Зеҳн
Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.

зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шеда нимароҳ писари човандози машҳури деҳ Баҳром, Каюмарсро дид, ки ба хинги магасӣ савор, бовиқор рўбарўи ў меояд. Бо дидани асп дили Шеда таҳ зад, барфавр якрони хоб дидаву аз

Фарози Ялмо овардаи худро шинохт.

Шедаро дидан замон Каюмарс бехобу бетоб шуд. «Аз тую аз хори дўза раҳоӣ нест, Шеда»! Каюмарс чун яқини комил дошт, ки ҳоло Шеда ўро аз зин ба замин мекашаду аспро дар тоз меандозад, аз дур ўро ҳушдор дод:

– Аспи Ноёбшои Агмаддарӣ, падарам харид, хомтоз аст ҳанўз, ҳушёр бош, то хомсўзаш накунӣ!

Шеда нимароҳ шигифтзадаву гирифтор монд. «Магар девона шудаӣ, Шеда?» Аммо гоҳе пас раги хуфтааш ба ҷўш омад, дили хуфтааш ба хурўш.

Оҳумоно давид, уқобосо Каюмарсро аз зин ба замин кашид, по ба узангу ниҳоду бар зин ҷаҳид ва тезтакро тозонид.

Шеда чун рўи зин нишаст, ҳам тухмакро фаромўш кард, ҳам палакро, ҳам мурғакро, ҳам ҷелакро. Чароки ин хинг бо ангезаи мукӣ тохтану бо ҳавои лигом чамиданҳош ҳуш аз тозанда рабуда буд.

Каюмарс ба ваҳм афтода буд, чароки аз дур чунин менамуд, ки савор аспро чунон ба тоз андохта, ки пояш ба замин намерасад. «Аспро месўзонӣ, Шеда!

Падарам ба рўи туву ман мемолад сиёҳӣ, Шеда!»

Муроди Чўпонак, ки аз чарогоҳ ба бошишгоҳ мехамбид, мафтуну маҷзуб ба манзараи рўъёмонои пеши чашмаш менигарист. Вақте тозанда този аспашро суст карду ба ў баробар шуд, пурсид:

– Аспат чӣ ном дорад, Шеда?!

– Зурахш, яъне барқ! – Шеда ин номро ба якрони худ ҳанўз вақте онро аз Фарози Ялмо ядак карда меовард, монда буд. Муроди Чўпонак сар ҷунбонду гуфт:

– Ту ҳам барқу ин ҳам барқ, худо пайомадашро ба хайр гардонад!

\* \* \*

Ин дам Хубоншо ба хона баргашта буд ва суроғи ҷелак мекард. Зани ранҷураш гўшаи хона кулча шуда буд ва аз асари дард паст-паст менолид. Бо дидани ин вазъ хашми Хубоншо даҳчанд гардид.

– Шеда ку?!

– Палаки харбузаро побел мекард, – сар набардошта посух дод занаш.

– На дар палак ҳасту на дар чалаку на дар фалак! – ба оташи оромсўзи Хубоншо тундбод зада буд. – Гўш дор, занак!

Агар раваму духтаратро боз аспсавор бубинам, ба номи худои азизу ҷалил қасам, дар бузкашии аввалин – хатнасури касе бошад! – солин мемонамаш! Бигузор ягон човандоз бой бараду дур, хоҳ турк бошаду хоҳ тоҷик…

Хубоншо марди худотарсе буд. Ин қасамро ба забон оварду худро ба камон.

Зани бемораш нимхез шуда буду бо чашмони ваҳшатзада ўро менигарист. Хубоншо ба нигоҳи вай тоб наёвард, аз дар берун шуд, кафаи айвон лаҳзае чанд дудила истод.

Аммо тир аз камон ҷаставу боз аз қафас раста буд, ночор ба сўи дарвоза гом бардошт.

Ин дам Шеда ба аспи оҳутак савор буду на доду ҳойи Каюмарсро мешунид: «Аспро мекушӣ нимдевонаи худо, Шеда!» – на оҳу войи модарашро: «Ба худ доғи бадномӣ задӣ, Шеда!»

\* \* \*

Амаки Салмон дар тадоруки хатнасури писари аршадаш буд. Ҳанўз писари хурдиаш ба дунё наомада буд. Дар деҳ мегуфтанд, ки агар ба олами рўшан намеомад, боз хубтар мебуд. Чароки ба олами рўшан омаду ёғиву боғиву тоғӣ шуд, мулаққаб ба «Абри Осӣ» шуд ва «олами рўшанро» ба ҳамагон доғӣ кард.

Амаки Салмон аз зани аввал фарзанд наёфта буд, зани дигаре гирифта буд, ин зан, шукр ба худо, хушзо дар омада буд. Худи амаки Салмон овоза бар ҳар дарвоза буд, чароки гули хўрокҳоро мехўрду орзуи шоҳи Сарандеб шудан мекард – вақте ки банг мезад – ки худованд ҳазрати Одамро аз биҳишт ба он ҷо бадарға карда буд.

Ҳама ҳадс мезаданд, ки амаки Салмон сурро чунину чунон хоҳад кард, ҳеч бошад хотирмон. Ҳамин тур ҳам шуд.

Амаки Салмон бузкашӣ ҳам фароҳам оварданӣ буд, дили бечора Шеда наздик ба таркиданӣ буд, чароки модар аз қасами падар ўро ҳушдор дода буд. Шеда ҳарчанд ин савгандро ҷиддӣ нагирифта буд, лек як гўшаи дилашро сиёҳӣ гирифта буд. Худотарс буд падари ў, Шеда инро ошкоро дидаву шинохта буд.

Шеда дар ҷое хонда буд, ки амири худотарси араб ҳангоми борубанди шаҳри Кирмон аз санги фалахмон, ки ба чашми чапаш бархўрда буд, якчашма шуда буд. Аз сари қаҳру ғазаб савганд хўрда буд: «агар шаҳрро фатҳ карда будам, мардуми онро як-як сар бурида будам, хунашонро ба ҷўйи осиёб равон карда будам, осиёро бо он хун гардон карда будам, гандумро орд намуда, аз он орд нон пухта хўрда будам!»

Аз қазо шаҳрро фатҳ мекунад. Фармон медиҳад, ки асиронро лаби ҷўй биоранду як-як сар бибуранд. Аммо хун лаҳзае пас лахт мешуду равон намешуд.

Яке аз асирон амирро гуфт: «агар аҳли ҷаҳонро сар бизанӣ, осиёро гардон натвонӣ кард, чӣ табиати хун чунин аст – лаҳзае пас шах мешавад. Ту ба ҷўй об бикушо, об хунро бо худ бубарад ва осиёро гардон кунад, гандумро орд созад ва амир аз он орд нон пухта бихўрад, то қасамзада набошад».

Амири «худотарс» низ чунон кард.

Хубоншои худотарс ҳам чунин хоҳад кард. Духтари ягона, каме ё шояд хеле девонаи худро дар бузкашӣ солин хоҳад монд, то қасамзада набошад, инро Шеда рўз пайи рўз бармало медид. Падар бо ў ҳарфе радду бадал намекард, агар рафту рўбарў меомаданд, рў метофту мегузашт.

Пас насиби ў солин шудан аст!

\* \* \*

Дар деҳ касе аз савганди Хубоншо огоҳ набуд, аз ин рў авҷи бузкашӣ вақте ки ў ба пойгоҳ бағали ҷоркаш баромад, ўро ишораи забонгир дод ва солини худро эълом дошт, ангор ҳама ях бастанд. Каснадиду гўшношунид буд ин амал, ки падар фарзанд, боз фарзанди ягонаашро солин монда бошад! Азбас Хубоншо марди ҷиддие буду ҳазлу шўхиро хуш надошт, ҳамагон ҳангу манг монда буданд, ҳатто амаки Салмон ҳам.

Тозандаҳои аз дуру наздик омада, аз буду шуди деҳ огоҳ нашуда, ба соҳиби маърака менигаристанд, то бидонанд, ки дар бузкашӣ ҳузур доранд ё дар дилхушӣ.

Амаки Салмон сангин аз ҷо баланд шуд ва хашмгин ба Хубоншо рў овард:

– Ин чӣ найрангест, Хубон?! Таб дорӣ, саръ дорӣ, маро коре нест. Аз пойгаҳ поён биё, мон мардум бозиро давом диҳанд!

– Салмон, бародар! Ман қасам хўрдаам ва бигузор мурдакаш маслухро бурда ба майдон афканад!

Амаки Салмон лаҳзае сукут варзид, баъд даст афшонд ва ба сўи мурдакаш ғурид:

– Гўри модараш, бубар ба майдон афкан!

Тамошоиёни зиёде аз марду зан, пиру ҷавон аз дуру наздик омада буданд, ки то ин лаҳза ғолмағолу ҳоёҳуй доштанд, баъди ин ориза яксара мўҳри хомўшӣ ба лаб зада буданд. Ҳатто пас аз он ки мурдакаш маслухро бурда ба майдон андохт, нидое баланд нагашт.

Дар ин миён касе пай набурд, ки чӣ тавр Шеда ба по шуд ва дур. «Пайомади нофармонӣ ҳамин аст, Шеда!»

Сармаддеҳиён дар ҳама бузкашиҳо ҷиҳати солини баргузида ва тозандаи варзида як аспи тезтаку сафдарро барои соати мабодо дар пардаи хафо мастур нигаҳ медоштанд. Аҷиб ин ки дар ҳамҳамаи бало вуҷуди онро ба оғўши фано супурда буданд. Ин навбат Зурахш байни ангатзори лабобаи Кафкрўд, аз бетобӣ пои бемаҳакӣ ба замин мезад…

Тозандаҳо маслухро гирд гирифта буданд, аспҳо, ки аз дур ҳамсару ҳампар менамуданд – танҳо асппарвари хибраӣ саманду нила, тавсану бўрабраш, курангу чарма…-ро тафриқа медоду бас – тан ба тану кала ба кала мезаданд. Шояд буданд байни саворон шахсоне ки хинги зери ронашонро аз фарзандашон бештар дўст медоштанд, лек ин соат ғайр аз маслухи буз ҳама оламро фаромўш карда буданд, бераҳмона ва ҳатто бемуҳобо ваҳшиёна аспангезу тозиёнаро ба кор мебурданд…

Ин гиру дор то чанд идома меёфт, худо надонад, бандааш намедонад, агар ногаҳон тамошобинон ба ғиреви осмонкаф сари по намешуданд.

Аспе ба сўи давра чорхез мезад, ки рўи зини он савори ба бештари тамошоиён ошно нишаста буд. Саворе ки аспро аз хафо берун оварда буд, чорхез занонда буд, айни този асп тозиёнаро аз дасти мурдакаши даҳонво рабуда буд!

Хинги магасӣ ба сару гардани зебо, андоми шарифу дилрабо, соқҳои зарифу бебаҳо метохт оҳумоно. Рўи зини вай саворе бо қомати расо, дар либосҳои чусти камбаҳо нишаста буд уқобосо – зурахше зурахши дигарро зин зада буд гўё.

Ҳама тамошоиён ба ваҷд омада буданд, ҳатто пирамардони бенаво, ки беасо сари по намебуданд, асоҳоро ба боди фано дода буданд. Писарбачаҳо саворро аз ҷинси худ шинохта буданд, дар васваса афтода буданд. «Очаи зорашонро нишон деҳ, Шеда! Титу питашонро барор, Шеда! Мо туро ба касе намедиҳем, Шеда!»

Воридони давра, ки аз ин ҳама доду фарёд каме суст шуда буданд ва гардан тофта боиси валваларо дониста буданд, лаҳзае чанд бўҳтзада монда буданд. Барқе ба барқе савор дар аспрез барои саворони ҷавлонгоҳ ҳароина буд ваҳмангез. Ин баъд буд, ки Холдори Чилдурўғ дар ин амр зиёдаравӣ мекард:

«мўйҳои сарашон аз тарс сих шуда буду тунбони ронашон рих!» Асли гап ин буд, ки бечора тозандаҳо зани савор, боз ба идаои бузкашӣ на дида буданд на шунида. Ин буд, ки Зурахш ба осонӣ сафро дарид, ба маслух расид, Шеда онро бардошту байни камар ва кўҳаи зин тапонид, аспро бо ҳамон суҳулат аз давра берун ҷаҳонид.

Аз човандозони давра касе аз паси Шеда асп натозонд, танҳо чанд ҳаваскор, ки берун аз давра буданд, чун кафтор тамаъи лоша доштанд, ҳавои аз паси духтар асп тозондан карданд, лек зуд фаҳмиданд, ки расвои олам мешаванд, ҷилавҳоро кашиданд.

Зурахш намедавид, бал мепарид, савор рўи зин набуд, бал уқобе буд, чароки ҷомаи беостини Шеда аз боди тоз чун ду боли кушода буд.

«Уқоб» маслухро бурда афканд ба пилаҷо ва «парвозкунон» дур шуд аз ин масво.

Духтар набуд, бало буд, як муштвора оташу як пуштора ҷазо буд. Духтар зода шуданаш ҳам хато буд, писар мебуд – ато буд.

пешина
аз 17
навбатӣ