АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа
Шарифбек АЗИЗӢ
ДУРАХШИ АЛМОС
ҚИССА
Агар карди нигаҳ бар пораи санг,
Зи файзи орзуи ту гуҳар шуд.
Ба зар худро масанҷ, эй бандаи зар,
Ки зар аз гўшаи чашми ту зар шуд.
Муҳаммад Иқбол
Борон мебориду меборид. Қатраҳои он ба шишаи тиреза зада, садои ширине мебаровард. Форамии он ба гўши Акбаршоҳ расид магар, ки ў аз хоб бедор шуд. Лаҳзае ба садои борон гўш дода буд, ки гулдуроси раъду барқ хонаро як равшан карду боз торикӣ ҳукумфармо гашт.
Акбаршоҳ даст ба тугмаи чароғак бурда, онро зер кард ва хона равшан шуд. Ба соат нигарист, ақрабаки он дуву панҷоҳ дақиқаро нишон медод.
– То субҳ хело вақт аст, – аз дил гузаронд ў ва тугмачаи чароғакро дуюмбора пахш кард. Кабинеташ боз дар оғўши зулмот монд. Раъду барқ гоҳ– гоҳе садо дода, пардаи зулмотро лаҳзае бо нури худ медарид.
Хоб аз чашмони Акбаршоҳ парида буд. Ҳарчанд кўшиш намуд, дигар хобаш набурд. Ба садои борон гўш дода, хотироти наврасӣ пеши назараш омад…
Ў ҳамроҳи бобою бибияш дар деҳа мезист. Боре ҳангоми дар синфи нўҳум хондан ҳамроҳи бобояш ба ҷангал рафт. Он солҳо дар корхонаҳои хурди оҳангарӣ бинобар набудани ангиштсанг лахчаро истифода мебурданд. Дар баҳорон баробари гарм шудани ҳаво мардҳо ба ҷангал рафта, барои ин корхонаҳо лахча тайёр карда меоварданд.
Ҳанўз субҳ надамида буд, ки онҳо маркабсавор аз деҳа баромаданд. Дар осмони софу беғубор ситораҳо чашмак зада – чашмак зада, аз омад– омади субҳ мужда медоданд. Роҳ хеле дур буд. Соатҳои даҳ– ёздаҳи пагоҳӣ онҳо ба ҷангали Регак* расиданд. Бобо таги арчаи калонеро интихоб карда борҳоро фаровард. Набера об оварда чой монд. Баъди тановул ҳарду ба кандани хандақ пардохтанд, ки баландии он баробар ба қади бобо, паҳноияш яку ним ва дарозиаш се метр буд. Чун хандақ тайёр шуд, рўз аз нисф гузашт. Дар осмон бошад аввалин пораҳои абри сиёҳ пайдо шудан гирифтанд.
- Регак – ҷангале дар мавзеи қаторкўҳҳои Дарвоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё