ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
Аз ин гап магар дили мулло Ёқуб об хӯрд, ки вай тасбеҳашро байни кафаш ҷамъ оварда, ба он се маротиба куфу суф намуда, дар рӯву дидаҳояш молид ва бо тааммули хоса онро ба шонадон ниҳода, сипас нимхез шада, бо нӯги ангуштонаш бузургворона ба усто салом карду пурсид:
– Ягон кӯдакат бетоб шуд, усто?
– Не, ҳама нағз.
– Кампир бақувват аст?
– Ҳа.
– Боз ман хавотир шудам, – мулло шонаи чӯбинашро бароварда, аввал абрӯҳо, сипас ришашро шона кард ва чанд тори мӯйи нуқратобашро, ки байни дандонҳои шона монда буд, бо эҳтиёт гирифта, ба шонадон ниҳоду боз гуфт: – Гумон кардам, ки тӯмору таштоб ё дудӣ лозим шудаст. – Духтурҳо ки ҳастанд, шуморо ташвиш намедиҳем, бобои мулло, – шӯхиомез гуфт Мирзошариф ва ба хира шудани табъи мулло Ёқӯб эътибор надода, ба сари мақсад омад: – Аз Кӯлоб баргаштам.
– Харидори ту беҳисоб, – ғурунгид мулло Ёқуб ва давоми суханаш коҳишомез баромад: – Иморатҳои ин ҷо кам буд, ки боз Кӯлоб мардикорӣ рафтӣ? Таноби нафса каш, ки ягон рӯз балои ҷонат мешавад. Поят дар ин водӣ, дастат дар вилояти дигар.. Чӣ, Қорун шудан мехоҳӣ?
– Худат медонӣ ку, нури дида, ризқи устову мулло мардум аз азал дар кисаи ҳоҷатмандон аст, – пичингомез гуфт Мирзошариф ва ширин хандида илова кард: – Ба як зарурат рафта будам. Тасодуфан Рустама ёфтам.
– Кадом Рустама? – мулло Ёқуб тасбеҳашро бароварда гардондан гирифт.
– Рустами Аброр, додарзодата.
– Илоҳӣ тавба! – мулло Ёқуб чунон такон хӯрд, ки тасбеҳ аз дасташ афтод ва чашмонаш аз ғояти ҳайрат калонтар кушода шуданд. – Шӯхӣ намекунӣ? Зинда будааст?!
– Чӣ ҷои шӯхӣ? Марди бамаънӣ, баобрӯ шудааст. Маро хонааш бурд.
Писарони мулло Ёқуб дастархону чой оварда, ба қиёфаи ҷиддиву андешаманди падар ва чеҳраи хушҳолонаи Мирзошариф рамузгирона нигариста. таҳпурсӣ карданд:
– Рустами додарзодаи падарата ёфтам. Шодиёнагирӣ омадам, – шарҳ дод Мирзошариф. Аз ин мужда фарзандони мулло шод гашта, қад-қад парида, хурду калони ҳавлиро воқиф гардониданд, ки амакашон зинда будааст, ёфт шудааст.
– Боз ягон Рустами дигар набошад?-мулло Ёқуб шубҳаомез ба чашмони Мирзошариф нигарист: – Ҳамон солҳо хабари маргаш омада буд-ку.
– Наход ман Рустама нашиносам, нури дида, – овози Мирзошариф ранҷишомез баромад: – Мо фарзанди падар барин аз ҳамдигар ҷудоӣ надоштем, як пора нона меёфтем, якҷоя мехӯрдем. – Одами обруманд аст, гуфтӣ? – пурсид мулло Ёқуб ва тасбеҳро ба ҷебакаш андохт.
– Ҳа, саринженери автобаза.
– Наход? – ҳайратомез нидо кард мулло Ёқӯб ва сари зону нишаст: – Ҷувонмарг-е, одам шудааст-а? – ӯ даме ба хаёл рафта, таги манаҳашро кафмол кард, сипас коҳишомез гуфт: –
Носипоса бин, як бор суроғ намекунад, ки хешу табораш зинда ё мурда. Ҳм, сағира ки саг барин дайду шуд, мазаи нони мардума чашид, ҳамара аз хотир мебаровардааст.
– Суроғ кардан қарзи мо буд, падар, – ба сӯҳбат шарик шуд писари калонии мулло Ёқуб: – Лекин бепарвоӣ кардем.
– Охир, ҳамон солҳо овоза шуда буд, ки дар Кофарниҳон ғарқ шудааст, – ғурунгид мулло Ёқуб: – Оши ҳафту чилу сари солаша ҳам дода будем.
– Бар гузашта салавот гӯед, падар! – овози писараш аз шодӣ саршор буд: – Ин ҳам бахти баланди мо, ки сиҳату саломат, одами калон, саринженери автобаза будаст. Охир, баъзе касон бо хирагӣ, бегонаҳои соҳибмансаба хеш мегиранду… Шод шудан лозим, ба мо номаш кифоя. – Писар даме хомӯш истод ва маънидорона ба падараш, ки бо ангуштони борики заифаш рӯи дастархон хатҳо мекашид, назар афканд ва илова намуд: – Он каса оварда эҳтиром мекунем. Бигузор дӯсту душман бинаду донад, ки аз кундаву решаи мо ҳам одами зӯр баромадааст..
Аз ин мужда ҳеҷ кас монанди кампири Гулшан шод нашуд.
Вай чашмони нобинояшро даме бо лаби рӯймолаш молида, тез-тез мижа зада, фараҳмандона нидо кард:
– Ҳай-ҳай, чӣ хубе! Хайрият, ки аз Аброру Ғунча ҳам нишона мондааст. Тухми инсон ҳам фарзанду номи одама нигоҳ медоштагӣ ҳам, – кампир даме ба хаёл рафт, баъд пурсид: –Мирзошариф, дар ёд дорӣ, ҳамон сол, вақте ки Рустам ғайб зад, сад хел овозаи бад паҳн шуд.
– Кору хабари шум, очаҷон, ҳаргиз фаромӯш намешавад.
– Хайрият, ки бисёр овозаҳои нохуш дурӯғ мебароянд. – маънидорона луқма партофт кампир ва боз овозаш саршори шодӣ гашт: – Чӣ хубе, аз Аброру Ғунча ҳам нишона монда аст. Кори савоб кардӣ, бачам, даракаша ёфтӣ, – ӯ мисли одами шалпар нафаси чуқур кашид ва палмосида – палмосида асояшро ёфта ба паҳлуяш наздиктар ниҳод ва пичиррос зад: –
Гитлери бадзот – илоҳи ҳафт пушташ дар оташи дузах сӯзад!
– халқи олама нотинҷу титу парешон кард. Ҳозир ки мулк осудаву нон фаровон аст, касе фарзанд гум намекунад. –
Кампир даме хомӯш монд, сипас пурсид: – Ёқуб хурсанд шуд?
– Ҳа, очаҷон, – дудиланамо ҷавоб дод Мирзошариф.
– Пеш алифа аз таёқ фарқ намекард, – ногоҳ бо писханд гуфт кампир: – Солҳои охир якбора ном баровард, мулло Ёқуб шуд.
Кампир ба хаёл рафт. Кӣ медонад, ки дар ин лаҳза аз дили ӯ чиҳое гузашт. Андешаҳои талху ширини кампираки оҷизро худаш медонаду бас. Вале ғулғулаи якшанбе ҳафтаи гузашта ҳушу ёди тамоми мардуми деҳаро ба худ кашид. Аз пири ҳафтодсола то тифлони роҳгард сӯи базмгоҳ – хонаи мулло Ёқуб тохтанд. Охир, Рустам омад. Не, ӯро худи Мирзошариф бо мошинаш овард. Писарони мулло Ёқуб дар саргаҳи кӯчаи рӯфтаву обзада меҳмонро ба оғӯши кушода пешвоз гирифтанд ва пиразане бар сараш қанду қандалот пош дод, сипас доиразанону рақскунон ӯро аз болои пойандози шоҳӣ гузаронда, ба ҳавлии мӯҳташам, ки аз бӯи махмуркунандаи нони гарму овози хушу пурнишоти магнитофон ва ҷунбуҷӯли одамон лабрез буд, дароварданд. Рустам зоҳиран ором менамуд, вале лабонаш ноаён меларзиданд. Нигоҳи ӯ дару девор ва дарахтони пиру ҷавони ҳавлиро палмосида, аз гузаштаи на чандон дур осор меҷӯст. Ва дар ин лаҳзаи пурғавғои кӯтоҳ ӯ дар ин ҳавлии бодабдаба ғайр аз дарахтони пири чормағзу тут, ки аз гуфтаи модар аранге ба ёд дорад, дастниҳолони падаранд, дигар чизи шиносеро надид ва дилаш бо ҳамин андаке ҳам равшан шуд.
Вай, болои китфаш дасти навозишу дар гӯшаш пурсупоси меҳромези одамон, дар дил ба дарахтони сершоху барги туту чормағз, ки сояи ғафсашон ба нисфи ҳавлӣ афтода буд, салом гуфт ва хаёлан танаи гуё аз меҳнату машаққати зиёд мисли панҷаву кафи дасти деҳқон кафидаву пухта шудаашонро ба оғӯш кашида, рӯяшро фарзандвор ба онҳо молида, ашк рехт, ашки ҳасрат, ашки шодӣ. Охир, аз ҳавлии пешина нишонае намондааст, вале дастаниҳолони падар, шоҳидони талхиву ширинииҳои айёми кӯдакиаш, дар замини ин макон то ҳанӯз решаи бақувват доранд, сарсабзу бовиқоранд. Нигоҳи ӯ даме ба занону духтарон, ки чеҳраи гулгунашон аз ҳарорати оташ мисли шафақ арғувонӣ метофт ва онҳо бо як чолокиву маҳорати хоса аз танур нони қағаз барин сафеди чапотӣ меканданд, андармон шуд, дар лабонаш табассуми ширине дамид. Сипас якрӯя гашт ва чашмаш ба марде, ки гӯсфанди ҳисории сарбуридаро дар шохи дарахти себи кунҷи боғ якпоя овехта, бо зарби мушту панҷа пӯсташро аз тан мекашид, афтод. Ӯ лаҳзае истоду заҳрханде кард. «Аҷиб, – пичиррос зад: – Дарахтони туту чормағз мондаанд».
– Туту чормағз дарахти нағз, дарозумр, – ҳарчанд аз заҳрханд ва тааҷҷуби Рустам чизеро нафаҳмида бошад ҳам, луқма партофт Мирзошариф ва ӯро аз пайроҳаи чӯбин боло гузаронида, ба ҳуҷраи барқад даровард, ки он ҷо мулло Ёқуб, куртаву эзори суф ва ҷелаки сабз дар тан, салаи калони бирешимии дастибофти кабудфом дар сар, тасбеҳи ақиқгун дар даст, бо салобат рост меистод.
Рустаму Мирзошариф баробар салом доданд. Мулло Ёқӯб тасбеҳро саросема дар кафаш ҷамъ оварда, ба он кӯфу суф карду ба дидаҳояш молид ва онро ба ҷебакаш ниҳод, сипас оғуш кушода лабаш ба ханда моил, бо виқор сӯи меҳмон қадам ниҳод. Онҳо ҳамдигарро ончунон ки Мирзошарифу дигарон мепиндоштанд, гарму ҷӯшон ба оғӯш накашидаанд, дар чашмонашон ҳам осори ғами ҷудоӣ – об пайдо нашуд.
Хона дар як мижа задан аз деҳотиён ончунон пур гашт, ки сӯзан партоӣ рост меистод. Онҳо ба ин рӯзу соати нек мулло Ёқӯбу Рустамро муборакбод карданд. Баъди он ки ҳама давра нишастанду хонаро хомӯшӣ фаро гирифт, овози ларзону нолишомези мӯйсафед баромад:
– А бача, ин қадар сол дар куҷо мегаштӣ? Охир, чашмом дар фироқи ту хира шуданд, – ӯ чашмони сурхчатобашро пок карда, оҳи вазнин кашид: – Сиҳату саломат ҳастӣ? – Зинда, – бо шакарханд ҷавоб дод Рустам, ки аз рӯи мулло Ёқуб чашм намеканд: – Дунё кушод… зиндаем..
– Э беэътиқод-е, – ғурунгид мӯйсафед: – Зану фарзанд, хонаву дар дорӣ? – аз чӣ бошад, вай аз болои дастархон, ки писараш густурда, рӯи он нону кулча, қандинаву мева мениҳод, чашм намеканд: – Одами калон ки шудаӣ, дигар моро фаромӯш кардӣ-а?
– Роҳи деҳаро наёфтам, – Рустам ришханд зад: – Лекин Мирзошариф роҳбалад шуд.
– Кори хуб шуд, нури дида, – маънидорона гуфт Мирзошариф: – Мӯйсафеда дар зиндагияш дидӣ. Одам ба одам ғанимат, ҳамин хел не, бобои мулло ? Хешу табор, – эҳа, қуввати дилу қаноти одам аст. Ана бин, ҳамаи нишастагиҳо ба мову шумо кундашарику пайвандавнд, дар рӯзи мушкил нангшарикат мешаванд.
Рустам маънидорона сар ҷунбонд.
– Бобои мулло, чой гиред, дастам сӯхт! – овози ногаҳонӣ, вале ҳазломези чойкаш хомӯшии хонаро шикаст. Вай аз он тарафи дастархон сари зону хеста, дуқат шуда, пиёлаи осмониранги қадимсохти балғамиро, ки мулло Ёқуб солҳои охир танҳо дар он чой менӯшид, бо лутф тарафи мӯйсафед дароз кард. Мулло магар ҳушу ёдаш побанди дигар ҷой буд, ки ғайри одат саросема хам шуда «бисмиллоҳ» гуфта пиёларо дошт ва акнун қоматашро бардоштанӣ буд, ки ангуштонаш мисли одами фалаҷ ба ларза омаданд. Ӯ аз ин магар ба даҳшат афтод, ки пиёла аз чангаш раҳо шуда, болои похсаи наботи қирадори рӯи лаълӣ афтода, се пора гашт ва чояш ба чор тарафи дастархон пош хӯрд. «Лоҳавла вало қуввата» гӯён мулло аз ҷояш ҷаҳид ва ба чойкаш теғи нигоҳашро афканд.
– Ҳеҷ гап не, – тасаллоомез овоз баровард чанд тан: – Ҳар балое буд, ба сари пиёла рехт.
– Хосияташ бад, – бо қаҳру алам ғурунгид мулло Ёқуб ва бедимоғ ба ҷояш нишаст: – Ин пиёла ягона баракату нишонаи дасти калонҳо буд. Ин ҳам рафт…
– Дила хун накунед, бобои мулло, бало ба пасаш, – бепарво луқма партофт касе: – Як чиз равад, дигараш меояд.
Рустамшоҳ – нишонаи раҳмати Аброри додаратона ёфтед.
Пиёла азиз бошад, ба ягон устои ҳунарманд супоред, ширеш молида пайвандад, банд занад…
– Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил, гуфтаанд, – ба гап шарик шуд Мирзошариф, ки пораҳои пиёларо бафурсат ҷо ба ҷо мегузошт. – Ана бинед, ҳусну зебоии пештарааш намонд. – Вай даме ба андеша рафт, сипас дар лабонаш шакарханде дамид: – Ин ҳам дили инсон барин нозук, шикасту озор ёфт, доғаш мемонад. Усто хуни ҷигар ҳурад ҳам, ба асли қадим пайваста наметавонад.
– Ба хокаш вобаста аст, – аз кунҷи ҳуҷра луқма партофт касе: – Лекин дар Япон устоҳои моҳире будаанд, ки кӯзаҳои шикастаро ҳам чунон пайванд мекардаанд, ки аз пештарааш зеботар…
Баъди шикастани пиёла хотири муло Ёқӯб озурда гашт ва сӯҳбат шира набаст. Рустам ҳанӯз бо сари хамида меистод.
Ҳавои хона гӯё барои ӯ вазнинӣ кард, ки нафаси тӯлонӣ кашиду аз киса қуттии сигарету гӯгирд баровард. Як дона сигарет гирифта ба лаб ниҳод ва дид, ки мулло Ёқуб, ҷабинаш пурчин, бо гӯшаи чашм нафратомез ба сигарет менигарад.
Рустам сар бардошт ва ба қиёфаи аз ғояти хушҳолӣ шукуфони нишастагон назар афканд. Онҳо бо ҳарорат дар хусуси писари ёфтаи бобои Раҳмат, пиёлаи шикаставу пайванд кардани он ҳанӯз қисса мегуфтанд. Ӯ даме ба неъматҳои фаровони рӯи дастархон зеҳн монду табассум кард, сипас гӯгирду қуттии сигарет дар даст аз ҷой бархест.
– Чаро дарҳол хестӣ, ака? – изтиробомез пурсид писари мулло: – Ақаллан як пиёла чой бигир. Хӯрок тайёр, ҳорзир меорам…
– Сигарет кашам, додар, – пичиррос зад Рустам.
– Туфлиҳои амаката пеш мон, – амр кард мулло: – Дуд карданӣ бошад, ҳавои кушод беҳтар. Бӯяш дар гӯр, мана касал мекунад.
– Солҳои пеш дуд медодед-ку, – луқма партофт касе.
– Барои фиреби назар.. Аз беақлӣ буд ҳамааш, – ғурунгид мулло Ёқуб ва фатво овард: – Дар зарурат раво бувад, гуфтаанд азизон.
– Муллои ҳозирзамон ҳамин хел мешавад. Дар ҷавонӣ шаробнӯшӣ, папироскашӣ, занбозӣ, дар пирӣ муллоӣ, – ҳазломез пичинг зал Мирзошариф: – Ҳамааш аз рӯи қонун. Гуфтаи муллоро ба ҷо биёру кардааша не…
Хонаро ханда пур кард, аммо Мирзошариф аз паси Рустам ноайён баромад ва надид, ки мулло Ёқӯбро холу ранги рӯяш ба чӣ дастур афтод ва барои ин беэҳтиромиаш ӯро чӣ коҳише намуд.
Рустам, ки дуди кабудчатоби сигарет болои сараш печутоб хӯрда ба ҳаво меомехт, ба танаи дарахти туту чормағз навозишкорона даст расонда, даме шоху навдаҳои бузургу парешони онҳоро тамошо кард, сипас ба зану духтарони нонпаз бамеҳр нигариста, аз дарвоза баромад ва сӯи Кофарниҳон тоб хӯрд. Ӯ ончунон оҳиста қадам мениҳод, ки замини зери пояш озор наёбад ва ба кӯдакони бозингари лаби ҷӯй, ба дару девор, боғзорону фазои лоҷувардии деҳа, ки парастуҳои бебоку озод дар васати он болу пар мезаданд, ҳарисона чашм медавонду лабонаш пир-пир мпариданд.
– Солҳои бачагиро ба ёд меорӣ-а? – дар шафати ӯ қадам ниҳода, пурсид Мирзошариф, вале ҷавоб нашуниду аз гуфтааш пушаймон гашт, дилаш фишурда шуд. Охир, вай акнун дид, ки чашмони Рустам пурнаманд ва ӯ дам ба дам онҳоро бо дастрӯймол пок мекард. Ҳарду то баландии соҳил хомӯш рафтанд. Рустам лаҳзае ба дарёи хурӯшон назар афканд, баъд хамбида дар соҳил сари по нишаст ва бо оби сардаки кафколуду кабудтоб дасту рӯй шӯсту се-чор каф нӯшид.
Чеҳраи ӯ тару тоза ва равшантар гашта буд.
– Аҷиб, обу ҳавои зодгоҳ дигар хел будааст, – ба баландӣ баромада пичиррос зад ӯ ва ба ҳамвории соҳил, ки солҳо боз бозигоҳи бачаҳосту писараке бо ду кучук фориғболона бозӣ дошт, хеле нигарист ва ногоҳ пурсид:
– Мирзо, дар ёдат ҳаст, баъзе одамон кучукҳоро ба хурҷин ё халта андохта аз дарё мегузаронданду сар медоданд? – Ҳа, нури дида, – бо шакарханд ҷавоб дод Мирзошариф ва ба чеҳраи пурхаёли Рустам зеҳн монда, илова кард: – Ун корҳои носавоб ба хотири он буданд, ки кучукҳо роҳи деҳаву хонаи соҳибонашонро гум кунанду нонхӯр кам шавад.
– Аҷиб, – аранге овоз баровард Рустам ва усто Мирзошариф саргарми нақл пай набурд, ки чӣ хел ранги рӯи дӯсти айёми бачагиаш канду лабони ларзонашро зери дандон ниҳод, то мабодо аз нӯги забонаш барояд, ки як субҳи торику сарди якшанбеи зимистон ҳамин амакаш – ҳоло мулло Ёқуби номдору соҳибдастархон, пандомӯзи дигарон ӯро аз шафати кӯдаконаш хоболуд бархезонда, чашмонашро бо руймоли кӯҳнае баста, пораи нони хушкеро дар бағалаш ниҳода, харсавор аз дарёи Кофарниҳон гузаронд ва бурда дар мобайни бозор фуроварду таҳдидомез гуфт, ки то омадани ӯ агар латтаро кушояд, гӯшу биниашро мебурад. Вай то пурғавғо шудани бозор аз хунукӣ карахт гашта бошад ҳам, даст сӯи чашмбанд набурд. Сипас мӯйсафеде, шояд аз раҳм бошад, коҳишомез гуфт, ки аз ҷонат сер шудаӣ, сағира, дасту поят ях барин кабуд гаштанд-е. Чашмонат дард мекунанд? –
«Амакма интизорам» – овози Рустам хиррӣ, пуралам, ҳаросон баромад. Ҳамон мӯйсафед, гӯё Хоҷаи Хизри афсонавӣ буд, ки чашми ӯро кушод ва аз дасташ дошта, бурду пеши оташдони гарми ошпаз шинонд. Баъд ӯ гирист, бисёр гирист, боалам гирист, то даме ки як амаки шапкадор ӯро ба сағирхона бурда супорид. Ва аз он ҷо баъди хеле пурсупос сару либоси наваш пӯшонданд.
Чанд сол пас, вақте ки ақлаш пухт, донист, ки амакаш мисли кучукаш бо найранг ӯро аз хонааш, аз деҳа рондааст. Не, ӯ ин саргузашти талхро то ҳол ба ҳеҷ кас нагуфтаасту намегӯяд. Ба ақидаи ӯ кирдорҳои пасти баъзе одамонро ба забон наовардан беҳ, зеро шаъни ИНСОН –ро доғдор мекунанд.
– Рӯзгори танг дар дили одамон ҳарос андохта буд, – хаёломез гуфт Мирзошариф: – Ҳар кас ғами ҷони худро мехӯрд, нури дида.
– Рӯзи мушкил имтиҳони ИНСОН аст, – аз деҳа чашм наканда посух дод Рустам. – ОДАМРО аз ноодам ҷудо мекунад рӯзи сахтӣ.
Дар ин лаҳза модари усто Мирзошариф – кампири Гулшан асои бодомӣ дар даст, ба танаи дарахти себ такя зада, аз забони булбулаки гӯёяш Шаҳбону ҳикоят мешунид. Ҳикояти дар назди хонаи мулло Ёқуб чи тавр одамон бо ҳашамат ва тантана Рустамро пешвоз гирифтанд, ба сараш қанду қандалот пошиданд, ӯро аз рӯи пойандози шоҳӣ гузарониданд.
– Чӣ хубе, – пичиррос мезад кампираки лоғар: – Нишонаи раҳматӣ Ғунчаву Аброр ҳам ёфт шуд. Кошки ягон рӯз Мирзолатифа мо ҳам ҳамин хел пешвоз гирем.
– Пеш-пеши амакам, агар биёяд, худам арғушт меравам, – шодиомез мегуфт булбулаки гуё Шаҳбону : – Хушрӯ арғушт меравам.
Дили кампир сафед мешавад ва ӯ дасташро дароз карда, рӯву мӯйи булбулаки ширинзабонашро меёбаду навозиш мекунад ва чашмони нобинояшро бо умед ба гӯшаи рӯймол пок намуда, сӯи офтоббаро медӯзад. Кошкӣ дидаи бино медошту рафта Рустамро медид. Ӯ албатта ҷавонмарди чорпаҳлу шудааст. Мулло Ёқубро чашми дидан надошта бошад ҳам, муборакбод мекард. Ба Аброр додар мешавад, додари ҳамтан.
Аброр ҷони одам буд. Ёқуб чӣ? Ҳм, аз як палак ду хел ҳандалак. Гурсӯхтаи беимон баъди омадани хати сиҳи падари Мирзошариф, дар ҳамон рӯзҳое,ки аз ғаму андӯҳ Гулшан хун мегирист, якбор «ошиқи шайдо» шуд. Нисфҳои шаб дуздвор дар паси дару тиеза пайдо шуда изҳори муҳаббат мекард.
– Одами зану фарзанддор шарм намекунӣ, ҳар шаб омада пишак барин ба дару тирезаи ман ханҷол зада, кӯдакома метарсонӣ, – Гулшан сари фарзандони аз тарс ларзонашро силакунон гуфта буд таваллоомез. – Мон ба ғаму дарди худамон бизием.
– Ба як нон кӣ сер мешавад? – овози Ёқуб беҳаё ва писхандомез буд. – Ризқата пеши по назан, бева, пушаймон мешавӣ, аз ман беҳаша намеёбӣ, рӯймолат овардам.
– Рӯймолат кафанат шавад, ноодам! Ту ба марги ҷавонмардҳо шодӣ мекунӣ-а?!
Ва Гулшан надонист, ки овозаш чӣ хел баромад ва дар торикӣ чӣ хел аловковаки зарангиро аз кунҷи девор гирифта, тамбаро ба пояш зада афтонду бо шаст дарро кушода чӯбро ба сари Ёқуб зад. Баъд аз нолишу нафрини ӯ ба худ омад ва дар торикӣ аранге дид, ки Ёқуб пешониашро дошта сӯи баромадгоҳ медаваду фарзандонаш гиря доранд.
– Дар решаат алов, сояи наҳс! – овози Гулшан ба гӯшаш бегона расид. Ашк, ғазаб, алам, хорӣ гулӯяшро фишурдааст.
Хайр, бало ба пасаш. Он рӯзҳои наҳс ҳам гузаштанд. Гузаштанду хотирааш дар ёди Гулшан, нақши сиёҳаш дар пешонии Ёқуб монд. Не, Гулшан дар дил кинаву кудурат надорад. Дар ин лаҳзаи хурсандӣ кошкӣ чашми бино медошту рафта нишонаи Аброру Ғунча – Рустамро медид, Ёқубро муборакбод мекард, аз тамошои деҳа ҳаловат мебурд, ба чашми мисли ситораҳо дурахшони Шаҳбону менигарист.. ва имрӯз ё фардо аз дар даромадани нури чашмаш Мирзолатиф, пеш-пеши ӯ рақсидани наберааш, офтоб, дунёи равшан.. ҳама чизро медид.
Лекин на кампири Гулшан, на булбулаки гуёаш – Шаҳбону ҳоло дарак надоранд, ки пиёлаи меросии балғамии мулло
Ёқӯб шикастаасту вай дар андешаи пайванд кардани он дилхун аст.
ТАВБАШИКАН
Сурхони шиша дар назди хусуру хушдоманаш қасам хӯрда буд, ки минбаъд тамоми мардуми шаҳр аз вай рӯй тобанд ҳам ба ягон базму туй қадам намегузорад. Хайр, чӣ лозим зӯри беҳуда задану миён шикастан ва афсонаи даҳони мардум шудан? Не, ҳамааш айби арақи зормонда: талх ҳам бошад, душманвор одамро фиреби ширин медиҳад. Аслан ӯ зиёд наменӯшад, баробари дигарҳо қадаҳ мебардорад, механдад, мерақсад. Аз ҳама муҳиммаш саҳар чашм мекушояд, ки дар хонаяки худ дар шафати кӯдаконаш хобидаасту завҷааш дар обрези ҳавлӣ бедимоғ чойнику пиёларо бо ҳам зада чунон мешӯяд, ки «нолиш»-и онҳо гӯшро мехарошад. Дилаш аз фоли баде гувоҳӣ медиҳаду чашмаш ба либосҳои ғиҷиму ҷо-ҷо дарида ва лойолуд афтида, тамоман ҳушёр мешавад. Ва дуздвор аз ҷевон либосҳои тозаашро ёфта мепушаду ба худ мегӯяд:
– «Аз бало ҳазар, Сурхон. Гурез! То бегоҳ андак меосоӣ.
Хайр, заҳрашро ба сари кудакҳо резад ҳам боке не, онҳо одат кардаанд, қаҳраш паст шавад бас. Ягон либосвории нағз бигир, об ба лаби ҷӯй баробар. Занҳо ғуломи чиз-ку. Ҳм, баъд ба ҷои сарзаниш навозишат мекунанд». Ӯ чунон устокорона ба кӯча мебарояд, ки завҷааш пай намебарад, вале ба хурду калон дучор омадан замон мебинад, ки онҳо ноаён ришханд мезананд ва баъзе шаттоҳҳо бо ангушт тарафаш ишора ҳам мекунанд. Маълум, ки таги коса нимкосае ҳаст, ба дилаш алов меафтад, ҳазору як шубҳа ӯро домангир мешавад ва сари карахту вазнинаш чунон ба дард медарояд, ки дар гумонаш чоркафон мешавад, аммо ба хотираш чизе намерасад.
«Ҳамааш нағз буд-ку, – хашмолуд мегӯяд дар дил: – Аз ин мардуми тангназари ҳангоматалаб ҳеч халос нашудем».
– Сурхон, овозат нағз будаасту чаро умратро аз паси шиша беҳуда мегузаронӣ? – садое ӯро якқад мепаронад. Вай дам назада, бо сари хам қадам метезонад, вале овоз аз пасаш таъқиб мекунад. – Ҳунаратро хор накун, гаранг, бо танга дуздӣ бой намешавӣ. Ҳофиз шаву туй ба туй гашта, киса фарбеҳ бикун.
Аз ғазаб пеши чашмони Сурхон сиёҳ мезанад. «Бахилҳо, мумсикҳо, ҳасудҳо! – меғурунгад ба худ ӯ: – Як тинатонро вақти шишасупорӣ гирем, ҷонатон мебарояду ба сурудхониам пул медиҳед?»
Ба дукони пивофурӯшӣ наздик меояду дилаш гум мезанад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё