Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа
XIV
Бобои Занбӯр мегӯяд, ки инсон то пешпо нахӯрад, чашмаш кушода намешавад. Вале кам аст одаме, ки пешпо хӯраду солим монад. Қайс пешпо хӯрд, аз пои чапаш маҳрум шуд. Ҳоли Латофат ҳам хуб нест.
Духтурҳо ҷарроҳӣ карда, ду қабурғаашро бурида партофтаанд. Вай ҳам як умр азоб мекашад. Вале
Раҳимбек аз олам гузашту дар дили падару модар ва ҳатто Назокат доғу дард монд. Духтарҳои ҳамдарсамон бо навбат ҳар рӯз ӯро хабар мегиранд. Аҳволаш бад, кӯдаки норасида таваллуд кардааст.
− Ҳамааш аз касофати арақ, мошин, ҳавобаландӣ... − мудом мегӯяд Раҳматшоҳ. − Ҳушу ёди раҳматӣ танҳо ба мошину сару либос ва магнитофон банд буд... Бо одамҳои кӯчагӣ мегашт. Ҳм, Пакана ҳам ба фармуди вай либосҳои Насимро дуздидааст. − Аз чӣ бошад, Раҳматшоҳ якбора хашмгин шуд. − Агар қонун ба ихтиёри ман мебуд, аввал падари Қайс, баъд худаш, сипас Латофату дугонаашро ҷазо медодам... Муаллимҳо ҳам гунаҳкоранд. Ҳамшаҳри декан, сардори гурӯҳ гуфта, танобашро накашиданд.
Акнун баъди он ки об аз cap гузашт, маҷлис оростану моро таъкид, дуғу пӯписа кардан чӣ суд?
Насим дар ин хусус лаб намекушояд. Вай гӯё чизеро гум карда бошад, доимо хаёлӣ мегардад. Сӯҳроб ба ӯ ишоракунон мегӯяд, ки ин писари раис аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштааст, сангдил аст. Вагарна чаро Латофату Қайсро боре хабар намегирад... барои сарулибоси кӯҳнааш як ҷавонмардро ба суд дод, бадном кард...
Ҳамин хел соли аввали таҳсил ба охир расид. Аммо дар дилҳо андешаву хаёлҳои мухталиф гузошт.
Охир, пеш аз сафар рӯй додани воқиаи мудҳиш ҳамаро ба таҳлука андохт.
Дар як сол се нафар аз саф баромад, кӣ медонад солҳои оянда чӣ мешавад?
Як рӯз пеш аз сафар хонаи амакам рафтам, ки хайрухуш кунаму китобу дафтар ва либосҳоямро онҷо гузорам. Насимро ҳам даъват кардам, розӣ шуд, балки шод гашт.
− Кайҳо боз деҳа нарафтаам, − гуфт ӯ табассумкунон. − Бӯи хок, хору хаси деҳа аз ҳама чиз нағз. Ту дар умрат алаф даравидаӣ, подабонӣ кардаӣ? − кӯдаквор шод гашта пурсид ӯ
− Ҳа, лекин вақти гармо алафдаравию подабонӣ бисёр кори мушкил аст. Аз тафси ҳаво... хоку чанг ҳалқи одам тароша барин хушк шуда, ҷон ба лаб меояд, − гуфтам ман ва якбора пурсидам: − Чаро ту деҳа намеравӣ?
− Поям намекашад, − ҷавоб дод Насим ва ба рӯи ман нигариста, маънидорона хандид. Ман худро андаке гум карда, ранҷишомез гуфтам:
− Чиба механдӣ?
− Ба гапи бемантиқи худам, ошно, − кушодадилона гуфт ӯ. – Ҳам деҳаро ёд мекунӣ ва ҳам поят намекашад, ки равӣ. Хайр, магар ин аҷиб нест?
Ман дам ба дарун задам, вале хаёлам боз сӯи падари Насим парвоз кард. «Раиси худхоҳ, мутакаббир, сангдил будааст, − гуфтам дар дил. − Падари мӯйсафеди ман ду бор омада хабар гирифта тавонисту. Ҳм, боз мошини хизматрасон дорад, сарвари як колхоз. Аз афташ, вай танҳо мансабу корҳои хоҷагиро фикр мекунад. Парвои фарзанд надорад. Кӣ медонад, шояд, аз ин муғамбир ҳам гуноҳи азиме гузашта бошад.
Ё фарзанд ҳам бисёр шавад, хор мешудааст... Ба ҳар эҳтимол сире ниҳон аст...»
Кӯдакҳои амакам моро назди дарвоза бо даводаву ҳангома пешвоз гирифта, ба гарданам овезон шуданд. Модарашон аз ин манзара ба ваҷд омада, табассумкунон гила оғозид:
− Ҳар рӯз чашми бачаҳо ба роҳат чор, ки кай меоӣ. Ту назарбаланд шудаӣ... дигар ба ёдат намерасем?
− Вақти сархорӣ набуд. Имтиҳон супоридем, − худсафедкунон гуфтам ва аз кисаам сақич бароварда ба кӯдакҳо додам. Онҳо аз шодӣ қад-қад парида, печи коғазҳои сақичро кушоданд.
− Мефаҳмам, хайр, имтиҳонҳоро чӣ хел супоридӣ? − рӯи кат яккандоз густурда пурсид ӯ.
− Бад не... − паси cap хорида гуфтам ва ба Насим ишоракунон афзудам: − Насим ҳамаашро аъло супорид.
− Ана ин гапи дигар. Муборак бошад!
Насим изо кашида дар сари сӯзан нишастагӣ барин бесаранҷом шуд. Магар янгаам инро пай бурд, ки ҷилави суханро сӯи ман тофт.
− Мо аз ту, додар, куртаву ҷома, молу сарват талаб надорем... Нағз хониву бамаънӣ гардӣ, сарамон ба осмон мерасад, − дастархонро густурда гуфт ӯ. − Чой нӯшед, амакат ҳозир меояд.
...Амакам хушҳол баргашт. Маълум, ки имрӯз ягон кори аҷиб кардааст, ё одами хуберо дидааст, ё шогирдонаш ба саволҳояш нағз ҷавоб додаанд. Вай ҳамин хел феъл дорад. Махсусан, рӯзе ки шогирдонаш ба дарсу саволҳояш кунд ҷавоб диҳанд, аз худ норозӣ, дилгир мешавад.
− Нағз тайёрӣ набинанд, зарари худашон, − чун амакам аз таҳсили сусти хонандаҳо шиква оғозад, мегӯянд баъзе ҳамкасбҳои фориғболаш. − Барои ҳамин ҳам дилатро хун мекунӣ...
− Домулло, сустии хонанда нишонаи сустии мо, муаллимон аст, − бо заҳрханда посух медиҳад амакам. − Обро лой карда моҳӣ гирифтан дар соҳаи мактабу маориф ба Ватан, ба миллат зарар дорад...
Агар мо ҳалол кор кунем, хонанда доно мешавад.
− Хайр, кӣ пеши роҳатро гирифтааст? − пичингомез мепурсанд онҳо ва механданд, зеро амакам аз ин гап даме мулзам мемонад. Аммо дар он ҳолат ҳам нигоҳи тезу ришханди ӯ ба дилу ҷигари онҳо мисли ханҷар мехалад.
Ҳа, ҳоло амакам ниҳоят шод менамуд. Ин ҳолати ӯ магар завҷаашро ба ҳайрат гузошт, ки шӯхиомез пурсид:
− Усторо ёфтӣ?
− Не... − амакам хушҳолона ба мо вохӯрӣ карду боз луқма партофт: − Мулло Наим, роҳи хонаро чӣ хел ёфтӣ? Ё ин меҳмон туро овард?
Ман фурсати лабкушоӣ наёфтам, зеро завҷааш дарҳол бедимоғ ғур-ғур кард:
− Ҳамин хел хурсанд ба ҳавлӣ даромадӣ, ки гумон кардам усторо ҳамроҳат овардаӣ. Як кора ба субут расонида наметавонӣ-а?
− Аз Новосибирск барқия гирифтам, − лаби кат амонат нишаста нафасашро рост кард амакам. − Ана, бигир, худат хон, − ӯ коғазпораро ба ҳамсараш доду овозаш саршори ифтихор баромад. − Низом рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст...
− Наход! − ҳамсараш коғазро ба чашмонаш наздик оварда, кӯдаквор шод шуд. − Муборак бошад!
Хайрият, ранҷу меҳнаташ самара додааст... Табрикаш бикун. Ҳа, камтар пул ҳам фирист, шояд лозим шавад. Аз дӯст ёд, гуфтаанд.
− Меҳнати ҳалол ҳеҷ гоҳ намесӯзад... Дилам аз ӯ пур буд. Худаш ҳам пок... Ҳм, бе падару модар...
Пуштибонаш донишу заҳмат, − гуфт амакам, ки аз ғояти шодӣ барқияро гаштаю баргашта мехонд. −
Ман ана ҳамин хел бачаҳоро дӯст медорам...
Дидам, ки Насим табассум карда, ноаён, вале ба меҳр ба амакам нигарист. Дилам аз ин манзара об хӯрд...
\\\*
Бобои Занбӯр маътали гуселонидани мо будааст. Ӯ ба асояш такякунон дар ҳавлии хобгоҳ моро пешвоз гирифт ва ба кӯлвору ҷомадонҳоямон маънидорона нигарист. Насим сару гардани Симакро, ки ду қадам дуртар аз мӯйсафед истода, дум меликонд ва чашмони хаставу пурандӯҳашро аз мо намеканд, силакунон гуфт:
− Хайр, бобо, аз он ҷо бароят чӣ биёрам?
− Тани сиҳати худатро биёр, писар, − андешаманд гуфт мӯйсафед. − Ҳамин барои ман бас...
− Писари раис! − Овози Сӯҳроб сухани бобои Занбӯрро бурид. − Симакро ҳамроҳат бигир... Он ҷо бе саг зиқ мешавӣ...
Табассуми дардомезе гирди лабони Насим печид. Вай даме пешониашро палмосида, сипас кӯлвор ба пушт партофт ва чизе гуфтанӣ буд, ки овози ларзон, ба ғазаб моили бобои Занбӯр ба гӯш расид:
− Аз ҳамроҳи бемаънӣ саги вафодор беҳ, писар...
\\\*
Шомгоҳон, вақте аз байни киштзорон, талу теппаҳои сердолу дарахт гузашта, ба Ёкунҷ расидем, аллакай аз чанги хезонидаи пода болои деҳаро ғубори дудолуди тунук фаро гирифта буд ва қариб аз ҳамаи ҳавлиҳо маосу баоси гову гӯсола, бузу гӯсфанд, ҷакидани саг ба фазо мепечид. Ин ҳангома нисбат ба овозҳои якранги нақлиёти шаҳр ба гӯш фораму пурнавозиш мерасид... Гӯё дар домони зарҳалии шафақ, сар-сари ёлаи поини деҳа саворае аспро маҳмез зада, ҳаёҳуйкунон чор ҷавонаро пешандоз карда поин мехамбонд. Садои сумҳои аспи ӯ дар деҳа ғулғула андохта, шаҳомати шомгоҳонро меафзуд. Дар пайроҳаи каҷмакаҷу борики кӯҳдоман, ки дар матои сиёҳфоми шом мисли риштаи сафедтоби сарозер афтода аранге ба чашм мерасид, суроби зане намоён буд. Ӯ аз гӯши гӯсолае дошта сарнишеб меомад.
Ана ҳамин вақт баробари аз паси қуллаҳои дуродур намоён шудани моҳи шомхӯрда аз кадом пушти ёлае овози пиронаи мандоғгӯӣ дар фазои нилӣ паҳн шуд:
Ин моҳа бубин, ки мерава лаб-лаби ҷар,
Ай шӯълаи рӯш пора шудай дилу ҷигар.
Дар саргаҳи Девлохо дарав мекунеме,
Э ёри азиз, биё, бигир ай мо хабар.
Ҳе, алло, ҳе, алло ёре, ман доғам, ё дӯст...
Ва ба ин овозҳои ширадору хобовари мардонаву занонаи дастаи мандоғгӯйҳо, баъдтар танҳо аллаи модаре ҷӯр гашт. Деҳаро хомӯшии хаёловар фаро гирифт ва дар кулбаҳо, ки дар домони теппа болои ҳам қомат афрохтаанд, ягон-ягон чароғҳо фурӯзон гаштанд. Мо гулхан афрӯхта, рӯи шоҳсуфаи таги чанори сершоху барг рахти хоб густурдем... Ҳама хаста буданд ва рӯи бистар ёзида, ба гунбази нилии осмон, ки ситораҳо ягон-ягон ба домони он гул мепартофтанд, хаёломез менигаристанд. Насим ноаён бархеста сӯи теппаи болои деҳа равон шуд. Садои зери пояш чарс-чарс шикастани коҳу хаси хушк то аз чашм ниҳон шудани суробаш ба гӯш расид. Куҷо рафт, кай омад, намедонам. Ба ҳар ҳол, деҳа бо ҳамин манзараҳои аҷибаш дар ёд монд.
Саҳар бо ранги дигар оғоз ёфт. Аз байни фарёдҳои гуногун овози гӯшхароше, − шояд ғиреви роҳбаре буд, − ҳамаро аз хоби ширин бедор кард. Бачаҳо, ки рӯи катҳои сафарӣ ғунча шуда, кампалро ба бадан печонида бароҳат хоб буданд, паиҳам аз болишт cap бардошта, аввал ба осмони лоҷвардӣ, баъд ба деҳаву кӯҳсори сердолу дарахт, сипас ба уфуқи лоларанг нигаристанд.
− Ҳоло офтоб набаромадаасту... − ғурид Ҳикмати ландаҳур ва кампалро боз болои сараш кашид.
− Ин ҷо хонаи очет не ки то нисфирӯзӣ бихобӣ, − хамёзакашон луқма партофт Сӯҳроб − сардори гурӯҳи мо ва аз бистар ҷаста ба Ҳикмат дарафтод. − Хез, ландаҳур, ки қабурғаҳоятро мешиканам…
Ҳар ду шӯхӣ ба шӯхӣ хеле кашокаш ва мушткӯбӣ карданд.
− Бас, ҳушёр шудам! − ҳаш-ҳаш нафаскашон гуфт Ҳикмат ва лаби кат амонат нишасту якбора нидо кард: − Ӯҳ, писари раис нест-ку. Куҷо ғайб зада бошад?
− Ба самовор алав мондааст-е! − таҳсиномез гуфт Ҳикмат.
Нигоҳи ман аз рӯи бистари ғиҷими Насим лағжида, ба самовор, ки дуди нафисаш бо маром баромада, дар васати осмони нилӣ нопадид мешуд ва ба бомҳои деҳа, ки гӯё бо гилемҳои ранга, зангору сиёҳтоб пӯшонида шуда буданд, бархӯрд. Ва акнун ҳис кардам, ки бо насими саҳарӣ як бӯи хуши тамоман ношинос − бӯи себ, зира ва боз кадом гиёҳҳои кӯҳӣ омезиш ёфта, ба машом мерасад. Ана пиразане бо як даст аз лаби табақи тори сараш ва бо дасти дигар аз чӯбҳои зина дошта, бафурҷа болои бом баромад. Ӯ меваҳои табақро дар гӯшаи холии бом рехта, сипас сари по нишаста, ғулингҳои нимхушкро бо панҷаҳояш рӯйгардон кард. Ин манзара модарамро пеши назар оварду дилам гум зад, ноаён сӯхт. Охир, ӯ ҳам пир шудааст...
Нигоҳам аз пиразани болои бом лағжида ба теппа ва домани кӯҳҳои сабзфом бархӯрд. Хело дур, дар як баргаҳ, ки он ҷоро нурҳои офтоб аллакай мунаввар карда буданд, суроби Насим ва зане ба чашм афтод. Насим бо қомати хам алаф медаравид. Дами ҳилолмонанди доси ӯ гоҳ-гоҳ дар шӯълаи офтоб медурахшид. Зан аз вай дуртар рӯи дарзае нишаста ба поин, кӣ медонад, шояд ба мо менигарист.
− Ӯҳ, писари раиса бинед, бачаҳо! − ногоҳ хитоб кардам. – Алаф медаравад. Ҳо ана...
Бачаҳо, ки саргарми варзиш буданд, лаҳзае рост истода, сӯи кӯҳдоман чашм давонданд.
− Аллакай очахон ёфтааст-ку! − истеҳзоомез хандида гуфт Сӯҳроб ва дасти чапашро қат карда, бо дасти рост ба бозуи барҷаста ва зоҳиран бақувваташ муште фуроварду неш зад: − Ин бачаи раис як умр нони муфту ҷои гарм меҷӯяд...
Вақти нонушта Насим баргашт. Ниҳоят хушҳол буд.
− Очета ёфтӣ-а? − бо писханд пурсид Сӯҳроб.
− Ҳа, кампири аҷиб будааст... – бо табассум ҷавоб дод Насим ва дар паҳлӯи ман ҷой гирифт. Панҷаи дасти чапаш аз шираи алаф сабзтоб шуда буд ва аз сарулибоси шабнамолудаш бӯи анбарини коҳ ба машом мерасид. − Кайҳо боз алаф надаравида будам, кайф кардам, − гуфт ӯ маънидорона ва афзуд: −
Дар ҳар ҷо падару модар ёфтан ҳам ҳунару давлат аст...
− Махсусан, барои писари раис... − пичинг зад Сӯҳроб.
− Рисқ фаровон, ошно... Ҳар кас писари раис намешавад-ку...
− Писари раису дар орзуи нони дигарон...
− Оҳо, хайрият, то ҳол нони туро нахӯрдаам, − бо ханда, лекин тунд ҷавоб дод Насим ва дар лабонаш табассуми талхе нақш баст. – Дилат ҳатто барои нони мардум тангӣ мекунад-а?
Дар авҷи ин баҳс Латифи муҳандис − марди сурхинаи газгӯшти баландболо, ки бегоҳ моро пешвоз гирифта буд, дар даст дастархон ва косаи коғазпеч, омаду гаппаронии Сӯҳробу Насим хотима ёфт. Вай дастархону косаро байни давра ниҳода, баъди саломалейк пурсид:
− Чӣ ҳол доред, шербачаҳо? Нағз, бароҳат хобидед? Хоку ҳавои ҷои мо сабук аст, одам барра барин мехобад.
− Ташаккур! Бад не, ака, − ҷавоб дод Ҳикмат ва дастархонро кушода, коғаз аз рӯи коса бардошта нидо кард: − Эҳа, фатирро бинеду! Лолабарг барин сурх... боз гарм. Ана ин асали покиза, мисли оби тилло!
Акаи Латиф аз ин таърифҳо магар хиҷолат кашид, ки сурфида қаноатманд овоз баровард:
− Нағз хобида бошед, мо хурсанд...
− Ғайр аз доду фарёди ҳамон раис, − Ҳикмат фатиреро поракунон баргашта, ба дӯнгии саргаҳи деҳа, ки болои он марде хайкалвор рост истода, бо овози баланд номҳои зану мардро гирифта, як дасташро мисли шоф ба ҳар тараф алвонҷ дода, суханҳои тунд мегуфт, ишора кард, − ҳамааш муддаои дил...
− Аз хоб нофорат кард? − бо шакарханд пурсид акаи Латиф ва чашмонаш дурахшиданд. − Вай раис не, бригадир аст, додар... вазифааш ҳамин. Ду-се рӯз баъд одат мекунед. Воллоҳ, овозаш дар гӯши мо, мардум, чеғи хурӯс барин форам мерасад...
− Худаш ҳам баробари хурӯсҳо доду фарёдро cap мекардааст, − луқма партофт касе.
− Ҳа, лекин одами хуб аст. Кадом рӯзе овоз набарорад, дар назари мо деҳа холӣ метобад, − гуфт акаи
Латиф ва гапро дигар сӯй кашид: − Шуморо ба ҷои кор шинос кунам, гуфтам...
Баъди таҳтул аз наҳри камоб гузашта, бо роҳи морпече боло баромадем. Дар паси боғзори шафати деҳа, дар ҳамворие даҳ иморати нимбуд қомат афрохта буд.
− Вазифаи шумо, шербачаҳо, − гуфт амаки Латиф, − ҳамин иморатҳоро бо навбат андова, регмол, сафед, агар фурсат расад, ба дару тирезаҳо ранг молидан аст...
− Он қадар кори мушкил набудааст-ку, − ҳавои даҳан кард Сӯҳроб. − Даҳ рӯз баъд бекор мемондаем...
− Кошкӣ гуфти шумо шавад! − хандон-хандон гуфт акаи Латиф. − Зиёфати соҳиби хонаҳоро бо ҳам мехӯрдаем. Кайҳо кӯчиданианд. Зимистон хонаҳояшонро тарма пахш кард. − Ӯ каме ба хаёл рафт, сипас афзуд: − Лекин обро надида мӯза накашед. То охир ҳам буд кунед, мо хурсанд. Дар назари аввал кори осон менамояд. Хайр, шумо ҷавон, серғайрат... Устоҳои совхоз ба пӯшонидани биноҳо фурсат ёфтанду бас. Кори хоҷагӣ зиёд: таъмири ферма, ғаллаву алафдаравӣ...
Бачаҳо дасту остин барзада бо ҳавас ба кор часпиданд. Қисме лой мехобонидем, дигарҳо андова мекардем...
Дар ду ҳафта шаш хонаро омода кардем. Акаи Латиф инро муваффақият ҳисобида хурсанд шуд.
... Рӯзи якшанбе баногоҳ акаи Абдухолиқ маро хабаргирӣ омад. Ба ростӣ аз шодӣ ва ифтихор сарам ба осмон расид. Вай назди бачаҳо маро ба оғӯш кашид, аз буни гарданам бӯсид. Сипас бо дӯстонам гарму ҷӯшон вохӯрӣ ва пурсупос кард.
− Аҳмақ, чиба хона нарафтӣ, кор бисёр буд... Мӯйсафеду кампира ба ташвиш монондӣ. Ба худо, очам гӯшу майнама хӯрд. Шабу саҳар оби чашм рехта, мегӯяд, ки рафта бачама хабар бигир, ғариб чӣ ҳол дорад... − коҳишомез гуфт ӯ ва ба қаду қомати ман бо меҳр нигариста, хандид. − Ту бошӣ, бепарво гаштаӣ. Хайр, ин ҳам нағз... Падару модар, ҳама сиҳату саломат, кӯдакҳо ёдат кардаанд. − Ӯ акнун ба бачаҳо рӯй оварда, лутфомез афзуд: − Худо ки диҳад, намепурсад, бачаи кистӣ. Аз роҳ чор кабкчӯҷа доштам.
Аз ин гап дили ман таҳ рафт, моҷарои кабкро ба хотирам овард ва ба акаи Абдухолиқ норозиёна нигаристам. Ӯ зоҳиран тағйир ёфтааст. Андак фарбеҳ шуда, дандонҳояшро саросар тиллоӣ кардааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё