Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.
зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа
ЗУРАХШ
Духтар набуд, бало буд, як муштвора оташу як пуштора ҷазо буд. Духтар зода шуданаш ҳам хато буд, писар мебуд – ато буд.
Солорони деҳ мегуфтанд, ки худованд ба ҷанини модари Шеда дар фикри ҳукм ба писар додан буда, ки баъд фаромўш карда. Ва ба дунё омадааст ҳамин Шеда бо феъли мардонаву ба ҷисми занона.
Аз ин рў рўбу чину шусту шўю пухту пази хонаро намекард. «Хона нарўфта,
Шеда! Дегу табақ нашуста, Шеда! Хўрок напухта, Шеда! Ҳай рўят лахча, Шеда!»
Вале бо камоли майл ҳезум мешикаст, алаф медаравид, хишт мерехт, бому бомгўшаро андоваву дасткорӣ мекард дар тобистон, аз барф пок дар зимистон.
Агар аз ин қабил корҳо пеши чашм намедид, ба лабобаи Кафкрўд мефуромад ва бо бачаҳо чиликбозиву гуштингирӣ мекард. «Шарм аз худо надорӣ, Шеда!»
Шуғли дўстдоштааш ин буд, ки мерафт дар ангатзори соҳил махфӣ мешуд ва ҳамин ки писараке барои асп об додан ба соҳили рўд мефуромад, Шеда аз камингоҳи худ берун меҷаст, оҳумоно ба савор мерасид, уқобосо писаракро аз зин ба замин мекашид, сабук по ба узангу мезаду чобук худро рўи зин мегирифт ва аспро чорхез медавонид. «Эҳтиёт кун,
Шеда! Аспро насўзон, Шеда!»
Падари Шеда буд мусаммо ба номи кампайдо, яъне Хубоншо.
Марди баору номус буд Хубоншо, кам-камак нозу нуз ҳам дошт таги пўсташ. Аз ин рў чун бо хаму чам роҳ мерафт, ангор рўи хошок мерафт ва шарфоки пояш замзама мекард: «хонаам коза бошад, дилакам тоза бошад!» Аз ин рў аз ояндаи духтараш бимнок буд.
«Пирдухтар мемонӣ, Шеда! Нохоста мемонӣ, духтари беқайду беандеша, Шеда!»
Деҳ ҳамон деҳ буд, мардум ҳамон мардум, танҳо Шеда дигар буд, дарбеҳи махмалӣ ба кўрпачаи карбос, ки Сармаддеҳ ном дошт. Пеш аз ҳама назарнамо буд, боиси ҳасрати пайвастагону ҳайрати бегонагон.
Ана имрўз чун ҳама рўз Хубоншо аз хоб хест, атрофу акнофро нигарист: занаш бемор, фишори хунаш боз паст шуда буд, ҷомаро ба худ печида буд, тарсону ларзон шавҳарашро нигоҳ мекард, ки чаро фаттону ғазбон гирду пешро менигарад.
– Ба хайр аст? – суол кард ў.
Шавҳараш ҷавоб надод. Аз ҷо баланд шуд, чанд раҳ ин сў, он сў рафту дар баробари зан ба тафт истод ва суолаш ин буд:
– Духтарат ба чанд даромад?
– Ба нуздаҳ. – Зира, зани Хубоншо пайомади хуберо чашмдор набуд аз ин пурсиши шавҳараш.
Хубоншо боз чанд раҳи дигар даври хона чархид, аз баландин ба замин хамбид ва хашмин гуфт:
– Духтарат ба чанд даромад?
– Ба нуздаҳ! – заҳраи Зира таркид.
Хубоншо чанд раҳи дигар гирди худ чархид ва олуда ба заҳр хандид:
– Агар нуздаҳандар шарм дар ў намешавад падид, пас дар ҳафтод низ гирди сараш нахоҳад чархид!
Инро гуфту ба сўи дари ҳавлӣ рафт, онро бо нўки по лагад зад ва аз паси худ бо пушти по барбаст. Зарба дузарбаву сахт буд, ки андоваи гирди дарвоза ба замин фурў рехт…
Мадори пойҳои Зира хушк шуд, беҳол ба замин нишаст ва пушт ба сутуни айвон бубаст. «Мемурӣ нахуст субҳона таҳия кунӣ ва пасон гум шавӣ, Шеда!
Ба боди зиштномӣ гирифтор мешавӣ, Шеда! Аз иззи гаронию ҳукми қадрдонӣ бенасиб мондаӣ, Шеда! Пайомади ин ҳама пушаймонӣ, Шеда!»
Аммо ин овоз набуд, сояи овоз буд. Овоз ин буд, ки ногоҳ аз ҳезуми тари дилаш шўъла бархост. «О, ин духтар ин қадар зуд берун намерафт! Магарам чӣ шуда? Хонае оташ гирифта ё касе мурда?!»
Зира нафасро дар гулў зиндонӣ карду гўш фаро кушод, то бидонад, ки дар деҳ чӣ рух дод. Деҳ деҳи хурдак буд, агар дар Гузари Боло шевани «вой!» баланд мешуд, ҳароина дар Гузари Поён бонги «ҳой?» шунида. Зан на шевани «вой!»- ро шуниду на бонги «ҳой?»-ро. Лобуд оромида, на хонае сўхта, на касе мурда, на дузд чизе бурда. «Пас Шеда мурғ аз хоб нахеста, аз хоб хеста, агар хеста, берун чаро рафта, куҷо рафта?!»
Зира дар фикри худро аз ҷой баркандан, то дами дарвоза рафтан ва суроғи Шедаро аз роҳгузарон гирифтан буд, ки худи Шеда аз дарвоза андарун омад.
Шеда модарро надид ё надида ангошт, пурсишҳои ўро: «куҷо будӣ? чӣ кардӣ? куҷо рафтан дорӣ?» нашнид ё нашнида ангошт ва рафт рост ба дари анбор. Пас аз тарақотуруқи афзун, Шеда шуд аз анбор берун. Дар чашмаш дурахш, дар даст афсору ҷулу зини рахш. Асп панҷ сол пеш мурда буд ва ин абзор дар анбор бекор хобида буд. Шеда саворӣ дар пушти ҳамон фақид озмуда буд. Модари фурўмонда ба духтари аламшанга хомўш менигарист ва пайомади нохушеро фурў медид, ниҳоят таркид:
– Шеда, ин қадар гўш мехорӣ? Бигў, чӣ шуда?
– Сабр, модарҷон, сабр! Бузургон аз сабр ёфтаанд…
– Фақирон аз қабр.
– Уф! – Шеда омаду бағали модараш нишаст. – Хўш, гўш бидиҳеду дағдаға наоғозед. Шаб хоб дидам, дами субҳ дидам, чароки мулло Бухоризода ҳанўз азон ба самъи хуфтагон нарасонида буд.
Хоб дидам, ки аспе якрон дар фарози Ялмо шиҳа мекашад, безину афсор, бесоҳибу абгор, имдод мехоҳад, соҳиб меҷўяд, аз ин рў ба хоби ман даромада…
Ман аз хоб бедор шудам, дамидани бомро хостор шудам, лек тоқати ман тоқ шуда буд, ба роҳ афтодам. Чоки рўз ба Ялмо расидам ва вайро бо ду чашми сар дидам, пиндор, модар, ки ман ҳамасола гумҷўӣ мекардаму инак гумкардаи худро ёфтам… Аз ман натурид, гузашта аз ин бар ман гароид ва рўбарўи ман намоз гузорид…
Модар тарсону ҳайрон ўро менигарист: «аз рўи ҳақиқат мегўяд ё бо факоҳат ўро гўл мезанад?»
– Аспи кадоме аз деҳоти атроф рам хўрда ё кишан гусаста, ба мулки мо омада?
– На, модарҷон, ман ҳамаи аспҳои давру пешро шиносоям, ин рақам аспро набишносам, вай бесоҳиб аст ва соҳибаш манам! Чароки ба хоби ман даромада ва аз вуҷуди хеш маро суроғ дода!
Шеда ҷулу ҷиҳози аспро бардошт ва ба сўи дарвоза равон шуд. Модар тарсону ларзон аз ҷо баланд шуд.
– Ба Фарози Ялмо меравӣ?!
– На, пушти дарвоза. Чун ёлашро гирифтаму ба роҳ афтодам, вай баробари ман гом бардошт ва инак пушти дарвоза нигарони ман аст, то дар зери ронҳои ман чорхез бизанад!
Модар низ аз паси ў роҳ сар кард.
Аммо пушти дарвоза аспноме набуд.
Шеда ҳайрон ба тангкўчаи холӣ менигарист: «худоё, аспаки ман куҷо равона шуд?» Модар тарсон ҷигарбандашро чашмбарандоз мекард: «Худоё, магар ин духтар девона шуд?»
\* \* \*
Аз он рўз ба баъд модар ҳамвора ҳаросон ба духтар менигаристу падар ғазбон. Модар ҳаросон, ки нури чашмаш париёр шудаву падар ғазбон, ки ёвакор.
Аз ин рў модар рафт, аз мулло Бухоризода чашмпаном овард, то ҷигарбандашро дар амон дорад. Падар дар фикри ёфтани домоди тунукмағзи сабуксабз афтод, то ҳанўз ки афсори бадномӣ ба сару гарданаш назадаанд, хотирҷамъ бошад.
На таъвизи мулло Бухоризода кора шуд ва на фикри домоди тунукмағз пиёда. Шеда ҳамон ки буд, буд.
Он рўзи ёдшуда Шеда ҳама ёнаву ёлаҳои давру пешро кофт, лек аз он хинг нишоне наёфт. Андўҳгин шуд, чароки ҳатто Муроди Чўпонак, ки ҳеч чорпое аз нигоҳи зарабинаш пинҳон намемонд, ҷондори бегонае, боз асперо надида буд.
Муроди Чўпонак дўстдори хурофотии бузкашӣ буд. Ҳаминки хабари бузкаширо дар суре ё ҷашне мешунид, аз чарогоҳ, хоҳ дар Кўҳи Оҳан бошад, хоҳ дар дараи Барзан, рамаро раҳо мекарду ба шарикаш риё ва ба деҳ мехамбид.
Пас агар Муроди Чўпонак бехабар аст, дунболагири ҷустуҷўи асп хар аст.
Шеда ҳам ғазбон шуду ҳам тапон. Ғазбон аз ин ки чизи ў дида, кўрмол не, дастмол карда, ба ногоҳ беному бенишон ғайб зада, тапон аз ин ки рафту он якронро надида, лек бовар карда, ки дида, пас «бо туи бечора чӣ шуда, Шеда?»
Шеда чун ба деҳ расид, нахустин чизе ки диққати ўро ҷазби худ кард, ин писараке буд, ки дар лабобаи Кафкрўд асп об медод. Шеда оҳумоно худро ба ў расонид, уқобосо саворро аз зин ба замин кашид, чобук рўи зин ҷаҳид ва аспро чорхез давонид. «Эҳтиёт кун, Шеда! Аспро насўзон, Шеда!»
Вақте ў ба хона баргашт, модарро дид дар ҷогаҳ ғунуда, паҳлўи ў падар ба абрў гиреҳ зада, чароки модар чанде пеш хоби ў дида ва пайомади онро ба ў кушода.
Саг паҳлўи суфа дароз кашида буд. Ва бепарво аз одаму олам хамёза мекашид.
Хамёзаи ҳудаву беҳудаи саг ҳамеша Шедаро олуғда мекард, аз ин рў вай чун одат ба сари бечора ниҳеб зад. Саг як ба Шеда нигаристу як ба ду нафари рўи суфа, баъд норизо – касе ўро пуштвон нашуд – бар дасту по шуд, рагу паяшро дамёза дод ва дур шуд. «Аз дасти ту рўз нест, Шеда!»
– Куҷо будӣ, бачем?
Пиндорӣ падар инро басе ором гуфт, лек Шеда медонист, ки падар оташи оромсўз аст. Аммо вай ба падар дурўғ гуфта наметавонист. Ба ин хотир нармшонаву гунаҳгорона гуфт:
– Ба ҷустуҷўи якрон рафта будам…
Падар лаҳзае чанд беҳарф ўро нигарист. «Мардгазоиат бас набуд, ки боз ҳарзабину ёвагўй шудаӣ, Шеда?»
Хубоншо ба по шуд ва ба сўи дарвоза рафт, лек дами дарвоза чизе ба ёдаш омад, ки баргашту ба духтар гуфт:
– Ҷелакам бенамоз шуд, бигиру бишў, модарат нотоб, ту бош хабардор, дигар гўш ба ман фаро дор, худо туро зан офарида, на мард, фикри занонаро хур, васвасаи аспу харро бигузор аз сар ба дур!
\* \* \*
Падар рафту Шеда шустани ҷелакро пасандоз карда, омад сари палаки харбуза. Харбузаро вай ҳафтае пеш кошта буду худро Мичурини охирзамон ангошта. Ҳарчанд тухми онро аз муаллим Озар оварда буд ва муаллим Озарро бар гўшаш аз деҳқонии худ воҳимаҳо парварда буд. Муаллим Озар бо дарахтони борвару зироати хушбар озмоиш карданро хуш дошт. Ҳар навъ пайвандро медонист: лўлапайванд, шикампайванд, искинапайванд, барг- пайванд… ва худ пайванде падид оварда буд – меҳрпайванд, яъне ду дарахт ё ду гул, ё ду зироатро паҳлўи ҳам мекошт, ки ҳамдигарро такмил диҳанд. Аз ҳамин пайванди ихтироъкардаи ў харбузае рўида буд, ки мислашро касе надида буд. Ҳам гуворо, ҳам хушоро, ҳам хўро.
Шеда ба палаки харбуза нарасида дуд аз димоғаш танўра зад, чароки дид обмўриро беқавора. Хорбуттае ки вай ҳамеша ба даҳони обмўрӣ мемонд, ин раҳ буд ҳавора, пайомадаш буд доду зора. Чароғи тухмҳо рўшан шуда буд, аммо мурғҳои ҳамсоя аз обмўрӣ гузашта, палаки харбузаро расонда буданд ба шарора.
Шедаро ғазаб чунон ҷўшида буд, ки мехост бираваду мурғҳои ҳамсояро як- як сар биканад ва соҳибашро мў. Вале лаҳзае пас пеши худ иқрор кард, ки гуноҳи худаш аст – хорбуттаро фаромўш карда, ки ба даҳони обмўрӣ бигузорад.
Акнун назди муаллим Озар рафтану тухмҳои дигар талабидан мебояд. Палакро аз нав побел кард ва рафт хонаи муаллим Озар, ки биёрад тухмирову дар ҷўяҳо бикунад фард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё