МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
АЗ ҲАМА ЗЎРТАР КИСТ?
(Афсона)
1
Будааст, набудааст, як харгўшаки далеру доно будааст. Вай хушу хуррам зиндагӣ мекардааст. Вале рўбоҳ ўро хўрдан мехостааст.
Як шаб рўбоҳ дари хонаи харгўшакро кўфта гуфтааст:
– Дарро кушо, камтар гарм шавам!
– Меҳмон дорам! – бепарво ҷавоб додаст харгўшак.
– Кист меҳмони ту? - ба ғазаб омада пурсидааст рўбоҳ.
– Гург! - ҷавоб додааст харгўшак.
Рўбоҳ гурехта рафтааст.
Дере нагузашта худи гург омадааст.
Дарро кушо, камтар гарм шавам! – гуфтааст вай.
– Меҳмон дорам! - бепарво ҷавоб додааст харгўшак.
– Кист меҳмони ту? Ба ғазаб омада пурсидааст гург.
– Шершоҳ.
– Гург ҳам гурехта рафтааст.
НАҚША:
1. Рўбоҳ дари хонаи харгўшро чӣ кор кардааст?
2. Баъди рўбоҳ чӣ ба хонаи харгўш омадааст?
3. Харгўшак ин дафъа гургро чӣ гуфта, фиреб мекунад?
БА ХОНАИ ХАРГЎШАК МЕҲМОН ШУДАНИ ШЕР
2
Як поси шаб дари хонаи харгўшакро боз кўфтаанд. Ин дафъа шер омада будааст.
– Ҳой гўшдароз, - гуфтааст шер, - дарро кушо, камтар гарм шавам!
– Меҳмон дорам! Тақсир! – ҷавоб додааст харгўшак.
– Кист меҳмони ту? – ба ғазаб омада пурсидааст шер. – Одам ҷавоб додааст харгўшак.
Шер ҳам номи одамро шунида ба даруни беша даромада рафтааст.
Харгўшак аз ҳилаи ёфтааш хурсанд шуда, худ ба худ гуфтааст:
–Дар рўйи замин аз ман донотар ҷондор нест!
Аммо хурсандии харгўшак дер давом накардааст. Агар худи одам омада монад, чӣ кор мекунам? Чӣ баҳона меёбам? Аз одам зўртар кист? – фикр кардааст вай.
Албатта, он шаб дари хонаи харгўшакро касе накўфтааст. Вале вай ба ҳамон саволи худ ҷавоб наёфтааст. Дар ҳақиқат аз одам зўртар кӣ бошад?!
Азизи Азиз
НАҚША: мезанад? медиҳад? будааст?
1. Дари хонаи харгўшакро дар охир чӣ тақ – тақ
2. Харгўшак шоҳи ҳайвонотро чи гуна фиреб
3. Дар рўйи замин аз ҳама доною зўр кӣ
МАДАДГОРИ БОБО
1
Шодӣ нав панҷсола шуда бошад ҳам, ба бисёр корҳо сарфаҳм мерафт.
Шодӣ бобои ҳафтодсолае дошт, ўро Салим - ота меномиданд.
Бобо ба шодӣ ҳикояҳои аҷоибу ғароиб гуфта медод. Вайро ҳамеша ҳамроҳаш гирифта мегашт. Аз ин кори бобо Шодӣ беҳад хурсанд буд.
Боре , вақте ки ҷамъоварии ҳосили чормағз расид, Шодӣ назди бобо омад ва дарахти калони чормағзро нишон дода гуфт:
– Бобо, шумо чӣ хел ба ин дарахт мебароед?
– Чаро ба дарахт мебаромадаам? – пурсид дар ҷавоб бобо.
– Набошад чормағзро чӣ хел меафшонед?
– Дар ин кор ба ман ту ёрӣ медиҳӣ, дигарон ёрӣ медиҳанд.
– Ман хурд ҳастам бобо, ба дарахт баромада наметавонам…
НАҚША:
1. Шодӣ чандсола шуда буд?
2. Бобои шодӣ чӣ ном доштааст?
3. Салим-ота Шодиро ба куҷо ва барои чӣ мебарад?
ҲИЛАИ БОБО
2
Ба дарахт баромадан шарт нест.
– Чӣ хел?
– Баъд мефаҳмӣ, - гуфт бобо ва ҳамроҳи наберааш ба соҳили дарё рафт.
Бобо аз буттаҳо химча мебурид. Шодӣ онҳоро ҷамъ мекард.
Бобо аз ин химчаҳо сабаде бетаг бофт, ки ин
Шодиро ба ҳайрат овард.
– Чаро сабади бетаг бофтед, бобо? – пурсид
Шодӣ.
– Баъд мефаҳмӣ , - номуайян гуфт бобо ва сабадро ба таги дарахти чормағзе, ки он дар канори деҳа, дар наздикии хонаашон буд, бурда монд.
Нисфи шаб он ҷо хирс омад. Вай ба дарахти чормағз баромада, муддате онро афшонд. Ин кори ў то пагоҳӣ давом кард. Вақте ки бобою набера сўйи дарахти чормағз мерафтанд, Шодӣ ногоҳ хирсеро дид, ки сабади холиро пуштора карда мерафт…
Онҳо ба назди дарахти чормағз омаданд. Ба ҷойи сабад як тўп чормағз буд.
– Ана акнун фаҳмидӣ, - гуфт ба наберааш, - хирс ба ман мадад мерасонидааст: Чормағзро афшонд, баъд тўп карда ба сабад андохт, аммо чормағзҳоро монду сабади холиро гирифта рафт.
Шодӣ бо завқ хандид.
Мустафо Шарқӣ
НАҚША:
1. Бобо бо наберааш ба куҷо рафтанд?
2. Бобо аз химчаҳо чӣ бофт?
3. Хирс чормағзҳоро ҷамъ карда ба чӣ андохт?
4. Чаро Шодӣ бо завқ хандид?
ПАДАР ВА ПИСАРОНАШ
(Масал)
Падар ба писаронаш насиҳат кард, ки бо ҳамдигар иттифоқ шуда, бе ҷангу ҷанҷол оромона зиндагӣ кунанд. Аммо онҳо ба суханони падар гўш накарданд.
Як рўз падар ба онҳо фармуд, ки як банд химча биёранд. Вай он банди химчаро дар байни фарзандонаш гузошта гуфт: «Шиканед!».
Писарон ҳарчанд зўр заданд, шикаста натавонистанд.
Баъд, падар бандро кушоду ба дасти ҳар як писараш яктоӣ химча дода фармуд, ки шикананд.
Писарон он химчаҳои тоқа – тоқаро ба осонӣ шикастанд.
Баъд падарашон гуфт:
«Шумоён ҳам ана мисли ҳамин химчаҳо ҳастед: агар бо якдигар иттифоқ шуда зиндагӣ кунед, ҳеҷ кас шумоёнро мағлуб карда наметавонад. Агар бо якдигар ҷанҷолу хархаша карда ҷудо – ҷудо зиндагӣ кунед, шуморо ҳар кас ба осонӣ нобуд карда метавонад».
Мазмун аз «Ҳикматҳо»-и Луқмони Ҳаким
НАҚША:
1. Падар ба писаронаш чӣ насиҳат кард? 2. Ў фарзандонро чӣ тавр санҷид?
3. Банди химчаҳоро ҷудо - ҷудо шикастан осон ё якҷоя?
НАҚЛИ ХАТТӢ БО СУПОРИШИ ГРАММАТИКӢ
ЧИНОРИ БЕЗАБОН
1
Фозил корди дасташро бозидорон назди чинор омад. Ҳама ҷо хомўшӣ. Ба пасу пеш бодиққат чашм партофт. Касе ба чашм барнахўрд. Кордро бо шаст ба бадани чанор зад. Бадани чанори пир ба дард даромад.
Фозил бошад, дардро ҳис накард. Ба обу арақ ғўтида бо шавқ ҳарфи аввали номашро каҷу килеб кандакорӣ мекард.
Чанори пир дард мекашиду Фозил аз
«корнамоияш» шод буд. Яккачанори пири деҳа захмӣ мешуду ў парвое надошт.
– Пўсти хушки чанорро тарошидан шарт нест, писарам, - нобаҳангом овози шиноси мўйсафеди
Бобокалон ўро боздошт.
– Ку, бинам чӣ кардӣ? Ҳай – ҳай хуб накардӣ.
Гумон доштам, ки пўсти чанорро метарошӣ. Ту бошӣ…
Дасти инсон ганда, писарам. Барои иҷрои корҳои нохубе пеш меравад… Афсўс, вале фаромўш накун, ки ҳамин дарахтро ҳам дасти инсон шинондааст. Инсоне, ки фикри ману туро дошт, ҳа, бовар кун…
НАҚША:
1. Фозил ба чӣ кори нохубе даст зад?
2. Ў тани чанори пирро чаро захмин кард?
3. Оё шумо ҳам ба чунин кори бад даст мезанед?
СУПОРИШ:
1. Мазмуни матнро аз забони шахси якум нақл кунед.
2. Дар асоси нақшаи тартибдодаатон аз забони шахси якум (ман) нақли хаттӣ нависед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё