Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа
− Ин хел бошад, мард ҳисоб не, − лоқайд даст афшонд Пакана. − Духтар гуфтан мумкин.
Бо хашм аз ҷоям хестам. Аммо марди баландболои газгӯшт, ки ба ваҷоҳати гирифта ва сари хамида меистоду ба хандаи онҳо шарик намешуд, дасти серрагу пайи нақшҳои холкӯби кабуд доштаашро, ба китфам ниҳод.
− Шин, додар. Инҳо ҳазл мекунанд.
− Чӣ ҷои ҳазл? − бо ишва гуфт зан ва ба Раҳимбек рӯй овард: − Як бор ин махсумака хона биёр, шогирдҳо чунон чашмашро кушоянд, ки...
− Мон ин гапҳоро, − оҳиста овоз баровард мард ва мушташро коҳилона ба гӯшаи миз кӯфт. − Арақ нанӯшиданат нағз. Нанӯш! Мо ошнои ҷонии арақ шуда, ба ин роҳҳо афтодем. Духтарбозӣ... – пичиррос зад ӯ ва сарашро болои сандуқи дилаш ҳамоил карда, беҳолона ҷунбонд. Ӯ дар ҳамин ҳолат даме истод ва якбора хандид: − Зормонда дарди ширин аст духтарбозӣ. Лекин обрӯи ёфтагиям, − ӯ боз бо кароҳат ба гӯшаи миз мушт зад, − саг барин кӯча ба кӯча, дар ба дар гаштан...
− Нурик! − таҳдидомез нидо баровард зан ва чашмони ширамасташро нимкоф карда, ба мард дӯхт. −
Беақл...
− Чандсолаӣ? − ба сухани зан эътибор надода, пурсид мард ва чашмони хунгирифтаашро ба ман дӯхт.
− Ҳаждаҳ ё нуздаҳ?
− Ҳаждаҳ...
− Ҳм, писари акат, − вай ба рӯи синааш муште фуровард, − бистуяксола аст... Номша садқа. Чанд карат суроғ карда омад, − дар овози ӯ як ифтихори дардомез ҳувайдо буд. − Қаду қоматашро бинӣ, ҳавасат меояд. Ана китфу мана бозу. Паҳлавон аст... Ӯ ҳам то ҳол мазаи арақа начашидааст. Нанӯш, ҳеҷ гоҳ нанӯш! − Вай ба истакон қул-қул арақ рехт ва онро бардошта, рӯяш турш, бо ҳаракате тунд шаробро ба ҳалқаш рехта, истаконро бо кароҳат болои миз партофта ҳиқ-ҳиқ гирист.
− Нурик, аблаҳ... занмиҷоз нашав! − бо овози баландтар хитоб кард зан. − Ту дар пои ман баста нашудаӣ, чор тарафат қибла... − Вай ҷигот андохта ба дигар тараф рӯй тофт ва бо заҳрханда илова кард:
− Ман бе ту ҳам нағз зиста метавонам.
− Аммо ман моҳии аз об берун афтода барин бе ту нафас намекашам, − лутфомез гуфт мард ва дасташро ба гардани зан ҳалқа карда, аз бари рӯи вай бӯсид. − Барои саломатии ту,барои ёру ошноҳои ҷавонамон менӯшем. − Ӯ бо кафи даст чашмони ашколудашро поккунон шодиомез овоз баровард: − Ҳар куҷое cap мехалонем, барои мо хонаи худамон аст...
Онҳо менӯшиданду гап мезаданд. Нақли онҳо гоҳ аз водии Ҳисор ба Вахш, гоҳ аз Тошканд ба
Самарқанд мегузашт. Забони онҳо ба ҳар тараф тоб мехӯрд, ба тарзи худ одамгариву ҷавонмардиро ситоиш, буздиливу одамфурӯширо мазаммат мекарданд. Гузаштаро ба ёд меоварданд, парда аз рӯи муносибатҳои шаҳвонии якдигар мебардоштанд, зану марди дар ҷогаҳи хоб дидаашонро ошкоро мешумурданд...
Раҳимбеку Сӯҳроб навшогирд будаанд. Қайс ботаҷрибатар...
Зан даме ба хаёл рафт, сипас бархесту боронияшро ба китф партофт ва кордро ба киса ниҳоду майли баромадан кард. Пакана аз оринҷаш дошта, ӯро роҳбалад шуд. Сӯҳробу Раҳимбек ҳам аз паси онҳо баромаданд. Мард даме сӯи дар нигаристу нафаси тӯлонӣ кашид ва риши расидаашро кафмол карда, ғурид:
− Ба ин занак ҳазл карда намешавад. Ту вая намедонӣ, надонистанат беҳ. Як мардҳое дар пешаш муттаҳам, ки... Нанӯш, ҳеҷ гоҳ нанӯш! Занбозиву майнӯшӣ одама расвои олам, бадбахт мекунад.
− Амак, ҳамин чизро мефаҳмиву… − бемайл гуфтам ман.
− Мефаҳмам, лекин раҳо ёфтан мушкил. − Ӯ даме хомӯш монд. − Худат бехабар, дар поят кишан мезананд... Инро ҳоли фаҳмидани ту мушкил...
− Бачу кач дорӣ?
− Гуфтам-ку дорам. Лекин дил одат кардааст. Ана ҳамин дили аҳмақ. − Ӯ рӯи синаи чапаш муште фуровард. − Бе банд одамро мебандад. Hoc мекашӣ?
− Не.
− Афсӯс. Ба ту гап фаҳмонидан мушкил. Инҳо кайфи нос барин дарди ҳарина, одам халосӣ намеёбад.
Гови ало шудем, ҳеҷ гоҳ нанӯш! − Ӯ боз ба истакон арақ рехта, рӯяшро пурчин карда нӯшид. − Аҳмақӣ бас! Умр беҳуда гузашт, чӣ гуфтӣ?
Баногоҳ дар даҳлези хобгоҳ шӯру қиёме бархест, даводаву садои пой шир-шири боронро пахш кард.
Мард, ки ба назари ман масти лояқил менамуд, хавотир кашида, бо як чолокии ҳайратовар худро ба берун зад. Ман аз саросемагӣ пои урён аз паси ӯ тохтам. Аввал чизеро сарфаҳм нарафтам: даҳлез пури одам ва серғавғо буд. Оҳу нолаи духтаре гӯшро мехарошид. Нурику Пакана занро ба мобайн гирифта, сӯи баромадгоҳ шитофтанд. Сӯҳробу Раҳимбек гӯё ба таги замин даромаданд, аз онҳо нишоне набуд.
Ногоҳ чашмам ба Насим афтод, ки як мила мӯи бурида дар даст, музтарибҳол рост меистод ва аз ангуштони дасти росташ хун мечакид.
− Хайрият, ба худаш корд нарасид, − гуфтанд духтарҳои ваҳшатзада бо овози ларзон ва ҷабрдидаро ба хобгоҳ дароварданд. − Як бори дигар гӯё ба дунё омадӣ...
− Ин ҷавон ҷонаша харид. Дасти занро намедошт, кораш тамом буд, − луқма партофт касе. − Дами корд ба ангуштонаш бархӯрд.
Бобои Занбӯр асозанон омад ва хавотиромез пурсид:
− Чӣ гап шуд?
− Мӯи Зебои дандонтиллоро бурид, − ҷавоб дод касе.
− Кӣ? − дар чеҳраи мӯйсафед таҳайюр нақш баст.
− Як занаки маст... Чашмонаш чунон бадҳайбат, ки...
− Сазои сараш, − ғур-ғур кард мӯйсафед. − Чанд карат гуфтам, ки қадамата дониста мон, духтар. Ба мардуми беҷогард алоқа накун. Ба ман писханд зад. Хайрият, биниша набуридааст... Ту чӣ қаҳрамонӣ кардӣ? − Вай ба Насим рӯй овард. − Рав, дастатро бишӯй, дору бимол... Мӯяша ба худаш бидеҳ, ёдгорӣ...
Раҳматшоҳ аз шустушӯй баргашт.
− Ба милиса хабар додан лозим, − гуфт ӯ ва маро аз олами хаёл баровард. − Таноби ин чапдастҳоро сари вақт накашанд, пагоҳ либосҳои дигаронро медузданд... Хез, ошно, якҷоя меравем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё