Зеҳн
Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.

зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Борони шаби торик

Шаби торику ҳавои тундбоди фасли тирамоҳ буд. Ҳанӯз ақрабаки соат нӯҳ нашуда буд. Аммо аз сабаби зичии абрҳо осмонро торикӣ фаро гирифта буд, ки гуё шаб аз нисф гузашта бошад. Дар ҳамин вақт Шайх Навид Олам аз тирезаи утоқи хобаш рост истода, чанд дақиқа ба абрҳо нигарист.

Абрҳо аз вақти шом буд, ки то ҳанӯз сайр мекарданд. Бо омадани онҳо Парвардигор аз борон хабар медод. Вале вақт мегузашту аз абрпораҳо ягон қатра об ба замин намерехт.

-Чаро ин абрҳо борон намерезанд?-чунин савол борҳо дар зеҳни Шайх соҳиб чарх мезад. Вале ҳар боре садои қатраи резиши борон хотирашро парешон мекард ва ба абрҳо менигарист. Нохост як садое ба гӯшаш расиду дубора, боз нигоҳ кард. Фарзанди ягонаи вай Симон пиёлаи чойро дар миз гузашта, мегуфт:

-Падарҷон!

Падараш ба наздаш омаду пурсид:

-Писарам! Ин барои чӣ лозим. Оромона хоб кун.

Ин лаҳза Симонро ханда фаро гирифт. Аҷиб он буд, ки ӯ ба ҳар сӯхан механдид, аммо падараш Шайх соҳиб аз он эҳсоси парешонӣ мекард. Зоҳиран халосӣ аз ин кор барои писараш Симон номумкин менамуд ва падараш бо худ мегуфт:

-Ҳатман писарам Симон ботинан ба шикастагие рӯ ба рӯ ҳаст. Хандааш ба болои он пардаеро мемонан, ки барояш як кӯшиши нокоме хоҳад буд. Падари Симон чунин фикр мекарду худашро дар назди писараш ҳамчун як муҷрим медонисту аз пешониаш арақ ҷорӣ мешуд.

Аммо ӯ борҳо худро тасалло дода бо худ мегуфт:

-Не ман муҷрим нестам. Ту муҷрим ҳастӣ.Ҷурми ту ин аст, ки ба фарзандат хиёнат кардӣ. Бубин рухсораҳояш тағйир ёфта, атрофи чашмонашро ҳалқаи сиёҳ фаро гирифтааст.

Шайх соҳиб бо худаш чунин муколама мекарду дар он шаби сарди фасли хазонӣ, бемеҳру парешонхотир ба сару пои писараш назар менамуд ва дар як кашмакаше гирифтор буд.

-Ҳаво сард ҳаст, падарҷон!,-пурсид писар аз падар.

Симон болои падар камбал гузошту гуфт:

-Чойи гарм нӯшида истироҳат карда, лутфан тирезаро банд кунед.

Шайх соҳиб тирезаро баста, ба назди миз омаду гуфт:

-Хуб шудааст Симон, ҳамин тавр мекунам.

-Падарҷон шумо хело меҳрубон ҳастед, гуфта оҳиста-оҳиста қадам монда аз дарвоза баромад.

Шайх соҳиб дар курсӣ менишасту аз пиёлаи чояш бухор ҷорӣ мешуд.

-Чӣ қадр писарам хуб аст! Ҳар шаб чойи гарм оварда, таъкид ба истироҳат мекунад. Ба падараш бендоза меҳр дорад. Хидматгӯзор низ буда, дар вақти 11 рӯз дар бемористон будани падар боз меҳраш бештар гардид.

Ӯ чойро ба ҳалқаш фурӯ бурда, “эй кош” мегуфт.

Сипас пиёлаи чойяшро ба миз монду изҳор карда мегуфт, “ман ба фарзанди худ беинсофӣ кардам”.

Бори дигар дар зеҳнаш боз ҳамон кашмакашҳо чарх мезаданд, ки онҳо барояш таҷрибаи нав набуданд.

Шамоли сахт мевазиду ба тиреза бармехӯрд. Симон аз ҷояш бархоста, ҳар ду дарро банд кард, то ба падараш сардӣ нарасад. Падар бехотир аз курсӣ хеста ба тарафи тиреза қадам мезад, ки ногаҳон писараш ба ӯ иброз карда гуфт:

-Не падарҷон!

-Ту ҳастӣ писарам, падар ӯро дида ишора кард.

-Ман барои пиёла омадам падарҷон, -ҷавоб дода хандид писараш.

Ин вақт Шайх соҳиб ҳолаш каме иваз шуду ҳар ду дастонашро ларза фаро гирифт.

-Падарҷон! Ҳаво сард шудааст. Шумо бемор мешавед. Лутфан истироҳат кунед!

“Писарам чӣ қадар меҳрубон шудааст”, бо худ мегуфт падараш. Симон пиёларо бардошта садо кард:

-Эй падарҷон! Шумо ин чойро нанӯшед! Зеро он сард шудааст. Писараш пиёларо гирифту ба сӯи дарвоза рафта гуфт:

-Ман онро ҳатман гарм карда меорам.

Симон вазъро санҷида, “замони мактабӣ, вақтҳои холӣ барои бачаҳои нодору камбағал либосҳои гарм бофтан, мутолиа, худро ба кор машғӯл сохтан” дар зеҳнаш меомад, аммо намедонист, ки дар ботинаш чист ва кӣ онро дарк мекунад.

“Эй Худо! Падарҷон шумо боз дар назди тиреза истодаед ку”, ӯро дида хитоб кард Симон.

Аммо Шайх соҳиб намедонист, ки ӯ чаро дар назди тирезаи боз, истода бошад. Падар инро диду ӯ ба писараш гуфт:

-Ҳеҷ гапе не писарам. Аз ин кор лутфам меояд.

-Кадом “лутф” падарҷон! Ҳаво сард аст.

Падар ба гапаш идома дода гуфт:

-Ҳеҷ гапе не. Дар фикраш набош писарам! Ин камбал барои кадом навъ беморӣ даво мебахшида бошад писарам.

Симон пиёла чойи гармро гирифта, рост истода гуфт:

-Падарҷон шумо хело аҷиб ҳастед!

-Воқеан!

Қаҳ-қаҳи писараш вайро дубора ба ҳайрат меовард. Пиёларо аз ҳалқаш дур бурда гуфт:

-Ҳоло ту рафта хоб кун, писарам Симон! Худо ҳофиз.Шаб ба хайр.

Сипас писараш Симон рафт. Шайх соҳиб бошад чор бор чой нӯшиду нигоҳаш ба абрҳо афтод. Ӯ дигар натавонист чой бинӯшад. Зеро дар ботинаш гирифтеро эҳсос мекард. Гирифтагие, ки гӯё чизе ӯро пахш карда бошад. Чанд дақиқа дар назди тиреза рост истод. Вазидани шамол пешониашро ламс мекарду ботинашро ларзиши сард фаро мегирифт.

-Падарҷон!- садо кард Симон.

Нохост яку якбора дар зеҳни худ як ҳолати хӯширо эҳсос кард. Симон ангуштони худро болои пешонии падараш гӯзошт.

-Оҳ, падарҷон! Чаро шумо нороҳат ҳастед!-садо баровард Симон.

-Чӣ шуд писарам!- пурсид падар.

-Худо накунад дар баднатон ҳарорат дошта бошед! Лутфан рафта истироҳат кунед.

Симон аз дасти падар пиёларо гирифта ӯро ба ҷойи хоб оварду гуфт:

-Ба хотири Худо истироҳат намоед!

Симон падарашро дар ҷогаҳи хоб гӯзошту дар болояш кампал пӯшонда иброз кард:

-Лутфан дигар тамоман аз ҷоятон нахезед!

Симон зуд ба назди тиреза омада онро баст. Шайх соҳиб бошад шикамашро ба самти девор мегӯзошт.

“Барқро хомӯш кунам”- гуфта Симон ба тарафи тугмачаи он равон шуд. -Симон писарам!

-Бале падарҷон.

-Ба назди ман биё!

Симон чароғи ҳар ду хонаро хомӯш карду лампаи рӯи мизиро рашван намуд. “Бишин”,- гуфт падар.

Симон дар назди курсӣ нишаст. Як дақиқа Шайх соҳиб хомӯш истоду фикр мекард, ки он чизеро ки мехоҳад бигӯяд оғозаш чӣ тавр бояд бошад. Симон сарашро хам карда менишаст.

-Симон писарам!

-Бале падарҷон.

-Ман бароят он чизеро мегуям, ки то ба имрӯз онро аз ту пинҳон медоштам. Бубин писарам! Боре ба сабаби бемории дил бистарӣ шуда будам. Ин беморӣ борҳо маро ташвиш медод.

Симонро нооромӣ фаро гирифту гуфт:

-Падарҷон! Ин тавр нагӯед. Ҳамеша саломат бошеду болои сари писар сарпаноҳ монед!

-Кӣ медонад то ба кай. Гӯш кун, ману модари марҳумат барои тӯйи арӯсии ту заҳмат кашида як-як пулро ҷамъоварӣ мекардем. Ҳамин тариқ, дар пайи пайдо кардани арӯси ту будем, ки ногаҳон ин маблағҳо дуздӣ шуданд.

Шайх соҳиб гапашро ба сӯи девори рӯ ба рӯ нигоҳ карда мегуфт. Аммо Симон бошад сарашро тамоман намеҷунбонид.

Шайх соҳиб боварӣ дошт, ки писараш инро шунида ором мешавад, аммо вай бошад ба як паҳлу мегашту боз ба мисли пештара боқӣ мемонд.

Шайх аз бепарвоии писараш дар ҳайрат буд. Ҳамин тавр, вай ҳарфашро идома доду ба писараш гуфт:

-Маблағро дузд нагирифтаааст, балки ман онҳоро ба як дӯсте, ки аз даврони ҷавониам вайро мешиносам, таслим кардам. Номи ӯ Раҳмат Алӣ мебошад. Ва ту ӯро мешиносӣ!

Симон сарашро ҷунбонида гуфт:

-Бале падарҷон!

Рӯзе бегоҳӣ ӯ ба назди ман омада гуфт:

-Навид ҳоло замони зиндагӣ ва марги ман фаро расидааст. Баъд аз як ҳафта шаби арӯсии духтарам мебошад. Хело талош кардам, аммо пул пайдо накардам. Ту метавонӣ хонаводаи маро аз табоҳӣ наҷот дода, эҳтирому иззати маро ҳифз намоӣ. Фарзанди маро аз душворӣ раҳо бахш. Лутфан ба ман кӯмак расон. Худованд шоҳиди мову ту мебошад ва ман ба ту ваъда медиҳам, ки маблағро боз мегардонам.

Шайх соҳиб хомӯш меистод. Садои сахти вазиши шамол тирезаро мезаду ӯ идома дода гуфт:

-Ман ҳамаи пулҳоро ба вай додам. То ба имрӯз воқеаро ба касе нагуфтам. Фақат ба ҳама иброз мекардам, ки “пулҳо дуздӣ шуданд”. Ҳамин тавр, духтари Раҳмат Алӣ тӯи арӯсӣ баргузор карду баъди понздаҳ рӯз ҳамроҳи шавҳараш ба Австралия рафт. Ин ҳолат маро ғамгин намуд. Аз ҳамин ҳодиса дар зиндагӣ бештар дарду ранҷ мекашам, писарам!

Симон хомӯш меистоду ба падараш нигоҳ мекард.

“Ман кори хуб накардам. Бо ту беинсофӣ намудам. Ман инро эҳсос мекунам ва имрӯзҳо он бештар шудаасту ман худамро муҷрим меҳисобам”, такрор ба такрор мегуфт падар ба писараш.

-Не падарҷон ин тавр нест, гуфта писараш Симон аз ҷояш бармехосту боз дубора менишаст.

Падар бошад ин ҳаракати ӯро медид. Ҳамин тавр, писараш нохост аз дар баромада рафт.

“Чаро ӯ рафт. Чаро ба ман чизе нагуфта баромад. Маро дар ин ҳол танҳо монда рафт. Набудани вай бароям сангин хоҳад буд. Вай ҳаргиз аз падараш чунин таваққуъ надошт”, -мегуфт худ ба худ падараш.

Дар ин вақт камбал аз болои бозӯҳояш боз шуда поён афтод. Як изтиробу парешонӣ вайро фаро мегираду нишастан барояш мушкилтар мегардад. Камбалро гирифта ба зер гӯзошту зӯд ба назди тиреза рафта, онро боз кард. Абрҳои сиёҳ давр мезаданд. Чеҳраашро боди сард мезаду дар ҷояш рост меистод. Аз ин ҳолат чанд дақиқа гӯзашт.

Сипас эҳсос кард, ки касе аз бозӯи вай сахт мекашад. Ӯ писараш Симон буд, ки аз бозӯяш мегирифту ба тарафи рахти хобаш мекашид. Аммо вай бошад бо хомӯшӣ дар ҷояш менишаст.

-Падарҷон!

-Бале Симон писарам.

-Падарҷонам! Як рӯзе домоди амаки Раҳмат Алӣ ба хона омада буд.

Ӯ ҳамаи маблағро бозгардонида ба ман гуфт:

“Раҳмат Алӣ вафот кард. Ӯ васият карда буд, ки ин маблағ ба Шайх Навид Олам расонида шавад”.

Симон ба гапаш идома дода гуфт:

-Пул дарёфт шуд. Вале он рӯзҳо шумо ҳамроҳи роҳбари корхона дар сафар будед падар!

Симон чеҳраашро ба сӯи тиреза гардонид. Абрҳо фаровон буданду борон тез-тез меборид.

-Падарҷон рӯзе Ҳафиз ба назди ман омад. Ӯ маблағро дида, аз ман хост, ки барояш онро хайр кунам. Зеро вай дар Амрико коре пайдо кардааст. Аммо пул пайдо накардааст, то ба онҷо равад. Ноилоҷ ман барояш ҳамаи маблағро додам, аммо фаромӯш кардам, ки гуноҳи азиме содир кардаам. Ин як ҷурми нобахшиданист. Ман падари меҳрубони худро нороҳат сохтам. Ман ин корро фаромӯш кардам падарҷон. Воқеан ман фаромӯш кардам. Ман дар назди шумо гунаҳкор ҳастам.- изҳор кард Симон ба падараш.

Симон бошад дастонашро дар чашмонаш мегузошту баданаш меларзид. -Падар Ҳафиз меҳру муҳаббати худро барои ман восита қарор медод. Ба ростӣ қасам мехӯрд, аммо дар ҳақиқат дурӯғ мегуфту маро ғамгин месохт,- мегуфт Симон.

Шайх соҳиб аз ҷояш бархосту писарашро ба оғӯш гирифта гуфт:

-Симон писарам!

-Падарҷон ман дар назди шумо гунаҳкор ҳастам!

-Симон писарам! На ман муҷрим ҳастам, на балки ту. Аммо он кореро ки мову ту кардем аз нек андешиву некхоҳии мост. Гиря набояд кард писарам! Ашкҳоятро пок намову бишин,- изҳор кард падар.

Шайх соҳиб ӯро ба курсӣ шинонд. Аммо ӯ бошад ҳиқ-ҳиқ сахт мегиристу меларзид.

“Ин гуна ҳодисаҳо маротиба аввал набуда, дар дунё чунин корҳо хело зиёд рух медиҳанд писарам”,- гуфта насиҳат мекард падар ба Симон.

Дар ниҳоят Шайх соҳиб дасташро ба сари писараш гузошта гуфт:

“Ман ба хотири писарам зинда ҳастаму писарам ба.....”.

Дар ин ҳарфҳои падар Симон чизе намегуфт. Аммо ашконаш ҷорӣ мешуданду бо чашмонаш ба сӯи падараш менигарист. Ҳамин лаҳзаҳо борон ба боридан оғоз карду шамоли сахт вазид.

пешина
аз 17
навбатӣ