Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Муқаддима
Адабиёт ягона василаи катбие аст, ки тавассути он шуури иҷтимоӣ, муносибат, зиндагӣ ва дарку фаҳми андешаҳои мардумро бо тасвири баёнӣ ва аёнӣ дар шакли образҳои таъсирбахш инъикос менамояд. Дар ин кор саҳму маҳорати адибону нависандагон нақш мебошазад, то ин оинаро муҷалло сохта, ба мардум нишон диҳанд.
Мирзо Адиб яке аз нависандагони бузурги адабиёти урдузабони Покистон мебошад. Ӯ солҳои 30-уми асри ХХ ҳамроҳи адибони машҳур ба монанади Премчанд (1880-1936),Файз Аҳмад Файз (1911-1982), Саодат Ҳасан Манто (1912-1955), Кришан Чандар (1914-1977), Раҷендра Сингҳ Бедӣ (1915- 1984) Аҳмад Надим Қосимӣ (1916-2006), Рашид Амҷад ва дигарон қадам ба арсаи адабиёт мемонад ва саҳифаҳои онро дурахшон мегардонад. Ин гуна адибон дар асл офарандагони адабиёти нав, ки олами воқеию ҳақиқат доштаро ба худ дошт, дар асарҳояшон тасвир кардаанд.
Адабиёти урду дар Покистон1 соли 1947 оғоз нашуда, балки пайдоиши он дар асри 14 дар давраи салтанати Деҳлӣ сарчашма гирифта, мухлисону ҷонибдорони аввали адабиёт, аз қабили Муҳаммадқули Қутбшоҳ (1565-1612), шоир ва нависандаи забони форсу тоҷик, дар рушди он саҳм гузоштаанд2. Бо гузашти солҳо забони порсӣ-тоҷикӣ оҳиста-оҳиста барои пайдоиши забони урду сабаб шуд. Аз рӯи шумораи гӯяндагон дар ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол кардааст. Забони урду забони давлатии Покистон мебошад.
Оиди шинохти забону адабиёти урду ва шоирону нависандагони форсу тоҷики Шибҳи Қора дар Тоҷикистон адибону шарқшиносони шинохтаи тоҷик аз ҷумла, Мумтоз Усмонов, Шарафнисо Пулодова, Абдуллоҷон Ғаффоров, Ҳабибулло Раҷабов, Сайфиддин Акрамов, Замира Ғаффорова, Ҷовид Холов ва Қурбонов Ҳайдар3 китобу мақолаҳо навиштаанд.
Дар муҳити адабиву иҷтимоии даврони худ Мирзо Адиб чун шахси озодфикру озодандеш ба ягон ҳаракати сиёсӣ майлу рағбат надошт. Аммо ҷараёни воқеаҳову ҳодисаҳо ӯро бетараф намегузошт. Ҳамин тавр, Мирзо Адиб дар замони навҷавониаш аз ташкилёбии Конгресси Миллӣ огоҳӣ меёбаду ба суханрониҳои роҳбарони машҳури он ба монанди Мавлоно Абулкаломи Озод, Зафаралихон, Сайид Ҳабиб, Мавлоно Сайид Атоуллоҳ Шоҳ Бухорӣ, Ғозӣ Абдураҳмон, Мавлоно Азҳар Алӣ Азҳар, Чоудҳарӣ Фазлхақ, Оғо Ҳашр Кашмирӣ ва Муҳаммад Иқбол гӯш дода, таъсирпазир мешуд.
Мирзо Адиб 4-уми апрели соли 1914 дар шаҳри Лоҳур4, ки дар музофоти Панҷоби Покистони имрӯза воқеъ аст, дар оилаи косиби камбизоат ба дунё омадааст. Мирзо Адиб нисбат ба зиндагии худ китоберо бо номи “Чароғи лойин” (“Mati кa Diya”)5 эҷод намуда, ба таври муфассал тамоми ҷанбаҳои гуногуни ҳаёташро баён намудааст. Ин китоб воқеаҳои давр ва ҳодисаҳои ҳаётии адибро дар бар гирифта, бо услуби хеле содда ва фаҳмо дар шакли 62 боб ва 727 саҳифа мураттаб гардидааст.
Мирзо Адиб даврони бачагию наврасиашро дар ҳамин шаҳри бостонӣ гузаронидааст. Ӯ ҳамрохи падар, модар ва апаҳову хоҳараш бо номҳои Сарфарозбегим, Ҷилвабегим ва Назирабегим зиндагӣ мекард. Падари Мирзо Адиб Мирзо Башир Алӣ ба касби дузандагӣ машғӯл шуда, оилаи худро аз ин манба нон медод. Вай дар кӯчаи «Миё роуд» шаҳри Лоҳур дар хонаи Чоудҳрӣ Шаҳобиддин зери сарпарастӣ ва роҳнамоии устодаш Амриддин касби худро равнақ медод. Модари нависанда Маҷида ном дошт, ӯ як зани меҳрубон ва хуб тарбияту таълим гирифта буд. Мирзо Адиб то чорсолагиаш ҳамроҳи падару модар зиндагӣ мекунад. Дертар бо машварати хонавода тарбия ва парвариши ӯ ба бибикалонаш Додӣ Амон вогузор мешавад.
Нависандаи покистонӣ Амҷад Ислом Амҷад дар бораи хонаводаи Мирзо Адиб чунин овардааст: “Мирзо Диловар маъруфу машҳур бо номи Мирзо Адиб аз одатҳои мардумони муғул фақат саҳрогардӣ ё даштгардиро барои худ интихоб кардааст. Обову аҷдодаш аз манотиқи сафеду барфпӯш ва сарди Туркистони Рус ба сарзамини Ҳинд омадаанд”6.
Ҳамин тавр, Мирзо Адиб таълими ибтидоиашро аз мактаби миёнаи ба номи «Мунисипал кумиттӣ праймери скул7», фаро гирифта, бо баҳои хубу аъло онро тамом мекунад. Сипас ба коллеҷи Исломия8-и шаҳри Лоҳур дохил шуда, дар маҳфилҳои адабии он фаъолона иштирок менамояд. Маҳз дар ҳамин ҷо ба шеърхонӣ майлу рағбат пайдо мекунад.
Бо ҳамин ҷараёни рангорангии зиндагӣ Мирзо Адиб соли 1930 коллеҷро бо баҳои хубу аъло тамом мекунаду соҳиби маълумоти олӣ мегардад. Бо чунин ноумедиҳову нороҳатиҳои зиндагӣ, нависанда ноилоҷ шуда, барои рафъи душвориҳо ва касби ризқи ҳалол ба идораву мактабҳои шаҳр саргардону сарсон мегардад. Вай рӯзе аз назди матбаи «Панҷоб бук депо»9, ки дар атрофи Бҳотӣ дарвозаи шаҳри Лоҳур ҷойгир буд, мегузараду тасодуфан бо раиси он Чоудҳрӣ Баракат Алӣ вомехурад, ки дар ин маҳал зиндагӣ мекард. Ин марди наҷибу саховатпеша баъди хатми таълим матбааи Панҷобро ташкил дода, онро сарварӣ мекард.
Баъд аз мулоқот Мирзо Адиб ба матбаа омада, аз китобҳои он истифода мекард. Майлу рағбату дилчаспии Мирзо Адибро ба китоб Баракат Алӣ дида, хело хушнуд мегардад ва бо машварати адибон Ҳаким Аҳмад Шуҷоъ ва Толиб Ансорӣ вайро ба кор даъват мекунанд. Ҳаким Аҳмад Шуҷоъ ва Толиб Ансорӣ ба Баракат Алӣ тавсия медиҳанд, ки Мирзо Адибро барои чоп ва таҳияи маҷаллаи адабӣ зери унвони “Адаби латиф” бо кор қабул намояд. Ин дар ҳоле буд, ки шумораи аввалини маҷалла зери сарпарастии Ҳаким Аҳмад Шуҷоъ ва Толиб Ансорӣ оид ба наврасон кайҳо ба чоп расида буд. Бо машварати он ду адиб ва Баракат Алӣ мудирияту таҳрири маҷалла аввалин бор моҳи декабри соли 1935 ба зиммаи Мирзо Адиб гузошта мешавад.
Миёнаҳои соли 1941 Мирзо Адиб кору фаъолияташро аз маҷаллаи “Адаби латиф” қатъ карда, аз тарафи ҳунарманди филм Юсуф (бародари ҳунарпешаи машҳур Дилип Кумар) ки замоне навиштаҷоташро чоп мекард, барои кор даъват мешавад.
Мирзо Адиб нахустин бор солҳои 1942-1943 дар идораи “Ол Индиа Радио” дар шуъбаи мусиқӣ ба кор шурӯъ кард. Ҳамин тариқ, бори дуввум баъди озодии Покистон ҳамроҳ бо Абдулваҳидхон, Ахтар Ҳусейн, Баракат Алӣ, Зинатбегим ва Фатҳ Алихон зиёда аз 15 сол дар идораи Радиои Покистон кору фаъолият намудааст.
Дар ин зимн, бо талоши ҳукумати онвақт “Анҷумани нависандагони Покистон” барои рушд ва тавсиъаи кори аҳлу адаб ташкил меёбад. Мирзо Адиб ҳамкориашро бо ин анҷуман оғоз намуда, ҳамроҳи доктор Ваҳид Қурайшӣ, доктор Рашид Анвар, Ишфоқ Аҳмад, Вақор Азим, Муҳаммад Туфайл ва Ҷамилудин Олӣ робита барқарор карда, дар рушди адабиёти урду саҳм мегузорад. Ҳамин тариқ, ӯ аз ҷониби ин анҷуман ду маротиба ба машриқи Покистон (Бангладеши имрӯза) сафар карда, бо аҳли адаби он робита барқарор мекунад.
Нависанда аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояшро дар соли 1939 зери номи “Саҳронавард ке хутут” (Мактубҳои як саҳронавард), иборат аз ҳашт ҳикоя дар шакли ҳашт мактуб, эҷод карда, чоп мекунад. Китоб аз серхонандатарин асар буда, дар замони зинда будани муаллиф сазовори унвони “Голден ҷубиллӣ” (Солгарди тиллоӣ) гардид. Китоби мазкур бо забонҳои ҳиндӣ, панҷобӣ, англисӣ ва ду ҳикояи он ба рӯсӣ низ тарҷума шудааст.
Бояд қайд кард, ки аввалин силсилаи он дар соли 1935 замоне ки
нависандан 23 сол умр дошт зери номи “Саҳронавард ке пеҳла хат” (Нахустин мактуби саҳронавард) навишта шуд. Дар китоби “Саҳронавард ке хутут” (Мактубҳои як саҳронавард), ҳикояҳои “Афсонаи хунин”, “Духтари саҳро”, “Маликаи Миср”, “Муҷассама” (Муртӣ), “Чоҳи Бобул”, “Сайли ҳаводис”, “Ҳикояи ҷунун” ва “Асири Симарт” (Симорт ко қайдӣ) бо забони соддаву фаҳмо ва дилчасп тасвирёбӣ шудаанд, ки ҳар персонаж бо кирдору воқеаҳои ҷаззобу саросар тахаюлӣ буда, бозгуӣ таъриху ҳодисаҳои гӯзашта мебошанд. Ҷолибияти ҳикояҳо дар он аст, ки ҳар яки он аз мамолику кишварҳо ва маконҳое қисса мекунад, ки таъриху осори дилчасп доранд. Масалан, дар ҳикояи “Чоҳи Бобул” ҳамаи образҳо ба тамаддуну таърихи даврони бобулиён вобаста аст. Ҳамин тавр, дар ҳикояҳои дигар аз Мисру Юнон ва таъриху тамаддуни онҳо ривоятҳову қиссаҳо оварда шудааст. Дар “Сайли ҳаводис” аз давру замонҳои нақлу ривоят мекунад, ки дар марзҳои Эрон қавми “Ҳун” (Гунн)10 тасаллут ва ҳукмронӣ мекард.
Бо вуҷуди ҳамаи ин саволу баррасиҳо нависанда ҳодисаву руйдодҳои даврони ҷавониашро дар маҷмуаи ҳикояҳо зери номи “Ҳасрати таъмир” иншо кардааст, ки бо кӯмаки профессор Арш Сиддиқӣ дар моҳи январи соли 1980 чоп шуд. Дар он нависанда тамоми шахсиятҳову маконҳоеро ки дар атрофаш буданд, ба тавсир кашондааст. Аммо ҳамаи он кирдорҳову образҳоро вай дар китоби “Мати ка диё” (Гили лойин) аз забону корнамоиҳои як нафар бо тасвири хос ба забони қалам меоварад. Бояд зикр кард, ки нависанда нисфи китобро дар ҳуҷраи рақами ҳафти беморхонаи Гулоб Девии шаҳри Лоҳур, замоне ки завҷааш хело сахт бемор буд, навиштааст. Ҳамин лаҳзаҳоро нависанда ба хотир оварда чунин менигорад: “Завҷааи меҳрубонам медонист, ки ман чизе менависам, аммо чӣ будани он ба вай маълум набуд”. Инро дида завҷааш аз Мирзо Адиб мепурсад:
-Имрӯзҳо чӣ навишта истодаед?
-Дар бораи зиндагии худам навишта истодаам. Ӯ ҳарфашро идома дода мегуяд:
-Дар ҳамин вақтҳо чӣ менависед?
-Хотираҳоямро дар бораи модарам, падарам, тағоам, бибиам навишта тамом кардам.
Завҷааш як ду лаҳза хомӯш истода, боз гуфт:
“Ин ҳама шахсиятҳо дар ин дунё ҳоло дигар нестанд......”
Ман хомӯш меистодам ва ӯ суханашро идома доду гуфт:
-Дар бораи ман ҳам нависед!
Дар ин вақт ӯ ба ман назаре андохту дубора ба ҳолати аввалааш дароз
кашиду гуфт: “Ман медонам, ки ту дар бораи ман менависӣ, магар ҳоло вақти навиштани он нарасидааст, ҳоло дар ин бора ҳаргиз чизе нанавис”. Ин лаҳза ман ба мисле ки синаамро чизе сих зада бошад, якдам чизеро дар худ эҳсос кардам11.
Дар воқеъ, ин китоб дар бораи он ҷавоне мебошад, ки Диловар Алӣ ном дошту 4-уми апрели 1914 таваллуд шуда дар кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо, боғҳо, дарсгоҳҳои шаҳри Лоҳур ҳамаи чизро аз наздик мушоҳидаву эҳсос карда, тамоми хушиҳову ғамҳо ва ҳатто хобҳояшро бе ягон каму кост ошкоро баён мекунад.
Вашингтон Ирвинг эҷод шуда, хазинаи адабиётро урдуро ғанитар гардониданд. Дар маҷмуаи ҳикояҳояш зери унвони “Чароғи ҳафтум” (“Satwan charagh”) нависанда бо овардани 12 ҳикояи хурд-хурд хело ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт моҳирона тасвирсозӣ шудааст. Хусусан ҳикояҳои“Амонат”, “Аробаи дастӣ”,“Лутфи Иноят Бибӣ” ва “Мушкили хиёбони баста”аз ҳақиқати зиндагӣ бо тамоми ҷузиёташ дарак медиҳанд, ки ибратомӯз мебошанд.
Дар Тоҷикистон яке аз ҳикояҳои Мирзо Адиб дар маҷаллаи Садои Шарқ зери номи “Пас аз сиюҳафт сол” аз рӯсӣ бо тарҷумаи Азимқул Насимов низ ба чоп расидааст. Бо кӯшиши Раҳмонов М. драмаи Мирзо Адиб бо номи “Дастак”, ки оиди гирифтор шудани табибе ба бемории равонӣ бахшида шудааст, аз китоби “Паси парда”-и муаллиф аз забони урду ба тоҷикӣ низ тарҷума шуда дар сомонаи расмии Институти Осиё ва Аврупо ва маҷаллаи Ахбори Академияи миллии илмҳо нашр гардидааст. Инак бо талошу кӯшиши муаллифи ин сатрҳо маҷмӯаи ҳикояҳои Мирзо Адиб зери унвони “Кирну си бандҳе ҳатҳ”13 (Дастҳои асири шуъои офтоб) аз забони урду ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд.
Ин маҷмуа соли 1990 дар матбаи “Мақбуд акодемӣ”-и шаҳри Лоҳур бо забони урду ба нашр расидааст. Он аз 9 ҳикоя иборат мебошад, ки масоили мубрами зиндагии мардумони Ҷануби Осиё хусусан Покистону Ҳиндустонро тасвир менамояд. Дар ин ҳикояҳо образҳои асосиро инсонҳои оддии ҷомеа нақш мебозанд. Ин афрод дар ҷомеа ҳар рӯз дида мешаванд, аммо аз ғаму дарди онҳо қисми бештари ҷомеа воқиф нест. Мирзо Адиб ғаму дарди онҳоро дарк карда хело моҳирона барои хонанда баён кардааст.
Ин масоил ба зиндагии мардумон пайвасти амиқ дошта, бо омӯзишу мутолаи онҳо шахс аз рӯзгори афроди мазлум, ғамдору мусибатзада огаҳӣ меёбад. Ҳамин тариқ, шахс воқеияти масоилро дарк карда, тасвири зиндаи ҷомеаро дар пеши назараш мебинад. Ҳикояҳо бо услуби хело хубу равон иншо гардида, шаҳодат медиҳанд, ки Мирзо Адиб на фақат имрӯз, балки мусалсал доимо аз дарди ҷомеа мегӯяду менависад. Зеро дар онҳо масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Яке аз намунаи онро дар ҳикояи “Ҷиҳоз” метавон мушоҳида кард, ки оиди расму оини мардум ва хароҷоту исрофкориҳои беҳудаву изофавии онҳо рабт дорад.
Ҳамин тариқ дар ҳикояи “Гулсум” нависанда достони як зани ғамзадаеро овардааст, ки ба хотири парваришу таълими фарзандаш ба Англия ба кор меравад. Ҳамин тавр, ин зан дар онҷо бо як ҷавон оиладор шуда, соҳиби фарзанд мешавад. Аммо баъд аз чанд муддате онҳо аз ҳам ҷудо мешаванду зан ба мушкилоти дигаре дучор мегардад. Дар ҳикояи “Бекасӣ” (Бесаҳоро) низ қиссаи марди кӯҳнафурӯше оварда шудааст, ки фарзандонаш ӯро танҳо гузошта ба кишвари Амороти Мутаҳҳидаи Араб барои кор рафта, падарро аз ёд мебаранд. Яке аз фарзандон замоне падарашро ёд меоварад, ки соҳиби як фарзанди маъюб мешаваду нигоҳубини ӯро ба падар вогузор мекунад. Ҳамин тариқ, вақте кӯдак ба воя мерасаду дастёри бобо мегардад, волидайн ӯро зӯран мегиранд. Дар натиҷа падар боз танҳову бекасу бесарпаноҳ боқӣ мемонад.
Мирзо Адиб дар ҳикояи “Мактаби калон” (Бара скул) низ ҳаёти достони писари ронандаеро овардааст, ки волидонаш ӯро ба мактаби маҳалла бо номи
ӯ аз рафтори номуносиби муҳити мактаб (аз ҷониби баъзе муаллимҳову шогирдон) ба танг омада ба дарс намеравад. Дар натиҷа, модар зару зевароти худро фурӯхта писарашро дар мактаби дигар ҳамроҳии оилаҳои сарватманд мемонад. Баъд аз чанд муддат инҷоро ҳам ба хотири таънаву маломатҳо ва табъизи14 шарикдарсонаш-“ӯ писари як ронанда мебошаду набояд касе бо вай сӯхан гӯяд”, тарк мекунад.
Ҳикояи “Худо ҳофиз” дар бораи зану шавҳаре мебошад, ки дар вақти омодани селоб деҳаи худро тарк карда барои наҷоти ҷони худ ба сӯи дигар макон ҳаракат мекунанд.Аммо бо сабаби торикии шаб онҳо роҳро гум мекунанд. Ҳамин тавр, замоне селоб ба зонӯҳояшон мерасад, шавҳар ба зани худ Тоҷу достони таърихии модари Мӯсо (алайҳиссалом) ва партофтани кӯдаки навзодро ба дарё нақл мекунад, ки дар натиҷа ба хонаи подшоҳе мерасаду дар онҷо тарбият ёфта ба камол мерасад.
Ҳамин тариқ, бо ёд овардани қиссаи мазкур модар ҷигарбанди худро дар сандуқи чӯбин мегузораду ҳар ду ҳамроҳи шавҳар ӯро ба дарё андохта бо вай “Худо ҳофизӣ” менамоянд. Дар ҳикояи “Андҳера раат ки бариш” (Борони шаби торик) аз ҳаёти падару писаре нақл мекунад, ки ӯ барои ҷаҳози арӯсии писараш пул ҷамъ мекунад. Вале ин пулро ба дӯсти заруратманди худ қарз медиҳад. Аммо бо гузашти замон маблағ ба ӯ боз гардонида намешавад. Падар худро дар назди фарзанд гунаҳкор меҳисобаду шарманда медонад. Лекин баъд аз ошкор шудани ҳақиқати воқеа онҳо якдигарро мебахшанд. Дар натиҷа падар аз бемории равоние, ки мубтало шуда буд, раҳо меёбаду ба зиндагӣ идома медиҳад.
Ҳамин тавр, муаллиф дар маҷмуаи бо овардани ҳикояҳои “Кутта” (Саг), “Инҷанӣ раҳун ка мусафир” (Мусофири роҳҳои ноошно) ва “Маа ки як раз” (Рози як модар) масоили мубрами ҳаёти одамонро тасвиркушоӣ кардааст.
Мирзо Адиб бо эҷодиёти гаронбаҳояш тавонист дар рушди адабиёти муосири урду саҳм гузорад. Асарҳои офаридаи ӯ бо доштани хусусиятҳои хоси худ хонандаро аз дарки масоил ва роҳҳои ҳалли онҳо огоҳ намуда, роҳнамоӣ мекунанд. Ӯ дар тӯли умри худ беш аз 78 китоб ва як силсила мақолаҳо таълиф намудааст. Бештари асарҳояш бо забонҳои банголӣ, ҳиндӣ, рӯсӣ ва чинӣ низ тарҷума шуданд. Мирзо Адиб санаи 31-уми июли соли 1999 дар сини 85 солагӣ олами ҳастиро падрӯд гуфта, ба ҷаҳони абадӣ сафар мекунад.
Ӯ чун шахсияти қавиирода ва адиби сермаҳсул дар адабиёти муосири урдузабон ҷомеаи таълимёфтаву мардуми озодихоҳу озодандешро ҷонибдорӣ карда, таълимоту андарзи дигар гузаштагонро сармашқи фаъолияти худ медонист. Ҳукумати Покистон хидматҳои пурарзиши Мирзо Адибро ба эътибор гирифта, ӯро бо чандин ифтихорномаҳои давлатӣ, аз ҷумла барои китоби «Паси парда» дар соли 1968 бо Ҷоизаи адабии “Одамҷӣ” сарфароз намудааст. Дертар соли 1969 барои асарҳои драммавӣ ва соли 1981 барои рушди адабиёти урду сазовори ҷоиза гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки шинохти дуруст ва тарҷумаи асарҳои адибон аз як забон ба забони дигар хело муҳим арзёбӣ шуда, он чун воситае мардумони кишварҳои гуногунро ба адабу фарҳанги якдигар шинос менамояд. Чунин шиносоӣ заминаҳоро барои наздиктар ва қавитар шудани дӯстии байни халқҳову ҷамъиятҳо ва равобитии адабию фарҳангии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шибҳи Қораи Ҳинд аз ҷумла Покистону Ҳиндустону Бангладеш саҳми арзанда гузошта, дипломатияи фарҳангии кишварҳоро дар рушди забону адабу фарҳанг ва дар партави хираду меҳру муҳаббат ва сулҳу инсондӯстӣ тавсеа ва тақвият мебахшад.
Ин воқеа инқадар пурдабдаба ва муҳим набуд. Пайваста дар донишгоҳҳову коллеҷҳо семинарҳои мубоҳисавӣ байни шуъбаҳо сурат мегирифт. Дар он маҳфил донишҷуписарону донишҷудухтарон фаъолона иштирок карда, суханронӣ намуда, ифтихорномаву сипосномаҳо дарёфт мекарданд. Дар ин зимн, Саҷҷод низ дар яке аз маҳфилҳо фаъолона иштирок карда, дар мавзӯи “Ҷиҳоз” (ҷиҳози арӯс) суханронӣ кард. Ҳунару равиши сухаронии Саҷҷод ҳамаи иштирокчиёнро ба ҳаяҷон овард. Зеро ӯ тавонист дар суханрониҳояш тамоми ҷанбаҳои манфии ҷиҳози арӯсро шарҳу тавзеҳ намуда исбот намояд, ки он як хароҷоти изофавӣ ва нолозим мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё