Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар хандақ гулхан афрўхтанд. Бобо шохаҳои дарахтонро тоза мекарду Акбаршоҳ онҳоро оварда болои гулхан мепартофт. Ниҳоят он чуқурӣ аз шохаи дарахтони нимсўз пур гардид. Онҳо хурсанд шуданд. Акнун ў алафҳои сабзро медаравиду бобо оварда моҳирона болои гулханро мепўшонд, то бо ин роҳ оташ хомўш гардаду чўбҳо нимсўз монанд. Сипас, ҳарду хоки дар атрофи хандақ бударо аз нав болои алафҳо гардониданд.
– Ана, тамом, акнун рафтем, бачаҷон, – гуфт бобо ва ҳарду боз ба таги он арчаи калон омаданд. Шом фаро расида буд. Ў чой монд. Бобо таҳорат карда намозҳояшро хонд. Пардаи абри сиёҳ тамоми осмонро пўшида буд Баъди тановули хўроки шом бобо барои ў ҷойи хоб густурда, ҳамаи либосҳои бо худ овардаро болояш пўшонд ва каме дуртар аз ҷойи хоб гулхан фурўзон кард.
Нисфи шаб аввалин қатраҳои борон ба замин расиданд ва рафта – рафта борон шиддат гирифт. Боборо дигар хоб набурд ва гулхани фурўзон кардааш то субҳи содиқ хомўш нагашт.
Гармии он ҳаловате мебахшид. Бобо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд ва дар ҷанг як пояш захмин шуда буд.
Ҳавои намнок дарди ўро дучанд мекард, вале он шаб мўйсафед боре ҳам дар ин бора ба набера шикоят накард. Эҳтимол аз ғами он ки «мағзи донакаш» хунук нахўрад, дарди худро фаромўш сохт.
Баробари дамидани субҳ борон аз боридан монд ва онҳо болои хандакро тоза карда, лахчаҳоро ба шаш халта гирифта, ба маркабҳо бор карданду баробари ғуруби офтоб ба деҳа расиданд.
Бибӣ дар берун омадани онҳоро интизор буд, магар ки баробари аз пайроҳа ба тарафи хона тоб хўрданашон ба истиқболашон омада, набераро ба оғўш кашидаву бўсида, гуфт ки дишаб борон торҳои диламро пора кард…
Ҳарчанд бобо ҳам дар чунин ҳол буд, сир бой надод.
Табассум карда гуфт, ки азоби бобояшро фаҳмида бошад, хонад…
Занги телефони дохилӣ ўро аз банди хаёл берун овард.
Нимхез шуда гўшаки телефонро бардошт.

пешина
аз 416
навбатӣ