Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

XII

Намедонам, ки Раҳматшоҳ кай аз тамошои телевизор баргаштааст. Шир-шири якнавохти борон, ки бод онро аз даричаи кушодаи тиреза дар фазои хона паҳн мекард, мисли навозишу аллаи модар маро ба хоби ширин кашидааст. Ҳатто чароғро хомӯш накарда, даруни бистари гарму нарм ғунча шуда, мурда барин хобидаам. Як вақт аз садое бедор шуда, гумон кардам, ки нисфи шаб аст. Дарҳол ба кати

Раҳматшоҳ нигаристам. Вай рӯи ҷойгаҳ паҳлӯ гашт. Кати Раҳимбеку Сӯҳроб холӣ буд. Маълум, ки шикорашон барор гирифтааст ва имшаб ҳам меҳмони Қайс шудаанд. Овозе набароварда аз тиреза ба берун, ба осмон чашм давондам. Борон намеборид. Дар паси тиреза равшании зарҳалии шафақ бомаром паҳн мешуд. Аз байни шохсорони дарахтони нав баргбароварда, ки аз дами боди баҳорон маҳин-маҳин алвонҷ мехӯрданд, як порча осмони каб-кабуд падидор шуд ва баҳри диламро кушод. Аз боддаро ҳавои рутубатнок, бӯи замину алаф ба машом мерасид.

Ин дафъа дар сахттар кӯфта шуд. Боз овоз набаровардам. «Ҳар кас бошад, худаш боб шавад» − гуфтам хаёлан. Охир, аз ҳазлу нағмаҳои беҷои баъзе ҳамдарсон дилгазон шудаам. Нисфи шаб, вақте ки кас дар хоби роҳат аст, ногоҳ дасте китфатро меҷунбонад ва овозе ба гӯшат мерасад. Бо талвоса аз болин cap мебардорӣ.

− Хобӣ? − мепурсад ҳамон овоз.

− Ҳа. Чӣ гап?

− Ҳеҷ гап не, ошно, бихоб, нагз бихоб... − овози истеҳзоомез ин маротиба аз назди дар садо медиҳад.

Чашматро молида-молида мекушоӣ ва мебинӣ, ки ҳеҷ кас нест. Танҳо кӯрпаи болои дигар бачаҳо реза- реза меҷунбад. Акнун мефаҳмӣ, онҳо ба ҳоли табоҳат хандидаанд. Аз қаҳру алам намедонӣ, ки муштатро ба сари худат бизанӣ ё ба пояи кат. Ноилоҷ нимхез шуда ба хандаи онҳо шарик мешавӣ... Вале хоби роҳат дигар аз чашмат мегурезад. Чи қадар ширину гуворост хоби саҳари якшанбе.

− Раҳматшоҳ, ҳо Раҳматшоҳ! − тақ-тақи дару фарёд баробар баланд шуд.

− Овози Насим-ку, − бо садои хиррӣ пичиррос зад Раҳматшоҳ ва бархеста ҷомаро ба китфаш партофту гарангогаранг тарафи дар равон шуд. − Чӣ мегӯӣ? Ҳозир...

Вай дарро кушод. Насим парешонҳол ба хона қадам ниҳод. Дар тан либоси таҳпӯш ва аз болои он ҷома дошт.

− Либосҳои маро дуздидаанд, − табассумкунон гуфт ӯ.

− Кошкӣ худатро медуздиданд. Ҳм, ҷандаҳои пурдоғу кӯҳнаи ту ба кӣ даркор? − ғур-ғур кард

Раҳматшоҳ. − Монед шӯхиҳои ноҷоро. Одамро аз хоб нофор кардан...

− Бе ҳазл мегӯям, − гапи ӯро бурид Насим. − Дуздиданд. – Дар лабони ӯ хандаи дардомез нақш баст ва аз байни мӯйлабҳои қатронияш дандонҳои шир барин сафедаш дурахшиданд. Лекин овозаш изтиробе надошт. − Ғайр аз ҳамин либосҳо дигар чизе намондааст.

− Наход?! − Раҳматшоҳ дар назарам як такон хӯрду тамоман ҳушёр гашт. Ман ҳам аз ҷоям бархестам.

− Кӣ, кай дуздидааст?

Насим ҳайратзада китф дарҳам кашид ва аранге овоз баровард:

− Медонистам-ку...

− Ягон чизи дигарҳоро ҳам бурдааст?

− Не...

− Дузди аблаҳ будааст-ку! − хитоб кард Раҳматшоҳ ва гӯё аз бемадорӣ рост истода натавонисту лаби кат амонат нишаст. − Шутурдузду сӯзандуздашро медонистам, лекин кӯҳнадуздашро акнун шунидам...

Боварам намеояд. Ба либосҳои наву қимат даст нарасонда...

− Аҷоиботаш ҳам дар ҳамин, − андешаманд гуфт Насим ва бо нешханд афзуд: − Аз ҳиматат гардам, дузд-е! Кӯҳнаҳои пурдоғи маро аз ҷинси америкоии Анвар авлотар донистааст. Ноинсоф, ақаллан палтоямро намебурд.

− Пул доштӣ?

− Ҳа, бисёр не, ҳабдаҳ сӯм...

− Ин кори ягон «ҷӯраи ҷониат» аст, − пас аз андаке сукут гуфт Раҳматшоҳ ва якбора оташин гашт. −

Қасдан дуздидааст лаънатӣ...

− Кӣ медонад... − ногоҳ яхи даҳони ман ҳам об шуд. − Дузд якта, гумонбар садта. Шояд хотири писари раис буданат либосҳоятро дуздидааст... Рости гап, ман сарулибосамро рӯи роҳ партоям ҳам, касе нигоҳашон намекунад... Туро серпул гумон кардааст.

Дидам, ки ба суханҳоям Насим бемайл гӯш медиҳад, вале раги пешонии Раҳматшоҳ аз ғояти ғазаб ҷаста чеҳраи хоболудаш тиратар гаштааст, чилави гапро ба ҳазл тоб додам.

− Бало ба пасаш, ғам нахӯр, ошно. Ман ба ҷои ту бошам, дуздро ёфта зиёфат медодам. О ҷонатро аз ҳамон кӯҳнаколаҳо раҳонд. Ба мӯйсафед як бор занг бизан, чанд ҷуфт сарулибоси нестандарҷаҳон мефиристад.

− Ба кадом мӯйсафед? − асабинамо пурсид Раҳматшоҳ.

− Ба паханаш... Вай соҳиби як колхози дакадангу ин гаранг ғами либосро мехӯрад, − гуфтам ҷиддӣ.

Хандаи баланди Насим гӯё бар сарам оби сард рехт ва маро ҳушёртар кард. Намедонам, ки ӯ бо завқ хандид ё бо алам, ба ҳар ҳол, дар чашмонаш об пайдо шуд.

− Бо мӯйсафед, ошно, солҳо боз қаҳрием. Ранҷидааст, − худашро аз ханда базӯр дошта гуфт ӯ. − Ба вай занг задан ниҳоят мушкил, аз вай пул пурсидан, эҳе, кори дастнорас. Ҳм, охир вай мисли ман боз понздаҳ-бист писари дигар дорад...

− Аз як зан?

− Не-е, шумораи занҳояш беҳисоб, − боз қоҳ-қоҳ зад ӯ. − Дар ҳар деҳа хонаву зан дорад. − Ӯ акнун оби чашмонашро поккунон нигоҳи беғашашро ба ман партофт ва бо ҳамон оромӣ ва табассуми азалияш маро таскин дод: − Ғам нахӯр, ошно, ягон кас дар ин замона луч намондааст...

Насим баргашта ба Раҳматшоҳ, ки дар банди андешае буд ва бо панҷаҳояш пешонияшро мемолид, узромез гуфт:

− Аз хоби ширин нофорат кардам-а? Хайр, ин гапа овоза накунед, бачаҳо... Дилам танг шуду назди шумо омадам. Акнун ҳамааш гузашт. − Насим лаҳзае ба хаёл рафт, сипас гапро ба дигар тараф бурд. −

Ҳаво соф шудааст, дигар борон намеборад. − Ӯ баргашта рафтанӣ шуд. – Ягон илоҷ меёбам...

− Куҷо меравӣ? Исто! − овоз баровард Раҳматшоҳ ва саросема хеста дари ҷевонро кушоду чанд курта ва ду пиҷаки худро бароварда, бо тартиб рӯи кат ниҳод. − Кадомашро ки дилат хоҳад, бигир. − Ӯ андаке саросема шуд, овозаш ҳаяҷономез баромад. − Қаду басти ҳардуямон як хел, танҳо дастҳои ту андаке дарозтаранд.

− Дар кӯдакӣ бо сатил бисёр об мекашондам, − шармгинона гуфт Насим, ки ваҷоҳаташ чиддӣ, балки ғамолуд гашт ва лабонаш пир-пир париданд. Ӯ мисли одами хунукхӯрда ҷомаро ба танаш печонд ва як бор лаб кушод, ки чизе бигӯяд, аммо боз дам фурӯ баст ва ҳайратомез гоҳ ба ман, гоҳ ба Раҳматшоҳ нигарист.

− Додар, ана ҳамин навашро пӯш, ки дузди ҳаром бинаду аз алам чашмаш кӯр шавад. − Раҳматшоҳ пиҷаки қаҳварангашро ба китфи Насим пӯшонд. − Пӯш, додар, ягон андеша накун... ана ин куртаро ҳам, ба ранги пиҷак хело мувофиқ аст... Пул дорӣ?

− Дар касса камтар ҳаст. Аз ҳисоби пахта... − пас аз андаке сукут пичиррос зад Насим. − Ба як сарулибос мерасад. Чанд рӯз баъд маош ҳам мегирам. − Ӯ дудиланамо либосҳои бахшидаи Раҳматшоҳро аз рӯи кат бардошт. − Кори хандаоваре шуд, − гуфт ва сӯи дар қадам ниҳод. Дар овозаш ҳам хиҷолат, ҳам миннатдорӣ эҳсос мешуд.

− Ба милиса хабар додӣ?

Ин саволи Раҳматшоҳ ӯро пеши дар боздошт.

− Не... Кирои милисабозӣ намекунад, − бо табассум гуфт ӯ ва ба паҳлударӣ такя партофта афзуд: −

Айб мешавад...

− Айб? − чашмони Раҳматшоҳ аз ғояти ғазабу ҳайрат дурахшиданд. − Дуздро ранҷонидан намехоҳӣ?

− хандаи кинояомези ӯ дар фазои хона ғулғула афканд. − Дили раҳмин доимо ғамгин, мегӯянд. Киро надоштааст! Ҳм, қасдан дуздидааст либосҳоятро! Ин нобакорро ёфта, ҷазо дода, шарманда кардан лозим.

− Раҳматшоҳ ба ман саволомез назар афканд. − Шояд ин чапдаст дузди касбӣ бошад. Ту нахоҳӣ, ман ба милиса арз мекунам. Ҳм, додар, дар зиндагӣ ҳақталош набошӣ, таги по мемонӣ...

− Ҳангомаву гапи зиёд чӣ лозим? − ором, вале гунаҳгорона гуфт Насим. − Либосҳо нав мебуданд...

− Ана ҷони гап ҳам дар ҳамин! − нидо кард Раҳматшоҳ. − Чаро вай либосҳои навро не, маҳз кӯҳнаро дуздидааст? − пурсид ӯ ва оташинона ба Насим дарафтод. − Ҷавоб деҳ! Чаро ту ландаҳур барин бепарво хобидӣ? Либосҳоятро аз таги сарат дузданду бехабар монӣ-а? Ин бениҳоят айб аст...

Ӯ даме хомӯш монд, сару рӯяшро кафмол карда, сипас бо мулоимат афзуд: − Дар таги коса нимкосае ҳаст... Ягон кас ба ту кина доштааст. Ба милиса бояд хабар дод.

Насим гарангогаранг кифт дарҳам кашид ва ноаён аз дар баромад, ҷонашро аз муҳокима раҳонд.

Раҳматшоҳ дам назада, рӯи ҷогаҳ дароз кашид. Гӯё вуҷуди ӯро дарде месӯзонд, ки аз паҳлӯ ба паҳлӯ мегашт. Ниҳоят аз ҷояш хест.

− Бачаҳое, ки ҳақталошӣ намекунанд, ба ман маъқул нестанд, − ғурид ӯ ва рӯпокуну собун, дандоншӯякашро гирифта аз хона баромад.

Маро ҳам дигар хоб набурд. Сад фикру хаёл ба сарам мезад. «Ба Насим кӣ бадхоҳ аст? Зарари вай ба ягон кас намерасад-ку. Ба гуфти Раҳматшоҳ, ин сағира гӯсолаи себхӯр барин беозор мегардад. Хайр, як бор гапаш бо Раҳимбек гурехт. Ин се-чор моҳ пеш буд. Ҳоло духтарҳо, ба гуфти худашон, кайҳо номи ӯро аз рӯйхати кавалерҳо хат задаанд, нисбат ба ӯ гапу калоча ҳам кам шудааст. Танҳо ҳамин ки аз ҳиммату ҷавонмардии Қайс сухан равад, Насимро мумсик ном мегиранду афсӯс мехӯранд, ки номи писари раисро ҳаром кардааст... Вале ин гапҳо ва ҳатто моҷарояш бо Раҳимбек ҳам ба қасосгирӣ намеарзанд. Баъд, Раҳимбек низ то ин андоза пастназар, дилсиёҳ набудагист...» гуфтам хаёлан. Ва аз чӣ бошад, пеши назарам воқеаи дигаре падидор шуд.

Ду ҳафта пеш, аввали рӯзҳои боронӣ ба хобгоҳи мо ошноҳои Раҳимбеку Қайс − Паканаи ришдор, як марди баландболо ва як зани тануманд, ки ба ҳалқаи чашмонаш кабудӣ, ба мижгону абрӯвонаш ӯсмаю сурма ва ба лабу рухсораҳояш аз ҳад зиёд сурхиву ғоза молида буд, ногаҳон меҳмон шуданд. Чеҳраи зан дар он лаҳза ниҳоят хандаовар буд. Гап сари он ки рангҳои сиёҳфоми ба мижгон, абрӯву ҳалқаи чашмон молидаи ӯро оби борон шуставу таровонда, рӯи рухсораҳои сурхосафед ва бари бинияш хатҳои кабудранги каҷукилеб кашида буд ва ба ин шаклу шамоил ӯ ба аҷузаи афсонавие шабоҳат дошт. Марди қоматболо, ки аз мӯи ба пешонӣ овезонаш оби борон таровида, ба абрӯҳои пайвандияш мешориду аз нӯги биниаш мечакид ва аз ин парвое ҳам надошт, тугмаҳои боронияшро коҳилона кушода, аз кисаи пиҷакаш лӯндаи коғазпеч бароварда, рӯи миз ниҳод ва нафаси осуда гирифта, ба Раҳимбек амр кард:

− Додар, ташкилаш бикун, ки мурдем. – Ӯ сӯи занак баргашт ва хандаи сарде дар лабонаш дамид. −

Масхарабоз барин шудаӣ, Сония. Рӯи зебота як бор дар оина бубин. − Ва аз киса дастрӯймоли чиркине бароварда хост чеҳраи занро тоза кунад. Ӯ худашро қафо кашид.

− Бе гуфти ту ҳам медонам. Аз ғамхорият безорам... − бедимоғ гуфт зан ва бо итоб пушташро тарафи мард гардонда, дастҳояшро ёзонд. – Ёрдам те… Агар булбулпочаки мӯйдарозат ба дастам меафтод, дукафонаш мекардам! − арбада кард зан. − Ҳм, ҳоло ба собуни ман ҷома нашустааст.

− Сония, ба номи ширинат қасам, ки ҳазл кардам, − хушомадгӯёна гуфт мард ва борониро аз тани зан кашида, як афшонду ба тарафи ман дароз кард. – Гир, додар.

Ҳамин лаҳза чашмам ба дастаи устухониву нуқракӯби корд, ки дар пешкисаи даруни боронии зан меистод, бархӯрду сарҳисобамро гум кардам. Ба ростӣ, диламро як ҳиссиёти ногувори таҳлукаовар фаро гирифт ва шояд ранги рӯям ҳам дигаргун гашт. Мард инро фаҳмид, ки маънидорона хандиду гуфт:

− Корд ҳамраҳи нағз, қуввати дил аст, додар... Ҳоло ту бачаӣ, ин чизро намедонӣ. – Ӯ коғазпечро кушод ва шишаро гирифта, бо корд зуд даҳони онро кушод ва афзуд − Дидӣ, аллакай як мушкила осон кард.

Мард акнун ба занак, ки пеши оинаи барқади ҷевон рост истода мӯю рӯяшро ба ифоқа меовард ва бо вуҷуди коста будани ҳусни ҷавониаш тарҳи чеҳраи дилфиребаш аёнтар мегардид, мастона нигаристу ғур-ғур кард:

− Сония, беҳуда рашк бурдӣ. Вай духтарак ду рӯз баъд диплом мегирад, соҳибмаълумот, одами калон мешавад. Мо чӣ? Кӯчагарди маишатӣ... Ё гапам нодуруст? − Ӯ акнун ба Пакана, ки рӯи кати Раҳимбек каҷпаҳлӯ зада, суратҳои деворро тамошо дошт, нигарист ва чашмак зад.

− Қадаш пасту мӯяш дароз, замина мерӯбад-е, − хамёзакашон луқма партофт Пакана. − Ман вая медонам. Вақти имтиҳонҳои қабул сад кас аз пасаш медавид. Зӯр-а? Молшиноси бало ту, акаи Нурик...

− Фитна наангез. Оламу одама қадпастҳо вайрон мекунанд, − ҳазломез луқма партофт мард.

Зан бепарво рӯи курсӣ нишаст. Ӯ чашмони хуморӣ ва сурхчатобашро ба Қайс, ки рӯи кати Сӯҳроб парӯ хобида, мисли пишак оҳиста-оҳиста хуррак мекашид, дӯхту таҳсиномез гуфт:

− Додаракам мард-а? Парвои ягон чиз надорад... Лекин имрӯз монда шуд. Осон не, қариб баробари мо нӯшид, боз мошин ҳай кард-а? Нурик, рез арақа, ки нам кашидем...

Раҳимбек дар як даст чойники пурчой, дар дасти дигар коғазпечи нону ҳасиб, ба хона даромад. Вай ончунон хурсанд буд, ки чашмонаш шӯхона бозӣ мекарданд ва ханда аз лабонаш дур намешуд. Сӯҳроб бо ишораи Раҳимбек истаконҳои қирадорро обгардон карда, рӯи миз ниҳод. Пакана мағрурона аз ҷояш бархест ва телпакашро, ки зери борон мисли пишаки ба обу лой ҷӯлида безеб гашта буд, аз cap гирифт ва афшонд. Сари ӯ бемӯй, лайс буд, аммо мӯйлаб ва риши тамоми рӯяшро фаро гирифта, ӯро пастқадтар нишон медод. Ҳангоми суханронӣ даҳони ӯ базӯр намоён гашта, лабонаш ҳолати хандаовареро мегирифтанд: кас гумон мекард, ки ду пӯстак меҷунбаду аз байни онҳо садое мебарояд.

Пакана ба истаконҳо арақ рехт ва суоломез ба зан нигарист. Вай, чашмони махмураш нимроғ, рамузгирона аз Раҳимбек пурсид:

− Ин ҷо тинҷ аст?

− Сад дар сад. Хонаи худатон ҳисоб кунед, апа, − аз ҷояш хеста, даст рӯи сина гузошт Раҳимбек ва афзуд: − Дар ин хона фақат ҳамкурсҳо, муридҳои худам истиқомат мекунанд...

− Дарбон як мӯйсафеди ланг будаст. Афташ ба ман маъқул нашуд, бисёр кунҷков, − рӯяшро турш карда, гуфт занак. − «Шумо аз куҷо, пеши кӣ меравед?...» Корат чӣ, пирбуз!

− Ҳа, бобои Занбӯрро мегӯӣ? Вай одами худӣ, − гуфт Раҳимбек ҳасибро резакунон. − Вай ҳамшаҳри додом, мур гӯям, мемурад. О мо, апа, ин ҷо сардори як гурӯҳ, обрӯ дорем... декан ҳамшаҳри очем. Ҳа, ба як почаи гӯсола шарик...

− Ин хел бошад, − зан истаконро гирифта, аз ҷояш бархест, − ин қадаҳро ба саломатии сари додарам,

− ӯ бо гӯшаи чашм ба Қайс ишора кард, − менӯшем. Бачамард се рӯз дарсу мактаб нагуфта, бо мошинаш ба мо хизмат кард.

− Хайр, вай зӯр аст. Ҳм, нахонад ҳам, диплом мегирад, − пичингомез гуфт Пакана ва лаби истаконро байни мӯйлабҳояш хаст. Зан бошад, бо дасти чап сӯрохиҳои биниашро сахт зер карда, қадаҳ ба лаб ниҳод ва шаробро бо як ҳаракати тунд фурӯ доду банди мӯяшро пеши биниаш оварда, ҳарисона бӯй кашид.

− Е-фу... оҳ... бӯяш дар гӯре! − худро ларзондаву таконда, истаконро болои миз кӯфт. Вақте ки маротибаи дуюм истаконҳо нимпур шуданд ва як шишаи холӣ аз маърака берун гашт, зан, ки зоҳиран карахт, рӯяш суп-сурх ва даҳонаш тафсида буд, сигарет дуд дода, ногоҳ чашмаш ба ман афтоду ранҷишомез пурсид:

− Чаро ту аз давра берун нишастаӣ?

− Вай махсум аст, апа. Духтар барин шармгин, − истеҳзоомез пичинг зад Раҳимбек.

− Наход? − бо таҳайюр нидо кард зан ва чашмони хумориашро карашмаомез ба ман дӯхт. − Ин ҷо биё, дар паҳлӯи худам шин, садта бизан. − Ӯ синаҳои халтамонанди овезонашро ҷунбонида, ҳӣ-ҳӣ хандида чашмак зад. − Биё, натарс... Чунон чашмат кушода шавад, ки... Аз изокашӣ ба ту чӣ мерасад?

Бачаи содда, мо ҳам духтари мулло...

Хандаи осмонкаф хонаро пур кард ва ба тахтапушти ман мӯрча давид. Акнун на ҷои гурез буду на ҷои нишаст.

− Апа, вай то ҳол нанӯшидааст, − оби чашмонашро поккунон, гуфт Раҳимбек.

− Ӯҳӯ, аз лаззати дунё бехабар будаст-ку, − ба гап шарик шуд Пакана. − Ҳм, ҳоло болои одами зинда...

пешина
аз 17
навбатӣ