ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
Охир, аз ташнагӣ ҳалқаш хушк, ҷигараш бирён шудааст, месӯзад. Дар хаёлаш ҳозир ягон дӯсти ҷониаш ӯро ҷеғ зада як дулча пива медиҳад ва мегӯяд: нӯш, Сурхон, фоида дорад, ҷӯра, хуморро мешиканад. Ва ӯ ба ҳавас ба пиваи тиллоранг менигараду хафашро пуф накарда, лаб ба лаби дулча мениҳад.
– Акаи Сурхон, – овози ҷавоне ӯро пешвоз мегирад. Ӯ ба умеде, ки ҷавон пиванӯшӣ даъваташ мекунад, сар бардошта, дулчаҳои пури пиворо дида, оби даҳонашро фурӯ мебараду лабаш ба табассум моил, ҷониби вай менигарад, аммо давоми гапи ҷавон ҳангашро меканад: – Шумо шаб ҳофизоя боб кардед-ку, – ҷавон механдад: – Ҳамаи торҳои рубобашро кандед. Ин нағз, лекин димоғи моро ҳам ганда сӯзондед-дия.
Табассум аз лаби Сурхон ғайб мезанад. Вай ҳайратомез китф дарҳам мекашад ва сари дардмандашро маҷбур месозад, ки воқиаҳои шабинаро пеши назар биёрад, вале ғайри мизи оростаи пурнеъмат, шишаҳои қатор-қатор, чизеро дар ёд оварда наметавонад, – ҳатто чеҳраи арӯсу домодро ҳам.
«Аз ин маҳалла кӯчидан лозим, – мегӯяд дар дил бо алам: –Кӯдаки гаҳворааш ҳам гапков..»
– Мо безанҳо, даҳан яла истода, Шумо марди кӯдакдор, пеши пои раққоса афтидед, – овози ҷавон моломоли истеҳзост: – Тамоми пулҳоятонро бар сараш пош дода, гирякунон гуфтед, ки як умр дар орзуи худат барин раққоса будам..
Дили Сурхон аз ваҷҳи пулҳои муфтрафта ҷаззос месӯзад, лекин гӯш ба карӣ зада, даст афшонда, – яъне ин гапҳо кирои гуфтан надоранд, – бо ҳасрат, ташнакому ҷигарбирён, аз шафати пиванӯшҳо мегузарад. Баъд рӯзи дароз дар паси раф бе143 димоғ нишаста, меандешад, ки бегоҳ аз магазини кадом ошнояш чӣ туҳфае гирад, ки дили ҳамсараш мулоим шаваду санги маломат бар сараш камтар шиканад. Дар ҳақиқат, – дар ёдаш –ку нест, – пеши пои раққоса афтода, пулҳояшро бар сари ӯ пош дода бошаду ин хабар ба гӯши занаш расад, – албатта мерасад! Ин мардум тоқиро бо сар ҷанг меандозанд, – вой бар ҳолаш. Занаш бешак ӯро ба ҳавлӣ роҳ намедиҳад. Ин дарди бахайр. Дар ягон ҷо шабашро рӯз мекунад. Суханҳои пасту баланд занад ҳам боке не. Пӯсташ ғафс шудааст, мебардорад, гӯшаш одат кардааст. Вай, – занаки бечора, – чиррос зада, хуни ҷигар шуда дарду алами дилашро ба забон меорад, ӯ бошад, хап мешинад кунда барин. Ва ин занашро даҳчанд оташин месозад. Вай баъзан аз гиребонаш дудаста дошта, бо тамоми овоз фиғон мекашад:
– Чаро гунг барин хап мешинӣ? Гап зан!
– Гунаҳгорем, – сарашро хамтар карда, пичиррос мезанад Сурхон: – Ҳарчӣ мегӯӣ, боз кам аст, занакҷон!
Ана ҳамин сухан сипари бебаҳои Сурхон аст, зеро мисли хоку об оташи қаҳру ғазаби занашро паст мекунад. Дар ин лаҳза дами занак даме ба дарун меафтад, яқин ба чеҳраи Сурхон зеҳн мемонаду мебинад, ки ӯ аз пеши пояш чашм намеканад, мепиндорад, ки мардак ба гуноҳаш иқрор ва пушаймон шудааст, якбора гиря меоғозад.
– Э худо, аз мани сарсахт чӣ гуноҳ гузашт, ки ба ин мардаки рӯдапо ҳамтақдирам кардӣ? – ашкрезон муноҷот мекунад занак: – Илоҳи гӯри арақбарору арақфурӯш таҳ ба таҳ сӯзад.
Охир, нанӯшад, одам барин мегардад-ку.
Сурхон дар дил аз ба нишон расидани тираш хурсанд, худ ба худ мегӯяд, ки дар ҳақиқат ҳикмати халқ рост будааст: сари хамро шамшер намебурад.
Бахташ тобаду ин гапҳо ба гӯши хушдоманаш нарасанд, нағз. Ана вай аҷали Сурхон аст. Аз аҷал ҳам зӯртар. Нигоҳаш ҳам ба бадани ӯ сӯзан барин мехаладу суханаш ҳам. Аз хандааш заҳр мерезад.
– Илоҳӣ тавба, – истеҳзоомез мегӯяд хушдоманаш: – Дунё ки охир шуд, ҳама чиз ба кӯдак мерасад, мегӯянд. О туи бадбахта чиву арақнӯшӣ. Одамҳои курсинишину мошинсавор нӯшанд, зеб дорад.
«Эҳа, бисёрии онҳо арақнӯшии маро дида ҳасад мебаранду, – худ ба худ мегӯяд Сурхон: – Дили баъзеҳошон доғ, лекин аз гапу вазифа метарсанд».
– Зеби тӯю маърака онҳоеанд, ки ҳавзи шаробро даркашанд ҳам, абрӯяшон хам намехӯрад, кӯҳ барин устувор меистанд, – боз овози хушдоманаш аз буни гӯшаш мегузарад: –
Ту чӣ? Қади дарозу сари бемағзатро базӯр бардощта мегардиву… Ба масхарабозии ҳазрати парвардигор ҳайронам. О ин қади дарозу ин сари калон, – боз мӯяш ҷингила! бе ақли расо чӣ лозим? Ба одам ба андозаи қаду қоматаш ақлу тамиз диҳӣ, хуб нест?
Сари пасту зораву тавба ҳам Сурхонро аз арбадаи хушдоманаш намераҳонад. Ӯ ноилоҷ мисли занаш оби чашм рехта, бо овози ларзон мегӯяд, ки касе мисли ту хушдоман дошта бошад, албатта арақнӯш, хонабезор мешавад.
– Бас, занмизоҷ! – дод мезанад хушдоманаш, – Садқаи хоки пои ман шавӣ. Ин духтари шӯрбахт ҳам дигар одам наёфт, ки ба туи ноҷинс ошиқ шуд.
– Дамата гир, кампири беимон! – чашмони сурхчатобашро нимроғ карда, хашмгинона меғурад хусураш ва аз ин дили
Сурхон каме таскин меёбад, зеро тзабони кампир ба комаш мечаспад. «Хоки пот шавам, хусурҷон.. Ҷавҳари мард дигар, – мегӯяд ба худ ва хушдоманашро сазо медиҳад: – Барои ман аҷал бошӣ ҳам ба сарат боз аҷал дорӣ».
– Кутоҳи гап ҳамин, – овози хиррии хусураш базӯр мебарояд:. – Дуюмбора ахмақият такрор шавад, заната шӯи дигар медиҳам.
– Кӯдакҳо чӣ? – пас аз хомӯшии тӯлонӣ аз аламу ғазаб ларзида мепурсад Сурхон – Охир, онҳо..
– Ҳамон марде ки занатро мегирад, ба кӯдакҳо сарпарастӣ мекунад, – бепарво луқма мепартояд кампир: – Аз ту барин падар набуданат беҳ. Ана дар ҳамин лаҳза, ки Сурхон мисли чӯби тар дарундарун месӯзад, вале сар бардошта наметавонад, боз занаш ҷонашро мехарад.
– Ин хел нагӯй, оча, – ранҷишомез пичиррос мезанад ӯ.
Нози ҳар кӯдака падару модари худаш мебардорад.. Бад ё нек бахти аввал аст.
– Аз шавҳари арақнӯш ба кӯдакат чӣ фоида?! – оташ мегирад кампир: – Ёфтагиву тофтагиша дар сари шиша бод мекунад.
– Арақнӯшии падарама фаромӯш кардӣ ? – бо итоб мепурсад ҳамсараш: – Ҳамина бори аввал падарам нӯшонд-ку..
«Пири арақнӯшиат худам мешавам» гуфт.
– Хок бар сари мастиҳои падарат, – шикваомез мегӯяд хушдоманаш : – Ҳозир ҳам аз зарби муштҳояш сарам чарх мезанад.
– Домодат фаришта аст, як сатил арақа даркашад ҳам, мушт бардоштан куҷо? ба ман каҷ наменигарад, – ифтихоромез мегӯяд ҳамсараш ва сари пасти Сурхонро ба осмон мерасонад.
– Ин хел бошад, чаро моро ҷеғ задӣ, қанчиқ? – дод мезанад хушдоманаш ва хусурашро пешандоз карда, нафринкунон аз ҳавлӣ мебарояд: – Илоҳи аз ин бадтар шавад бахти аввалату рӯсиёҳ гардад. Ҳм, аз падарат беҳ будааст-а? Садқаи падарат шав, кӯрнамак. Духтар моли мардум, аз ҳавлӣ ки баромад, бегона мешавад, гуфтани афсонаҳо беҳуда набудааст. О, дили ман барои ин сӯзаду дили ӯ ба шавҳараш доғ.
– Бас, шақшақа! – меғурунгад хусураш: – Ки гуфт, ки маро ин ҷо биёр.
Сурхон ноаён ғайб мезанад, ки ба чашми завҷааш нанамояд. Ҳамин хислаташ ба занак писанд аст.
Лекин аввали зимистон, як шаби яхбандӣ тамоми қасосҳояшро аз занаш ситонд, ӯро чунон боб кард, ки як умр бас. Аз зиёфате хеле дер хона омад. Чандон маст ҳам набуд, ба пояш рост меистод. Дарвоза қулф. Тугмаи зангро чанд карат пахш кард, касе набаромад. Дарвозаро зери мушту лагад гирифт, ки ин ғояти аламаш буд. Ба кулбаи худат роҳ надиҳанд, чӣ кор мекунӣ? Ҳамсояҳо ҳам бедор нашуданд, одат кардаанд. Ба онҳо ҳам нафрат хонд. «Мардуми беғам, парвои касе надоранд. Боз саҳар ришхандзанон мегӯянд, ки шаб дар пушти хонаҳо касе нақора навохт». Дарвозаро боз кӯфту боз кӯфт.
– Кистӣ? – ниҳоят овози хоболуди занак аз паси дар баромад.
– Шӯят!
– Кошки бешӯй мебудам, – овози занак ларзид: – Сарам бе шӯ!
– Акнун ин чиза орзу меунӣ, – Сурхон хӣ-хӣ хандид ва амр кард: – Дарро кушо!
– Аз кадом гӯре омадаӣ, ба ҳамон ҷо рав.
– Ҳаво хунуки ганда, занак, мемурам..
– Чи хубе! Кошки аз ту халос шавам.
– Хандасори мардум мегардӣ. Мегӯянд, ки Сурхон аз дасти занаш мурд, бадном…
– Аз ҳар рӯз хандасору бадном шудан як бораш беҳ, – пичиррос зад занаш ва аз пеши дарвоза дур шуд.
Сурхон гарангогаранг ба қафо баргашт. Яхпораҳо зери мӯзаҳои тару вазнинаш ғарҷ-ғарҷ садо бароварда, гӯё ба ҳолаш тамасхур мезаданд. Вай кисаҳои палтояшро палмосида, худро дилбардорӣ кард: «Ғам нахӯр, Сурхон, кисаҳо пури мавизу писта. Даҳон ҷунбад, хунукӣ таъсир намерасонад..»
Ва аз кисаи чапаш се-чор дона писта гирифта ба даҳон бурданӣ буд, ки пойҳояш рӯи ях ба ҳаво хестанд ва бо вазни баданаш чунон афтод, ки гумонаш замин ҷунбиду устухонҳояш талқон шуданд. Ӯ чанде ноҷунбон истод, пакар шуда буд ва дар он шаби сард аз дарди ҷонкоҳи сар аз чашмонаш шарораи рангобаранг мепарид. Пайкарашро бо эҳтиёт ҷунбонд: хайрият устухонҳояш ҷо ба ҷо, дар дил шукр гуфт, вале нахест.
«Куҷо шитоб мекунӣ? Шаб дароз, каме дам гир» – гуфт хаёлан. Ҳамин лаҳза ба гӯшаш ғиҷирроси дарвоза ва садои поймонии шинос расид, дилаш кушода гашт, аммо худро мурдавор ноҷунбон сохт. Занаш тозон омаду паҳлуяш сари по нишаст ва бо панҷаҳояш қафаси сина, гардану буни гӯшҳояшро палмосид.
Панҷаҳои ӯ меларзиданд ва нафаси гармаш тез-тез рӯи Сурхонро сила мекард.
– Хез, мардак, хона равем, – овози зан таваллоомез баромад.
– «Зора ҳам кунӣ, пойандоз партоӣ ҳам, намеравам!»-дар дил хитоб кард Сурхон.
– Ягон рӯз аз касофати арақ пеш аз маргат мемурӣ, хез! – занак ҷуссаи вазнини ӯро бардоштан хост, аммо қувваташ нарасиду ба ғазаб омад: – Заҳри баданат шавад арақи хӯрдагит, хез!
«Намехезам. Аз дастат чӣ меояд?»
Занак даме болои сараш ноилоҷ рост истод, сипас ҳам шуда, кафи дасташро ба пешонии ӯ ниҳоду худ ба худ пичиррос зад: «Ҷон дорад-ку. Ё аз ҳуш рафта бошад?»
«Ҳм, хомхаёл..»
Занак бари роҳро палмосида, як кулула яхро гирифта, ба рӯи Сурхон ончунон сахт молид, ки аз сӯзиши ҷонкоҳ дар чашмонаш об давид, лекин дандон ба дандон монда, садое ҳам набаровард. Ва аз ин пукртоқатӣ ба марди асил будани худ қоил ҳам шуд.
– Хез, ғули шабгард! – занак аз гиребони ӯ дудаста дошта сахт кашид: – Хез, то саҳар ин ҷо истӣ, ҳаром мемурӣ: – Ӯ даме хомӯш монд, баъд ба кароҳат пичиррос зад: – Садқаи хонаи гарму бистари нарм, бачаҳои хушрӯй шавӣ, дайдуи ношукр. Ҳолат аз ин бадтар…
Сурхон аз роғи чашмонаш дар равшании чароғи кӯча дид, ки занаш гирён шуд ва аз алам даст афшонда, тарафи хона шитофт. Дили ӯ таҳ кашид. Хост, ки бархезаду аз паси занаш тозад ва ӯро мисли шаби арӯсӣ озод рӯи даст бардошта, узрхоҳона хона барад. Охир вай, занаш, ба ҳоли ӯ ончунон сӯхт, ки дар чашмонаш ашк пайдо гашт.Ин албатта аз меҳр, аз садоқат аст. Аммо ба ин фурсат нарасид, зеро занак баъди панҷ-шаш қадам баргашт ва оби чашмонашро поккунон ома148 ду бо хашм аз гиребони палтои ӯ дудаста дошта, рӯ-рӯи роҳи яхпӯш нафринкунон кашид.
– То кай маро азоб медиҳӣ, сангдил? Ришат сафед, бачаҳот калон шуданд..
– «Дарро ки накушодӣ, ҷазоят ҳамин, – ба ҳоли занаш дар дил хандид Сурхон: – Бо сардору ҳамкорҳо нанӯшӣ, радди маърака мешавӣ, ҳамчун мумсик ном мебарорӣ».
– Худо туро ҷуссаи калон додасту бардошти арақу фаросат не, – ҳаш-ҳаш нафас кашида мегуфт ҳамсараш гилаомез: –Сад бор гуфтам, аз духтур хат бигир, ки агар боз нӯшӣ, дилат торс мекафад. Об дар ҷои сахтӣ меистад, мегӯянд. Пулҳоеро, ки ту арақи ҳаром задӣ, ҷамъ мешуданд, кайҳо мошин мегирифтем.
– «Ту феъли баду хирагии одамонро намедонӣ, занак, – Сурхон акнун ноаён пошнаи музаашро рӯи роҳ тиргак монда, ҷуссаашро боло тела медод, ки ҳам ба занаш ёрӣ расонад, ҳам баданашро аз озори сангу яхпораҳои нӯгтез раҳонад: – Сад бор тавалло кардам, ки дилам, ҷигарам касал. Хандиданд.
Гуфтанд, ки ин гапро нагӯй, айб аст, ту баққувватӣ, думи хука меканӣ. Бахона овардам, ки фирефтаи зоҳири ман нагардед, ки ба хунам зомин мешавед, кӯдакҳо ятим мемонанд.
Гуфтанд, ки ту мӯрӣ, дунё зарар намебинад. Ғами бачаҳоро нахӯр, давлат ба онҳо нон медиҳад. Садта нӯш. Садта ки нӯшидӣ, он тарафаш оби ҷӯй барин меравад.. Э занаки содда, то намурӣ, баъзеҳо ба дардат бовар намекунанд…»
То хона даҳ-понздаҳ қадам буд, вале занаш тақрибан дар тӯли ним соат бо азоб ӯро ҷуволвор кашон-кашон аз дарвоза гузаронда, ба даҳлез бароварду қоматашро бардошта, арақҳои пешониашро пок карда, нафаси дароз кашид.
– Мастият аз сарат монад-е, ҷонама ба лаб овардӣ-ку, – ғур-ғур кард занаш ва рафта курпачаеро оварда партофту бо мушкилӣ ӯро ғелонда болои он хобонд, ба зери сараш болишт ҳам ниҳод: – То саҳар зинда монӣ, баъд ба ту гап мезанам. Аз хотирбинӣ ба ҳамин рӯзи сиёҳ расидам. Ё аз баҳри хонаву бачаҳо мегузарӣ, ё думи арақа мегирӣ… Сурхон, шояд аз шодии он ки ба хона даромадасту ҷонаш аз сармову оворагардии кӯча раҳо ёфтааст, сир бой дод. Аввал пайкараш аз хандаи дарунӣ ончунон ларзид, ки зан аз даҳшат карахт шуд. Дар хаёлӣ ӯ пайкари одам пеш аз марг ҳамин хел меларзад. Баъд Сурхон нимхез шуда, коҳ-коҳ зад.
Занаш акнун чоки гиребонашро кушода, ба сари дилаш туфтуф карду аз бемадорӣ ба ҷояш нишаст. Гирди лабони ӯ ҳам заҳрханде медаваду лабонаш аз аламу ғазаб пир-пир мепаранд. Занак ногоҳ гурбавор тарафи ӯ ҷаҳид ва рӯи шонаҳои паҳнаш бо муштчаҳояш то дами хаста гаштан таблак зад.
– Фиребгар, ноинсоф, сангдил! – гиряомез фиғон кашид ӯ:
– Худата рӯбоҳ барин ба мурда андохтӣ – а? Маро масхара кардӣ, азоб додӣ-а? Э илоҳӣ дар орзуи арақ чокак шавӣ…
– Бас, кӯдакҳо бедор шуданд, – хиҷолатомез ғурунгид Сурхон.
Занак, – ба фаросаташ Сурхон қоил гашт, – дарҳол ба худ омад ва ашкрезон худро ба хонаи гарми кӯдакҳо заду дарро қулф кард. Сурхон ба ҳуҷраи сард дарормада, ба курпаҳои нарм печида, осуда хобид. Ин бешубҳа аз он ки шаби сармо дар кӯчаҳои барфу яхпӯш овора гардад, беҳтар буд.
Ана аз ҳамон дам инҷониб ӯ сад карат гардани шайтонро шикасту нанӯшид, ҳарчанд ки дар базмҳо аз шишаву қадаҳҳои пур чашм намеканду дам ба дам оби даҳонашро фурӯ мебурд. Ҷӯраҳояш ҳам зихнаи бало, маътали баҳона.
Огоҳ мекарданд, ки сухани мард якта. Агар дар пеши хусуру хушдоманат қасам хӯрда бошӣ, ҳаргиз нанӯш. «Баъзан чунон ҳаваси одам меояд, ки…» – баҳона меовард ӯ. «Ту арақ гир, мо менӯшем, тамошо куну ҳавасатро шикан, ошно…» – маслиҳат медоданд онҳо. Ду-се маротиба ҳамин хел ҳам кард.
Аммо азоб кашид. Охир, дилаш ба пул сӯхту ҷигараш барои нанӯшиданаш кабоб гашт. Ба болои ин ҷӯраҳояш сархуш гашта, масхарааш карданд, ки ӯ, яъне Сурхон буздил аст, ки ба лаби ҷуй расад, он хушк мешавад. заҳраи мардӣ надорад, занкалон шудааст. Аз алам лаб таги дандон ниҳоду дам назад. Ва донист, ки на ҳар марди қаддарозу каллакалон таънаву маломати фачу лачи мастонро мебардорад.
Лекин ин бегоҳ тамоми меҳнатҳояш барбод рафт. Дар базми ҷашни нимасраи сардорашон қасамро шикаст. Не, айби худаш нашуд, аввал тоқат кард, бодому донаку пиставу мавиз, себу ноку ангур хӯрд ба ҷои арақ. Як ҳамкораш айёрона чашмак зада дар бехи гушаш фиш-фиш кард, ки «Сурхон, ба андозаи пули тӯҳфаи овардаат нӯшидан лозим» Гапаш ҳақ, вале гӯш ба карӣ зад. «Пул сӯзаду қасам нашиканад», – гуфт ба худ. Лекин ногоҳ панҷаҳои хурдакаку фарбеҳаки сардор, ки дар тан ҷомаи беқасаб, дар сар телпаки ба гуфти худаш, сесадсӯмаи сагобӣ дошт, ба китфаш расид. Сурхон нимхез шуда таъзим кард ва хиҷолатомез «мо ба хизмат тайёр» гуфт.
Сардор бо панҷаҳои мулоимаш беозор ӯро ба ҷояш шинонд ва пичиррос зад:
– Шин, Сурхоншоҳ, хӯш омадӣ. Ту хизмататро адо кардаӣ.
О чаро қадаҳат холӣ? Ку бирез, ҳардуямон панҷоҳтаӣ бардорем.
– Ба чашм, – бо як овози ба гӯши худаш ҳам ношинос гуфт Сурхон, ки аз меҳрубонии сардор дилаш метапид: – Лекин ман парҳез, қасам хӯрдаам.
– Эъ, кӣ гуфт, қасам хӯр? – сардор бо дасти худаш ба ду қадаҳ арақ рехт: – Аз парҳез чӣ фоида? Ё умри дароз дидан мехоҳӣ? Қасам – ин нишонаи урфу одатҳои пӯсидаи замони кӯҳна. Онро шикастан лозим! Чӣ? Ҳм, содда, як одамҳое қасам мешикананд, ки аз ман ҳам вазифаи баланд доранд.
Гир, гир! Дар маърака арақ нанушӣ, дар чашми одамон аблаҳ менамоӣ…
Сад қасам фидои як сухани сардор. Ҳм, шароби муфта мулло ҳам мехӯрад, мегӯянд. Сурхон ба атрофиёнаш, ки дар хаёлаш бо ҳасад аз ӯ чашм намеканданд, як назар афканду қадаҳашро бардошта бо қадаҳи сапродор «ҷанг» андохт. Сипас ба хотири саломатии ӯ нӯшиду нӯшид. Ва танҳо нисфи шаб, вақте ки лабони соҳибҷашн аз бӯсаборони меҳмонон ба сӯзиш даромаданду хаставу лакот гашт ва онҳоро аз ҳавлӣ баровард, кайфи Сурхон парид.
– Куҷо равем? – бо азоб рост истода, дасташро ба гардани ҳамшфаташ – Ёрак халқа халқа карда пурсид ӯ.
– Хона.
– Хонаи кӣ?
– Арақ нӯшӣ, шӯх мешавӣ, Сурхон, – Ёрак хандид: – Ту хонаи худат меравиву ман хонаи худам..
– Ин нағз не, – ғамгинона пичиррос зад Сурхон: – Зан ганда..
– Зани кӣ? – Ёрак ба шубҳа афтод: – Вақти кайф ин гапҳо чӣ лозим?
– Мастиву ростӣ, гуфтаанд, – Сурхон оҳи вазнин кашид: –
Гаперо ки дар мастӣ мегӯӣ, вақти ҳушёрӣ ба забон оварда наметавонӣ. Сурхон мард аст, ҳаққи гапа гуфт.
– Зани кӣ ганда? – овози Ёрак хашмгин баромад.
– Зани худам, – ғурунгид Сурхон: – Ҳм, ба зани дигарҳо чӣ кор дорам?
– Ҳа-а, – Ёрак нафаси осуда кашид: – – Ҳамдард будаемку-, – ӯ Сурхонро ба меҳр оғуш гирифт ва аз фукаш бӯсид... –
Хоки ҳамаи занҳо аз як теппа, ошно. Ҷилави шавҳарро мудом доштан мехоҳанд, лекин мардони асил…
– Мисли ман марди асил намеёбӣ, – Сурхон сухани Ёракро бурид: – Лекин аз зан, гап байни худамон монад, чунон…
Чаро?
– Дод мезанад, шурӯ мағал мебардорад…
– Наход?! Гуфтамку, ҳамаашон як хел, лекин ту натарс.
– Чаро тарсам?! Ҳм, ту Сурхона кӣ гумон мекунӣ?
– Ба ҳар ҳол, зарар дорад.
Ана ин гапи аҳли фаҳм. Зарараша медонам: як бушка арақ хӯрда бошӣ ҳам, аз пешат зан барояду песонад, ҳушёр мешавӣ… Ана боз қасамро шикастам… – Ҳеҷ гап не, тавбаи гург-марг аст… Сардор хурсанд шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё