Зеҳн
Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.

зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ дар идома ишора кард, “Вале мушкиле пеш омад, ки лаибосҳои фармоиши (дезайнҳо) наверо ки зани амаки Мирзо ва фарзандонаш мехостанд, аз сабаби дурӣ барояшон фаҳмонидан душвор ба назар мерасид. Батул ноилоҷ маҷбур шуд, ки дубора худаш ба хонаи Мирзо равад”.

Салим сигорро бардошт, аммо онро аз лабонаш ҷудо нигоҳ медошт. Чеҳраашро як сиёҳие фаро мегирифт. Ӯ он рӯз ба хона омаду як ҳамсоя барояш гуфт: “Саги Мирзо соҳиб Батулро газидааст. Вай дар беморхона мебошад”.

Салим хабарро шунида эҳсос кард, ки замин аз зери пойҳояш хориҷ шуд. Чашмонашро торикӣ фаро гирифт. Ба бемористон рафта дид, ки хоҳараш аз дарди шадид менолад. Аммо ӯро дида, ноларо бас кард. Бародараш Батулро печонда гирифтан мехост, аммо ҳамшираи тиббӣ фавран садо кард:

“Вайро наҷунбон. Зеро ӯ ваксина карда шудааст”. Ҳамшира вайро дида дарк кард, ки ӯ дар ҳолати хело асабонӣ ҳаст.

Салим илова карда гуфт: “Вақто хоҳарамро саг газид, ӯ хело бад ба мисли як мизи шикастае менамуд. Зеро устухони пояш сахт зарб дида буд. Баъд аз ҷарроҳӣ хуб шуд, аммо пойи росташ мелангид”.

Дар идома ӯ гуфт: “Мусибати дигаре мо ин буд, ки хоҳарам Батул бо писари яке аз хешовандони дур фотиҳа шуда, туй барпо гашт. Аммо хурсандии онҳо дер давом накарду домод ӯро тарк кард. Аз ҳамон вақт то ба имрӯз хоҳарам ғамгин буду дигар табассум надошт ва хело кам сӯхан мегӯфт. Ин ҳолати хоҳарамро дида, ғаму андӯҳам меомад. Бо ҳамин дарду аламҳо хостам сагеро ки сабаби ҳамаи ин мусибату ғамҳо шуда буд, несту нобуд созам. Вале надонистам, ки чӣ тавр хоҳарам Батул аз нияти шуми ман огаҳӣ ёфта бошад”.

Салим боз ҳарфҳояшро идома доду иброз кард, ки хоҳараш пайваста гиря карда мегӯфт, “Бародарҷон ваъда диҳед, ки ин корро намекунед. Зеро хонаводаи Мирзо бо мо душман хоҳанд шуд”.

Хоҳари Салим ин алфозро мегуфту аз чашмонаш об ҷорӣ мешуд.

Ҳамин тариқ, хоҳараш таъкид мекард, ки Салим ба ваъдааш вафо кунад. Салим ночор маҷбур шуд, ки ба саг азият нарасонад, балки фақат аз вай дур зиндагӣ кунад.

Салим чунин мегӯфту чеҳраашро хату доираҳо фаро мегирифт. Вай аз сахтии дарду ғам мехесту менишаст. Қадамҳояшро дар болои қолин тарзе мегӯзошт, ки гуё пойҳояш пайваста дар реги гарм фурӯ рафта истода бошанд. Ӯ ба ҳамсараш не, балки ба сояи девори рӯ ба рӯ нигоҳ мекард, ки истода-истода ғоиб мешуд. Баъд аз ду ё се дақиқа ба наздикии вай омада истода гуфт:

“Ман мефаҳмидам, ки хоҳарам ботинан сӯхта истода, ранҷ мекашид. Хело кам ғизо мехӯрд. Агар зӯран дода мешуд, мехӯрд, вагарна худашро ба коре машғӯл месохт. Барои муолиҷа ба назди духтур рафтан бо мушкил розӣ мешуд. Ман ҳар кореро, ки тавонистам, барояш кардам. Аммо ҳолаташ аз бад бадтар мегашту як рӯзе....”

Ӯ фикрашро тамом карда натавониста, ба болои диван афтод.Шозия афтиданашро дида, зӯд рафта ӯро бардошта садо кард:

-Салим!

-Ман хубам Шозия. Тамоман хуб ҳастам. Дар наздам бишин,-мегуфт Салим.

Шозия дар паҳлӯи ӯ нишаста иброз кард:

-Ман аз ҳамаи ин корҳо хабардор набудам. Аз ғаму андӯҳат ҳам чизе намедонистам.

“Шозия”!- садо кард вай.

-Бале гап зан,- изҳор кард ӯ.

“Ман медонам, ки ба ҳамаи ин мусибатҳо таҳаммул карда, сабру тоқат

намудам. Магар намедонистам, ки ба ту чӣ шуда, ягон осебе расид аст. Маро бубахш”, иброз кард вай.

-Не. Ин тавр нагӯ Салим!

Шозия сарашро ҷунбонида ба сӯханаш идома дода гӯфт: “ Ҳар кореро ки ба анҷом расонидӣ, дар иҷрои он ту ҳақ мебошӣ”.

-Ту ҳамин тавр медонӣ Шозия,-изҳор кард Салим.

Шозия хуб гӯш карду ба Салим чунин иброз намуд:

-Дар оянда дигар он чизеро ки сабаби озурдагии хонаводаи мо бишавад, нахоҳӣ дид. Ман он чизеро ки аз он ҷо оварда будам, дубора ба ҷояш бурда мерасонам.

Онҳо бо ҳам нишаста, сӯҳбат карда, шабро рӯз карданд. Субҳи содиқ аввалин нӯрҳои офтоб даруни хонаро равшан мекард. Садои чаҳ-чаҳи паррандаҳо шунида мешуд. Ҳар ду масъулияти кору бори худро эҳсос намуда иҷро мекарданд. Аз сабаби шабзиндадорӣ хело хаставу чашмҳояшон сурх шуда буданд.

Шозия шӯстушӯро анҷом дода, ба ошпазхона рафт. Модар субҳона омода мекард. Нохост дар даҳлези хона саге овоз кард ва дар ҳамон лаҳза вай зуд ронандаро садо карда ба ӯ чизе гӯфт. Ронанда сагро дар мошин шинонду шишаи онро набаст. Вай дар онҷо рост меистод. Мошин ба ҳаракат даромаду вай ба ошпазхона омад. Субҳона омода шуд ва модар ҳама чизро дар боли миз мегузошт. Салим субҳона хӯрда ба идора рафт. Рафта-рафта боз истода гуфт:

“Шозия! Беҳтар ин аст, ки ба назди модар равию то вақти пешин ҳамроҳаш бош”.

-Не. Зарурат надорад.

-Мақсади ман ин аст, ки шояд каме аламҳои дил фаромӯш шаванд.

-Ҳеҷ гапе не. Ғам махӯр.

Вай ҳар рӯз бо табассум ӯро ба кор равон мекард. Ин субҳ Шозия мехост боз рӯи шавҳараш табассум кунад, аммо Салим ба тарафи вай нигоҳ накарда, шитобон рафт. Дар айвон мошин набуд ва ӯ дар ҳайрат монд, ки чаро ронанда мисли ҳар рӯза барин мошинро берун набароварда бошад.

“Имрӯз таксӣ гирифта равед”! Ин сӯханони Шозия буд, ки дар назди дари хона рост меистод.Ӯ дигар саволе накарду рафт.

Ҳамаи корҳо ба мисли пештар анҷом меёфтанд. Корҳо рӯзмарра иҷро мешуданд. Салим ба корҳои рӯзмаррааш хуб одат карда буду мисли пештара машғӯл мешуд, ки гӯё чизе нашуда бошад. Аммо Шозия эҳсос мекард, ки гуё дар иҷрои корҳои шавҳараш фарқияте пайдо шудааст. Хурсандӣ ва улфати Салим дигар ба мисли пештар набуд. Аз тарафи дигар табассумҳое ки Салим бо занаш дошт дигар холисона ба назар наменамуданд.

Онҳо дар чунин муҳити ним равшану ним торик вақт гузаронида, ҳар ду он шабу рӯзҳои сипарикардаашонро, то андозае барқарор мекарданд.Салим бо табассум ҳамроҳи Шозия сӯхан мегӯфт ва ӯ бошад бори дигар хурсанд шуда, медӯрахшид.

Салим ва Шозия баъд аз як ҳафтаи ҷашни арӯсӣ рӯзҳои ҷумъа ба сайру гашт (пикник) мебаромаданд. Ин корро борҳо иҷро карданд, аммо бо сабаби серкории Салим онро идома надоданду рӯзи ҷумъаро барои истироҳат вақф карданд. Салим дар рӯхсатӣ буд, ки ҳамон рӯз сайру гашт ба ёдашон омад. Ҳамин тариқ, онҳо омодагӣ дида ба порки Чанга Манга рафтанд.

Ақрабаки соат даҳ ё дувоздаҳ дақиқа шуда буду ҳар ду дар чамане менишастанд, ки ногаҳон яке аз дӯстони қадимаи Салим ӯро дида ба наздашон омад. Онҳо бо ҳам каме сӯҳбат карданд. Дӯсташ Салимро барои шиносоӣ бо аҳлу фарзандонаш ҳамроҳаш бурд.

Шозия ба инҷову онҷо нигоҳ мекарду вақти худро сипарӣ мекард. Ногаҳон нигоҳаш ба саге афтод, ки аз вай дуртар буд, вале ба чизҳои атроф ҳарисона буй карда, ба тарафи ӯ менигарист. Шозия дар оғоз сагро дар олами бехиёлӣ медид, вале вақте ки он талош мекард то ба ӯ наздиктар шавад. Ин вақт Шозия як пораеро аз кулчақанд, ба назди саг партофт, ки онро хӯрд. Шозия як пораеро дар дасташ гирифта, ба саг нишон дод. Саг ба вай наздиктар омад ва осон бо дасташ метавонист ба пушташ зада онро гардонад. Ӯ як пораи дигар буриду ба назди саг гузошт, ки ба хӯрдан оғоз кард. Шозия бо як ҷазабаи беихтиёрона дасташро дар болои пушти саг гузошта, ҳаракат медод. Дар ҳамин лаҳза нигоҳи Шозия ба Салим афтод.

Салим пинҳон ба вай менигарист. Аммо Шозия бошад лаҳзаҳои сару садоҳои даҳшатноки шавҳарашро дар он шабе, ки баъд аз кор дер оманаш бо дидани саги зоти немисӣ дар саҳни ҳавлиро эҳсос карда, дубора ба ларза даромад.

Шозия фикр нокарда, барои дур кардани саг бо ҳар ду дасташ вайро “киш-киш” мегӯфт. Аммо саг дар он ҷо менишаст. Шозия ҳама ашёро банду баст карда, ба тарафи шавҳараш равон шуд.

“Мо ба ҳар куҷое меравем, ин нопок (хабис) моро парешон мекунад”.“Нопок”?, иброз мекард Салим.

Салим ин ҳарфҳоро ба тарзе мегуфт, ки дар каломаш ҳам саволу ҳам истеҳзо зоҳир мешуд. Саг чанд қадам аз пушти онҳо рафту дубора ба тарафи дигар баргашт. Ин вақт соҳибаш ба саг ишора карда, онро садо кард.

Салим аз ҳодиса чизе нагуфт, то ки Шозия наранҷад. Ҳамин тавр, ҳарф мезаданду ғизо хӯрда, ба гирду атроф сайру гашт мекарданд. Аммо Шозия бошад дар хотири худ, як бори сангинеро эҳсос мекард. Ӯ дар танҳоӣ воқеаи порки Чанга Мангаро ба ёд оварда, беихтиёр ҳодисаҳои рӯзҳои гузашта ба хотираш меомаданд. Ҳар ду воқеа якҷо барояш як хотироти даҳшатнокро ба ёд меоварданд.

Салим бо сабаби корҳои зиёди идора ба хона дертар меомад. Ин кор ба Шозия вақти бештар фароҳам мекард ва дар димоғаш омадани шавҳараш баҳс барангезтар мешуд. Ӯ намедонист, ки дар ин мавзуъ бо кӣ машварат намояд. Зеро аз фикрҳои зиёде фақат ин савол дар зеҳнаш мегузашт,“Касе агар шунавад, мегӯяд, ки шавҳари шумо як инсони ғайри оддӣ мебошад. Бо ягон равоншинос машварат кунед. Инро шунида чӣ бояд кард. Шавҳарро чӣ тавр барои ба назди равоншинос рафтан бояд розӣ кард”?

“Не. Он коре ки мехоҳам, бояд худам амалӣ кунам”, мегуфт ӯ.

“Пас чӣ бояд кард”?, аз худ савол мекард.

Ҷавоби саволро ӯ намедонисту барои пайдо кардани он ба фикр фурӯ мерафт. Ӯ бошад се шаб аст, ки ӯ то соатҳои ёздаҳ ва ёздаҳуним ба хона омада наметавонист. Сипас шаби дигар пеш аз соати нӯҳ ба хона омада бо хомӯшӣ хӯрокашро тановул кард. Ҳар ду аз ҳам ҷудо ва алоҳида дар курсӣ нишаста, телевизион тамошо мекарданд.

“Ман рафта хоб мекунам”, гуфта аз курсӣ бархест Салим.

Ин вақт Шозия садо кард, “Салим”. Ӯ садоро шунида дар ҷояш истод. “Салим! Ҳоло нарав. Ман ба ту чизе гӯфтаниам”, ишора кард Шозия. Салим бе ягон саволу ҷавоб ба курсӣ нишаст. Занаш аз курсӣ бархеста

ба курсии назди шавҳар омада, нишаст. Шозия гуфт:

-Салим ту ба сагҳо бисёр нафрат дорӣ!

-Ту чӣ мехоҳӣ?

-Салим ман медонам, ки бо ин нафрату бадбинӣ ту ҳақ ҳастӣ. Зеро... Салим ин вақт сӯханони занашро қатъ кард. Аммо вай дубора идома

дода гуфт:

-Каме бодиққат ба сӯханони ман гӯш бидеҳ. Агар ту он саги хоҳарат газидаро ҳалок мекардӣ ин тавр намешуд. Яъне, ту боварӣ ҳосил кардӣ. Салим бо дасти росташ дастаи курсиро сахт медошт. Шозия хеста ба хонаи дигар рафта бозгашт. Дар дасташ таппонча буду ногаҳон садо кард: -Салим! Инро бигиру сагро бизан. Ман онро дубора аз хонаи Ҳумайро ин ҷо овардам.

Ӯ таппончаро дар оғӯш гузошта, гӯфт:

-Салим ман эҳсос мекунам, ки дар ботини ту оташи интиқоме месӯзад, ки бояд хомӯш карда шавад. Ва он бо ҳамин роҳ бояд хомӯш карда шавад. Саг дар беруни дар ё дар назди даҳлез, ё дар кадом наздикӣ ё дур қарор дорад. Салим бархезу интиқоматро аз он бигир!

Дар ҳарфҳои Шозия ба ҷои фармон бештар як ҷасорат намудор мешуду мегуфт: “Салим хестан лозим. Ин барои ҳар дуи мо хело зарур мебошад”.

Ин лаҳза Салим таппончаро бардошта, аз дар берун баромад. Шозия аз дар дуртар рост меистод. Чеҳрааш зард менамуд. Ҳар ду қулфи дарро басту мехост гиря кунад, аммо наметавонист. Аз парешонии зиёд дастонашро болои муйҳояш мегузошт. Лаҳзаҳои душвору дардноке сипарӣ мешуд.

Қулфи дар боз шуду Салим ба хона даромад. Аз паси вай саг ҳам омад. Вай то дер ҳеҷ чизро фаҳмида наметавонист. Дар лабонаш як саволе буд, магар он ҷо монду чизе гуфтан натавонист.

“Шозия! Ман бо вай ончизеро ки ту гуфтӣ, мехостам анҷом диҳам. Дар дастам таппонча буд. Нохост нигоҳам ба чашмони вай (саг) афтод. Шозия ман наметавонам ҳолати равонии онро баён кунам. Як кайфияте ки бароям донистани он осон набуду ва шояд ҳеҷ гоҳе онро дарк натавонам, намудор мешуд. Он кайфият ба зеҳну руҳияи ман таъсир гузошту ботинамро ба ҳаракат овард. Ба мисли он ки дар ботинам боди сарде ворид шуда бошад. Ва гӯё дар ботинам қатраҳои шабнам медурахшиданду барг мерехтанд. Дарунамро боде фаро гирифту надонистам, ки чӣ тавр он таппончаро бо як зӯру тавоне аз дастам дур андохт”.

Салим болои диван нишасту Шозия бошад ба вай манигарист. Чеҳрааш ором, сукун ва боитминон ба монанди мавҷи баҳре ки тудаи реги соҳилро бо домани худ шуста, ба умқи об мерезад ва соҳил бошад ба мисли оина софу шаффоф мегардад, ба назар мерасид.

пешина
аз 17
навбатӣ