Зеҳн
Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.

зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, Саҷҷод бо ифшо кардани ҷанбаҳои гуногуни ҷиҳоз ва зарару хасоратҳои он барои мардумони ҷомеа ҷои намоёнро сазовор шуда, ифтихорнома ба даст меовард. Ҳамин тариқ, дар коллеҷ номи Саҷҷод пайваста гирифта мешуд ва ҳама баҳсу гуфтугӯ миёни устдодону шогирдон ва иштирокчиёни маҳфил дар ғоиби ӯ сурат мегирифт, ки дар натиҷа маърӯзаи ӯ ба як ҳангомае ё шӯру ғавғое табдил ёфт. Дар ин замн, дар чеҳраи Саҷҷод дигаргуние дида мешуд. Бо вуҷуди ҳамаи он Саҷҷод аз устодонаш ташаккурӣ мекарду ба кори худ идома медод.

Ҳамин тавр, рӯзе яке аз устодон ӯро тавсифу офарин гуфта барояш чунин изҳор кард: “Суханрониат хело олӣ буд, аммо маърӯзаҳо иброз мешаванду амалӣ нашуда боқӣ мемонанд. Эй кош андешаҳои хуб ва пешниҳодҳо дар амал иҷро шаванд.” Ин суханони устод ба Саҷҷод таъсир мерасонад ва фавран ба муаллимаш хитоб карда, иброз мекунад, ки амалӣ гаштани онро аз худаш оғоз хоҳад кард. Ва ваъда медиҳад, ки аз хонаводаи падарарӯси худ ҷаҳиз талаб нахоҳад кард. Бо шунидани ҷавоб раҳмату кафкӯбиҳои бардавом дарёфт мекунад. Ин ҳама кафкӯбиву ҳангомаҳо ба хотири эълони ҷуръатмандонаи ӯ буд, ки ӯ тавонист бо суханрониҳои олии худ дар маҳфили коллеҷ ҳамаро ба ҳайрат оварад.

Ҷиҳоз ё ҷаҳиз асбоб ва чизҳое иловагие, ки арӯс бо худ ба хонаи шавҳар меорад. Он дар забони ҳиндӣ ба даҳез ва дар урду ҷаҳез номида мешавад, ки дар асл аз калимаи ҷиҳози забони арабӣ маншаъ гирифтааст.

Ҳамин тавр, баъд аз фароғат аз чойнӯшӣ Саҷҷод моторсиклети худро гирифту мехост ба хона равад. Аммо профессор Азизуддин ӯро манъ карду барояш изҳор намуд, ки “суханронӣ ва изҳору тасмими амалӣ кардани он хело хубу олӣ ба назар менамояд”.

Ҳамин тавр, Саҷҷод аз ӯ ташаккур кард. Профессор бошад аз Саҷҷод савол кард:

-Ба назари ту ривоят чӣ мафҳум дорад?

Саҷҷод каме андеша карду бо садои хаста ҷавоб дод:

-Ривоят ин ривоят мебошад, устоди муҳтарам иброз кард ӯ.

Ҷавобро шунида профессор бо тааҷҷуб ба ӯ изҳор кард:

-Бале дуруст аст, ки ривоят ривоят аст. Аммо ту медонӣ, ки ривоят як

пурасрор чизест, ки дар дил ҷой гирифта боқӣ мемонад. Ҳаргиз беҷо шудан намехоҳаду барои раҳоиаш зиддият нишон медиҳад.

Саҷҷод андешае накарду ба профессор бо забони англисӣ изҳор карда гуфт: “Excuse me sir”(Мебахшед, ҷаноб!). Дар ҷавоб профессор бо табассум ба Саҷҷод гуфт: “Wish you good luck”(Бароят хушбахтӣ мехоҳам).

Ҳамин тариқ, Саҷҷод ба хона баргашту аз ҷониби ҳамаи афроди хонаводааш табрику ташаккурҳо шунид. Дертар бегоҳирӯзӣ аҳли хонавода бо шумули модару апаи Саҷҷод дар гирди мизи ошхона нишаста сӯҳбат карданд. Модари Саҷҷод пиёлаҳоро дар болои миз мегӯзошту апааш дар назди ӯ менишаст. Саҷҷод ба апааш тавре нигоҳ мекард, ки гӯё дилаш мехост чизе барояш бигӯяд. Дар ин вақт апааш бо садои паст ба гӯши Саҷҷод гуфт:“Чӣ гуфтан мехоҳӣ Саҷҷод”?

Саҷҷод чанд лаҳза табассум карду ба апааш чунин гуфт: “Апа овозаҳо ва таърифу тавсифҳоро шунидӣ, аммо аз асли масъала хабардор нестӣ? Ман ваъда кардам, ки аз падарарӯсшавандаи ояндаи худ ҷиҳоз талаб нахоҳам кард”.

Апааш сухани ӯро хуб нафаҳмида изҳор карда пурсид,-“яъне заншавандаи ту ҷиҳоз нахоҳад овард. Оё ин тасмиму файсалаи ниҳоии ту мебошад”?

-Бале, тасмиму файсалаи қатъии ман ҳамин ҳаст, ҷавоб дод Саҷҷод.

Дар ин вақт ҳамаи аҳли хонавода ба суханони Саҷҷод гӯш медоданд. Калонсолони хонавода ба гапу андешаҳои ӯ эътибори ҷиддӣ намедоданд, вале афроди хурди хона масъаларо миёни худ мавриди баҳс қарор медоданд. Баъд аз чаҳор моҳ имтиҳонҳои Саҷҷод оғоз мешаванд. Ӯ барои такмили рисолаи илмии худ омодагӣ медид. Баъд аз хатми имтиҳонҳо Саҷҷод ба апааш изҳор менамояд, ки мехоҳад дар хонаашон туйи арӯсӣ барпо гардад. Бо шунидани он апааш хуш шуда ба Саҷҷод мегӯяд, ки модар дар ҷустуҷӯи арӯсе ҳасту дер ё зуд ҳамааш маълум хоҳад гашт.

Ҳамин тариқ, апааш Саҷҷодро хотир расон карда, аз муаммои ҷиҳоз талаб накардани ӯ мепурсад.

Саҷҷод ба апааш изҳор карда чунин ҷавоб медиҳад,“Апа ин як мубориза хело калону баҳсбарангез мебошад. Зеро он эълони муҳорибаву мухолифат ба анъанаи қадимаи қабулшудаи ҷомеаи мо ҳаст”.

Дар ин кор Саҷҷод гӯё мухолиф ба “несту нобуд кардани ҷиҳоз” набуда, балки ӯ хоҳони “тамоман халосу раҳоӣ аз он” мебошад.

Ҳамин тавр, апаи Саҷҷод аз ин кор модарашро огоҳ карда мегӯяд, ки “модар ба назар мерасад, ки писари ноогоҳи шумо дар мақсади худ ҷиддӣ хоҳад буд”.

Саҷҷод ҳам ба мисли дигар аҳли хонавода модарашро хело эҳтиром мекард ва ҳар замоне ки ӯро садо мекард зӯд ба наздаш ҳозир мешуд. Ҳамин тавр, модар ӯро садо карда аз вай мепурсад:“Саҷҷод дар бораат чиҳо шунида истодаам. Овозаҳост, ки ту аз гирифтани ҷаҳиз инкор хоҳӣ кард. Каме ақлатро кор фармо. Оё боре ҳам чунин кор шудааст”.

“Модарҷон”, Саҷҷод дигар чизе гуфта натавонист.

“Аз ақл кор бигир”,-боз дубора таъкид карда гуфт модар ба Саҷҷод.

“Модар агар пештар чунин кор нашуда буд, акнун амалӣ хоҳад гашт ва оё дар ин амал ягон ҳараҷу мараҷе ҳаст”, изҳор мекард Саҷҷод ба модараш. Дар идома модар тарзи гуфторашро дигар карду гуфт, ки “ту аз мо мепурсӣ, ки ҳараҷу мараҷе нест. Ин кор марбут ба хонаводаи арӯс ҳаст. Дар ҷашни арӯсӣ кадом падару модар духтарашро бе ҷиҳоз аз хона рӯхсат кардан мехоҳад. Оё дар бораи ин ягон фикре кардаӣ”?

Саҷҷод суханони модарро гӯш карда ба вай чунин иброз кард:

-Модарҷон ба шумо гуфтам, ки падару модари арӯс духтарашонро ба мо медиҳанд, на ҷиҳоз. Медонам шумо як модари хубу донишманд ҳастеду ба фарзанди худ дар ин кор зиддият нахоҳед кард.

-Ту дар ҳақиқат девона шудаи Саҷҷод. Дар гузашта ягон маротиба чунин кор сурат на гирифта аст, таъкид карда гуфт модар ба писараш.

Саҷҷод боз ба ҳарфҳои модараш гӯш карду гуфт:

-Модарҷон ман чунин андеша дорам ва онро амалӣ хоҳам кард. Модараш аз Саҷҷод нороҳат шуда, изҳор карда пурсид:

-Агар падарарӯсу модарарӯсат инро бидонанд ба ту чӣ хоҳанд гуфт? Вале Саҷҷод чизе нагуфта, хомӯш истод.

Бо ин баҳсу муноқишаҳо модар эҳсос кард, ки фарзандаш Саҷҷод аз

иродаи худ нахоҳаду гашт. Лизо ночор ӯро ба ҳоли худ монд.

Дар ин зимн, Саҷҷод ба апааш муроҷиат карда гуфт:

-Ба натиҷае нарасидем. Он чизе ки ман ба модар иброз кардам напазируфт.

-Роҳу равиши модар дигар ҳасту аз ту бошад дигар!-Иброз кард апааш ба ӯ.

Сипас Саҷҷод ба ин тарафу он тараф нигариста аз апааш пурсид: -Лутфан маро хабар деҳ, ки янгаи нав аз куҷо хоҳад буд.

-Аҷабо! Ту гуё ки аз ҳеч чизе хабардор нестӣ. Арӯсшавандаи ту аз хешовандони дури модар буда, духтари Осифхон мебошад. Духтараш Самраро ту бояд дида бошӣ. Соли гӯзашта соҳиби маълумоти олӣ (дараҷаи Бакалавр) шуда буд, фаҳмонид апааш ба ӯ.

Саҷҷод ин духтарро пештар дар чандин маъракаҳои хешу таборӣ дида буд. Ӯ як духтари баландқомату зебо мебошад.

-Ба назарат ин духтар чӣ хел ҳаст, пурсид апааш аз Саҷҷод.

-Бо сад дилу ҷон қабул, бо сари хам ҷавоб дод Саҷҷод.

-Шукрона бояд кард, ки ҳамаи ин марҳалаҳо сипарӣ гашт. Модар аз ман хост, ки дар ин бора назари туро бидонем, изҳор кард апааш ба Саҷҷод. Саҷҷод инро шунида фавран ба апааш иброз карда ишора кард,“Лекин апа...”

-Боз кадом лекин, савол кард апааш аз Саҷҷод.

“Лекин ҳамаи корҳо фақат бо пешниҳоду шарти ман сурат бояд гирад”, гуфт ӯ ба апааш.

“Чунин шарт миёни ту ва модар бояд бошад. Ман вазифаи худамро иҷро кардам”, баён кард апааш ба Саҷҷод.

Даҳ сол пеш падари Саҷҷод вафот карду аз худаш меросу дороиҳои зиёдеро барои хонаводааш боқӣ гузошт. Дар мавриди ҷаҳиз фикри Саҷҷод тағйир намекарду зарӯрат ба ягон баҳсу ҷидол ҳам надошт. Вале модару писар бошад миёни ҳам чанд рӯзи дигар дар ин масъала кашмакаш доштанд. Дар ниҳоят бо ҳам мувофиқат карданд, ки агар падари Самра Саҷҷодро дар ин маврид талаб намояд, модар хомуш мемонаду оиди ҷаҳиз истодагарӣ нахоҳад кард.

Бо чунин шарту шурут ҳар ду хонавода омодагӣ ба ҷашни арӯсӣ мегирифтанд. Бо ҳам машварату сӯҳбатҳо мекарданд, вале муаммои ниҳоии ҷаҳизро ба хонаводаи духтар вобастагӣ дошт. Ҳамин тавр, рӯзи саввум занги дарвозаи хонаи Осифхон садо дод. Дар хона ба ғайр Осифхон касе дигаре аз хонавода набуд. Худи Осифхон дарвозаро кушоду домодшавандаи худро дида ҳайрон монд.

-Шумо Саҷҷод писарам ҳастед-ку! -Бо тааҷҷуб изҳор кард ӯ.

-Бале! Мехоҳам чизеро бароятон иброз намоям, изҳор кард Саҷҷод ба ӯ. Осифхон ба ӯ бо нигарон менигаристу мехост бидонад, ки чӣ шуда

бошад. Зеро омадани Саҷҷод барояш хело аҷибе менамуд. Чӣ тавр мумкин аст, ки домодшаванда пеш аз туйяш ба хонаи падарарӯсаи худ омада мегӯяд, ки “мехоҳам ба шумо чизеро бигӯям”.

-Марҳамат ба хона ташриф оред, гуфт Осифхон ба Саҷҷод.

Ҳар ду ворид шуда болои суфаҳои меҳмонхона нишастанд.

-Бифармоед писарҷон, гуфт Осифхон.

Саҷҷод замоне донишҷӯ буданаш дар рӯ ба рӯи як маҳфили калон аз гуфтан намеҳаросид, аммо ҳоло бошад ӯро ҳаяҷон фаро мегирифту аз лабкушодан эҳсоси парешонӣ мекард. Осифхон бо ангуштони дасти росташ сарашро дошта, бо диққат ба Саҷҷод нигоҳ мекард.

-Амак, оғоз кард Саҷҷод ба сухани худ.

-Бале писарҷон, гуфт Осифхон.

-Шумо медонед, ки ҷаҳиз дар ҷомеаи мо як чизи хело зишту бадест”, иброз кард Саҷҷод.

-Бале, тасдиқ кард сухани ӯро Осифхон.

-Ин тавр бошад, ин чизи зишт бояд хотима ёбад. Ман барои хотимаи он

аз худам оғоз мекунам. Боварӣ дорам, ки шумо маро дастгирӣ хоҳед кард, иброз кард Саҷҷод.

Саҷҷод суханонашро тамом кард, ки ин лаҳза ходими хона барояшон чой овард ва ҳар ду хомӯшона ба суҳбати худ хотима бахшиданд.

-Писарҷон ҳар фарди бо савод барои беҳбудии ҷомеа кору хидмат бояд намояд. Дар ин кор ман бо ту ҳастам, гуфт Осифхон ба Саҷҷод.

Дар ниҳоят Саҷҷод аз ӯ ташаккурӣ карда, изҳори хушнудӣ намуд. Ҳамин тавр, Саҷҷод натиҷаи мулоқоташро омада ба модари худ нақл карда гуфт:

-Модар ӯ як инсони хело хуб будааст.

-Чаро хуб набошад, ин кор ба фоидаи ӯ хоҳад буд, иброз кард модараш ба ӯ. Вале Саҷҷод аз модараш чунин ҷавобро интизор набуд.

-Хуб ҳар коре мехоҳӣ бикун. Агар чунин файсала шуда бошад чаро бо он мудохилат намоем, изҳор кард модараш ба Саҷҷод.

Модар ҳамроҳи худ духтари калониашро гирифту аз хона баромада рафт. Ҳамин тариқ, омодагӣ ба туй сурат гирифту дар вақти муайяншуда Сумра арӯс шуда ба хонаи Саҷҷод омад. Ӯ ҳамроҳи худ ду чамадон оварда буд, ки шомили либосҳо, лавозимоти зебоӣ ва якчанд ашёи шахсӣ буданд. Модари Саҷҷод барои домоду арӯс ду хонаеро иборат аз меҳмонхона ва анҷомхона ҷудо намуда, омода кард.

Арӯс вориди ҳуҷраи худ гашту дар паҳлуаш Саҷҷод омада нишаста садо кард:

-Сумра!

-Бале, бо як садои фораму борик ҷавоб дод ҳамсари Саҷҷод.

-Ба назарат ман кори дуруст кардам,-изҳор кард Саҷҷо ба ӯ.

-Бале, гуфта арӯс ризоятмандона сари худро ҷунбонида сухани ӯро тасдиқ карда ишора намуд.

-Ин хел не Сумра бо забон бигӯ то бишнавам! -Иброз кард Саҷҷод.

-Хуб шудааст, гуфт занаш ба ӯ.

-Агар ту ягон эътирозе надошта бошӣ, бо сарат не, балки бо забон онро баён намо! -Сумра хуб гуфта, бо сараш ишора кард. “Умеди ман ҳамин буд, ки исбот кардем, ки бе талаб кардани ҷаҳиз зиндагии хуберо хоҳем сипарӣ кард. Ҷаҳиз як кори зиштест. Онро нобуд бояд карду хотима бахшид”, мегуфт Саҷҷод.

Сумра медонист, ки шавҳари ӯ аз суханрониҳои мубоҳисавӣ тарсу ҳаросе надорад. Ӯ барои чунин хислатҳояш ботинан аз вай шукргӯзорӣ мекард.

Сару садо ва бадандешӣ аз сифоти бади ҷомеа ҳастанд, ки миёни мардум хело писанду дӯстдошта шудаанд. Пешгирӣ ва роҳҳои бастани чунин одатҳои зишти иҷтимоӣ хело кори душвору сахтест. Ин одатҳои разилона гоҳу ногоҳ зуҳур карда, мардуми ҷомеаро ба домани худ кашида дар руҳу равони онҳо асар гузшота боқӣ мемонанд.

пешина
аз 17
навбатӣ