Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

XIII

Агар ташвишу изтироби санҷишу имтиҳонсупориро ба ҳисоб нагирем, таҳсил хуб буд. Ба гуфти муаллим Сабурӣ, ҳосили меҳнати яксоларо аз ғалбер мегузаронему ба сӯи қуллаи дуюм равон мешавем.

Вале Раҳматшоҳ рӯзу соат мешуморад, ки кай имтиҳонҳо ба охир мерасанд. Вай ду санҷишро таъҷилӣ супорид. Дар хона ӯро модари пир, зан ва чор нафар сиёҳсари меросхӯраш, инчунин корҳои зиёде интизор аст. Бояд хонаҳоро таъмир, барои чорво коҳ захира кунад, ҳезуму хӯроки яксолаи хонаводаро ҳам омода созад.

Раҳматшоҳ аз рӯи нанг ба донишгоҳ дохил шудааст. Дар ҷамъомаде ӯ дарси як муаллими ҷавонро таҳлил карда, баъзе камбудиҳояшро ошкоро гуфтааст. «Аввал соҳиби маълумот шав. Ман панҷ сол ҷигар хун карда, диплом гирифтаам. Ҳм, омӯзишгоҳро базӯр тамом кардаиву худатро олим метарошӣ...»

− таъна задааст муаллими ҷавон.

− Як соли дигар ҳамроҳатон мехонам, бачаҳо. Баъд таҳсилро ғоибона давом медиҳам, − гоҳ-гоҳ мегӯяд ӯ ва хаёломез ба сурати аҳли аёлаш, ки бари девор овезон аст, менигарад. Дар акс модар ва зану фарзандон нигоҳи гармашонро аз Раҳматшоҳ намекананд. – Кампир бисёр ғам мехӯрад... Ба очаи бачаҳо ҳам мушкил: кору ташвиши хонаву колхоз, тарбияи фарзандон... − Ӯ суханашро бо ҳазл анҷом медиҳад.

− Дар ҷавониаш пир мешавад...

− Парво накун, боз ҷавонтарашро меёбӣ, − луқма мепартояд Раҳимбек.

− Дигараш насиб накунад, − хаёломез пичиррос мезанад Раҳматшоҳ ва ба сурат ишора мекунад: −

Бачаҳоро бин: як нигоҳ, як ханда, як сухан, як тора мӯяшон аз сад зани ҷавон авлотар...

− Ҳм, ту соддаӣ, мӯйсафед, − маломатомез мегӯяд Раҳимбек. – Зани ҷавон ҳам бача мезояд...

Беҳтараш кайфу сафо карда бигард...

− Ақлу ҳуши ту, бача, мудом побанди кайфу сафост, − ғурғуркунон мегӯяд Раҳматшоҳ. −

Шикамбузург ба мақсад намерасад. Ба фикрам, то ҳол ягон ҷоятро мӯрча нагазидааст...

Баробари имтиҳонсупорӣ мо ба сафар тайёрӣ медидем. Аллакай номи гурӯҳамон маълум: «Парасту».

Бачаҳо дар тахтапушти куртаҳои кориашон бо ҳарфҳои калон ин номро навиштаанд ва бо ҳавас онро пӯшида, ба сайр мебароянд. Аз рӯи нақшаи пешакӣ мо бояд рафта, барои сокинони як деҳаи дурдасти кӯҳистон, ки аз тармаву борон кулбаҳояшон вайрон шудааст, хона, бунгоҳи тиббӣ бисозем.

− Кори хайр мешавад, − мегӯяд муаллим Сабурӣ сурфакунон. – Дар рӯзи тангӣ дасти фитодаеро гирифтан сифати беҳтарини инсон аст. Тамоми ачдодҳои шумо танҳо дар бораи кори хайр фикр мекарданд...

Духтарҳо дар шаҳр мемонанд. Онҳо даври меҳнатиро дар корхонаи бофандагӣ мегузаронанд. Ин ба

Раҳимбек тамоман нафорид.

− Бе духтарҳо он ҷо рафта чӣ кор мекунем? Одам девона мешавад, − бедимоғ гуфт вай. − Қайс аллакай аз духтур хат гирифтааст. Кор карданаш мумкин набудааст, − ӯ айёрона хандид. − Ман ҳам илоҷамро меёбам...

Рӯзи дигари ин гуфтугӯ хабари нохуше расид ва мисли он ки ба хонаи мӯрчаҳо об рехта бошанд, ҳама бесаранҷом шуданд. Аз шӯъбаи милиса дарак додаанд, ки дар роҳи Варзоб аз садамаи «Жигули»-е, як донишҷӯй ҳалок, дигарҳо сахт маҷрӯҳ шуда.

− Кӣ бошад?

Бачаҳо ба қаёфаи карахту аз ғояти тарс рангпаридаи якдигар суоломез менигаристанд. Ҳеҷ кас ҷавоби аниқ дода наметавонист. Воқеан, аз байни донишҷӯён чанд тан мошин доранд. Ва ин лаҳза ҳар кас бешак дар бораи шахси наздики худ меандешид, ба хаёлҳои азобовар мерафт.

− Аз якдигар пурсидан муроде ҳосил намешавад, − андешаманд гуфт бобои Занбӯр, ки баъди шунидани нохушӣ беқарор шуда буд. – Рафта бо чашматон бинед.

Ману Раҳматшоҳ роҳӣ шудем. Насим ҳам шарик гашт. Дар истгоҳ Назокат ба мо расид. Сару рӯяш арақшор ва мӯйҳояш мисли ҳолаш парешон буданд.

− Чӣ гап шудааст? − ҳаросону кунҷковона пурсид ӯ ва бо рӯймолаке арақҳои гирди лабонашро пок кард. − Чизеро шумо аз ман ниҳон медоред, − ранҷишомез гуфт ӯ.

− Ташвиш накаш, тинҷ аст, − гуфт Раҳматшоҳ ва Назокатро аз роҳ баргардонданӣ шуд, аммо ӯ якравӣ кард.

− Ин ҷо истодан барои ӯ азоби алим аст. Рафта бинад, дилаш ором мегирад, − оҳиста гуфт Насим.

... Мошини ба ҳамаи мо шинос дар канори роҳ меистод. Вале он ба кулоҳи ғиҷиму лахт-лахти сурхчатоб, ки солиёни зиёд таги барфу борон мондааст, шабоҳат дошт. Ва ҳеҷ кас бовар намекард, ки дирӯз ин мошин нав буд.

Дар шафати мошин ду нафар нозири роҳ ва як ҷавони тақрибан биступанҷсола ҷои фалокатро чен карда, рӯи коғаз чизе менавиштанд. Магар онҳо аз ин хел ҳодисаҳо пурдида шудаанд, ки дар қиёфаашон бепарвоӣ, беғамӣ ҳувайдо буд ва ба мо нигоҳе накарданд. Шояд пиндоштанд, ки мо низ роҳгузари кунҷков ё тамошогари ҳангоматалаб ҳастем. Хушҳолона саргарми кори худ буданд. Вале шӯхиҳояшон ба гӯши ман ниҳоят дағал ва бемаънӣ мерасид. Суруди якнавохти дарёи Варзоб он лаҳза мисли навҳаи модар ҳазину ғамолуд буд.

Ба мошин наздиктар шудам ва диламро даҳшат, баданамро ларзише фаро гирифт, нафасам танг шуд.

Охир, рӯи роҳ ва ҷо-ҷои чархҳои мошин хунолуд буд. «Ин хуни кист? Кадомаш ҳалок шуда бошад?

Ҳамроҳи онҳо боз кӣ будааст?» − пурсидам аз худ. Ба хаёлам, ҳоло ҳама дар cap ҳамин андешаро доштанд.

Нигоҳам аз рӯи мошин ва хоку санги хунолуди канори роҳ лағжида ба Назокат бархӯрд. Вай ҳайкалвор рост меистод ва гӯё мошин душмани ғаддораш бошад, бо кароҳат ба он менигарист. Чеҳраи ваҳшатзадаи духтарак ончунон рангпарида ва пурандӯҳ буд, ки раҳми касро меовард.

Назокат чанд ҳафта боз мисли одами роҳгумзада хиҷилу сархам мегашт, худро аз шиносҳо канор мегирифт. Чеҳрааш таровату зебоии пешинаашро гум карда, дар он нақши ғами гароне ба чашм мерасид.

Ӯ имтиҳонҳоро базӯр супорид. Сабабаш мисли рӯз ба ҳама равшан. Раҳимбек дар ин рӯзҳое, ки аз рӯи аҳди пешакӣ бояд тӯй ва ақди никоҳ мекарданд, аз вай, дурусттараш аз тифли батнаш рӯй тофта, дунболи дугонаи Латофатро гирифт. Бори ин нангро бардоштан барои духтарак, албатта осон нест.

Суханҳои нештардори ҳамдарсон, таънаву маломати мардум, обрӯи падару модар ва шаъни поймолшудаи худро акнун фикр мекунаду азият мекашад. Вай ба талвоса афтода, мисли мурғи пойсӯхта ба чор тараф медаваду намедонад, ки сарашро ба кадом девор занад, додашро ба кӣ арз кунад. Ҳм, як моҷарое, ки пеши касе лаб кушояд, забонаш ва агар хомӯш истад, ҷонаш месӯзад.

− Ин рафторат, ошно, аз рӯи оини ҷавонмардӣ нест, − дина ҳангоми нонушта ба вай дӯстона гуфт

Раҳматшоҳ. − Ҳама, падару модараш ҳам медонистаанд...

− Хайр чӣ? − чашмонашро айёрона бозӣ доронда луқма партофт Раҳимбек ва масхараомез хандид. −

Раҳмат гӯянд, ки ман чанд моҳ бо духтарашон гаштам...

− О инсоф ҳам даркор, ошно! − Раҳматшоҳ оташин гашт. − Виҷдонат азоб намедиҳад? Ақаллан ба кӯдакаш тӯҳмат назан.

Раҳимбек ин маротиба баланд, бешубҳа ба ҳоли Раҳматшоҳ хандид.

− Ту чаро инқадар ғами ӯро мехӯрӣ? Гӯё падараш бошӣ... О мефаҳмӣ, агар ман кӯдаки ҳамаи ин... ба зимма гирам, қаҳрамонпадар мешавам, − чеҳраи ӯ ба ҷиддият моил шуд ва дар қаъри чашмонаш оташаке барқ зад. Вай қоматашро ба тарафи Раҳматшоҳ хам карда, хусуматомез ғурунгид. − Аввал аз паси писари раис давид-а? Ту инро нағз медониву боз гап мезанӣ. Ҳм, кӯдакаш? − овози Раҳимбек ба ғазаб омезиш ёфт. − Гуфтам, ки духтурҳо шинос, нобудаш кун, аблаҳ розӣ нашуд. Ана фаҳмидӣ, гунаҳкор кӣ будаст!

Худаш! Э мӯйсафеди гаранг... − Раҳимбек ришхандзанон даст афшонд. − Даҳ-бист назокатнусха аз паси ман медавад. Ту ғами ҳамаи инҳоро беҳуда нахӯр, ки пеш аз арӯсат пир мешавӣ...

− Ту, ноинсоф, бо кадом рӯ ба духтар гуфтӣ, ки тифлашро нобуд кунад? Аввал ин ки ин кирдор аз рӯйи қонун ва шариат одамкушӣ ҳисоб меёбад. Дуюм ин ки вай ин аблаҳиро бикунад, тамоми умр безирёт мемонад… − бо пайкару овози ларзон гуфт Раҳматшоҳ.

Ман, ба ростӣ, пакар гашта, мисли одами афсуншуда нигоҳамро аз Раҳматшоҳ намекандам. Вай шояд аз бемадорӣ акнун ба пуштаки курсӣ такя карда, карахту қаҳролуд ба сақфи хона чашм медӯхт.

− Ин гапҳо ба як тин намеарзанд, − айёрона чашмак зада, боз гуфт Раҳимбек ва аз ҷояш хест. −

Илоҷашро меёбаму об ба лаби ҷӯй баробар мешавад. Нозбардорҳо ҳастанд. Мошин гирифтан лозим...

Ӯ нописандона аз дар баромад.

− Ӯҳ морбозе! − бедимоғ пичиррос зад Раҳматшоҳ. − Ҳамин ҳам одаму соҳиби дил... Пагоҳ диплом мегирад, омӯзгор мешавад. Нозбардораш кӣ? Декан... Назокат ҳам аблаҳ, беақл. – Раҳматшоҳ хашмгинона пиёларо рӯи миз чархонд. − Ба доми ин маккори бемағз муфт афтод, лӯхтак, бозича..., акнун саг барин азобашро мекашад...

Бегоҳ, косаи сабри Назокат магар лабрез шуд, ки дар ҳузури ҳамдарсон аз гиребони Раҳимбек дошта, ӯро кашолакунон назди декан бурд. Касе намедонад, ки он ҷо ба сари чӣ маслиҳате омаданд. Лек ҳама як гапро мегӯянд: баъди ин хел дилсиёҳӣ ниҳоли зиндагии одам ҳеҷ гоҳ дуруст реша намедавонад ва меваи ширин намедиҳад.

Ҳоло Назокат магар ёрои рост истодан надошт, ки аз мошин дуртар, дар сояи чанор бо эҳтиёт сари по нишаст ва бо кафи дастон рӯяшро паноҳ кард. Алҳол пай бурдам, ки вақтҳои охир ӯ мудом куртаи васеъ мепӯшад, то ки одамон тифли батнашро пай набаранд.

Насим аз мошин чашм намеканд ва бо ангуштон пешониашро мепалмосиду чини ҷабини ӯ торафт афзунтар мегашт. Раҳматшоҳ гирду пеши мошини «маҷрӯҳ» тор танида, шишаҳои шикаста, ҷойҳои маҷақшудаи онро даст-даст кард, баъд аз тиреза cap халонда дид, ки рӯи нишастгоҳ хуни зиёде рехтааст. Ӯ бо ҳарос худро қафо кашид, ҳатто бо кароҳат аз мошин рӯй тофт. Тарафи нозирони роҳ равон шуд.

− Ин ҳодиса кай рӯй дод? − пас аз андешаи зиёд лабони хушкашро бо забон тар карда беҳолона пурсид ӯ.

− Се-чор соат пеш... − бемайл ҷавоб дод як милиса ва бо ситеза пурсид: − Пурсидану донистан шарт аст?

− Ҳа... Ин мошини ҳамкурс, рафиқи мо, − пичиррос зад Раҳматшоҳ. − Кӣ ҳалок шудааст?

Онҳо акнун ба мо, дурусттараш, ба Назокат зеҳн монданд.

− Шофираш ҷо ба ҷо... − сақич хоида фориғболона гуфт ҷавон. − Ниҳоят тез омадааст, бо суръати аз сад баланд, худашон, духтарҳо маст, магнитофон... бетаҷриба...

− Мошин безабон аст, лекин меъёр дорад, − нафаси чуқур кашида ғурид милисаи шофбурут. − Се нафари дигар ҳам сахт маҷрӯҳ шудаанд. Беҷогардӣ, нопокӣ фалокат пеш меорад...

− Духтарҳо низ ҳамдарсҳои шумоанд? − кунҷковӣ кард ҷавон, вале касе ба ӯ ҷавоб надод.

− Ҳамаашро аз табобатхона фаҳмидан мумкин, − гапро кӯтоҳ кард милисаи шофбурут.

Боз сӯи шаҳр баргаштем.

... Дар сояи дарахтони саҳни табобатхонаи шикастабандӣ ҷо-ҷо одамони зиёд, марду зан, пиру ҷавон меистоданд. Ва аз байни онҳо чеҳраи шиносе дарҳол диққати маро ба худ кашид. Ин марди таҳамтани баобутоби сурхинарӯй падари Қайс буд, ки дасти чап дар кисаи пиҷак, бо салобат ин тарафу он тараф қадам ниҳода, ба се марди каллаҷунбони атрофаш, ки зоҳиран худро беҳад ғамгину мусибатзада вонамуд мекарданд, таскиномез мегуфт:

− Худаш зинда мондааст, давлати калон... Мошин кирои гап не. Боз наваша, аз ин беҳтараша мегирем.

− Рафиқаш ҷувонимарг шуд, − пичиррос зад яке.

− Ҳа-а, насибаи зиндагиаш то ҳамин рӯз будааст, − луқма партофт падари Қайс ва паси гардани ғафсашро, ки гӯё равған молида шуда буду дар шӯълаи офтоб ялтирос мезад, кафмолкунон илова кард: − Бахту насиба бинед, ки вай мошин ҳай мекардааст.

Назокат, ки карахту бемадор рост меистод, чашмони ҳаросону пурандӯҳашро пӯшида, як такон хӯрд.

Раҳматшоҳ рамузгирона худро ба тарафи ӯ афканд ва аз китфонаш бародарвор дошт, ки наафтад.

Духтарак оҳиста нолаи талхе баровард ва барои он ки фиғонашро касе нашунавад, пушти дасташро газиду дар ҷояш нишаст. Ману Насим ҳам хостем, ки ба ӯ мададе расонем. Аммо чӣ мадад?

Сарҳисобамон гум, чанде болои сари онҳо рост истодем.

Аз чашмони зебои Назокат қатра-қатра ашк таровида, рӯ-рӯи рухсораҳои заҳиртобаш лағжида, ба доманаш мечакиданд. Ӯ мисли одами захмин нолишкунон ва бо овози ларзон пайваста як гапро такрор мекард:

− Номард, маро мобайни роҳ партофтӣ... Ҳавою ҳаваси мошин охири охирон сарата хӯрд...

Хайрият, дар ҳамин лаҳза аз куҷое Гулсоро пайдо шуд. Вай Назокатро ба оғӯш кашида, хезонд ва дар гӯшаш чизе гуфта сӯи дарахтзор бурд. Раҳматшоҳ қоматашро бардошта, нафаси чуқур кашид ва чашмони ҳавзи обашро аз мо ниҳонӣ бо дастрӯймол пок кард.

Ба атроф назар афкандам. Баъзеҳо зоҳиран ҳамдардона, қисме ҳайратомез ба гӯшаи чашм ба мо менигаристанд. Аммо аз падари Қайсу ҳамроҳонаш на пай буду на ҳайдар, гӯё замин онҳоро ба комаш фурӯ бурда.

Рӯзи дигари чиллаи тобистон тобути Раҳимбекро аз мурдахона бароварда, ба деҳа гуселонидем. Дар маросим танҳо Назокату Латофат иштирок надоштанд. Шабонгаҳ Назокат сахт бемор шуд ва мошини ёрии таъҷилӣ ӯро беморхона бурд. Аз рӯи гуфтаҳо, пой ва дасту қабурғаҳои Латофат ҳам шикастаанд ва ӯ ҳамроҳи дугонааш дар палатаи шафати Қайс мехобидааст. Аз ин дили касе насӯхт. Гӯё ҳама ин пешомадро медонистанд, балки чашмдор буданд.

Ҳамон бегоҳ боз Насиму Раҳматшоҳ ва маро ба шӯъбаи милиса ҷеғ заданд. Ва як бӯғча сарулибоси ғиҷимро назди Насим партофтанд. Вай табассумкунон либосҳоро тагу рӯ кард. Аввал пиҷаку шим, сипас палтову куртаҳояшро якта-якта гирифта дуртар монд.

− Ҳамааш ҳамин? − ҳайратомез пурсид муфаттиш, ки аз либосҳои нимдошту обшуста чашм намеканд.

− Ҳа, − шармгинона пичиррос зад Насим ва табассум кард.

− Либосҳои кироӣ ҳам не. Ба чӣ мақсад онҳоро дуздида бошад? − хаёломез пурсид муфаттиш ва сигарет даргиронд.

− Инро дузд медонад, − китф дарҳам кашида гуфт Раҳматшоҳ ва кунҷковӣ кард. − Дуздро ҳам ёфтед?

− Ёфтем... Куҷо мегурезад? − ду-се бор дуд кашида, ғур-ғур кард муфаттиш ва қадамзанон гуфт: −

Муштоқи дидораш бошед, ҳозир меорандаш. Шояд ошно ё шинос ҳастед.

Ӯ ба ҷояш нишаст ва тугмаеро пахш карду ба воситаи баландгӯяк ба навбатдор амр дод, ки маҳбус

Исҳоқовро наздаш биёранд. Нафасҳо ба дарун зад, хомӯшӣ ба миён омад, хомӯшии вазнин. Дили ман –

Насиму Раҳматшоҳро намедонам − дар қафаси сина мисли гунҷишкбача парпарак мезад. Охир, бори аввал дар милисахона ба дузд рӯбарӯ мешавам. Кӣ бошад?

Ногоҳ дар кушода шуд. Аввал каллаи лайс тарошида, сипас рӯи пурмӯй ва пайкари кӯтоҳи шиносе мисли он ки ба гарданаш занҷир баста кашола мекарда бошанд, даст ба пушт ночор ба хона ворид шуд.

Карахт шудам. Дар рӯ ба рӯям шиноси дерина − Пакана сархам меистод ва аз таги абрӯвонаш гоҳ-гоҳ нигоҳи сард ва кинаварашро каҷ-каҷ ба мо меафканд. Дар ин нигоҳ шарм ва иқрори гуноҳ не, балки сангдилӣ эҳсос мешуд.

Муфаттиш милисаи ҷавонро рухсатии рафтан дод ва маънидорона ба Насим нигариста пурсид:

− Хӯш, ӯро шинохтӣ?

− Ҳа, − оҳиста чавоб дод Насим ва табассум кард. − Як-ду маротиба, ба хаёлам, дар хобгоҳ дида будам. Меҳмон буд. Лекин ҳеҷ гумон надоштам, ки аз дасташ дуздӣ ҳам меояд.

− Ҳм, акнун меҳмони мост... − бо кароҳат пичинг зад муфаттиш ва заҳрхандае дар лабонаш нақш баст. − Морро берунаш алою одама дарунаш, гуфтаанд. − Ӯ баргашта бо нафрат ба қаъри чашмони Пакана нигарист. − Ана ҳамин хел бо «ҷӯраҳоят» як-як шинос мешавӣ...

− Аблаҳ! Хабис! − наъраи Раҳматшоҳ овози муфаттишро якбора пахш кард. Ӯ чанг зада либосҳои ғиҷими Насимро бардошт ва ба рӯи Пакана кӯфт. − Ифлос! Ноодам! Мурдор!!!

Милисаи ҷавон шитобон ба хуҷра даромад. Муфаттиш ва Насим Раҳматшоҳро ором карданд.

Пайкари ӯ дарақ-дарақ меларзид, рӯяш мисли забонаи оташ суп-сурх шуда буд. Ӯ нигоҳи хашмборашро аз Пакана наканда меғуррид:

− Монед, адабашро диҳам! Ҳаромӣ, чизи дигар наёфтӣ, ки либосҳои кӯҳнаро дуздидӣ?

− Бас! − паси миз гузашта, хитоб кард муфаттиш. − Якбора хурӯси ҷангара шудӣ-ку.

Раҳматшоҳ магар акнун ба худ омад, ки гунаҳкорона cap хам кард ва узр пурсид. Милисаи ҷавон рамузгирона аз дар берун шуд.

− Адаби ин авбоши гурезаро қонун медиҳад, − бо мулоимат гуфт муфаттиш ва хастаҳолона нафас кашида афзуд: − Ин бадбахт танҳо нест, ошноҳо, ҳамкосаҳо дорад. Бори гуноҳи инҳоро шутур бардошта наметавонад... Дар БАМ ба ҷои кор роҳзаниву одамкушӣ, дар Тошканд ғоратгарӣ, ин ҷо хасдуздӣ... Боз ба рӯяш аз пӯстак ниқоб кашидааст, ки нашиносанд!

Пас аз андак хомӯшӣ муфаттиш ману Раҳматшоҳро ҷавоб дод. Насим барои забонхат навиштан истод.

− Хайрият, ба даст афтодааст, − дар берун гуфт Раҳматшоҳ, ки ҳанӯз ҳам ба худ наомада буд. −

Кофтаанд-а? Офарин! Дилам сабук шуд... Бобои Занбӯр ҳам хурсанд мешавад...

Ман аз паси Раҳматшоҳ, ки дар кӯча одатан ба ҳамроҳаш эътибор надода, тез меравад, хомӯшу пурхаёл қадам мениҳодам. Аз чӣ бошад, сарам ғуввос мезад ва дилам беҳузур мешуд. Воқеан, мабодо нигоҳам ба ягон чизи мурдор афтад, ба ин ҳолати нобоб мубтало мешавам. Алҳол пеши назарам дар ҷойҳои дуродур симои Раҳимбеку Қайс, Паканаву Нурик... мисли шабаҳ пайдо ва нопадид мешуданд.

Сайргоҳи онҳо аксаран атрофи бозор буд. Он ҷо шиносҳояшонро меёфтанд ва соатҳои дароз дар қуввасанҷ зӯри бозу меозмуданд. Туқ-туқ, туқ-туқ! Чӣ қадар гӯшхарош ва ғашовар аст ин садо. Аммо ба дили ин тоифаҳо ҳеҷ гоҳ намезанад... Дар Ёвону Роғун, даҳҳо корхонаҳои шаҳр қувваи корӣ лозим. Зӯр бошӣ, дар кор тавоноиатро нишон деҳ, нони ҳалол ёв.

Бобои Занбӯр мегӯяд, ки агар ман калони шаҳр мебудам, аввал дар кӯчаҳо донаки офтобпараст фурӯхтану шикастан, баъд тақ-тақи қуввасанҷро манъ мекардам. Яке кӯчаҳоро ифлос мекунад, дигаре гӯши мардумро мехарошад, ба асабҳо мерасад.

− Ҷӯраи Раҳимбек буд... − овози Раҳматшоҳ риштаи хаёламро бурид. − Ҳм, ба ин хел одамҳои бехосияту сагҳои дайду ошноӣ кардан баробар...

Ман дам назадам. Нафаси осуда кашида, ба осмони беканор, вале ғуборолуди шаҳр назар афкандам.

пешина
аз 17
навбатӣ