Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тирамоҳ, айёми аз таътил баргаштани донишҷӯён, саҳни хобгоҳ мисли тӯйхона пуродам ва серғавғо мешавад. Ин рӯзҳо барои бобои Занбӯр гӯё ид аст. Вай ришу мӯйлабашро ба тартиб оварда, яктаҳи сафед, калӯшу маҳсӣ пӯшида, ба cap саллаи бирешимӣ мебандаду таги хавозаи ток рӯи курсие нишаста, мисли соҳибтӯй ҳамаро бо чеҳраи кушод пешвоз мегирад. Се-чор қадам дуртар аз ӯ саги пир – Симак истода, пайваста дум меликонад. Чашмони пиронаи саг ҳам он лаҳза аз дидори шиносҳои дерин медурахшанд.

− Салом, бобои Занбӯр! − аз дур нидо мекунад чанд кас. − Ана, мо омадем. Оҳ, Симака бинед! Салом,

Симак!

− Хуш омадед, писаронам, нури дида тоҷи cap! − чеҳраи мӯйсафед аз нури хушҳолӣ медурахшад. Ӯ ба асояш такякунон ба истиқболи ҷавонон бармехезад. − Бе шумо ин ҷо зеб надорад, зиқ шудам, ёдатон кардам...

Ҷавонон кӯлвору ҷомадонҳояшонро саросема рӯи роҳ ниҳода, оғӯш кушода, бо эҳтиром ба пирамард вомехӯранд.

− Бачаҳои нават буданд-ку, − гуфт яке ва шӯхиомез илова кард: − Духтарҳои нават чӣ хел?

− Ҳама нағз... Дар дили боботон барои ҳар якатон ҷой ҳаст. – Ӯ вазни ҷусса ба пои сиҳаташ бор карда, оҳиста рӯи курсӣ нишаст, чеҳраашро табассуми базебе фаро гирифт. − Бинам, ки ҳар кадоми шумо сиҳату саломат, бе дарду доғ баргаштаед, осуда мешавам. Хайр, нағз истироҳат кардед? Падару модар, хешу табор? Кӣ зан гирифт, кӣ шавҳар кард?

Бачаҳо зиракона ба мӯйсафед нигариста, ҳазломез пурсиданд:

− Дарҳол ба рӯйхат мегиред-а, бобо?

− Не, касе ба насибааш соҳиб шуда бошад, тамом, ба лаб кулӯх молида мегардад… Хайр, ба моли дигарҳо чашм ало кардан аз рӯи инсоф нест.

Мӯйсафед сидқан хандид, ҷавонон паси cap хориданд. Ногоҳ духтаре як ҷуфт ҷӯроби помирӣ дар даст, аз дари хобгоҳ баромад ва шодона сӯи навомадагон шитофт. Ӯ духтарҳоро ба оғӯш кашида бӯсид, ба бачаҳо салом кард.

− Аз хона пешат карданд, ки ин қадар барвақт омадӣ? – ҳазломез пурсид ҷавоне, ки нигоҳи ҳарисонааш рӯи базеб, пистонҳои бардамида, қаду басти дилкаши духтаракро мепалмосид. – Ин қадар хушрӯй шудаӣ, − ҳайратомез гуфт ӯ ва сурх шуд.

− Чӣ, пеш безеб будам? − бо итоб посух дод духтарак. − Дар ин ҷо аз пасам давиданат бас набуд, ки боз ба деҳа мактуби ошиқона фиристодаӣ? Бобои Занбӯрро ёд кардаму як соат аз шумо пеш расидам.

− Аз барои савоб, ин гапаш бӯҳтон аст. Бовар накунед, − ҷавон сарҳисобаш гум, имдодхоҳона ба дигарон нигарист: − Кай ман аз паси ин духтар давидам?

− Ҳар рӯз медавидӣ! − ғолибона гуфт духтар ва сӯи муйсафед чашмак зад: − Ана, бобои Занбӯр шоҳид...

− Рост. Мард бош, писар. Чашмат гувоҳӣ медиҳад, ки ... – худро ҷиддӣ гирифта гуфт пирамард.

− Бобо, ман зан, бачу кач дорам, − ҷавони содданамо ба илтиҷо даромад. − Мабодо шумо шоҳид шаведу балои дуюмро ба сарам бор кунед...

− Аспи ҷавхӯр, писар, аз ҳама зиёд беқарор мешавад, − бо ришханд гуфт мӯйсафед. − Агар аз балои дуюм битарсӣ, ба пеши пот нигоҳ карда бигард. Ҳар саҳар аз паси духтарҳо натоз...

Ханда лаҳзае саҳни хобгоҳро пур кард ва аз байни ин садо овози канда-кандаи ҷавон аранге ба гӯш расид:

− О ман барои аз дарс дер намондан метохтам. Ҳм, як гап гуфтаму дар бало мондам-ку.

− Гапат нодуруст баромад, писар.

− Гуфтанӣ будам, ки хушрӯйтар шудааст...

− Ана, мағзи гапа акнун гуфтӣ...

Гуландом ҷуфти ҷӯробро тарафи бобои Занбӯр дароз кард:

− Ин тӯҳфа аз бибиям, барои Шумо фиристод. Зимистон пӯшед, ки поятон роҳат кунад...

Мӯйсафед саросема шуд.

− Раҳмат, духтарам! − дар чеҳраи ӯ ҳам хиҷолат, ҳам мамнуният нақш баст. − Ҳамон ҷо ҳам ғами мани пиракиро хӯрдӣ... − Овози ӯ каме ларзид. − Ҷӯроби зебо будааст, дастони бибит дарда набинанд...

Аз дарвоза боз як гурӯҳ ҷавонон ба саҳни хобгоҳ ворид шуданд. Ҳамдарсону шиносон бо як шодии беинтиҳо ба истиқболи якдигар шитофтанд. Мӯйсафед хушҳолона нигоҳи меҳрборашро ба онҳо дӯхт...

Чанд рӯз баъд, шомгоҳон, вақте ки чароғҳои байни боғу гулзори хобгоҳ фурӯзон гаштанд ва атрофро бӯи махмуркунанда фаро гирифт, ҷавонон китобу дафтар дар даст ба курсиҳои таги дарахтон нишаста, ба мутолиа ва сӯҳбат пардохтанд. Дар гӯшаи ториктари боғ, дуртар аз дигарон ду пайкар мисли соя гоҳ ба ҳамдигар ҷафс ва гоҳ ҷудо мешуданд. Аз як хона садои хиррӣ, гӯшхарош, аз хонаи дигар овози ширадору гӯшнавози ҳофизе дар фазои боғ сайр мекард. Дар ҷои чашмпаноҳи гулзор духтару писаре паҳлӯи якдигар бо сари хамида нишаста, рӯи зонуҳо китоберо кушода буданд. Мӯи парешони онҳо ба пешонӣ ва бари рӯяшон мисли навдаҳои маҷнунбед ҳамоил гашта, чеҳраашонро аз чашми ғайр паноҳ мекард. Ба ростӣ, пайкари онҳо мисли ду ниҳолаки бо ҳам печида зебову асрорангез буд... Аз ҳама пеш хомӯшии байни гулзорро ғазалхонии чирчираке халалдор кард. Зимнан замзамаи чирчирак, ки шояд ҷуфти худро овоз медод, аз пичир-пичири нишастагон баландтар буд, хело ширин ба гӯш мерасид ва пеши назар шаби хомӯшу маҳтобӣ, гандумзори беканору тиллорангро падидор месохт.

Ҳамин дам садои шаппотие аз як кунҷи гулзор баланд шуд, чирчирак хомӯш гашт. Духтараке китобро рӯи синаҳояш пахш карда, ҷонсарак сӯи хобгоҳ давид. Ҷавони мӯйлабдоре ҳайкалвор рост истода, бари рӯяшро дошт.

− Ҳаққатро гирифтӣ, сағира, − пиқ-пиқ хандида пичинг зад касе. − Каллакаду, ром накарда даст намерасонанд...

− Дастам ба ягон ҷояш нарасид-е, − бедимоғ овоз баровард ҷавон. − Хостам, ки дар паҳлӯяш шинам.

Падарсӯхтае, дасташ чунон сахт будаст, ки... Девона!

− Ин аз ҳамон ғизолҳои ром нашуда, ошно, − хандон- хандон гуфт дигаре. − Ҳоло модараш бӯса накарда-дия. Хайр, хафа нашав, дасташ ба рӯят расид-ку... Ҳушёр шудӣ…

Дар байни гулгашт ханда, ғулғула ва суханҳои истеҳзоомез мисли мавҷе паҳн шуд ва он ҷавон ноаён ғайб зад. Лек бобои Занбӯр асозанон омад. Вай аз ҳавои атрогини гулзор ҳаловат мебурд ва аз гулҳои шукуфон, ки дар партави нурҳои чароғ боз ҳам пуршукӯҳу дилработар метофтанд, чашм намеканд.

− Бобо, моро посбонӣ мекунед? − ҳазломез пурсид яке. − Ё гулу дарахтон бе шумо зиқ мешаванд?

− Шумо ҳам ба ҳукми ниҳолу гулед, бачаҳо, − маънидорона гуфт мӯйсафед ва кунҷковона ба атроф нигарист? − Духтаракро кӣ ранҷонд?

Касе ҷавоб надод.

− Аз бачаҳои худамон буд ё бегона? − боз пурсид мӯйсафед.

Қисме китф дарҳам кашиданд, баъзеҳо гӯш ба карӣ зада, ба китоб чашм давонданд.

− Даракашро ёбам, алами сахт мебинад, − бо нешханд гуфт мӯйсафед ва асозанон сӯи кулбааш рафт...

− Шаҳра бедарвоза ҳисоб накунед!

Дар дунё ҳар фирқа одамон ҳастанд: яке ба баду неки касе эътибор надода, мисли соя беозор мегардад ва одами «нағз» ном мегирад. Дигаре ба хотири ёру ошно ва ҳамшаҳриҳояш ба виҷдону инсофи худ, молу мулк ва қонуну қоидаҳои муқаддаси давлат ғадр мекунад ва ӯ ҳам соҳиби номи одами

«нағз» мешавад. Боз тоифаҳое ҳастанд, ки тамоми умр аз рӯи шайтонию шӯрангезӣ, хушомадгӯӣ рӯз кӯр мекунанд, қарзи «инсонияшонро» адо месозанд ва танҳо рӯзи ҷанозаашон мешунавӣ, ки «одами нағз» будааст. Аммо бобои Занбӯр ба ягон чизи дидааш бетараф намеистад. Ӯ муросои ноҷову найранг ва шаттоҳиро ниҳоят бад мебинад. Мегӯянд, ки некии ӯ аз бунёди донишгоҳ ба писару духтарон ҳар хел расидааст: якеро то хобгоҳ ёфтан дар хонааш ҷой додааст, дигареро рӯзи тангдастӣ сарпарастӣ кардааст, сеюмиро аз роҳи хато баровардааст. Вале дар ин бора ягон бор лоф намезанад.

Ӯ ба духтарҳо падарвор мегӯяд:

− Бегоҳиҳо пас-паси девору бех-бехи дарахтҳо камтар гардед. Боз гул накарда, ғӯра набандед...

− Корат набошад, бобо, − бо ситеза посух мегардонанд баъзе духтарҳо.

− Ҷои гап омад, гуфтам, қарзама адо кардам. Пагоҳ оби чашмат шашқатор, боз пойгаҳи сад идораро охурча карда, падараша наковӣ... Ин тарафаш ихтиёрат...

Бобои Занбӯр ба бачаҳо таҳдидомез гап мезанад.

− Ҳушёр шав, писар, хуб санҷ, маъқулат шавад, ҳамроҳаш гард... Духтара бадному бепарда кардан ноҷавонмардист...

Ақидаи бачаҳо ҳам дар хусуси сифатҳои одамгарии бобои Занбӯр ҳар хел аст. Ҳар кас ба қадри ҳиммату фаросаташ ба ӯ баҳо медиҳад...

пешина
аз 17
навбатӣ