Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Бегим соҳиба пулро таслим карда ба мактаб супорид. Сипас барои Зафар либосу лавозимоти алоҳида омода карданд. Рӯзи дигар Зафар бо либосу сумкаи мактабии нави худ омода шуд. Тоҷон бошад ин рӯзро аз хурсандтарин лаҳзаҳои умри худ меҳисобид. Зеро Зафарҷонаш ҳамроҳ бо фарзандони моликони ӯ субҳона мехӯраду дар мошини онҳо нишаста ба мактаб меравад. Ин манзараро дида дар чашмонаш ашки шодиву массарат ҷорӣ мешуду дар дилаш ҷӯши хушиҳо фаввора мезаданд.
Яке аз меҳрубониҳои Бегим соҳиба ин буд, ки иҷозат медод то Зафарҷон ҳамроҳи фарзандони вай субҳона тановул кунаду ҳамроҳашон ба мактаб равад.
Ҳамин тавр, Зафар аз мактаб меомаду ба мисли дигар рӯзҳо дар долони хона на, балки дар болои як бистари нарму тоза менишаст. Ба тозагӣ риоя мекарду дигар бо кафҳои собун булбулакбозӣ намекард. Аммо бо гурбача меҳрубон буд, вале онро дигар дар оғӯши худ намегирифт.
Тоҷон фарзандашро дар чунин ҳолат медиду чун ниҳол месабзид ва орзуву хоҳишаш пурратар мешуданд.Як моҳ сипарӣ шуд. Дар ин даврон Тоҷон ягон кореро мушоҳида намекард, ки монеаи пешрафти зиндагиашон гардад. Ҳама бо тибқи хоҳишоти Тоҷон бо хушӣ пеш мерафт.
Вале чанд рӯз мешавад, ки писараш хаставу дилтанг ба назар менамуд. Дар назари ӯ шояд ин як тарсу ваҳм ва эҳсоси модарӣ бошад. Вазъу ҳолатро мушоҳида карда эҳсос мекард, ки писараш мисли пештара набуда, балки аз чизе шикоят дорад. Зеро китобҳояшро дигар бо шавқ намехонад, дарсҳояшро ёд намекунаду дили нохоста онҳоро варақгардонӣ мекунад. Рӯзҳои пештар аз мактаб меомаду ба модараш ҳамаи воқеаҳои дидаашро нақл мекард. Вақтҳои охир ба ҷуз ин сӯхан чизе намегуфт:
-Модарҷон! Имрӯз ҳам онҳо бо ман мисли дигар рӯзҳо рафтор карданд. Модар аз ин кор ҳайрон мешуду такрор ба такрор аз вай мепӯрсид: -Писарҷонам ягон мушкил бошад бигӯ ба ман.
Вале вай ҳар бор ин ҷавобро медод:
-Модарҷон ҳеҷ мушкиле нест, ҳамааш хубаст.
Як шабе модар дид, ки Зафар ба як тараф дароз мекашиду хобаш намебарад. Ду се бори дигар пештар ҳам чунин тавр дароз мекашид. Ноилоҷ модар ба наздаш омада пурсид:
-Чаро хобат намеояд Зафарҷон!
Аммо писараш Зафар чизе ба ӯ ҷавоб намедод.
Ҳамон шаб дертар Тоҷон дид, ки Зафарҷон яку якбора гиря карду фавран аз хоб бедору шуда дар ҷояш нишаст. “Зафарҷон” гуфта модар чароғро равшан карда ба назди ӯ омада аҳволпӯрсӣ кард.
Зафар бошаду хомӯшу буду меларзид.
“Зафар”гуфта боз садо кард модар. Вале ӯ бошад мегиристу меларзид. “Писрам ба тӯ чӣ шуд”,-Тоҷон сари фарзандашро ба оғӯш гирифта
пурсид.
“Зафарҷон писарам ба ту чӣ шуд”,- аз кат хеста садо кард падараш. Зафар ба ишора сар меҷунбоду “не” мегуфт.
-Магар ягон бача туро зад!
Боз Зафар бо сар ишора карду “не” мегуфт.
-Хайр чӣ шудааст?- пурсид падараш Алоуддин.
“Дигар ту ҳарф назан”, гуфт занаш ба Алоуддин. “Ман худам аз Зафар мепурсам” гуфта дасташро болои сари ӯ гӯзошта изҳор кард модар. -Канӣ писарҷонам бигӯ ба чӣ шуд!-оромона савол кард модар. Зафар як гиряи дуру дароз карду бо оҳи сард гуфт: -Ман ба он мактаб дигар намеравам.
-Чаро намеравӣ писарам.
-Модарҷон! Касе бо ман ҳарф намезанад, на муаллимаҳо, на бачаҳо. Ҳамаи онҳо маро фарзанди ронанда гуфта, аз муҳити худашон ҷудо месозанд. Ман ба мактаби пештараам меравам.
Дар рухсораҳояш ашк ҷорӣ мешуд. Падару модар бошанд ба ӯ менигаристанду ҳарфҳои гуфтаи ӯро дарк карда наметавонистанд.
Худо ҳофиз
Ду сол пештар ҳам се рӯз пайдарпай чунин боронҳои сахт дар ин деҳа меборид. Ҷуйборҳо сарозери об шуда, ҷорӣ мешуданд. Об бо як бераҳмие ба сӯи нишебиҳои деҳа ҷорӣ мешуду вазъияти аҳолии деҳро дар хатар мемонд. Кормандони ҳукумат аҳолии дар маҳаллаҳои поёнбудаи деҳаро як ҳафта пештар аз хатари омадани селу тӯфон хабардор карда буданд. Аз сабаби ғафлатзадагиву бе эҳтиётии мардуми деҳа барояшон чунин мушкилоту монеаҳо рӯз то рӯз бештар шудан мегирифт. Ҳамин тариқ, аҳолии деҳа сомону таҷҳизоти худро гирифта ба маҳаллаҳои болотар пиёдаву савора баромада мерафтанд. Баъзе мардум барои тасаллияту таъзия ба назди хешу табори худ меомаданд. Он нафарҳое ки бесоҳибу бе кас буданд ба хонаву маконҳои марди сарватманди деҳа Миё Соҳиб маскан мегирифтанд. Ҳамин тавр, бо ташкили чораҳои фаврӣ ба ҷони касе нуқсоне то ба ҳол нарасида буд. Хӯшбахтии мардуми деҳ аз он буд, ки селобҳо то ҳанӯз ин қадар сахту шиддатнок ҷорӣ намешуданд. Аз обҳои шӯрида бошад хело кам ба маконҳову зироатҳои онҳо нуқсон мерасид.
Вале селобу тӯфоне ки ду сол пеш омада, як қиёмате барпо карда буд. Бо вуҷуди он ки борон ба ҷои се рӯз ду рӯз идома кард, лекин обҳои ҷорӣ шуда ба канору атрофҳо равон шуда, ҷорӣ мешуданд.
Ин маротиба ҳам кормандони ҳукумат мардумро аз хатарҳои тӯфон огоҳ карда буданд, аммо мардуми деҳ аз таҷрибаи солҳои пешин нахостанд, ки хонаҳои худро тарк намоянд. Онҳо ба ин фикр буданд, ки селобҳо ба мисли солҳои пешин аз он сатҳ болотар ҷорӣ намешаванду ба онҳо хатаре нахоҳад расид.
Рӯзи дуввум ду соат ба намози шом боқӣ монда буд, ки селоб тавре ҷорӣ шуд, ки гуё қиёмати хурде барпо шуда бошад. Аммо барои он шахсонеки савораҳо доштанд, ҳараҷу мушкиле набуд. Зеро онҳо васоили худро ҳамроҳ гирифта ба ҷойҳои амну бехатартар мерафтанд. Вале онҳое ки савора надоштанд, бо сахтиву душвориҳои зиёд худ ва сомонҳои заруриашонро гирифта, ҷону молашонро наҷот медоданд. Мусибати бештар барои онҳое буд, ки чунин балову хатарҳо ба таври ногаҳонӣ барояшон мерасид. Фурсату вақтро барои баровардани васоилу сомонҳои худ аз хонаҳо кам пайдо мекарданд. Дар миёни онҳо Сокинбаи бечора ҳам дида мешуд, ки оилаашон аз се нафар иборат буд.
Марде низ миёни аҳли деҳ буд, ки бо шӯғли кишоварзӣ хароҷоти хонаводаашро пеш мебурд. Як зани лоғару оқила дошт, ки аз вай солиму қавитар буд. Дар чунин лаҳзаҳои душвору сангин дар як дасташ либосҳояшро ва бо дасти дигараш бачаи ширхӯрашро мебардошт.
Дар болои сари шавҳар бошад як сандуқи чубине буд, ки дар дарунаш молу матоъҳое буданд, ки онҳо бо меҳнати ҳалоли худ солёни зиёд ин ҳамаро ба даст оварданд. Онҳо замоне аз хона баромаданд, ки селобҳо ҳамаҷоро муҳосира карда, тез шудан мегирифтанд.
Дар чунин лаҳзаҳои тақдирсози ҳаёт шавҳар аз сари худ сандуқро гирифта ба замин мегӯзорад. Занаш бошад бо як итминону оромӣ ба фарзандаш шир медод. Вале онҳоро як мушкили дигар бештар ранҷу азият медод. Дар фикри он буданд, ки бо хайру офият ҳоло аз хона баромаданд, аммо барояшон ҳоло ба куҷо рафтан номаълум буд.
Занаш мехост, ки ба назди падару модари ӯ раванд. Зеро деҳаи онҳо дар баландӣ ҷойгир мебошаду ба онҷо селобҳо кам мерасанд. Аммо шавҳар бошад мехост, ки ба ҳавлии Миё Соҳиб рафта, иқомат кунанд. Зеро дар гӯзашта ҳамин тавр карда буданд. Ҳавлии Миё Соҳиб хело макони амн буда, дар онҷо ғизо ва барои кӯдак шир ҳам дарёфт кардан васоилу шароит фароҳам буд.
Аммо занаш талаб мекард, ки ба хонаи падару модари вай бояд рафт. Дар ҳалли ин моҷаро вақти зиёди онҳо хело сарф мешуд. Зеро ин муаммо хело нозуку файсалакунанда барояшон буд. Шавҳар ночор пешниҳоди занашро пазируфт. Ва ҳамин тариқ тасмим гирифта шуд то ба хонаи хусуру хӯшдоман раванд.
Шабро торикӣ фаро мегирифт. Зани оқилу зиракии ӯ дар сандуқ фонусу гигирд ҳам гирифта буд. Ӯ сандуқро боз карда фонӯсро берун овард. Бо хело душворӣ гугирд заду фонӯсро равшан намуд.
Ҳамин тариқ, мушкили бебарқиашон ҳал шуду тасмим гирифтанд, ки ба хонаи падару модари зан рафта зиндагӣ хоҳанд кард. Аммо як мушкили дигар барояшон пайдо шуд, ки роҳи хонаро дар чунин шаби торику пур аз даҳшат пайдо намекарданд. Шавҳари зан тамоми умрашро дар ин деҳа гӯзаронида буду тамоми атрофу канори онро хуб медонист. Аммо дар ин вақти шаб пайдо кардани хона барояш душвор буду намедонист, ки хона дар самти шарқ ё ғарб қарор дорад.
Сипас баъди каме баҳсу муноқиша онҳо тасмим гирифтанд то ба тарафи ғарб равона шаванд. Роҳи интихобкардаашон дуруст буд. Дар масофаи хело дур шар-шари об шунида мешуд. Чанд қадам рафтанду чизи сарде ба соқи пойҳои зан бархӯрд кард. Зан нохост дар ҷояш истода ба шавҳар изҳор кард, ки дар зери пояш об аст. Вале об онқадр зиёд набуд, ки сабаби ташвиши онҳо бошад. Ҳамин тариқ, шавҳар ӯро маҷбур кард, ки тез-тез қадам монаду ҳаракат кунад.
Дар аввал об фақат то соқҳои пои онҳо мерасид. Сипас он зиёд шуду то зонуҳояшон расид. Дар чунин вазъият шавҳар бо як дасташ сандуқи дар сараш бударо меқапиду бо дасти дигариаш фонӯсро баландтар бардоша роҳро равшан мекард. Равшании хираи фонӯс барои шавҳари зан манзараеро нишон медод, ки гуё дар зери абрҳои сиёҳи осмон барқе медурахшида бошад.
Зани бечора чеҳраи кӯдакашро бо бастаи нигоҳдоштааш ба бағал мекашаду аз рухсораи ӯ мебӯсад. Вале чунин меҳру муҳаббати зан дар ин лаҳзаҳои душвор барои шавҳар писанд намеомад. Ҳамин тавр, шаваҳар фонӯсро ба занаш доду кӯдакро бардошта ба бағал гирифт. Об аз зонуи онҳо мегузашт ва зан бор-бор фонӯсро боло мебардошту мехост бубинад, ки об то куҷо равон аст. Аз ин кораш шавҳар нороҳату нороз мешуду ӯро сарзаниш карда дашном медод. Аммо занаш бошад ба ӯ чизе намегуфту хомӯш меистод. Ҳамин лаҳза занаш нохост бастаи дар бағал будаашро кушоду ба замин зад. Бо ин рафтори худ гӯё ишора мекард, ки шавҳараш бидуни ӯ рафтан гирад.
Абрҳои тира ҳамаро фаро гирифта буданду садои хашину сахти раъду барқ ба гӯш мерасид. Аз ин садоҳои даҳшатноку ваҳшатнок кӯдак сахт тарсида худашро ба бағали падараш сахтар мечаспонду мегирист. Аммо садои гиряи ӯ шунида намешуд. Вале модар эҳсос мекард, ки ҷигарбандаш гиря дорад. Ҳамин тариқ, модар дастонашро боло бурд, то кӯдакро ба оғӯши худ гирад. Бача бо дидани чеҳраи модари меҳрубони худ фавран ба оғӯши вай омад. Шавҳар аз дасти зан фонӯсро гирифту бо равшании он мехост бастаро пайдо кунад. Дар ин лаҳзаҳои хело душвору аламовар фонӯс қариб буд, ки аз дасташ бияфтад, аммо чусту чолокӣ карду зуд онро нигоҳ дошт.
Об то зонуҳои онҳо мерасид. Шавҳар аз занаш ба хотири Худо доимо хоҳиш кард, ки зудтар ҳаракат кунад, то ба макони амнтар бирасанд. Дар ин вақти шаби торику боронӣ бастаашонро гум карда, надонистанд ки ба куҷо ғайб зада бошад. Аз торикӣ ва ваҳшати шаб барояшон ба пеш қадам задан хело душвору мушкилтар шудан мегирифт. Шавҳар бо вуҷуди бори сангин пешопеши занаш қадам зада мерафт. Вале ӯ намедонист, ки чӣ тавр ба занашро фаҳмонад, ки тезтар ҳаракат кунад. Зеро ӯ дар фосилаи 2.5 метр аз занаш пештар буд. Дар чунин вазъият нохост пойҳои шавҳар ба чизе сахт бархурданду фавран ба ёдаш омад, ки ҳоло ӯ ба назди теппае назди замини Миё расидааст. Бо дарёфти он ӯ боварӣ пайдо кард, ки акнун ҷонашон аз хатар наҷот ёфт. Бо як хурсандиву хушнудӣ зӯд бо овози баланд ба тарафи занаш садо кард, “теппа”...
Вале занаш бошад ҷавобе намедод. Зеро садову овози ӯ ба гӯши вай намерасид. Ҳамин тавр, ноилоҷ шавҳар дар ҷои худ истода, омадани занашро интизорӣ мекард. Занаш ҳам ба онҷо омада расид. Теппа онқадар баланд набуд, аммо шавҳар боварӣ дошт, ки об ба болои он наход расид.
Дар ин зимн, шавҳар фонӯсро ба дасти занаш доду барои каме истироҳат сандуқро аз сараш гирифта, ба замин монд. Бозуҳои дастонашро боз намуд, ки гӯё ду каноре ба ҷисми ӯ пайваст шуда бошанд. Бо сад ранҷу азобу душворӣ онҳо ба теппа расиданд. Барои зан аз роҳгардии зиёд нафаскашӣ душвор буд. Ӯ фавран фонӯсро ба замин гӯзошту каме истироҳат кард.
Дар осмон абрҳои сиёҳ сайр карда, ҳамчун порае аз шаб давр мезаданд. Шавҳар дасти занаш гирифту ӯро болои сандуқ шинонд. Ӯ баъд аз қадамзаниҳои тӯлонӣ, ҷангу муноқишаҳо боз дубора ӯро ба рӯи дасташ нигоҳ медошту муҳаббати худро изҳор мекард. Зан бошад дасти шавҳарашро мехост берун кашад, вале аз ин кор худдорӣ кард, то ӯ наранҷад.
Ҳар ду хомӯш буданду кӯдак сахт мегиристу меларзид. Бадани ӯ хело сард шуда буд. Ҳамин тариқ, модари меҳрубон тифлашро ба оғӯш гирифту гирёну нолон ба ӯ ишора карда гуфт:
-Гиря накун ҷонакам!
Модар ӯро чунин тасалло медод ва мехост, то ӯ хомӯш шавад. Ҳамин тариқ, модар ҷигарбанди ларзони худро дар оғӯш мегирифту ашконаш бошад ҷорӣ шуда баданашро фаро мегирифтанд. Дар чунин лаҳзаҳои хело душвор шавҳар дасташро аз зери мӯйҳои занаш озод карду изҳор кард:
-Тифламон хомӯш намеистад. Лутфан ӯро ба ман деҳ!
Шавҳар кӯдакро аз оғӯши зан гирифта ба бағалаш гӯзошт. Абрҳо сайр карда мегузаштанд. Шар-шари обҳо баробари он ҷорӣ мешуданд. Обҳо гирду атроф ба теппаҳо бархӯрда ҷорӣ шудан мегирифтанд, ки нохост шавҳар садояшро баланд карда гуфт:
- Тоҷу!
-Лаббай, ҷавоб дод занаш.
Шавҳар мехост ба занаш чизе бигӯяд, аммо ба забонаш алфози муносиб намеомад. “Лаббай”, гуфта ҷавоб медод зан. Занаш бошад “лаббай” гӯён аз ӯ хоҳиш мекард то ҳарфашро барояш бигӯяд.
Мард ноилоҷ ба ӯ гуфт:
-Тоҷу, медонӣ Мулбиҷӣ (олимони дин) қиссаи ҳазрати Мусоро чӣ тавр хуб баён карда шарҳ медиҳанд!
Бо чунин ишора шавҳар интизор буд, ки занаш давоми қиссаро худаш нақл хоҳад кард.
“Аз рӯи нақли донишмандон Ҳазрати Мусоро модараш ба сандуқ гӯзошта ба дарё меандозад. Ин сандуқ ба назди подшоҳ мерасад. Мусо дар онҷо шир менӯшаду бузург мешавад”, баён мекунад шавҳар ба занаш.
Дар ҳамин вақт зан аз шавҳар мепурсад, ки “ҳазрати Мусо чанд сола буд”?
Шавҳар ба ӯ нигоҳ карда иброз мекунад, ки “ҳазрати Мусо ба мисли фарзанди мо тифли ширхӯра буд”.
Об ҷорӣ шуда ба ҳамаи гӯшаву канорҳо расидан мегирифт ва дар ин лаҳза шавҳар ба тарафи зани худ ишора карда гуфт:
-Тоҷу ин тавр бошад мо ҳам фарзандамонро ба сандуқ гӯзорем, то вай ҳам ба назди подшоҳ расад.
Бо шунидани он зан каме хомӯш монду сипас садои баланд карду фарёд зад.
Шавҳар ӯро таскину медоду изҳор карда мегуфт:
“Хайр бас аст Тоҷу ин корат хуб нест. Биё мо ҳам ба монанди модари Ҳазрати Мусо фарзадамонро ба дарё меандозем”, таъкид мекард ӯ ба занаш.
Бо ҳамин шавҳар сандуқро боз карду либосҳоро аз дарунаш берун баровард. Бастаи зару зеваротро кашида гирифт. Зан фонӯсро гирифта ба назди вай омад. Ӯ зару зеваротро гирифта дубора ба сандуқ монд. Аммо дар ин кораш шавҳар вокунише нишон надод. Ними сандуқ холӣ шуд. Шавҳар интизор буд, ки занаш кӯдакро гирифта худаш ба сандуқ мемонад. Вале дид, ки занаш ногаҳон сахт ба гиря оғоз кард. Яку якбора борон сахтар ба боридан сар карду онҳо бехабар монданд, ки об то ба пойҳои онҳо кайҳо расидааст.
Ҳамин тавр, шавҳар хост бо зӯри кӯдакро аз оғӯши модар гирифта ба сандуқ монад. Вале занаш доду фарёд заду тифлро кашида гирифт.
Шавҳраш боз ӯро тасаллӣ дода гуфт:
-Тоҷу чӣ кор карда истодаӣ. Вақт хело кам боқӣ мондааст.
Сипас зан каме орому шуду аз шавҳари худ пурсид:
-Оё Ҳазрати Мусоро модараш ба сандуқ гӯзошта буд ?
Шавҳар ба ӯ нигасту фавран ҷавоб дод, “Бале”.
Ҳамин тариқ, зан худаш кӯдакро ба оғӯш гирифта ба назди сандуқ рафту аз пешонӣ ва чашмону даҳонаш бӯсидан гирифт.
Шавҳар ба ӯ нигариста садо карда мегуфт, “Тоҷу бас аст дигар”.
Бо ҳамин меҳру шафқати модарона зан ночор чашми худро баста тифли
навзодашро дар сандуқ ба тарзе ки дар хона ӯро аз бағал мегирифту ба болои кат мемонд, гузошт.
Ҳар ду зану шавҳар “Оллоҳ ҳофиз” гуфта бо дастонашон сандӯқро бардошта, ба дарӯни об андохтанд. Ором-ором сандуқ ба сӯи пеш рафтан мегирифт. Ҳамин тариқ, шавҳараш фонӯсро балантар бардошту ҳар ду дар торикӣ як нуқтаи сиёҳи равонро дида, ба вай менигаристанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё