Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

БОҒИ НУРИ ДЕҲҚОН

2

Хуб акнун гўй, ки дар синфи чандум мехонӣ?

– Синфи се.

– Бале, аз паси ман биё!

– Мўйсафед ҷониби боғи бобои Нур роҳ гирифт.

Фозил сархаму парешонҳол аз паси ў қадам мезад.

– Мана мо расидем, - нафас рост кард мўйсафед.

– Дар бораи ин боғ шояд ту чизе надонӣ. Вале ман бунёдгари он Нури деҳқонро дар ёд дорам. Нур, вақте ки боғро бунёд намуд, ҳамсоли ту буд. Ҳамаи ин долу дарахте, ки мебинӣ, аз кўҳу камар оварда шинонду сабзонд. Аммо бин, ки дар бадани ягон дарахт номашро нанавиштааст. Не! Чаро нависад? Бе ин ҳам ин ҷоро ҳама боғи Нури деҳқон мегўянд.

Албатта, ин боғ сӣ – чил сол пеш бунёд шудааст. Ва ҳоло меваи онро мову ту мехўрем.

НАҚША:

1. Мўйсафед бо Фозил ба куҷо рафтанд?

2. Нур боғашро дар чанд сола буданаш бунёд кардааст?

3. Оё Нур номашро дар танаи дарахтони боғаш навиштааст?

СУПОРИШ:

1. Мазмуни матнро аз забони шахси сеюм (ў ё ки вай) нақл кунед.

2. Мувофиқи нақшаи тартибдодаатон аз забони шахси сеюм (вай ё ў) нақл нависед.

ДЎСТОНИ БОВАФО

Оҳуе дар баландии хушобу ҳаво ва сералафи кўҳсор мечарид. Чашми вай ба гунҷишкаке, ки ба ҳар сў меҷаҳид, афтод. Оҳу ба вай нигоҳ карда гуфт:

– Чӣ ин қадар ҷастухез дорӣ, магар ба саёҳат омадӣ?

Не, ман ба назди ту омадам, мехоҳам бо ту ошно шавам, - ҷавоб дод гунҷишк.

– Ту чӣ кори хуб карда метавонӣ, ки ман бо ту ошно шавам? – гуфт оҳу.

– Парво накун, аз дасти ман бисёр корҳои хуб меоянд. Худат дида , баъд қоил мешавӣ. Оҳу таклифи гунҷишкро қабул кард. Онҳо аз ҳамон рўз дўстона ба сар зиндагӣ мекардагӣ шуданд.

Баъд ба инҳо муш ҳам ошноӣ пайдо кард. Рўзе ногоҳ оҳу аз рафиқонаш ҷудо шуда, ба доми сайёде афтод. Сайёд хост, ки оҳуро зинда ба хонааш барад.

Бинобар ин ўро ба дарахт бо банд сахт баста, худаш ба деҳа рафт.

Гунҷишк ва муш ба ҷустуҷўи вай баромаданд.

Ногоҳ гунҷишк дид, ки оҳу дар як дарахт сахт баста шудааст. Вай ба назди муш рафта, воқеаро нақл кард.

Ҳар дуяшон назди оҳу омаданд. Муш бо дандончаҳои тезаш бандро зуд бурид.

Оҳу аз доми сайёд озод шуд, бо дўстони хурдакаку бовафои худ ба даштҳои васею дилкушо баромада рафт.

Луқмони Ҳаким

НАҚША:

1. Гунҷишк бо оҳу чӣ тавр ҷўра шуд?

2. Гунҷишк ва муш оҳуро чӣ тавр озод карданд?

3. Дўстӣ чӣ аҳамият доштааст?

ХОЛА ХУРСАНД ШУД

Зайнаб-хола баъд аз дарсҳо сатилу ҷорўб дар даст ба синфи 3 – А даромаду ҳайрон шуд.

Наход имрўз дарс нашуда бошад – а? – аз дил гузаронд ў. Тозагии мизу курсиҳо, оинаю тирезаҳо, лавҳаи синф ўро шод карда буд. Ҳоҷати оворагию рўфту рўб нест, қарор дод Зайнаб-хола. Вай дари синфро оҳиста пўшида, ба синфи дигар гузашт.

Рўзи дигар ҳам Зайнаб – хола синфи 3 - А – ро чун дирўз озодаю покиза дид.

Аммо вай нағз дар хотир дошт, ки имрўз дар ин ҷо дар ҳар ду баст дарс гузашта буд. Ин кори кӣ бошад

– а? мепурсид ў худ аз худ. Бегоҳии дигар Зайнаб – хола барвақттар ба кор омаду Аввал ба синфи 3_А даромад.

Лабони хола беихтиёр ба табассум моил шуданд.

Ҷаннатой фаршу Дилбар оинаро бо латтаи тар пок мекарданду Саломат лавҳаи синфро мешуст.

– Ин кори шумо будааст – дия, - гуфт Зайнаб – хола бо миннатдорӣ.

– Бале, кори мо, - гуфт Ҷаннатой пеш омада, - мо қарор додем, ки доим синфамонро тозаю озода нигоҳ дорем.

Аз рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»

НАҚША:

1. Чаро Зайнаб – хола ҳайрон шуд?

2. Ҷаннатою Дилбар ва Саломат чӣ кор карданд?

3. Тозаю озода будан чӣ маъно дорад?

СУПОРИШИ ГРАММАТИКӢ

1. Мазмуни матнро мувофиқи нақшаи тартибдодаатон нақл кунед.

2. Калимаҳоро шарҳ диҳед ва нависед:

Ҷорўб - Баст -

Миз - Бегоҳӣ -

Курсӣ- Лавҳа – барои навиштан

Намуна: Ҷорўб-асбоби рўбучин

МАТНҲО ОИД БА ФАҲМОНИДАНИ АВВАЛИ НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО

СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Соли нави таҳсил оғоз меёбад. Мо ҳама ба ин иди таҳсил омодагӣ гирифта истодаем…

Таътили тобистона

Маъруф синфи сеюмро тамом кард. Ў мехоҳад дар таътили тобистона аз шаҳр ба истироҳатгоҳи деҳаи Қаротоғ рафта дам гирад…

Таътили зимистона

Моҳи январ таътили зимистона сар мешавад.

Ман бо ҳамсинфам Салим маслиҳат кардем, ки дар таътил ба деҳа ба хонаи хешовандонамон ба меҳмонӣ меравем…

Зимистон

Моҳи январ моҳи сербаф мебошад. Дар ин моҳ барфи бисёр меборад ва дарахтон пур аз барф мешаванд…

Мактаби мо

Мактаби мо дар ҷойи хушобу ҳаво сохта шудааст. Дар он боғи калон ҳам мавҷуд аст. Мо меваҳои боғи мактабро нигоҳубин мекунем…

Бобои асалпарвари ман

Бобои ман асалпарвар мебошад. Дар фасли баҳор занбўрҳои асал ба ҳар тараф парвоз мекунанд ва ба гулҳо нишаста, боз ба хонаҳояшон бармегарданд.

Ман ба корҳои бобоям ёрӣ медиҳам…

Дугонаҳо

Ману Солеҳа ҳамсинф ва дугона мебошем. Ба хонаҳои якдигар рафтуомад дорем. Дарсҳоямонро ҳамроҳ тайёр мекунем…

Наврўз

Хар сол мо хонандагони синфи сеюм ба ҷашни

Наврўз тайёрӣ мебинем. Шеърҳои зиёд аз ёд мекунем.

Наврўз соли нави мо ба шумор меравад…

Зўрхона

Дар деҳаи мо зўрхона мавҷуд аст. Дар ин зўрхона (машқҷо, варзишгоҳ) ҳама шароитҳо муҳайё мебошанд. Баъд аз дарс мо вақтамонро беҳуда намегузаронем…

пешина
аз 32
навбатӣ