Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

СИНФИ ЧОРУМ

МАТНҲО БАРОИ НАҚЛИ ХАТТИИ МУФАССАЛ

САБАБИ ГИРЯ

(Латифа)

Рўзе Мулло Насриддин бо занаш сари дастурхон нишаста буданд. Зани Мулло қошуқе аз оши гарм , ки пешаш буд, ба даҳонаш бурд. Азбаски ош бисёр гарм буд, ашк дар чашмонаш пур шуд.

Мулло Насриддин сабаби гиряашро пурсид.

Занаш ҷавоб дод:

– Ёдам омад, ки марҳумаи модарам ин ошро хеле дўст медошт, аз ин сабаб ҳам гиряам омад.

Баъд Мулло Насриддин ҳам ба хўрдан оғоз кард.

Ногаҳон аз чашми ў ҳам ашк рехт. Ин дафъа занаш пурсид:

– Шумо чаро гиря кардед?

Мулло гуфт:

– Ман ҳам ба ёди марҳумаи модарат афтодам, ки мисли ту духтари бадҷинсеро балои ҷони ман кард.

Алии Шоҳмирӣ

НАҚШАИ НАҚЛИ ХАТТӢ:

1. Дар матн сухан дар бораи киҳо рафтааст?

2. Чаро аввал аз чашмони зани Мулло

Насриддин об рафт?

3. Аз чашмони Мулло Насриддин магар об нарафт?

4. Мулло Насриддин ба саволи занаш чӣ ҷавоб гардонд?

ЛОНАЧАҲО БАРОИ ГУНҶИШКОН

1

Ҷўраҳо саргарми сўҳбат буданд, ки чизе таппӣ карда пеши пойи онҳо афтид.

Бинанд, гунҷишк!

Додарҷон онро аз замин бардошт.

– Бечора, - гуфт ў гарм – гарм гунҷишкро пуфкунон:

– Хунук хўрдааст.

– Дар ин хел ҳаво хунук нахўрда ҳам бин, - гуфт

Фахриддин. _ Ба ман ҳам деҳ камтар гарм кунам.

– Додарҷон гунҷишкро ба ў дод.

– Эҳ, агар ҳамаи гунҷишкони деҳаамон бо пуф гарм карда шаванд…

Хонаи Фахриддинино наздик буд ва бачаҳо ба тарафи хона давиданд.

Гунҷишкро дар назди бухорӣ гарм карданд.

Баъди фурсате гунҷишк ҷон гирифт. Ҷунбид.

Фахриддин онро рўйи кўрпача гузошт. Паранда болҳояшро кушоданӣ шуд, аммо як қаноташ кушода нашуд. Фахриддин онро бодиққат даст – даст карда фаҳмид, ки хушбахтона устухони болояш зарб хўрдаасту вале нашикастааст…

НАҚША:

1. Ҷўраҳо чиро аз замин гирифтанд?

2. Гунҷишки захминро ҷўраҳо чӣ тавр табобат карданд?

3. Парандаро дар куҷо тбобат намуданд?

4. Куҷои паранда лат хўрда будааст?

БО НОНРЕЗА СЕР КАРДАНИ ГУНҶИШК

2

Гунҷишкро бо нонреза сер карданд.

– Имсол зимистон хунук омад,

- гуфт Ёрмаҳмад.

– Зимистон дароз аст. Онҳоро бо пуф – пуф гарм кардан амри маҳол аст. Барои онҳо хоначаҳо сохтан лозим. Ин кор он қадар душвор нест.

Рўзи дигар ҷўраҳо лоначаи аввалинро дар танаи сафедори хонаи Фахриддинино овехтанд. Сипас, то охири рўз 6-то лонача сохтанд. Баъд боз 36 –тои дигар.

Гунҷишки худро ҳам фаромўш накарданд ва барои ў низ лоначаи зебое сохтанд, то ки гунҷишк маҳз дар ҳамин хонача зиндагӣ кунад. Баъди ба танаи дарахт часпондан онро ба даруни лона гузоштанд.

Додарҷон аз нардбон фуромада ба боло, ба хонача нигарист. Гунҷишк аз даричаи он сар баровард

«чиқ –чиқ» гуфту баъд парвоз кард.

Ҷўраҳои накукор ба ин «чиқ - чиқи гунҷишк сарфаҳм рафта қаноатмандона табассум намуданд.

Аз рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»

НАҚША:

1.Баъдтар ҷўраҳо дар ҳаққи парандагон ва махсусан гунҷишкон чӣ гуна ғамхорӣ карданд?

2. Сухани имсол зимистон хунук омад ба кӣ дахл дорад?

3. Бачаҳо аввал шаш хонача сохтанд, баъдтар чӣ қадар сохтанд?

4. Гунҷишки маҷрўҳ аз хонача чӣ гуфта баромада парвоз кард?

5 Оё шумоён ҳам боре барои парандаҳо хонача сохтаед?

СУРУДИ КАБКИ ДАРӢ

1

Рўзи истироҳат Ҳафиз дертар аз хоб хест. Ба рўйи ҳавлӣ баромада буд, ки ба гўшаш овози форами кабкони дарӣ расид.

«Дар куҷо бошанд-а»- гўён ба атроф бодиққат назар кард. Нохост чашмаш ба сангҳои калон-калони сари тал афтод. Дид, ки дар зери онҳо 5 – 6 кабк ба худ хўрданӣ меҷўянд. Ҳафиз ҷав гирифта ба болои тал баромад. Ў донро дар ҷойҳои хушкӣ пошида баргашт. Вақте ки ба ақиб нигоҳ кард, дид, ки парандагон аз нав ҷамъ шуда истодаанд.

Ҳамин тариқ, ў ҳар рўз ба парандагон дон медод. Кабкон торафт бисёртар мешуданд ва ҳар рўз барф ҳам бисёртар меборид.

НАҚША:

1. Ба гўши Ҳафиз овози чӣ расид?

2. Вай барои кабкҳо чӣ тадбир андешид?

3. Хафиз ба кабкҳои гурусна чӣ гуна муносибат кард?

4. Кабкҳоро аз чӣ наҷот дод?

АЗ ГУРУСНАГӢ НАҶОТ ДОДАНИ

ПАРАНДАГОН

2

Рўзе ў боз ба тал баромад. Кабкҳои гурусна бисёр буданд.

Сетои онҳо маҷоли ҷунбидан надоштанд.

Кабкҳоро ба хона овард. Падару модараш аз ин кори

Ҳафиз хурсанд шуда: «Барака ёб, писарҷон, онҳоро дар рўзи сахт аз марг наҷот додан кори савоб аст», - мегуфтанд. Ў боз чанд кабки карахтшударо дошта овард, онҳоро хуб нигоҳубин кард. Ҳамин, ки ҳаво хуб шуд, кабкҳоро сар дод. Ин рафтори наҷиби Ҳафизи

Мирзовафоро ба назар гирифта, маъмурияти мактаб ба ў «Раҳматнома» эълон кард.

Аз рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»

НАҚША:

1. Бори дигар Ҳафиз чанд- то кабкро ба хонаашон овард?

2. Падару модар ба писарашон чӣ гуна дуои нек доданд?

3. Маъмурияти мактаб ба Ҳафиз чӣ дод?

4.Оё шумо ба ҷойи Ҳафиз мешудед, чунин рафтор мекардед?

ДЕҲКОН ВА МОР

Як мор сўйи деҳқон хазида омаду гуфто:

«Биё, ҳамсоя! Бо ҳам дўстона зиндагӣ созем,

Набояд баъд аз ин ту аз ману ман аз ту бигрезем.

Худат дидӣ: дигаргун гаштаам зи сар то по,

Ҳамин фасли баҳор ин пўстам ҳам нав шуду дигар»,

Вале деҳқон накард ин гуфтаҳои морро бовар.

Табар бар каф гирифта марди деҳқон,

Бигуфто: «Пўстат гарчи дигар шуд,

Дилат ҳаст ончунон, ки пеш аз ин буд».

Чунон зад пас, ки шуд ҳамсоя беҷон!

Агар гум кунӣ дар назди мардум эътимоди худ,

Дигар ҳар дам ба ҳар ранге дароӣ ҳам _ надорад суд,

Аз ин корат халосӣ нест, зинҳор,

Шавад қисмат туро ҳам қисмати мор.

Муҳаммад Авфӣ

НАҚША:

1. Мор ба деҳқон чӣ гуфт?

2. Мақсади мор аз чӣ иборат буд?

3. Оё маслиҳати морро деҳқон қабул кард?

4. Магар мор сухан гирифта метавонад?

5. Мор гуфта шоир чӣ гуна одамонро дар назар дорад?

6. Сабаби морро куштани деҳқон дар чист?

7. Оё обрўро дар байни мардум гум кардан мумкин аст?

пешина
аз 32
навбатӣ