданд. Бо ҳазору як эҳсосот ба назди аъзоёни комиссия даромада, аз он ҷо баъзеашон ханда дар лаб гул карда мебаромаданд. Бархе сархаму саркашол берун гашта, баҳонаи кампир ҷавину ҷурғот гуфтагӣ барин даъво мекарданд, ки гӯё ба саволҳо ҷавоб доданду лекин санҷишгарон нисбаташон ноҳақӣ карданд.
Навбат ба Насимбек ном ҷавоне, ки мағруру ҳавобаланд буду ҳеҷ хоку балоро намедонист, расид. Вай ба саволҳои аъзоёни комиссияи аттестатсионӣ ҷавобҳои хому хатала дода, гумон дошт, ки даҳони санҷишгарон воз мемонад, вале хестӣ, ки хобӣ! Онҳо бедонишии ӯро пай бурда, якзайл бо аломати таассуф сар меҷунбониданд. Чун диданд, ки Насимбек дониши казоӣ надорад, хостанд маърифати фарҳангии вайро санҷанд. Яке аз аъзоёни комиссия ба ӯ савол дод, ки муаллифи Сурурди миллӣ кист? Насимбек пакар шуду му… муаллиф,-гӯён аз аъзоёни комиссия пурсид, ки он чи калима аст, чунки онро дар умри сараш нашунидааст.
- Муаллиф, яъне нависандаи суруд,- ҷавоб дод ҳамон марди саволдода ва илова кард, ки дар ин ҷо он як навъ синоним шудааст.
- Синоним-пинонимаш боз чист? -теғи нигоҳ кашид ба сари аъзои комиссия Насимбек. Аҷаб калимаҳои нестандарҷаҳонеро фикр карда мебароред, ки онҳо ҳатто дар пушти кӯҳи Қоф нестанд.
Монанди барандаи намоиши «Поле чудес» -и телевизиони Россия Леонид Якубович аъзои комиссия хост ба вай ёрӣ расонад, то номи муаллифро ёбад. Бинобар ин, аз ӯ пурсид, ки дар баҳор чӣ мерӯяд?
- Гул, -нимғурма ҷавоб дод Насимбек.
- Офарин, вайро шерак карданӣ шуд саволдиҳанда, ки гумон дошт ҷавон ба эҳсосот дода шудаю номи муаллифро аз хотир баровардааст, зеро ба ин савол мурдаҳои садсола низ бо осонӣ ҷавоб дода метавонанд ва боз тагкобӣ намуд, ки ба гулҳо одамон чӣ кор мекунанд?
- Чӣ кор мекардаанд, дарза намуда, бурда дар бозор обулой мекунанд, - ҷавоб дод Насимбек ба содагии саволи аъзои комиссия хандида. - Нахустин бори ба боғ даромадан чӣ? -боз пурсид саволдиҳанда.
Яке аз аъзоёни комиссия тоқат карда натавонисту луқма партофт, ки бори аввали ба боғ даромадан одамон ба гулҳо назар менамоянд. Агар мисли кроссворд он ду калимаро ёфта, бо ҳам ҷамъ кунед, номи нависанда бароятон оина барин равшан мешавад.
-Ҷамъу тарҳ ин ҷо чӣ номаъқулӣ мекунад? -ҳайрон шуд Насимбек.
Аъзоёни комиссияи аттестатсионӣ диданд, ки аз вай ҳамду саное намебарояд, хостанд думи ӯро тезтар гиреҳ кунанд, чунки дар пушти дар одамон бисёр буданду вақт кам, лекин ногоҳ яке аз онҳо ба Насимбек боз савол дод, ки оҳанги Суруди миллиро, ки навиштааст?
Сардори идора Сулаймон ном марде, ки ҳамроҳи аъзоёни комиссия дар минбар менишасту аз ин бесаводии коргари бефаҳму фаросаташ сахт дар хиҷолат монда буд, хост ба вай кӯмак намояд. Ноайён ангушти ишоратиашро ба кундики сина пахш намуда, бо сар ба худаш ишора кард, то коргараш аз ҳамном будани ӯ бо оҳангсоз рамуз гирифта, номи муаллифи оҳанги Суруди миллӣ Сулаймон
Юдаковро ба хотир биёрад, лекин ҳайҳот. Ҷавон аз ин ба таври худ хулоса баровард.
- Онро ана ҳамин акаи Сулаймон навиштааст, -гӯён мағрурона Насимбек бо ангушт сардори идораашонро нишон дод.
Мавҷи ханда толорро тарконд…
ЗОДРӮЗ
Бо навиштани ҳазоруяк китоби дабанги ҳафтманӣ табиату дунёи занро ҳанӯз касе кашф накардааст. Яке мебинед, ки чун гул хандон мешаванду гоҳи дигар аз қошу қавоқашон барфу борон мерезад. Ҳатто обуҳавосанҷҳое, ки вазъи якмоҳаи табиатро қаблан пешгӯӣ мекунанд, дар масъалаи донистани гармию сардиҳои хислати ҷинсҳои латиф ҳаври дахонашон курт шуша мебандад. Аҷаб махлуқҳои дар ҳақиқат пурасроранд занҳо, ки сиру савдои онҳоро касе пай намебарад. Бо банда низ боре чунин ҳолат рӯй дод. Аз пагоҳӣ занак хурсанду болидаруҳ метофт.
Инро дида, бори аввал дар умрам бо хотири ҷамъ пушти мизи корӣ нишаста, ба навиштани мақолаи таъҷилие, ки аз рӯзнома супориш гирифта будам, машғул шудам. Лекин ин ҳолат мисли шохнами баҳорӣ дер давом накарду тез гузашт. Миёни абрувони занак чин афтоду ба турғузагӯӣ даромад.
- Хонаи шӯ арра дорад, арраи шашпара дорад, - гӯён киноя намуд.
Мани гӯли гумроҳ, ки банди навиштан будам, ба мақолу зарбулмасалгӯиҳои занак чандон сарфаҳм нарафтам. Хаёл кардам, ки вай ҳамон арраеро дар назар дорад, ки занҳо бо он фатирро гулкорӣ мекунанд ва сар бардошта, гуфтам, ки парво накунад. Ҳаққи қаламро гирам, барояш ҳатман аррачаи наву мухпари ҷононе мехарам, то нонҳояш хушрӯю бозоргузар шаванд.
- Аррачаи наву мухпари ҷононат аз саракат сабил монад, мардаки бефаҳм, -гуфт занак пошна карда. - Ба занак чӣ бало расида бошад? -андешидам дар дил, чунки навакак авзояш андаке мулоим буду ба даҳонам заҳр намечаконд.
Занги телефон чун ноқуси калисо баланд садо доду гӯшакро занак чанг зада бардошт.
- Шӯ кардам, ки гули нонро хӯрам, вале аз сатрии таҳловии модар ҳам мондам,- гуфт вай ба мусоҳибаш шиква карда.
-Берун кару фару дарун латаи тар, - шунида шуд аз он тараф садои нофораму марғуладоре, ки бо овози хушдоманам монанд буд. Ҳозир ман биёям, санги осиёро ба сараш гардон мекунам! Наход шавҳар шуда, ин рӯзи муборакро фаромӯш кунад?
- Боз он кадом рӯзи муборак будааст, ки ман аз он бехабар мондаам? -аз мақоланависӣ сар бардошта пурсидам аз занак ва тақвимҳоро дар хотир пуштурӯ шамол додам, вале он санаи таърихиро ҳеҷ ёфта натавонистам.
Ногоҳ дар кушода шуда, ба хона дудғулабод хушдоманам даромада омаду дар таги арраи дусара мондам. Вай маро машғули нависонавис дида, беравған аланга гирифт.
- Хоки зану шавҳарро дар як тағора шӯридаанд гуфтани мардум дурӯғи чилдуруға будааст, - зарда кард ба сарам кампир. Марди исқотӣ танҳо кадхудои кӯча аст.
Берун аз хона дар тӯйҳо ба сари беваҳо пул мечошаду аз ҳамсари худаш фаромӯш мекунад! Дар гӯшакат ҳалқа кун, ки зан чароғи хона асту савдои умр. То мурданат ҳад надорӣ аз хати кашидаи вай берун бароӣ! - Кай занакро фаромӯш кардам? -гуфтам бо овози ларзон ба пиразан сур-сур нигариста.
- Охир, вай зодрӯз дорад, мефаҳмӣ, зодрӯз, аблаҳ! Он дар як сол як бор меояд. Барвақтар мегуфтӣ, сару бар шуда, зодрӯзи духтарҷонакамро шоҳона мегузаронидам, шоҳона!
Зоти моӣ, ҳаргиз хато наоӣ гуфтаанд. Духтараш ба варсоқихонӣ даромад, ки ман табрикоти туро аз суп- супаки саҳар интизор будам, вале гӯшакатро ба карӣ андохта, ба ким-чи-хел варақсиёҳкунӣ овора шудаю дамакат набаромад. Сутуни хона гуфтани шавҳар сафсата будааст. Шӯяке дорам, рангу рӯяке дорам. Кошки аз ҳамин мақоланависиҳоят як пули пучак фоида бошад!
Андеша карда бароям, мазза аз қайла алакай гузаштааст, вале шармшикан ба ҳар ҳол хостам ба бонк рафта, се-чор тангаяки барои ягон рӯзи сиёҳ ҷамъкардаамро аз он ҷо гирифта, зодрӯзи занакро ба қавли модараш шоҳона гузаронаму ҷонакам аз ҷанҷол халос хӯрад, аммо дар ноомади кор атола дандон шиканад.
Телефони мобилиамро кушода бинам, кампири балои аламун дар саҳифаи фейсбук навиштааст, ки баъзе шавҳарҳоро садқаи зан кунад, чунки мисли домоди мукуру муғамбири ман аз зодрӯзи ҳамсарашон бехабар мемонанд.
Он шаб ба сарам селборони таънаю маломати занҳо то саҳар мерехту мерехт…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё