Зеҳн
Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.

зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саг

Аз маросими арӯсии онҳо панҷ моҳ гузаштааст, аммо рафоқату муҳаббати миёни онҳо тавре эҳсос мешавад, ки гӯё чанд рӯз пештар шарики ҳаёт гаштаанд. Ҳамагон онҳоро ҳамчун аз яке оилаҳои намунавӣ тасаввур мекарданд. Дар куҷое ки оиди дӯстиву муҳаббати зану мард сӯхан мерафт номи Салим ва Шозия ҳатман ҳамчун намуна зикр мегардид.

Дар ин панҷ моҳ на Салим аз Шозия гила мекарду на ӯ аз вай шикоят мекард. Ҳаёти арӯсии онҳо шабу рӯз бениҳоят дар як муҳити хӯшгувор мегузашт. Рӯзе яку якбора воқеае шуд, ки ҳар ду аз як дигар шикоят мекарданд.

Он рӯзҳо Салим ба сабаби сардор шуданаш дар идора ба хона соатҳои 10 ё 11-и шаб меомад. Шозия аз машғӯлиятҳои вай хело хуб огоҳ буд.Вай ба корҳои хона банд мешуд ва соати 9 хобаш меомад. Вале то омадани шавҳараш на чойи гарм менӯшиду на истироҳат мекард. Ҳамин тавр, то омадани вай худашро ба коре машғӯл месохт. Одатан китоб мутолиа мекард.

Он шаб келин ба мутолиа машғӯл нашуду беқарорӣ мекард. Бор-бор аз модар мепурсид:

-Модарҷон то ба ҳол наомадааст?

Модар ҳар бор ба ӯ чунин ҷавоб медод:

-Бибӣ ҳоло наомадааст.

Вай дубор бо идораи кории шавҳараш тамос гирифта, сабаби дер карданашро аз котиба мепурсид: Шозия: -Чаро аз кор ҳанӯз ба хона наомадааст?

Котиба: -Як ҷаласаи муҳим рафта истодааст.

Шозия:-Кай тамом мешавад?

Котиба:-Ҳеч чизе гӯфта наметавонам.

Соат даҳ дақиқа кам ёздаҳ буд, ки садои занг шуду аз омадани Салим мужда дод. Шозия дарро барояш боз кард.

Вай медонист, ки хидматгори хона хеста дарвозаро боз мекунад. Бо вуҷуди ин аз бистар хесту берун баромад. Одатан барояш ба онҷо рафтан лозим набуд. Зеро худи Салим ҳамавақт бо чеҳраи хандон ба наздаш меомад. Ҳамин тариқ, шавҳар вориди хона шуда, чунин гӯфт: -Бисёр бахшиш.Телефонат омад, вале бо сабаби омодагӣ ба буҷет ҷаласаро тарк карда омадан муносиб набуд, -изҳор кард Салим.

-Медонам,-гуфт занаш.

Шозия модарро гӯсел намуду худаш зуд-зуд чой омода мекард. Салим беқарории занашро эҳсос мекард. Ду қулт чой нӯшиду гуфт:

-Шозия! Имрӯзҳо чӣ хабар аст?

-Як гап аст, бо шӯхӣ ҷавоб дод занаш.

-Чӣ гап ҳаст, ба ман ҳам бигӯ,-гуфт шавҳараш.

-Чой бинӯш, -изҳор кард занаш.

Салим пиёлаи холиро гузошта ба сӯи занаш саволомез нигоҳ кард.

-Як чиз шуморо ғамгин месозад,-Шозия аз дарвозаи утоқи хоб баромада

гӯфт.Салим аз паси вай равон буд.

-Шозия! Оё ягон чизе ҳаст, ки дар хона набошаду дар даҳлез гӯзошта

шуда бошад?- пурсид Салим.

-Бале ҳаст, аммо он чизро дар утоқ намемонанд,-посух дод Шозия. Салим дар олами ҳайрат қарор дошт, вале роҳ мерафт. Шозия дар як

ҳиссаи даҳлез, ҳамон ҷое ки аз ниҳоли гулоб дуртар буду шохчаҳо аз шамол мусалсал мавҷ мезаданд, истода ба вай гӯфт:

-Бубин онро,-ишора кард Шозия ба як тараф.

Як сагчаи зоти немисӣ26 дар зери ниҳоле дар болои аробаи кӯҳнафурӯшӣ менишаст. Дар ин лаҳза Шозия асари чеҳраи хӯшоянди аҷиби шавҳарашро медиду овози баландашро мешунид.

-Ин як чизи залилро кӣ ба инҷо овардааст?-фарёд кард Салим.

Занаш овози хавфнокро шунида, тасаввур намекард, ки шавҳараш бо он нармиву гармие дорад, бо чунин лаҳҷаи сахт, дурушт ва азиятнок сӯхан гӯяд.

Ин лаҳза, занаш “Салим” садо карду дигар чизе нагуфта хомӯш монд.

“Инро аз назари ман дафъ кунед. Ман будани онро дар хона бардошт карда наметавонам. Шозия ту чӣ тавр чунин кори номуносибро анҷом додӣ”- гуфта Салиму ба ақиб баргашт.

Ӯ тез-тез қадам мезад ва Шозия бошад ҳайрону парешон меистод. Саг аз болои ароба фаромада, ба пеши вай омада, дар назди пойҳояш дароз кашида, меистод. Аммо занаш бошад, тез-тез норозонаву нороҳат қадам задани Салимро медид.

Чанд лаҳзае ки ин ҳодиса рух медод, барои Шозия чун як хоби даҳшатноке ба назар менамуд. Ба мисли шахсе, ки тавони фикр карданро аз даст медиҳаду нафаскашӣ барояш душвор мегардад.

Ҳамин тариқ, ӯ чанд дақиқа дар онҷо меистоду сагча дар атрофи пойҳои ӯ гашту гузор мекард. Модар овози сару садои Салимро мешунид. Аммо чунин ғалоғула дар фазои хонаи онҳо то ба ҳол рух надода буд. Модар роҳ гашта, ба назди даҳлези хона расиду дид, ки Шозия бе ҳиссу ҳаракат шахшуда меистод.

“Бибӣ”!-садо кард ӯ.

Шозия ба ӯ нигариста ба саг ишора карда, ба роҳаш идома дод. Саг низ аз пасаш ба роҳ даромад.

“Онро аз ман дур кунед! Чаро истода тамошо мекунед”?, садо кард модар. Шозия боре ҳам чунин тарзи сӯхан кардан мушоҳида накарда буд.

Модар сагро бо занҷир баста то назди ароба кашол карда бурд.

Ҳамин тавр, ӯ ба хона даромада Салимро дид, ки сарсону саргардон ин тарафу он тараф қадам мезад. Аз равшании чароғ чеҳрааш сӯрх намӯдор мешуд. Вале вай аз будани Шозия парвое надошту ба қадамзанӣ идома медод.

Мудом сӯханони дурушти шавҳараш Шозияро хело азият медод ва намехост чизеро шунавад ё бигӯяд. Ҳамин тавр, ӯ оромона ба сӯи утоқи хоб рафта, дароз кашид.

Шозия бо ҳар ду дасташ чеҳраашро мепӯшонд ва шояд мехост ҳодисаи рухдодаро аз назараш дур нигоҳ дорад, ки ба тозагӣ мушоҳида карда буд.

Ҳанӯз вазъу ҳолатҳои сахту душвор идома доштанд. Вазъият ба монанди шахсе, ки дар регзоре ғарқшудаасту барояш ба сӯи пеш ҳаракат кардан душвор мебошад.

Дар ин асно қадамзании Салим ҳанӯз идома дошт. Ӯ фикр намекард, ки занаш дар нороҳативу ошӯфтагӣ қарор дораду дар зеҳнаш ин савол ба тезӣ борҳо чарх мезад, ки “ба Салим чӣ шуда бошад ва Шозия бо вай чӣ муомила кардааст”. Аммо Шозия хомӯшона нишаста, аз парешонии худ ҳар лаҳза ба ин паҳлӯ ва он паҳлӯ мегашт.

Зану шавҳар ба “ману ту гуиҳо”-и худ гирифтор буданд, ки нохост аз беруни дарвозаи хона як сояе намудор шуда, садо омад:

“Бибиҷӣ”! –бо садои ларзон хитоб кард модар.

“Бас дигар”, -гуфт ӯ.

Бо ҳамон лаҳҷа ва ҳамон овоз аз худ мепурсид, “Ба ӯ чӣ шуда аст. Чаро имрӯз ин қадар ғамгин мебошад”? Шозия ба савол ҷавобе дода наметавонист. Дастонашро аз рӯяш гирифта, менишаст. Ӯ пас аз ду ё се дақиқа аз он ҷо рафт. Аммо шавҳараш як дақиқа ҳам ба рафтанаш таваҷҷӯҳ намекард.

Ӯ аз канори даҳлези хона рафта-рафта ба назди даре расид, ки ба тарафи утоқи хоб боз мешуд. Аммо дар банд буду бозгаштан барояш номумкин буд. Ноилоҷ ӯ худро нороҳат эҳсос карда, баргашт.

Дар болои сараш аз тарафи дасти рост чароғе равшан буду суффаи хонаро нӯрҳои осмонранг фаро мегирифтанд. Салим дар хона набуд.Ӯ дар болои ҳамон суффа нишаста, китобе мутолиа мекарду вақташро мегӯзаронд.

Вай ба тарафи суффа нигоҳ мекард ва нохост эҳсос кард, ки дастаи он ба тарафи ӯ боз шуда истодааст. Чунин ҳолатро мушоҳида карда, мутаассир шох шуда монд.

Дари утоқи хоб аз чанд фосилае дида мешуд ва вай боаш ба тарафи он ҳайратовар нигоҳ мекард.

Дар намеҷунбид. Шавҳараш бошад аз он парвое ҳам надошт. Аз ҷоришавии ашкҳояш рухсораҳои ӯ тар мешуданд.

“Ин кор ҳам мешудааст ку. Чаро пеш аз вай набаромадам”, -мегуфт бо худ.

Ҳамин тариқ, ӯ бо ҳар ду дастонаш обҳои дидаашро пок карду сарашаро дар боли як тарафи суффа гузошт.

“Чӣ қадр ин як ҳодисаи оддӣ буд. Сагҳо набояд дар хонаҳо бошанд. Ман як саг овардаму чӣ қиёмате барпо шуд”,-иброз мекард вай. Ӯ фикр мекарду даврони ҷавониаш ба хотираш меомад. Дар рӯ ба рӯи саҳни хонаи онҳо як касе бо номи Суҳайли Ҳумайро зиндагӣ мекард. Шозия бештари вақтҳо ба майдончаи дарозу васеи он ҷо рафта сайру гашт мекард. Вай рӯзе дар онҷо як саги зебои “зоти немисӣ”-ро дид. Саг ӯро дида, давида ба наздаш омаду дар назди пойҳояш хомӯшона нишаст.Ӯ бошад вайро гирифта, вафодорӣ мекард.

“Чаро ин бетамизро бардоштӣ”,-мепурсад ӯ. Ҳумайро ин амалро намеписандид, аммо вай бошад онро аз оғӯшаш дур намегузошт.

Шозия одатан бо сагҳо вафодор буд. Ӯ орзу мекард, ки дар хона саг дошта бошад. Аммо Шозия ин орзӯяшро ба падару модари худ изҳор намекард. Зеро волидайнаш чунин амалро намеписандиданд.

Модар пайваста ба вай мегӯфт, ки “дар ҳар хонае ки саг бошад, фариштаи раҳмат намеояд”. Падар бошад, хаёл мекард, ки саг ян ҷонвари нопок аст ва аз он бояд дур буд. Дар чунин мубоҳисаҳои муҳити хонавода Шозия наметавонист дар он ҷо саг гирифта, нигоҳубин кунад.

Аммо баъд аз барпо шудани ҷашни арӯсӣ ӯ ба фазои хонаводаи нав унс гирифту зиндагии хурраму хӯшгувор дошт. Рӯзе аз рӯзҳо Ҳумайро (духтари ҳамсояашон Р.М.) тавассути телефон ба Шозия хабар дод, ки бародараш як саги зоти “немисӣ” овардааст. Аз ин хабар Шозия эҳсоси хурсандӣ намуда, шомгоҳӣ ба назди Ҳумайро рафта, сагро ба хона (хонаи шавҳар Р.М) овард. Ҳамин тавр, Шозия бо саг унс мегирифту бо вай бовафоӣ мекард.

Вале Шозия аз овардани саг ба шавҳараш то ҳанӯз чизе намегуфт, вале мехост ӯро бо як тарзи аҷоибу ҳайратовар аз он хабардор кунад.

Шозия ба сӯи боло нигоҳ мекарду медид, ки осмон ба монанди шир сафед менамояду дар баъзе ҷойҳои он абрҳои сиёҳ мечарханд. Шамоли тез мевазид ва бо шохҳои дарахтон бармехӯрду садои шаф-шаф (доду фиғон) шунида мешуд.

Дар ин зимн, Шозия дар бораи руйдоди як шахси муқаррарӣ қиссаеро мутолиа мекард.Вай қиссаро мутолиа карда, худ ба худ мегӯфт, ки “Салим ҳеҷ гоҳе амалу рафторе дар зиндагӣ накардаст, ки чун шахси ғайри оддӣ собит шавад”. Ӯ ин сӯханро барои итминон додани худаш мегӯфт. Аммо намедонист, ки баъди лаҳзае он аз зеҳнаш дур монад.

Шозия руйдодро баррасӣ мекард. Аз ҷашни арӯсиаш фақат панҷ моҳ гузашта буд. Ва дар ин даврон аз ҳар нигоҳ ӯ як зиндагии хӯшро медид.

Ҳамин тариқ, ӯ хотироти зиндагии худро варақгардонӣ карда дар зеҳн мегӯзаронд. Дар ин зимн, ягон воқеа дар хотираш намеомад, ки хилофи корҳои рӯзмарра бошад. Ҳеҷ ҳодисае дар хотираш намеомад, ки онро ҳамчун гӯвоҳ ё шоҳид аз он кор бибарад. Ҳамин тавр, тибқи маъмул корҳояшро анҷом медод. Хӯрдан, нӯшидан, табассум, муомила ва рафтори хубаш ба мисли ҳар фарди оддии ҷомеа буданд.

Ӯ дар фикр фуру рафту нохост дар ёдаш омад, ки шабе ӯ бо шунидани овози кадом саге бедор шуду дигар хобаш наомад. Аммо ин хотирот барояш кадом воқеаи хосе ба назар наменамуд. Ҳамон рӯзҳо корҳои идоравӣ зиёд буданду пайваста аз идора коғазу делаҳо ворид мешуданд ва ӯ то дери шаб ба иҷрои онҳо машғӯл мешуд. Аммо ҳамаи ин ҳодисаву ташвишҳо набояд боиси нигаронӣ ва асабонии шудани фард шавад.

Вале баръакс ин руйдод сабаби нороҳатӣ ва муноқиша шуд, ки дар натиҷа Салим бо ҳаяҷон мегӯфт: -“Не, ин воқеаи ғайри оддӣ набуд. Балки он хело даҳшатнок буда, садои хело тарсноку хавфнок дошт”.

Ҳамин тариқ, ӯ дар ҳолати ғаму андӯҳ ҳар ду ангуштони дастонашро бо ҳам часпонида, нигоҳ медошт. Шаб каме сард буд. Шамол тез мевазид. Вай дар бадан либоси хоб мепӯшид, ки ӯро аз ҳавои сард маҳфуз намедошт.

Нохост ангӯштонашро аз як дигар озод карду як сояро дид, ки оҳиста-оҳиста ба тарафи ӯ калон шуда, намудор мегашт.

Дафъатан онро дида садо кард:

-Модар бошанд!

Аммо он ҷо модар набуд. Модар агар мебуд, чизе бояд мегуфт. Вале чаро соя хомӯш мебошад? Чаро он ҷо касе нест? Дар назди он касе буд, аммо ҳоло нопадид шудааст”. Аммо вай кӯшиш намекард, ки чеҳраашро ба тарафи он гардонад. Дар ин вақт садо омад, “Шозия”! Набояд гӯшҳояш ӯро фиреб диҳанд. Зеро он пайваста чунин овози нарм дошту ҳамеша бо ҳамин овоз садо мекард. Садоеки ба мисли чаҳ-чаҳи аввалини боди субҳи баҳорӣ ба назар мерасид.

Дар баробари он болои ӯ бори сабуке афтод. Ин вақт боз садо баланд шуд, “Шозия”!

Дар чунин лаҳзаҳои ташвишовару пурҳаяҷон ӯ мехост “бале” бигӯяд. Аммо лабонаш ба монанди абрешим баста мешуданду ботинашро як ҳолате фаро мегирифт.

Дар ин вақт садо боз баланд шуд, “Гӯш кун Шозия”.

Вай бошад чеҳраашро гардонида, хомӯшона, ҳайрон ишора кард, “Шозия бихез аз ҷоят, ба ту сардӣ мерасад”!

Аммо Шозия бошад парвое накарда, хомӯш меистод, ки боз садо баромад, “Ман ба ту мегуям, бихезу дохили утоқ даро, вагарна аз сардӣ бемор мешавӣ”.

Дар ин лаҳзаҳо Шозия мехост, “ба шумо чӣ”? бигӯяд, аммо наметавонист.

Салим дасти Шозияро аз болои зонуяш ба дасти худ гирифта боз садо кард:

-Ба ту чӣ шуд. Ба хотири Худо бихез аз ин ҷо!

Аммо Шозия наметавонист ба вай бигӯяд, “Ба ман чиҳо мегуед. Магар фаромӯш кардед, ки бароям чӣ қадар латмаҳо расонидед”.

Аммо ӯ бошад дасташро ба тарафи худ мекашиду садо мекард, “Шозия намешунавӣ. Бихезу ин ҷо биншин. Ман ба ту гуфта истодаам”.

Дар ниҳоят ӯ аз ҷояш бархоста дар ҷои дигар нишаст. Ӯ дасти Шозияро бо дасташ гирифта, ба самти утоқи хоб равон шуд. Аз утоқ каме равшании барқ медурахшиду рӯшаниаш ба нисфи кати хоб мерасид.

Ин вақт Салим садо карда гуфт,“Биншин”. Шозия садоро шунида, нишаст. Вай бошад бо камбал тамоми бадани ӯро пӯшонида, курсиеро кашола карда, дар наздаш нишаст. Дари утоқ боз буду тавассути он боди сард меомад. Салим дари ҳар ду утоқро пӯшида, қулф карда, ба Шозия гӯфт:

-Ман медонам Шозия! Ту аз ман норизо ҳастӣ. Намехоҳӣ бо ман ҳарф занӣ. То ҳол ман хомӯш мондам. Аз забонам ягон лафзе ҳам набаромад.

Каме истода, сӯханашро идома дод:

-Ман инро ҳам медонам, ки дар ин муомила ту барҳақ ҳастӣ.

Ӯ дар торикӣ девори ғарби хонаи сангии рӯ ба рӯяш бударо назар мекард. Салим бошад беист гап зада чунин иброз мекард:

“Ман дар як хонаводаи камбағал ба воя расидаам. Падарам бемори музмин мубтало буд. Ҳар ҳафтае ман 5 рӯз дар хонаҳои одамони гуногун рафта, ба дарсгӯӣ машғӯл мешудаму тавассути он зиндагии хонаводаро пеш мебурдам. Дар рӯҳзои ҳафт, ҳашт рӯзи охири моҳ хонавода ба бӯҳрони шадид гирифтор гашт. Барои ҳамин модарам ба хонаҳо рафта, дар танурҳо нон баста, барои хонавода чизе меоварад.Зиндагии мо ҳамин тавр мегузашт”.

Ӯ ба сӯханҳои ӯ гӯш дода, хомӯш меистод.

-Гӯш кун Шозия, садо кард ӯ.

Шозия бо ишораи тасдиқ сар меҷунбонид. Шавҳараш дари ҷевони хурди дар назди утоқи хоб бударо боз карда, аз дарунаш як қутии сигор гирифт. Дар дасташ оташдеҳ (зажигалка) буд. Сигорро даргиронда ду каш дуд доду онро дар як гӯшаи миз ниҳода, гуфт:

“Як хоҳарам дар мактаб мехонд. Вай дар синфи ҳафтум буд, ки падарамон вафот кард.Тамоми бори сангини хона ба дӯши ман афтод. Ашёи хонаро мефурӯхтем. Хоҳарам Батул бошад мушкилотро кушода, баҳс мекард.

Ҳар чизи хона гум мешуд ва Батул хомӯшона мегирист. Бадбахтона, модар ҳам аз дунё мегӯзарад. Ман синфи даҳумро тамом кардаму мехостам ба коллеҷ дохил шавам. Аммо ҳолоти зиндагӣ намегӯзошт то ба хондан идома диҳам. Ҳамин тавр, дар як идораи давлатӣ ба ҳайси котиб ба кор даромадам. Хоҳарам мошинаи дарздӯзӣ бо пардохти моҳ ба моҳ харида, барои мардумони маҳалла либос медӯхт. Бо чунин саргардониҳо вақт мегузашт. Бо вуҷуди ҳамаи он ман дар коллеҷи хусусӣ дохил шудаму Батул бошад мактабашро тарк накард”.

Салим аз миз сигорро гирифту боз дуд кашида, ба ҷояш монд. Шозия нигоҳашро аз девор канда, ба вай менигарист. Ӯ замоне ки ба гап оғоз кард, ӯ фавран нигоҳашро ба сӯи равона кард.Салим идома дода гуфт:

“Батул ҳамеша либос таёр карда, дар назди худ мегузошт. Ҳамин тавр, ӯ барои хоҳишмандон низ либос дӯхта, медод. Гоҳе худаш ҳам ба хонаҳо рафта, фурӯхта, бозмегашт.Дар маҳаллаи мо як одами сарватманд бо номи Мирзо Тақӣ зиндагӣ мекард. Батул либосҳои фармоишии ӯро худаш ба ҳавлии ӯ бурда месупорид ва ба ивази меҳнаташ аз он ҷо пули зиёде дарёфт мекард. Ҳолати хонаводаро мушоҳида карда, эҳсос мекардам, ки чаро хоҳарам Батул хомӯш мебошаду дигар либосҳои Мирзо Тақиро худаш ба хонаи ӯ намерасонд”.

Ноилоҷ аз хоҳарам сабаби нарафтанашро пурсидам. Ӯ ҷавоб дод, ки “амаки Мирзо як саги гирандае дораду ман аз он метарсам. Лиҳозо аз онҳо хоҳиш кардам, ки либосҳои дӯхтаро худашон омада гиранд”.

пешина
аз 17
навбатӣ