Зеҳн
ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.

Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Паи ҳам ба хона момаданд. Не, онҳоро худи Мирзошариф овард.

Маротибаи аввал вақте ки омад-омади Мирзолатифи бокугӣ ба гӯшаш расид, Гулшан худро гум кард. Охир, нури чашми гумшудааш Мирзолатиф меояд. Шабу рӯз роҳ мепоид, ҳар соат даҳ карат сари кӯча мерафту бармегашт ва ба келинаш таъкид мекард, ки ҳавлиро об зада рӯбад..

– Ягон кори дигар бифармо, амма, – шакархандомез гуфт келинаш: – Ҳавлира ҳозир рӯфтам.

– Аз дили беқарор мегӯм ин гапа. Ту намедонӣ, ки аз дили ман ҳозир чиҳо мегузарад.

Мирзошариф додарашро дар аэропорти Душанбе пешвоз гирифт ва мошинсавор овард. Мардуми деҳа, – илоҳи хока гиранд, зар шавад: – Мирзолатифро бо тантана пешвоз гирифтанд, раҳораҳ бар сараш қанду қандалот пошиданд.

Гулшан дар ҳолате, ки дилаш гуп-гуп мезад ва мадори рост истодан надошт, ӯро модарвор ба канор гирифту аз пешониаш бӯсид. Ҳар ду, ҳам Гулшан ва ҳам Мирзолатифи бокугӣ, – ашки шодӣ рехтанд. Не, ашки Гулшан ғаму шодиомез буд…

Мирзошариф гӯсфанд кушт, ба хотири омадани додараш зиёфат дод, ӯро обу иззат кард. Мирзолатиф се рӯз дар хонаи онҳо истод, аз ҳаёти гузаштаву имрӯзааш ҳикоят кард. Нафткаш будааст, зиндагии хуб доштааст. Бачаи хушмуомила, ба дили Гулшан ҷо гирифт. Рӯзи хайрухуш даст ба китфи ӯ ниҳода хеле гап зад. Гулшан лафзашро сарфаҳм нарафт, вале аз чеҳраи шукуфон, нигоҳи саршори меҳр, ҳарорати суханаш пай бурд, ки суханҳои ширин мегӯяд. Балки ҳамон лаҳза

Мирзошариф мақсади ӯро ба модар фаҳмонд. Гуфтааст, ки оча, биё Боку барамат. Хонаи ман, набераҳоятро бин.

– Ҷони оча, баъдтар меравам, – ваъда дод Гулшан ва илова кард: – Аз ман ба бачаҳот салом расон, бибӯсашон…

Баъди гусел модар пеши Мирзошариф гиреҳи дил кушод.

Гуфт, ки ун ғариб Мирзолатифи ӯ набуд.

– Чиба ин гапа дар рӯяш нагуфтӣ, оча? – овози Мирзошариф ранҷишомез баромад: – Вай дилпуру хурсанд рафт…

– Аз роҳи дур омада буд, – андешаманд ҷавоб дод Гулшан:

– Ноумед кардани одам, бачам, ҳаргиз савоб нест. Ман ӯро дар дилам фарзанд хондам…

Мирзолатифи бокугӣ ҳоло ҳам мактуб менависад, аз аҳволи модар пурсон мешавад.

Мирзошариф баъди гусели Мирзолатиф боз ду «додар» – и дигарро ба хона овард.

– Оча, боз як бачаи дигарата ёфтам, – ҳазломез мужда мерасонд ӯ. – Ҷонам садқаи бачаи додарёб, – шодиомез пичиррос мезад

Гулшан ва бачаи навашро бо иззату эҳтиром пешвоз мегирифт. Баъдтар тафси дилаш паст шуд. Не, дид, ки Мирзошариф хаёлӣ шудааст, дар ташвиш афтод. «Мабодо бачаам ба дарду ғаме мубтало шавад», – гузаронд аз дил ва ба ӯ фармуд, ки дигар овора нашав, насиби дидор бошад, худаш кофта меояд, дар асл мағзи устухонаш мисли ангишт сӯхт.

Ана имшаб боз ҳамон дарди бехобӣ ёраш шуд. О чӣ хел хобаш барад? Писараш бобои Раҳматро суроғу пай карда омадааст, аз роҳи дур омадааст. Чӣ хубе! Кошки дидаи бино медошту рафта писари ёфтаки мӯйсафедро медид, муборакбодаш мекард. Албатта муборакбодаш мекунад! Раҳмат худи пагоҳ назди кампир меояду ҳамаашро ба ӯ як ба як мегӯяд.

Ҳм, марди дилсафед аст ӯ. Кампир пешакӣ медонад, ки Раҳмат биояд, чӣ суханҳо ба забон меорад.

– Ҷоната маст кунад, Гулшане. Ҳоло ҳам хобӣ? Аз роҳпоира кӯки чашмом канду наёмадӣ.

– Куҷо? – тарафи овоз менигарад Гулшан ва дасташро дар ҳаво барои салом муаллақ монда меғурунгад: – Хонат пури гандум, маст барин гап мезанӣ…

– Хонаи мо охир, – шодиомез мегӯяд Раҳмат ва бо панҷаҳои шахшулаш дасти ӯро беозор медорад: – Дарак надорӣ?

– Ҳамаша шунидам. Муборак бошад. Кошки дигарҳо ҳам мисли ту шод гарданд. Лекин зиёфата танҳо хурдӣ.

– Эҳа, гумон мекунӣ, ки бе ту аз гулӯмон ягон чиз мегузарад? Ана ҳиссата овардам.

Вай, Гулшан ҳам шод мешавад, ҳам хиҷолат мекашад.

Шодияшро маълум намекунад, вале намедонад аз хиҷолат нигоҳашро ба кадом тараф гурезонад.

– Чиба заҳмат кашидӣ, муйсафед?

– Ҳамин ҳам заҳмат шуд? – оромона ҷавоб медиҳад Раҳмат ва зарфи пури хӯроку дастовезро ба зани Мирзошариф супорида ҳазломез мегӯяд: – Гӯё шутурат оварда бошам. Ин насиба. Аз дӯст ёд, гуфтаанд.. Кампир дар дил кӯдаквор шод мешавад. Охир ӯро фаромӯш накардаанд. Барои миннатдорӣ сухан меҷӯяд, суханҳои беҳтарин. Аммо овози Раҳмат боз ба гӯшаш мерасад:

– Омадам, ки бо дасти худам хона барамат.

– Э мани оҷиза куҷову ҷойравӣ, – саросема пичиррос мезанад кампир ва боз барои изҳори шодӣ фурсат намеёбад, зеро

Раҳмат аз оринҷаш дошта, ӯро мехезонад.

– Ин гапа нагӯй, Гулшан. Оҷизии туву биноии дигарҳо…

Вақте ки аз дарди чашм гуё заминро бо дандон меканду умедаш ба зиндагӣ намонда буд, Раҳмат ҳар рӯз хабараш мегирифт. «Гулшан, себу анорат овардам, бихӯр, рӯи дилат равшан шавад..» – мегуфт ӯ.

– Нону намаката биҳил бикун, Раҳматшоҳ, роҳи халосӣ нест, бо ҳамин дард мемурам, – нолишкунон мегуфт Гулшан.

– Ин гапҳои беҳудара мон. Дилшикастагӣ, ғамхурӣ офат аст… фоида надорад. Дард дар бадани бемор меҳмон аст, мегӯянд. Ҳамааш мегузарад, – омирона ҷавоб дод Раҳмат.

Ҳа, дард гузашт, лекин чашми бино ҳам намонд. Рӯзи оҷиз шуданаш ончунон ба даҳшат афтод, ки ба худ марг хост. Ҳм, дунёи зебо ба шаби сиёҳ табдил ёфт, аз шаби сиёҳ ҳам сиёҳтар, тип-торик. Ҳамон вақт ҳам чашмонашро хеле молид, вале чизеро надид, ҳатто рӯи набераашро. Ба талвоса афтод, бо ангуштони ларзон ба навбат пилки чашмонашро поину боло кашид. Бефоида. Ҳатто мисли пештара хира ҳам бошад, чизеро надид. Фиғон кашид, даст сари зону зад. Ба Мирзошариф, ки ҷонҳавлӣ гирдаш мегашт, фармуд, ки дурусттар ба чашмонаш нигарад. Сад маротиба нигарист бача. Ба овози гирифта ҷавоб дод, ки ғуборе надоранд чашмонаш. Баъд келину набераҳояш гиристанд, хона мотамсаро,бозори гардон шуд.

Раҳмат омад.

– Чӣ ҳол дорӣ, Гулшан?-пурсид.

– Ҳоли мурдаҳора, – пичиррос зад вай: – Дунё дар назарам гӯр барин торик аст.. Ин хел зиндагӣ ба кӣ даркор? – Худата мард бигир, Гулшан. Чашми бинои ту Мирзошарифу набераҳоят…

Овози Раҳмат хаёле ларзид. Гулшан ҳамаашро пайхас кард.

Раҳматро сулфа гирифт. Не, ӯ маҷбуран худро ба сулфа андохт. Сипас хона хомӯши хомӯш гашт, гӯё нишастагон ба ҳайкалҳои сангин табдил ёфтанд. Гулшан донист, мӯйсафед лаб таги дандон ниҳода бесадо ашк рехт. Вай ҳатто пай бурд, ки китфону риши муйсафед майда-майда ларзиданд ва ба чашми дигарон ҳам об давид. Хайрият хомӯшӣ шикаст, балки худи кампир онро барҳам дод. Гуфт, ки зиқ нашавед, қисмати ман ҳамин будааст, чӣ кор кунам? Хайр то имрӯз ҳафтод пушти инсон бо ҳамин сухан худашро тасалло бахшидааст. Вагарна лаънат ба ҳамин хел қисмат, ки дар дами пирӣ оҷизат бикунад! Боз хандаву шӯхӣ оғоз ёфт, нақлҳои аҷиб ҳам карданд. Вақти рафтан Раҳмат ҳамин асои бодомиашро ба ӯ бахшид. Гулшан миннатдор шуд. Охир, барои одами оҷиз асо мисли дастгир зарур аст.

Дар тӯли се сол вай ба кӯрӣ одат кард. Ҷои чашмони нобинояшро гӯшу ҳуш, дасту асояш гирифтанд. Булбулаки ширинзабонаш – Шаҳбону чӣ? Агар ӯ набошад, дили кампир аз тангӣ торс мекафад Ҳар рӯз вай аз дидаву шунидааш нақлҳои тоза ба тоза мекунад.

Кампир паҳлу гашт ва бо панҷааш сари набераашро ёфта навозиш кард, сипас кокулони мисли бирешим мулоиму майдабофии Шаҳбону ба кафаш омаданд. Онҳоро шумурд ва саҳар аз садои сулфаи Мирзхошариф бедор шуд. Дасташ ба болишти холӣ расид. Ширинзабонаки мома – Шаҳбону набуд.

Вай барвақт хеста, сабадро гирифта ба боғ даромадааст, то себу шафтолуҳои рехтаро бичинад.

Мирзошариф ба очаҷонаш хайрухуш кард, то ки ба кор равад. Гулшан чун ҳамеша ба вай «роҳат сафеду корат бобарор шавад» – нагуфт. Балки бо гӯшаи рӯймол кунҷи лабонашро пок карда бедимоғ пурсид:

– Бачам, илоҳӣ хонаат пури гандум шавад, ҳамин хел меистӣ?

– Чӣ кор кунам, очаҷон?

– Бузғола гум шавад, чанд кас ба суроғаш мебарояд, – овози кампир гиряомез баромад: – Ҳамон додари нозанинат ҳеҷ ба ёдат мерасад? Чашми бино медоштам, худам рӯи олама мекафтам..

Мирзошариф музтар монд. Воқиан шаб худаш ҳам дар ҳамин хусус хеле фикр кард ва як кунҷи дилаш хиҷил буд.

Охир дар зиндагияш тамоми чиз мерасад, ғайр аз додар. Вай хаёлан додари зиндаҷудояшро пеши назар меорад: марди қоматбаланд, хушсимо, бамаънӣ, ҳангоми суханронӣ аз забонаш гуё шаҳд мерезад.. Ва дили Мирзошариф ширин-ширин гум мезанад. Охир модараш доимо таъкид мекунад, ки Мирзолатиф нусхаи раҳмати падарат буд ва амакаш ҳам барои ҳамин ӯро бурд.

Ана аз ҳамон рӯз инҷониб Мирзошариф мисли моку саргардон шуда, боз бародар ҷустан дорад. Вай ҳамин, ки ба одамони ниёзманд рӯ ба рӯ меояд ва хоҳишашонро мешунавад, хиҷолатомез мегӯяд:

– Узр дорам, нури дида. Бахт ёрам шаваду додарамро биёбам, модарам осуда гардад, хонаатро ҳам мепӯшонаму дару тирезаҳоро ҳам месозам. Охир аз одам танҳо некӣ ба ёдгор мемонад.

Ба наздикӣ Мирзошариф аз водии Кӯлоб бениҳоят хурсанд омад. Шумо гумон мекунед, ки вай дар ин сафар додарашро ёфт? Не, лекин дӯсти айёми кӯдакиаш Рустам – додарзодаи ҳамдеҳааш мулло Ёқубро пайдо кард. Ҳарчанд ки Рустам – саринженери базаи автомобилӣ аз ин боздид шод гаштанашро зоҳир насохт ва ба назар ҳатто бемеҳр ҳам намуд, Мирзошариф ончунон ба ваҷд омад, ки ӯро бародарвор ба оғӯш кашиду бо овози ларзон пурсид:

– Маро шинохтӣ ё не? Ман Мирзошарифам, бачаи кампири Гулшан, дар ёдат ҳаст? Ҳамроҳ бо хар алаф меовардем, дар шохобҳои Кофарниҳон оббозӣ мекардем.

Рустам дам назад, танҳо дар лабонаш хаёле табассум дамид ва нигоҳи чашмони хаставу маҳзунашро ба чеҳраи шукуфони усто Мирзошариф дӯхту сар ҷунбонд. – О нури дида, барои чӣ аз деҳа гурехтӣ? Ун вақтҳо дар бораи ту як гапу қиссаҳои баде мешунидем, ки гуфтан надорад. Хайрият, зиндаву саломат будаӣ, – гуфт Мирзошариф ва ба қиёфи чун мардони қуҳансоли заҳматкашида обутоб ёфта, пешонии пурчин, муйсари мошубиринҷи Рустам нигариста гилаомез илова кард: – Роҳи деҳа, хешу таборро фаромӯш кардӣ, нури дида? Як порча хат ҳам нанавиштӣ, ин нағз не…

Баъзеҳо аз он тарафи дунё соле як, ё ду маротиба омада, зодгоҳ, хешу таборашонро мебинанд.

– Фурсат нарасид, – хиҷолатомез гуфт Рустам ва нафаси чуқур кашид: – Ягон вақт, насиб кунад, меравам.

– Ин гапат баҳона, нури дида. Наход дар чил сари сол барои дидани зодгоҳ, ёру ошно вақт наёфтӣ? Ҳар моҳ Душанбе мерави-а? Як бор сари қадам дароӣ, намешавад? О дар деха амак дорӣ, мулло Ёқуб. Дар ёдат ҳаст? – Мирзошариф кунҷковона ба чашмони Рустам нигарист. Вай панҷаҳояшро ба ҳам молида дандон сафед накард ва ақаллан аз рӯи дил бегонавор ҳам аҳволи амакашро напурсид. Аз ин муомилаи ӯ дили Мирзошариф таҳ кашид ва ба худ хулоса баровард, ки одам аз назди хешу табор дур шавад, меҳру муҳаббаташ мекостааст.

– Ҳоло ҳам зинда ҳаст? – ногоҳ пурсид Рустам.

– Ҳа, муйсафед шудаааст, салааш дег барин, ришу фашаш бадвоҳима… Одами бадавлат аст, бачаҳои хуб дорад.

– Ҳамон солҳо ҳам бадавлат буд, – вақте ки ба хона рафта, дар ҳуҷра нишастанд, дар сари дастархон пичирос зад Рустам ва Мирзошариф дид, ки лабони ӯ мисли одами дардманд фишурда шуданд: –Лекин муллоӣ намекард…

– Баъзеҳо ба пирӣ расанд, нури дида, худошиносу насиҳатгар мешаванд, – гуфт хаёломез Мирзошариф ва хандид: – Ин як машғулият, таскини дами пирӣ аст. Хайр, ба деҳа рафта, чӣ бигӯм?

– Ба модарат, ба ёру ошноҳо, агар маро фаромӯш накарда бошанд, салом расон, – пичирррос зад Рустам.

– Ба мулло Ёқуб чӣ? – пас аз хеле хомӯшӣ пурсид Мирзошариф ва илова кард: – Мӯйсафед хурсанд мешавад. Худа-130 та аз хешҳо дур нагир, қуввати диланд онҳо. Хоҳӣ – нахоҳӣ мисли гӯшту нохун бо ҳам пайвандед, нури дида, ягон рӯз даркор мешаванд.

Рустам, ки бо сари хамида меистод, китф дарҳам кашид ва хастаҳол оваз баровард:

– Бигӯ, ки зинда аст, ҳамин бас.

Мирзошариф шомгоҳон, гарду ғубори роҳро аз сару либосаш наафшонда ба ҳавлии мулло Ёқуб даромад. Мӯйсафеди сиёҳтоби баланқомат, куртаи қадимадӯхтаи гарданаш шероздор ва эзори суфи оҳорӣ дар тан, рӯи се қабат яккандози болои кат каҷпаҳлу нишаста, тасбеҳ мегардонд. Вай бо нигоҳи карахту беҷонаш ҳанӯз аз назди дарвоза Мирзошарифро истиқбол гирифт, вале ҳарфе назада, чашмони сурхтоби обравашро аз ӯ намеканд, яъне аз ваҷоҳати усто донистанӣ буд, ки ба чӣ мақсад ба даргоҳи ӯ қадам ниҳодааст. Писарони мулло

Ёқуб усторо бо эҳтиром пешвоз гирифтанд ва кунҷковона гуфтанд:

– Хӯш омадед, акаи усто, шамоли куҷо Шуморо ба хонаи мо овард? Моро ҳам ёд мекардаед

– Ҳа, нури дида, бобои Муллоро як зиёрат кунам, гуфтам,

– ба кат наздик шуда, бо овози баланд маънидорона гуфт

Мирзошариф: – Ин кас ҳам одами табаррук шудаанд.

пешина
аз 30
навбатӣ