Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Сарсухани муҳаррир
Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд. Бешак, дар адабиётҳои гуногуни Ҳиндустон, аз ҷумла адабиёти урду, ки яке аз онҳост, аз асри ХХ ҳам пештар эҷоди асарҳои мансур дар таҷриба буд. Дурустии ин далелро дар асарҳои Саид Аҳмадхон (1817-1898), Мавлоно Муҳаммад Ҳусайни Озод (1833-1910), Хоҷа Алтоф Ҳусайни Ҳолӣ (1833-1914, доктор Назир Аҳмад (1836-1912), Мавлоно Шиблии Нуъмонӣ (1857-1914), Пандит Ратанатҳ Саршор (1846-1902), Мавлоно Абдулҳалим Шарор (1860-1926) ва мисли инҳо дидан мумкин аст.
Лекин чун сухан дар бораи чунин жанрҳои адабӣ ба мисли ҳикоя ва романи муосир меравад, назари аксарияти олимони Ҳиндустон ин аст, ки ин жанрҳо бо ҳамон шакл ва мазмуне, ки доранд, дар адабиёти урду жанрҳои навпайдоянд ва зери таъсири адабиёти Ғарб ба вуҷуд омадаанд. Дар ин замина назари адабиётшиноси Ҳинд Саид Эҳтишом Ҳусейн чунин аст: ”Ба вуҷуд омадани романе, ки зиндагиро воқеъбинона тасвир намояд, танҳо дар давраи навтарин имконпазир шудааст. Романҳои Назир Аҳмад аз камбудиҳо орӣ нестанд, лекин ба ҳар ҳол дорои баъзе хусусиятҳои ҳамин жанри адабӣ мебошанд. Дар онҳо бори аввал кӯшиши аз тасвири воқеаҳои ғайриреалию фантастикӣ озод шудан дида мешавад. Ҳамин тариқ, таҳкурсии романи урду тақрибан соли 1867 гузошта шудааст. Саршор, Шарор, Саҷҷод Ҳусейн, Мирзо Расво ва дигарон болои он иморати боҳашамате сохтаанд”.
Таърихи ҳикояи муосири урду ва ҳиндӣ низ айнан зери ҳамин гуна
шарҳ қарор дорад. Ин масъала, яъне авалин ҳикояи муосири урду будани “Қиматтарин сарвати дунё” то андозае баҳсталаб бошад ҳам аксарияти муҳаққиқон онро дастгирӣ менамоянд. Лекин мутобиқи таддқиқоти адиб ва муннақиди покистонӣ Мирзо Ҳомидбег (тав.1949) аввалин ҳикояи муосири урдуро Аллома Рашид–ул-Хайрӣ (1868- 1936) эҷод кардааст. Ин ҳикоя “Носир ва Хадиҷа” ном дошта соли 1903 дар маҷаллаи адабии “Маҳзан” чоп шудааст. Ҳикояи Премчанд “Қиматтарин сарвати дунё”-ро нахустин ва аслӣ буданаш дар ин ҷо, яъне дар тадқиқоти Рашид–ул-Хайрӣ рад нашудаст, фақат ҳамин қадар ишора шудааст, ки ёздаҳумин ҳикояи аслии замони муосир мебошад. Бо ин баҳс ин ҷо ҳамроҳ шудан лозим нест, зеро ин баҳс ҳанӯз аз миёнаҳои асри гузашта миёни муҳаққиқони адабиёти урду ва адибон пайдо шуда, то ҳол давом дорад. Ҳоло барои мо баёни чунин далел муҳим аст, ки дар давраи нав яке аз жанрҳои бисёр машҳуршудаи адабиёти урду - жанри ҳикоя, таъкид мекунем, ки ҳикояи муосири урду, ки маҳз бо иншои он Премчанд ва Кришан Чандар барин адибони тозаандеш шуҳрати ҷаҳониро сазовор шудаанд, дар оғози асри ХХ ба вуҷуд омадааст ва аввалин намунаҳояш ба ҳамин давраи таърихӣ тааллуқ доранд.
Дар ҳар сурат пас аз пайдо шудани аввалин ҳикояҳои Премчанд, навиштани ҳикояҳои воқеӣ, яъне тасвиркунандаи зиндагии ҳаррӯза дар адабиёти урду ба ҳукми анъана даромад ва ҳар як адибе, ки дар ин вақт даст ба қалам мебурд, хоҳ аз насли калонсол ва ё аз насли нав, ҳатман навиштани ҳикояҳоро мутобиқ ба тақозои вақт, ҳатмӣ медонист ва ё ҳеҷ набошад кӯшиши ба эътибор гирифтани хусусиятҳои ин самтро дошт. Ҳам дар замони мустамлика будани Ҳиндустон ва ҳам дар даврони озодӣ садҳо адибони ҳикоянавис бо асарҳои ҷолиби худ майдони ҳикояи урдуро васеъ ва ғояву мазмуни ӯро дилчаспу замонавӣ кардаанд, ки номи чанде аз онҳоро дар ин ҷо зикр кардан бамаврид аст. Ин адибон Ниёз Фотеҳпурӣ (1884-1966), Саид Саҷҷод Ялдерам (1880-1943), Саҷҷод Зоҳир (1899-1974), Маҳмуд – уз – Зафар (1903-1956), Мумтоз Муфтӣ (1903-1995), Маҷнун Горакҳпурӣ (1904-1988), Ғулом Аббос (1909-1982), Аҳмад Алӣ (1910-1994), Упендранатҳ Ашк (1910- 1996), Саодат Ҳасан Манто (1912-1955), Ахтар Ҳусайн (1912-1992), Али Сардор Ҷаъфарӣ (1913-2000), Кришан Чандар (1914-1977), Хоҷа Аҳмад Аббос (1914-1987), Исмат Чуғтоӣ (1915-1991), Аҳмад Надим Қосимӣ (1916- 2005), Мирзо Адиб (1914-1999), Хадиҷа Мастур (1927-1982), Қурратулайн Ҳайдар (1927-2007), Бону Қудсия (1928-2017), Ҳаҷира Масрур (1930-2012), Рашид Ҷаҳон (1905-1982), Раҷендра Сингҳ Бедӣ (1915-1984), Ҷиланӣ Бано (тав. 1931), Гулзор (тав. 1934) ва мисли инҳо мебошанд. Миёни адибони номбурда дар Тоҷикистон Кришан Чандар бо ҳикояҳо ва романи “Як гулу сад харидор” ва Аҳмад Надим Қосимӣ зиёдтар маълум ҳастанд. Тарҷумаи асарҳои адибони покистонӣ аслан аз нимаи дуюми асри ХХ, дақиқтараш аз соли 1956 бо ҳикояи Аҳмад Надим Қосимӣ “Абрҳо кай ғун мешаванд” (тарҷумаи Ҳ. Ирфон) шуруъ шудааст. Хотиррасон мекунем, ки тарҷумаҳо аз забони русӣ буданд.
Дар боло дар қатори дигар адибони насрнависи урду мо Мирзо Адибро низ номбар кардем. Маҷмуаи ҳикояҳое, ки ҳоло бо номи “Дастҳои асири шуъои офтоб”, ки манзури хонандагони гиромӣ мешавад, маҳсули қалами ҳамин адиби намоёни покистонӣ Мирзо Адиб мебошад. Ҳамаи ҳикояҳоро бевосита аз забони урду корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Мирсаид Раҳмонов тарҷума кардааст. Дар бораи Мирзо Адиб ҳар он маълумоте, ки барои хонанда зарур аст, аз сарсухани тарҷумон, ки дар аввали ҳамин маҷмуа оварда шудааст, пайдо карда метавонад. Мо махсус зикр карданӣ ҳастем, ки ба истиснои як ҳикоя – “Писарони Шамол” (Кришан Чандар), ки онро муаллифи ин сатрҳо бевосита аз забони урду тарҷума кардааст дигар ягон ҳикояи адибони Покистон аз забони асл ба тоҷикӣ то ҳол тарҷума нашудааст. Тарҷумаи ҳикояҳои Мирзо Адиб аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ бори аввал соли 1973 сурат гирифтааст. Ҳамон сол дар маҷаллаи “Садои Шарқ” “Пас аз сию ҳафт сол” ном ҳикояи адиб ба табъ расида буд. Пас соли 1976 дар моҳи январ дигар ҳикояи Мирзо Адиб “Озодӣ” дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” чоп шуд, ки онро аз русӣ А. Насимов тарҷума кардааст. Худи ҳамон сол А. Насимов боз як ҳикояи адибро бо номи “Шаҳрдорӣ, духтур ва ҳисобот” тарҷума карда, дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” 17-уми апрел ба хонандаи тоҷик пешкаш кардааст. Акнун бо гузаштани қариб ним аср боз ба мероси адабии Мирзо Адиб таваҷҷуҳ зоҳир шудааст ва месазад, ки ин заҳмати Мирсаид Раҳмонов аз ҷониби хонандаҳои хушзавқ қадрдонӣ бинад.
Замони зистани Мирзо Адиб (1914-1999) ҳам ба давраи мустамлика будани имрӯза давлатҳои Ҳинду Покистон ва ҳам ба замони созҳибистиқлол шудани ин ду давлат рост омадааст. Мирзо Адиб на танҳо шоҳиди ба ду қисм тақсим шудани Ҳиндустон, балки шоҳиди талхтарин оқибатҳои ин ҷудошавӣ низ шудааст. Барои ҳамаи он адибони пешқадами Ҳинду Покистон, ки ҳар кадом дар озод шудани ватанашон бо ягон навъе ҳиссае гузоштаанд, пас аз озод шудан роҳи дурусти зистану эҷод карданро ёфтан кори осон набуд, хусусан барои адибоне, ки бо сабаби мусулмон буданашон шомили Покистон шуда буданд. Инро хонандаи тоҷик дар мисоли зистану, эҷод кардану мубориза бурдани Файз Аҳмад Файз барин шоири ватандӯст хеле хуб медонад. Лекин Мирзо Адиб бо ҳамаи ин мушкилиҳо тавонист ҳамчун адиби асил ва сарсупурдаи касби худ бо асарҳои баландмазмунаш, ки масоили мухталифи замони зистанашро дар бар гирифтаанд, яке аз намоёнтарин адиби урдузабони кишвари Покистон шавад.
Мирсаид Раҳмонов пеш аз омода намудани ин маҷмуаи ҳикояҳо ба бисёр ҳикояҳои адиб ошно шуда, барои ба забони тоҷикӣ тарҷума намудан нуҳ ҳикоя, аз ҷумла ҳикояҳои “Ҷиҳоз”, “Гулсум”, “Бекас”, “Мактаби калон”, “Худо ҳофиз”, “Борони шаби торик”, “Саг”, “Мусофири роҳҳои ноошно” ва “Рози як модар”-ро интихоб намудааст. Ҳикояҳо ба мавзуҳои мухталиф бахшида шудаанд ва аз чигунагии зиндагии мардумони шаҳру деҳоти ба адиб хуб ошно хабар медиҳанд. Қаҳрамонҳои ҳикояҳои Мирзо Адиб гарчанде ашхоси бисёр намоёни ҷомеа набошанд ҳам, онҳо бо симову сухану амалҳои маъмулиашон хонандаро барои иҷрои ягон кори судманде даъват менамоянд. Ҳангоми қироати ин ҳикояҳо аз пеши назари хонанда чеҳраҳои гуногун бо кирдорҳои гуногун, ғаму шодии гуногунранг ва манзараҳои ҳар навъ эҳсосро ба вуҷуд меовардагӣ мегузаранд, ки ҳатман дар дили хонанда ягон таъсуроти хотирмонро ба вуҷуд меоранд.
Ҳабибулло Раҷабов

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё