Зеҳн
Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.

зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Наберааш Лолуяк ба бобояш менигарист ва дар нигоҳҳои вай бекасиву бебасӣ эҳсос мешуд. Бобо Ниму то ба назди дарвоза расидани наберааш ба ӯ нигоҳ мекард. Лабҳояш бошад кам-кам меларзиданд. Сипас ӯ ба хона даромада дар болои кат дароз кашиду ҳанӯз лабҳояш дар талоши чизе гуфтан буданду меларзиданд.

Мактаби калон

Ҳафт сол мешавад, ки як марду зане дар як кӯчаи танге дар ҳавлии вайрона зиндагӣ мекарданд. Рӯзе шавҳари зан Алоуддин ба занаш Тоҷон мужда расонд, ки анқариб онҳо дар як хонае хубу олие зиндагӣ хоҳанд кард. Занаш бошад ба ин хабар таваҷҷӯҳе намекард, аммо бо шунидани он ҳайратангезона хело хурсандӣ мекард.

Алоуддин аз нигоҳҳои занаш чизеро эҳсос карда ба ӯ иброз кард:

-Бо ростӣ Сӯфи соҳиб ба ман гуфт, ки бояд аз мошин истифода карду дар хонааш ҳамроҳ зиндагӣ кард.Ман бароят рости гапро гуфта истодаам. Ҳамин хел мешавад, таъкид кард Алоуддин ба занаш Тоҷон.

-Чаро не. Хело хуб мешавад. Насиб бошад баъд аз ду ё се рӯз ба онҷо меравем, дубора изҳор кард ба занаш Алоуддин.

Чашмони Тоҷон аз хурсандӣ медурахшидану бо худ мегуфт:-“Даҳ рӯз мешавад, ки дуо мекунам то Худо моро аз харобаҳо раҳо намояду бароямон макони фароху хуб насиб фармояд”.

Худованд дуояшро қабул карду онҳо аз хонаи харобазору вайронаи худ баромаданду дар хонаи зебову дилкушоди Сӯфи Оллоҳёр маскан гирифтанд. Сӯфи Оллоҳёр дар як корхонаи таҷҳизоти мошинҳо кору фаъолият мекард. Ӯ аз сарвату давлат фаровон буд. Ду мошин дошт, ки яке барои корҳои шахсии худ ва дигаре барои зану фарзандонаш истифода мешуданд. Мошини шахсиашро худаш меронд ва барои мошини дигараш як ронанда дошт. Ронандаи мошин ба рӯхсатӣ баромаду баъди гӯзашти як моҳ дигарбора наомад. Ҳамин тариқ, Сӯфи Оллоҳёр дар набудани ӯ аз дӯстонаш истифода мекард.

Алоуддин он шабу рӯз бекор буд. Баъд аз хабардор шудан ба назди Сӯфи соҳиб рафту бо ҳамроҳи ӯ дар ин мавзӯъ сӯҳбат кард. Сӯфи соҳиб аз вай чанд савол пурсиду аз ҷавобҳои қаноатманд шуа ӯро ба кор даъват кард. Ҳамин тавр, Сӯфи соҳиб на фақат ӯро ҳамчун ронанда, балки барои зисту зиндагониаш хона ҳам фароҳам кард.

Рафтан ба хонаи Сӯфи соҳиб ба Тоҷон ва бештар барои писараш муждаи хело бузурге буд. Зеро писараш бо як мушкил гирякунон ба мактаби назди хонаашон мерафту дар вақти танаффус гӯрехта ба хона бармегашт. Баъди хабардор шуданаш хурсандиаш бештар шуд.

Ҳамин тавр, баъди сипарӣ шудан як ҳафта Алоуддин таҷҳизоти лозимаашро ба меҳмонсарои Сӯфи соҳиб оварда монд. Завҷааш Тоҷон бошад дар муддати се ё чаҳор соат ҳамаи ашёро омода кардау гуфт, ки “ҳоло хурсандӣ бояд кард”.

Модар сару бадани фарзандашро дар зери лулаи об бо собун шустушӯ медоду ба завҷаи худ мегуфт,-“Худованд бароямон хело меҳурбониву карам фармуд. Дигар бачаамон дар хона набояд беҳуда бишинад. Ӯро ба ягон мактаб ҳатман дохил бояд кард”.

Сухани модарашро Зафар шунида як дам ҷеғ заду садо кард,-“Ман ба мактаб намеравам”. Бо чунин тарсу изтироб тамоми либосу бадани худро дар об тар кард.

“Илоҳо ғарқ шавӣ Зафар. Ҳамаи либосҳоятро хароб кардӣ”, доду фарёд зада садо кард модараш. Зафар гуноҳу иштибоҳашро эътироф карду боз оромона ба зери об нишаст.

-Ҳеҷ гапе не писарҷонам! Мо туро ба як мактаби хубе дохил хоҳем кард. Дигар тамоман ба он мактаб нахоҳӣ рафт, хитоб кард падараш. Бо ҳамин баҳси мактабравии Зафар хотима ёфт.

Субҳи рӯзи дигар Тоҷон субҳона омода карду ба рӯи мизи Бегим соҳиба (зани Сӯфи Оллоҳёр) гӯзошт. Ҳамроҳашон писари Сӯфи соҳиб Сабоҳуддин ва духтараш Нагҳатафшон либосҳои зебову форам пӯшида дар курсӣ менишастанд.

Ногоҳ зани Сӯфи Оллоҳёр ба фарзандонаш гуфт:

-Имрӯз ҳам дер шуд. Шояд занги мактаб кайҳо садо дода бошад.

-Не модар. Ҳоло ҳафт дақиқаи дигар барои занг боқӣ ҳаст, ба соати деворӣ нигоҳ карда гуфт духтараш Нигҳат. Баъд аз тановули субҳона ҷузвдонҳояшонро гирифта рафта дар мошин нишастанд. Сипас Алоуддин онҳоро ба мактаб бурд. Тоҷон ҳамаи корҳояшро тамом кард. Дар ин вақт дар зеҳнаш саволе пайдо шуд, ки “кай Зафарҷонаш ба монанди фарзандони Сӯфи соҳиб бо як шавқу завқ ба мактаб хоҳад рафт”.

Сипас ба хона омаду дид, ки Зафар хӯроки аз бегоҳ боқимондаро тановул мекард. Фавран номашро гирифта садо кард.

-“Бале модарҷон”, посух дод Зафар.

-Дидӣ фарзандони Сӯфи соҳиб чӣ қадар бо як шавқу завқ ба мактаб мераванд. Ту бошӣ тамоман намуду шакли мактабро дидан намехоҳӣ, изҳор кард модараш ба ӯ.

-Бале модарҷон ман шаклу намуди он мактабро тамоман намехоҳам бубинам ва ҳаргиз майли ба онҷо рафтан надорам, бо лаҳҷаи махсус ва азми устувор изҳор кард Зафар ба модараш.

Ҳамин тариқ, Тоҷон ба корҳои хона оғоз кард. Вале намедонист, ки писараш Зафар кай субҳонаашро тамом карда аз хона баромада рафтааст. Нохост дар назди девори дари хона писарашро дид, ки дар оғӯшаш гӯрбачаеро гирифта, дӯстиву меҳрубонӣ мекард. Модар ӯро аз ин кор борҳо манъ кард, аммо ӯ бошад ба кораш идома медод. Ноилоҷ модар ба даст ҷоруб гирифту хост писарашро лату кӯб кунад. Вале каме ором шуду дид, ки Зафар аз тарс ҳамроҳи гӯрба гӯрехта рафтааст.

Ҳамин тавр, шабу рӯзҳо мегузаштанду Алоуддину занаш дар хонаи нав бо оромиву осудагӣ зиндагӣ мекарданд. Аммо фақат як масъала, яъне нафрату безории фарзандашон аз нарафтан ба мактаб ташвиш медод.

Яке аз рӯзҳо дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ Тоҷон дар бораи ҳамин масъала фикр мекард, ки ошпази Сӯфи соҳиб ба наздаш омаду аз Тоҷон пурсид:

-Чӣ мушкил дорӣ ва чаро дар фикр фурӯ рафтаӣ Тоҷон?

-Чаро фикр накунам модарҷон! Писарам Зафар номи хонданро тамоман ба забон намегирад... Шавқу завқи ба мактаб рафтан надорад.

-Чаро ӯ намехоҳад ба мактаб дохил шавад.

-Намедонам. Ба ман мегӯяд, ки ба он мактаб дохил намешавам. “Хуб аст”, гуфт ошпаз.

-Бо шунидани номи он мактаб зуд нороҳат шуда, фирор мекунад. Ошпаз бо шунидани суханони ӯ каме хомӯш истоду хандида гуфт:

-Ин тавр бошад ӯро аз он ҷо бароварда дар мактаби фарзандҳои Бегим соҳиба дохил намоед.

Ба назар мерасид, ки ошпаз сӯханони худро носанҷида ба модари Зафар маслиҳатҳо медод. Аммо Тоҷон фикре накарда аз ошпаз боз пурсид, ки “натиҷаи ин кор чӣ хел мешуда бошад”.

-Рафта он мактабро як бор аз наздик бубинед. Зеро бо дидани чунин мактаби хубу олӣ чашмон боз хоҳанд шуд. Дар онҷо муаллимаҳо ба бачаҳо таълим медиҳанд, ки ҳама бо либосҳои сафед ранг монанд ба париҳо мебошанд, -баён кард ошпаз ба Тоҷон.

Дар вақти суханронии ошпазТоҷон ба ҳарфҳои ӯ чашм дӯхта нигоҳ мекард. Ҳамин тариқ, ошпаз хомӯш истоду Тоҷон низ ба хомӯш монд. Дар ин зимн, ошпаз аз вай пурсид:

-Мехоҳӣ аз мактаб дидан намоӣ?

-Бале модар.

-Ин тавр бошад пагоҳ ҳамроҳи фарзандон Сӯфи соҳиб ва Бегим соҳиба ба мактаб намераванд. Зеро ҳар ду ба куҷое сафар доранд. Ман шояд ҳамроҳи онҳо ба мактаб равам. Агар ман рафта натавонам, ту ҳамроҳашон метавони биравӣ, -гӯфт ошпаз ба Тоҷон.

Рӯзе саввум Тоҷон ҳамроҳи фарзандони Сӯфи соҳиб аз мактаб дидан карду орзу намуд, ки “ай кош Зафарҷони мо ҳам дар ин мактаб дохил шавад”.

Шавҳараш Тоҷонро ба хона оварда расониду фавран барои овардани Сӯфи соҳиб ва оилаи ӯ рафт.Тоҷон ба хона даромаду дид, ки Зафар аз кафкҳои собун булбулак сохта бозӣ мекард. Модар барояш дар бораи мактаб нақл кард. Зафар ба модар он тавреки Тоҷон ба ошпаз чашм медӯхт, нигоҳ карду гуфт: -Модарҷон маро ҳам ба ин мактаб дохил кунед.

Ин сӯхани бачаашро модар шунида гуфт:

-Аз ин мактаб ҳам ба мисли онҷо намегӯрезӣ, писарам.

-Не модарҷон! Тамоман немегӯрезам.

-Ваъда медиҳӣ.

-Ваъда медиҳам.

Тоҷон ваъдаи писарро шунид. Вале каме дертар ба фикр фурӯ рафту аз худ пурсид, ки “ба ин мактаб чӣ хел бояд дохил шуд”. Бегоҳӣ Алоуддин ба хона омаду аз занаш дар бораи мактаб пурсид.

-Зафарҷони мо мегӯяд, ки вай аз мактаб ҳеҷгоҳ фирор нахоҳад кард. Як илоҷе карда ӯро ба мактаб дохил бояд кард. Хоҳишу завқи зиёд дорад, то ба мактаб дохил шавад.

“Хайр ин тавр бошад, чӣ хел бояд ба ин мактаб ӯро дохил кард”, дар зеҳн мегӯзаронид Алоуддин.

Тоҷон аз ошпаз зикр мекард, ки ин лаҳза вай ба ӯ гуфт:

-Девона шудаӣ магар! Ман ба ту гуфта истодаам, ки Зафарро ба ин мактаб бояд дохил кард. Ин мактаб барои фарзандони сарватманд аст. Барои дохил шудан маблағи зиёд зарӯрат дорад. Шавҳарат бо ҳамаи маошаш наметавонад хароҷоти мактабро пардохт кунад. Ӯро дар ҳамон мактаби пешинааш бурда мон.

Ҳамин тавр, ошпаз бо Тоҷон машварат дод. Тоҷон изофа карду гуфт: -Ҳоло дигар вай ба он мактаб намеравад.

“Ин тавр бошад, ин ҷоҳилро ба ҳоли худ гӯзор”, изҳор кард ошпаз.

-На модар ин хел нагӯед. Ман писарамро инсони нек ва муваффақ мехоҳам бинам, изҳор кард Тоҷон ба ошпаз.

Ошпаз каме андеша карду гуфт:

-Як роҳ аст. Бегим соҳиба як зани хайрхоҳу нармдил мебошад. Аз вай як хоҳиш намо шояд ҳарфатро гӯш кунад.

Ин пешниҳоди ошпаз ба Тоҷон писанд омад.Ӯ бегоҳӣ дар вақти пойҳои Бегим соҳибаро молиш кардан ба вай гуфт:

-Бегим соҳиба фарзанди мо баъди дуову таваллои зиёде таваллуд шуд. Мо мехоҳем ӯро инсону нек муваффақ бинем. Аммо вай бошад аз мактабаш доимо фирор мекунад. Лутфан меҳрубонӣ карда ба писари мо кӯмак намоед.

-Ман чӣ тавр ба вай кӯмак расонам. Ӯ аз мактаб фирор мекардаст. Нохонда чӣ хел соҳиби касб хоҳад шуд!

Тоҷон сӯханашро идома дода гуфт:

-Бегим соҳиба дар ҳақиқат вай аз он мактаб фирор мекунад. Зеро дар онҷо муаллимҳо ӯро мезананд. Аз зарбу лати онҳо дилбазан шуда, мегӯрезад.

Бегим соҳиба ба чеҳраи Тоҷон нигаристу медид, ки дар ӯ як лаҷоҳату хӯшомад ба назар мерасад. Сипас изҳор кард:

-Тоҷон! Ин кори бисёр мушкил нест.Дар ин мактаб кам талабаҳо дохил мешаванд.

-Хайр шумо меҳрубони карда кӯмак расонед.

-Аз меҳрубонии ман чӣ фоида Тоҷон, изҳор кард Бегим соҳиба.

Маълум набуд, ки чӣ тавр Бегим соҳиба мутассир шуда буд, вале бо нармӣ ба Тоҷон гуфт: -Бубин! То ба имрӯз аз мудири мактаб ягон сафорише талаб накардаем.

Ӯ дар фикри мо мебошад.

-Худо ба шумо некӣ диҳад. Мо аз меҳрубониҳои шумо ташаккур мекунему доимо бароятон дуоҳои нек менамоем, изҳор кард Тоҷон. Ҳамин тариқ, Тоҷон он шаб ҳамаи воқеаро ба шавҳараш нақл кард. Алоуддин бо диққат гӯш карду гуфт: -Бегим соҳиба инсони оддӣ набуда фаришта ҳаст.

-Бале воқеан фаришта ҳаст, таъкид кард Тоҷон.

Чанд рӯз баъд худи Бегим соҳиба ба назди Тоҷон омада гуфт:

-Тоҷон! Қабули фарзанди шумо ба мактаб пазируфта шуд. Аз волидайни фарзандони мактаб пул ситода мешавад.

-Чӣ хел? Тоҷон сӯхани вайро нафаҳмида пурсид.

-Мактаб иморати нав сохта истодааст. Аз ин сабаб аз падару модари талабаҳо ба қадри имкон пул талаб мекунад.

-Оё шумо тавони пардохти ин пулро доред?- пурсид Бегим соҳиба. - Чанд пул лозим ҳаст? - савол кард Тоҷон аз вай.

-Тақрибан 1000 руппия. Вале пули пардохтро аз шумо мебахшанд, - ҷавоб дод Бегим соҳиба.

-Хело хуб. Ман ҳамроҳи падари Зафар дар ин бора маслиҳат мекунам, гуфт Тоҷон.

Тоҷон ба Алоуддин гуфт, ки барои дохил шудан 1000 руппия лозим. Шавҳараш ҳайрон шуда ба ӯ гуфт:

-Девона ку нашудаӣ. Ин маблағро аз куҷо метавон ёфт. Он маоше, ки ман мегирам бо душворӣ дар зиндагӣ мерасад. “Ту....”

Тоҷон сӯхани шавҳарашро қатъ карда гуфт:

-Бегим соҳиба гуфт, ки маблағи пардохтро мебахшад.

Бо шунидани он Алоуддин каме орому шуд. Вале пайдо кардани 1000 руппия барояш як муаммое буд.

-Сад не, ду сад не, балки ҳазор руппия, мегуфт Алоуддин.

-Падари Зафарҷон!

-Бале.

-Дастмонаҳоям кай ба кор меоянд! Онҳоро мефӯрушем?-изҳор кард зани ӯ. -Падари Зафарҷон! Писарамон хонда одами калон хоҳад шуд.

Бегоҳи шаби ҷумъа падару модари Зафар сӯҳбат карданду субҳи рӯзи якшанбе чаҳор дастмонаи Тоҷонро ба ивази 1100 руппия фурухтанд. Ин дастмонаҳоро модараш дар рӯзи тӯйи арӯсиаш барояш оварда буд. Тоҷон онҳоро аз нодироти худ дониста дар рӯзҳои арӯсӣ истифода мекард.

Бегим соҳиба баъд аз шумурдани 1000 руппия дар ҳайрат монду аз вай пурсид:

-Тоҷон! Аз куҷое ин пулҳоро қарз гирифтӣ?

-Не Бегима соҳиба! Ба мо бенавоён кӣ қарз медиҳад? -Ин тавр бошад аз куҷо пайдо кардӣ?

-Ҳамин хел пайдо шуд.

пешина
аз 17
навбатӣ