Зеҳн
Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.

зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДОНА ДАР ДАСТОС

Касе ёд надошт, гузашта аз ин худи Мирак ҳам, ё шуморашро гум карда буд, Сабза чанд бор бим дода буд, ки хонаро пушти сар мекунад, бачаҳоро бо худ мебарад, дигар рўяшонро ба ў наменамояд.

Ин дирўз буд, ки вай ба шикор баромада буд. Қабл аз шикор се нахўд чакидаро дар пиёлаи чой ҷафида хўрда буд. Ду харгўш зада буд ва ба хона оварда буд. Рўи кати айвон нишаста буд, як харгўшро пўст канда, ба тоқчаи айвон гузошта буд. Гурбае омада буд, ба ў пўзханд зада буд, харгўшро бардошта бурда буд. Харгўши дувумро пўст канда буд, пеши худ ниҳода буд, чашм ба раҳи гурба дўхта буд, гурба ҳам бедиранг ҳозир шуда буд, пўзханд ҳам зада буд, Мирак хеле сари қаҳр омада буд, харгўшро бардошта буд, ба калаи пишак афканда буд, гурба маслухро дар ҳаво доштаву рақскунон рафта буд.

Чун Мирак «гурбаро доред!» гўён доду фиғон бардошта буд, занаш ҳамоно расида, ҳол пурсида буд. Мирак қиссаи гурбаро карда буд. Занак ба сари ў ҷеғ кашида буд, ки аз хона берун наомадаӣ, аз гўри бобот харгўш овардаӣ?! Мирак ҳангу манг монда буд, пас гурба чиро бурда буд? Аз ин рў чун имрўз аз хоб бедор шуд, аз манзараи гирду пешаш зуд безор шуд: занаш дар бухорӣ мепухт ордбо, бачаҳо рўи ҷогаҳ хоб буданд чалипо, хурўси беҷуфт паиҳам бонг мезаду бузи гурусна маос беибо.

Мирак дуздида занро нигарист, зан песонида ўро.

Хурўси беҷуфти тосагирифта, бузи гуруснаи шохзананда, бачаҳои бараҳнаи чалипо хобида, зани абрў гиреҳ задаву лабу абрў турушида... На, Мирак тоби шикебидани ин ҳамаро надорад дар ин оз боз рўзи дароз!

Аз хона берун омаду лаби ҷўй хамбид, ҳарому ҳалол ба сару рўй об кашид, баргашту ҷома пўшид, акнун фикри аз дарвоза берун шуданро дошт, ки занаш таркид.

– Чумчаи охирини ордро ба дег андохтам! Агар боз ба хона чизе наорӣ, ё масту бангзада оӣ, биллоҳи азим, дигар на рўи маро хоҳӣ диду на рўи бачаҳоро!

Мирак нимароҳ дудила монд, баргашту дар ваҷоҳати зан ҷигарсўз табе хонд. Занаш пеш ҳам бим медод, лек савганд намехўрд, пас алами дилаш бухсидааст. Чанд раҳ вай ин бузро фурўхтанӣ шуд, занаш нагузошт, ки шир медиҳад, чанд раҳ вай ин хурўсро куштанӣ шуд, занаш нагузошт, ки ду мурғ ба орият аз Луда-Палвон меорад, ин хурўс суд медиҳад, вай аз мурғҳо тухм мегирад...

Чору ночор пеши Раиси Баста - Парвонаи Шопур мебояд рафту пешдод талаб кард.

Аммо Парвонаи Шопур дар идора набуд, ба маркази ноҳия рафта буд.

Димоғи Мирак аз ноомади кор ях баста буду вай дар фикри гарм кардани димоғ афтода.

Рафт пайи суроғи Пирак, ки шояд маблағи рўзи мабодояш ҳанўз буда бошад, бардоранду раванд дари мағоза, як шишаи яклитра май бихаранд, ягон гўшаи хилватро баргузинанд, хурўси беҷуфту бузи шохзану зани бадпилкро, боз даҳҳо ину онро як тин нарх гузошта, чорта дили беғам бизананд...

Пирак дар хона буд, вале пайсаи рўзи мабодо набуд. Пирак ба сари пайсаи рўзи мабодо об рехта буду занаш ба сари Пирак.

Вай ҳам аламзада менишаст ва наздик ба таркидан буду ба ягон гўша ламидан.

Ҳароина Пирак аз дидори Мирак шод шуд.

Ҳар ду сар ба сар монданд, болу пари хаёли танграви худро кушоданд, деҳро хона ба хонаву буна ба буна давр заданд, ки савобҷўе биёбанд, то ба доди ин ду дармонда бирасад. Аммо савобҷўе наёфтанд, магарки Шаҳрон писари амаки Салмон.

Аммо Шаҳрони Салмон ёғӣ буд, мулаққаб ба Абри Осӣ буд, бо ў май хўрдан ба заҳр хўрдан мусовӣ буд. Аз бобои валию додои сахиаш бохабар мекард ва як пиёла майро ба як коса заҳр баробар. Хуру мур! Чунонки аз хони бобову додои ман то ту хўрданду мурданд...

Атояшро бар лиқояш бахшиданд.

Чора набуд, бечора ҳам набуданд, рафтанд дари мағоза, ки хоҳ-нохоҳ яке не яке аз аҳли дард он ҷо сар мехалонад ва чору ночор онҳоро ба «домёрӣ» мехонад.

Фурўшанда марди бад набуд, гоҳу ногоҳ пасодаст медод. Вале пиринтсип дошт мардак, ҳамин ки қарз аз бист рубл афзун мегашт, тормузҳои ҳимматаш ба кор медаромаданд ва агар худро ба дарахти чанори назди мағоза биёвезӣ ҳам, чизе насия намедод.

Қарзи ин ду тан рўи рақами бисту яку бисту се, аввал аз Пираку дувум аз Мирак мечархид, яъне буксават мекард, на пеш мерафту на қафо ва ҳар ду монда буданд дар лажанзори бало. Ҳаминки яке аз онҳо дохили мағоза мешуду ба салом даҳон мекушод, фурўшанда ба ҷои «алейк» аз «Дафтари вом» рақамҳои фурўзонро нишон медод.

Аз ин рў омаданду вориди мағоза нашуданду рўи хараки зери чанор нишастанд.

Аввалин воқеаи назаррас ин буд, ки мошини пўшида омад ва аз он Холдори Чилдурўғ фуромад. Холдор ба аёдати хешаш Бабраки Лўлӣ рафта буд.

Фишанги муқовоӣ дар дасти Бабрак таркида буд ва ду чашмаш осеб дида буд.

Бо Холдор Шераки Хол ҳам рафта буд, ки Бабрак тағоияш буд, лек Шерак дар шаҳр монда буд.

Бабрак човандози забардасти дара буд, Мирак ҳавохоҳи хурофотии ў буд, аз ин рў аз ҷой ҷасту ба домани Холдор часпид ва бо овози ларзон пурсид:

– Бабрак! Бабрак чӣ тур аст?!

– Бад! – Холдор чунон «бад» гуфт, ки мў дар тани Мирак сих шуд.

– Чӣ хел бад? Заҳракаф накуну одам барин гап зан!

– Чӣ гўям? – Холдор ба Пирак чашмак зад. – Чашмҳо талаф шудаанд, ҷарроҳҳо ду дидаро аз ҳадақа кандаанд, чашми одамӣ дастрас надоштаанд, чашми бузро ба косаи чашм гузоштаанд. Бечора ба кўмочу маскаву панири мо бурда нигоҳ ҳам накард, ҳаминки Шерак аз тунбон торону ревочро берун кашид, чанг заду ба даҳон бурд... Хурокаш алафу ҷав...

Ҳайронам, ки акнун чӣ ҷўрӣ бузкашӣ мекарда бошад...

Мирак бемадор рўи харак нишасту ҳой-ҳой ба гиристан оғозид. Холдор кўшид, ки ўро ба навъе аз шўхиаш огоҳ созад, ки ба мақсад нарасид. Даст афшонду дур шуд.

Мирак ниҳоят ором гирифту бо умед аз Пирак пурсид:

– Рост мегуфт?

– Агар Холдор дурўғ нагўяд, дониста бош, ки Холдорро даҳон дўхтааст.

Онҳо боз ним соати дигар рўи харак нишаста буданд, лек аз ягон «аҳли дард» нишон наёфта.

Билохир, ки дар фикри бархостану пайи рўзгори нобасомони худ рафтан доштанд, бахт ба рўяшон хандид.

Барзуи геолог аз кўҳи Оҳан фурў омада буд, то хорбори тиҳигаштаи анбори дастаашонро такмил диҳад. Ба онҳо салом доду ба мағоза даромад ва ду тубраро аз хўрданиву нўшиданӣ анбошт, бо кўмаки Мираку Пирак онҳоро ба танбуки зин аз чапу аз рост гузошт ва бо банде баст. Пасон лаҷоми аспро аз сутуни айвонча биҳишт, омодаи рафтан шуд ва бо ҳамин фармон ёфтан ин ду танро навишт. Аммо худо ба дилаш раҳм андохт, ки нигоҳи часпандаи ин ду талбандаро ба худ афканда дид, лаҷомро ба дасти Мирак доду боз дохили мағоза шуд, бо як бутал арақ ва қуттии консерви «Резамоҳӣ» берун омад, онҳоро ба дасти Мирак тапонду лаҷомро аз дасти Пирак раҳонд ва ба роҳ афтод.

Чун бомгўшаи оғили колхоз дигар моли онҳо набуд – чанд муйсафеди замингир онро соҳиб шуда буданд – ба мавзеъи тоза хушкардаи худ, ба ангатзори лабобаи Кафкрўд рафтанд.

Пиёла бо худ надоштанд, дар ин тангдастӣ шишаро гулўкаш карда, ҳаққи ҳамдигарро хўрданӣ набуданд, бонкаи «Резамоҳӣ»-ро бо чокуи Пирак боз карданд, резамоҳиҳоро рўи барги азими карафс (куруш) рехтанд, бонкаро дар оби рўд шустанд ва ба ҷои ҷом истифода бурданд.

– Хўш, – ба гап оғозид Мирак, – субҳ табъам гирифта буд, ҳаминки чашм аз хоб кушодам, занак ба ман чашм дамонда буд ва дағдаға оғозида буд, ки хонаандар пиёлае орд дар хамба неву чумчае рўған дар чова. Ман, ки аз тақозои замона силтраро намаку калбузи бибӣ Марямро амак гуфтаам, ҳанўз ба он поя нарасидаам, ки бачаҳоям гурусна бихобанд. Меравам бегоҳ – ҳоло марказ рафта – назди раиси Баста, ҳарчанд гови лагадзан аст, лек некшир низ ҳаст, шояд пешдод бидиҳад...

– Қурбон, биё аввал ин табукро, не хато кардам, ин такукро биёшом, баъд аз раису аз саис, аз ҳар касе мехоҳӣ, ҳарф бизан!

– Мон, аввал диламро холӣ кунам!

– Ана ҳамин чиз – ба «такуки» дасти Мирак ишора кард Пирак, – ҳам дилро холӣ мекунаду ҳам сарро!

Мирак лабханде кард, резамоҳие аз «хон» бардошт ва бонкаро ба лаб бурд.

– Гўр ба сари ин раиси Баста, агар корафтода шавад, «Миракҷон!» хитоб мекунад, агар ҳоҷат ба ў барӣ, дағдаға меоғозад: «бангӣ! Бангат тамом шуд?

Ман соҳиби ганҷи Қорун наям, бал нигаҳбони моли мардумам. Мехоҳӣ чӣ бигирӣ? Пешдод? Ман коҳпораи туро дар коҳдони колхоз шинохтаам.

Агар пешдод мехоҳӣ, бирав пеши Пешдодиён! Ин ҷо кохи Каён не, идораи колхозчиён. Донистӣ? Ман аспамро дар тавилаи Пешдодиён набастаам, хўша аз порисаи партия чидаам. Ту ҳам бирав, бичин, баста!»

– Ҳарчӣ нагўӣ, дар гап шайтонро гўл мезанад, биё барои ҳавай бинўшем!..

– Барои вай мурдашўи деҳа Бобокўчак бинўшад! Ман барои Барзу барин ҷавонмардҳо менўшам, агар онҳо набошанд, дар пешони нақб рўшноӣ намебинӣ...

– Чӣ, чиро намебинӣ?

– Яъне «в конце тоннеля света невидать!»

Ҳар ду дар Русия адои хидмати ҳарбӣ карда буданд, аз ин рў русиро каму беш балад. Бо завқ хандиданд.

Баъди «такуки» дуюм чеҳраи ҳар ду шукуфо шуд.

– Медонӣ, девори чиниро барои чӣ сохтаанд? – суол кард Мирак аз Пирак.

– Инро кўдак ҳам медонад. Барои он ки қавмҳои ваҳшиву нимаваҳшӣ мулкашонро натозанд.

– Дидӣ, намедонӣ! Маро ки шабҳои ҳушёрӣ хоб намебарад, сари бисёр муаммоҳои зиндагӣ андеша мекунам.

Муаммои девори Чинро низ шикофидаам.

– Хуб, бигў, ки баро чӣ сохтаанд?

– Барои он ки чиниҳо ватанашонро пушти по зада нагурезанд!

– А?! – гуфт Пираку барои пастхам назадан дар назди муаммошикоии Мирак гуфт: – Ман низ шабҳое ки хобам намебарад, ҳар навъ масал бофтанро назди худ хуш дорам, лек ба таассуф рўз онҳоро фаромўш мекунам. Хушбахтона, яке дар хотирам чун нақш дар санг мондааст. Сабаб чист, намедонам.

– Ку, қисса кун! – ба шавқ омад Мирак.

– Рўзе хар мехоҳад бираваду шер, шоҳи ҳайвонотро бо зодрўзаш табрик бикунад. Бад-ин хотир тўҳфаҳои гаронбаҳо мегирад ва меояд ба даргоҳ. Тўҳфаҳоро медиҳад ва дар радаи дигар ҳайвонҳо гузашта меистад. Чун мебинад, ки гургу кафтору рўбоҳу… бо тамаллуқ шерро мадҳу сано мегўянд, ў низ мехоҳад чизе гуфта бошад.

Пеш мебарояд, як ҳангоси гўшхарош мезанад ва мегўяд: «шоҳо! Харкураҳои қавми мо маро муваззаф карданд, то бипурсам, ки шуғли дўстдоштаи ҷаноби олӣ чист?» «Хўрдан!!!» -- қоҳ-қоҳ механдад шер ва ба тахтапушти хар меҷаҳад. Мағзи гапро дарёфтӣ?

– О, мо хар нестем-ку! – гуфт Мирак ва ҳар ду қоҳ-қоҳ хандиданд.

Ин ҷавоби Мирак чунон ногаҳонӣ буд, ки Пирак надонист дигар чӣ бигўяд.

– Ана, шўравиҳои мо низ аз чиниҳо омўхтаанд, гирдогирди мо панҷараи оҳанӣ бардоштаанд, то мо гурехта ба мулкҳои обод наравем.

– Рост мегўӣ, ҳатто дар ҳамин деҳаки исқотӣ бересмон бастаанд. Бошпурт намедиҳанд, то ки сар ба ягон гўшаи обод бизаниву шиками худ ва бачаҳоятро сер кунӣ ва аз «дафтари воми» мағоза бим набарӣ.

Мирак тоқиро аз сар гирифту ба замин зад.

– Рез оби ҳаётро! Агар ҳамин намебуд, ману ту кайҳо дар ин мотамсаро мағор мебастему мепусидем бесадо. Шиша холӣ шуду кор аз тардимоғӣ боло нарафт.

Ҳар ду сар ба сар монданд, болу пари хаёли танграви худро кушоданд, деҳро хона ба хонаву буна ба буна давр заданд, савобҷўе наёфтанд, магарки боз ҳамон Шаҳрон писари амаки Салмон.

Аммо Шаҳрони Салмон ёғӣ буд, мулаққаб ба Абри Осӣ буд, бо ў май хўрдан бо заҳр хўрдан мусовӣ буд...

Абрўи ҳар ду боз гиреҳ баста буд.

Ногоҳ чеҳраи яке шукуфо шуд. Ин чеҳраи Пирак буд, ки ба ёд овард, «оби ҳаёт» тамом шуда бошад ҳам, ҳанўз

«дуди барот» боқист. Даст ба ҷайб бурд, анбончаи «пахолро» берун овард, оташ гиронд, бангро ба бонка рехт, қуттиро рўи оташ гузошт ва аз соқҳои миёнтиҳии карафс ду дудкаш бо чоқу бурид, яке ба

Мирак доду дигар ба худ нигаҳ дошт.

Ҳар ду дуди аз қуттӣ барояндаро бо ин найчаҳо дарун кашида, «кайф ҷустанд».

Билохир баъди панҷ-ҳафт дақиқа кайфро ёфтанду рўи сабзаҳои соҳил дароз кашида, ба олами орзуҳои бебунёд фурў рафтанд.

Қариби бегоҳ ҳар ду баланд аз ҷо шуданд, то пагоҳ худо подшо гўён аз ҳам ҷудо.

Мирак ба роҳи омадааш бо хаму чам бармегашт. Чун ба масҷид расид, аз он чи дид, хело ҳам тарсид, чароки чун меомад ба идораи колхоз, масҷид дар дасти чап буд, ҳоло дар дасти рост бовиқор устувор истода буд. Мирак ҳангу манг атрофро нигарист, то аз нафаре сабаб ҷўяд.

– Ҳой, касе ҳаст?! – садо баланд кард вай.

Манзили бобои Сангин дар канори масҷид воқеъ буд. Вай аз оғози баҳор то поёни поиз дар кафаи айвони болохонааш мехобид. Нимхез шуд, поёнро нигарист, Мираки ширакайфро дид, бо лаҳни мулоиму лабханди намакин пурсид:

– Чӣ шуда, оқои пухолӣ, баъд аз кайфи пахолӣ?

– Масҷид, хуб дар ёд дорам, дар дасти чап буд, ҳоло аз рост намоз хондан дорад. Сабаб чист?

Бобои Сангин ғайри ихтиёр хандид.

– Магар хабар надорӣ, ки масҷид намози аср аз чап ба рост кўчид? – бобои

Сангин зоҳиран хеле ҷиддӣ буд, ҳарчанд дарун-дарун завқ мекард.

– Чӣ ҷўрӣ кўчид?! – Мирак аз ин хабар қариб буд ҳушёр шавад.

– Мулло Бухоризода азоим хонду бар масҷид дамид...

– Худоё, тўба! Аз ин деҳи исқотӣ ҳарчи зудтар мебояд по ба ягон гўшае кашид!

Ва ў боз бо хаму чам ба роҳ афтод.

Ба манзил расид, зану бачаҳоро дар хона надид. Чун сандуқро даҳонбозу баъзе чизу чораҳоро бардошта дид, ба яқин донист, ки зан таҳдидашро ба ҷо овардааст: ба хонаи модараш рафтааст.

Пеши худ гуфт: «оҳанро дар гармиаш мебояд кўбид!» Ва равон шуд ба хонаи хушдоман.

Дари ҳотаро кўфту андарун рафт, занаш берун наомад, бачаҳо дар назар натофтанд, ин хушдоман буд, ки аз хона бадар омад, сартопои ўро бо нигоҳи забунсоз барандоз кард ва бо нафрат, ба ҷониби Мирак туф андохт. Туф ду-се қадам дуртар аз вай ба замин афтод.

Мирак даҳон боз карда чизе гуфтанӣ буд, ки дид туфи хушуяш дамидан дорад. Туф дамид-дамиду шакли муштро гирифт, боз мушти нарангушт аз байни ангушти ишора ва миёна гузаштаро.

Мирак аз тарс гоме пас ниҳод, мушт ёзиду ба даҳану бинии ў зарбе зад. Мирак чапагардон шуд ва ҳамоно сари по шуду гурезон.

Ҳаш-ҳашзанон то суфаи айвон расид, рўи намадпора нишасту ҳамоно дарвозаро бо чашм мепармосид, ки ана алъон он мушт андарун меояд.

«Вай чӣ бало буд?!» Кам-камак ба худ омад. Шерак ҳам шуд, ки пеши худ андешид: «ҳеҷ гап не, чунонки мулло Бухоризода мегўянд, «пои таҳаммул ба домани сабр мебояд кашид!» Ду-се рўз мегузараду ҳам ба дили зан мезанаду ҳам ба дили хушдоман, чаҳор даҳонро хўрондану чаҳор танро пўшондан кори саҳле нест, ё зан меояду ба қисмати талхаш тан медиҳад, ё хушдоман меояду зора мекунад: «дар пеши поҳот мурам, домодҷон, қавматро соҳибӣ кун, ки миёнам шикаст!»

Аммо ҳафтае гузашт, моҳе гузашт, на зан омад, ки бор кашад, на хушдоман, ки зор шавад. Мирак ночор монд ва ҳайати шукўҳманд бо солорони барўманд барои оштӣ фиристод, лек ҳеч натиҷа надод...

Чора ҷуз ин надид, ки лунгӣ даври камар бубандад, ба назди кампири Осуда равад ва худ сар хам кунаду зора, ки испанду хаси чорраҳаву мўи ғўлу косаи дарвешу оинаи лабшикастаатро пеш ор, афсун куну фикру зикри зану хушдоманро дигаргун! Ба дарди танҳоиву афтодаҳолии ман на оби ҳаёт мехўраду на дуди барот!

Намози шом рафт, то ба чашми ҳамсоягону бомгўшиён наафтад. Худо кунаду афтад, расвои олам мешавад.

Кампири Осуда ўро бо диққат гўш кард, алами дилашро донист, бандчаи испанду хаси чорраҳаву мўи ғўлу косаи дарвешу оинаи лабшикастаро берун овард ва аз Мирак чор тор мўи занашро хостор шуд.

Дархости кампири Осуда дар назари Мирак саҳл тофт, чароки дар хонаи ў аз мўи занаш зиёдтар чизе набуд. Занаш хурофотӣ буд. Мўи шонаи сарашро намесўхту намепартофт, ба ҳар роғу чоки девору сутуни айвон метапонд. Аз ин рў кампиракро гуфт, ки панҷ дақиқа сабур бошад, вай дартоз мераваду бармегардад.

Аммо чизе ки вай «баъди панҷ дақиқа меорам» гуфта буд ба кампири Осуда, дар ягон роғу чоки девору сутун набуд. Ангор зани бадгумонаш ҷодуеро пешбинӣ карда, онҳоро як-як чида бо худ бурда буд.

Миракро ғам гирифту мотам. «О, ман мўи сари ўро дар ин бевақтӣ аз кучо меёбам? Баъд занак ба кӣ иҷозат медиҳад, ки чанд тор мўи сарашро бикананд ё бибуранд?!»

Коре муҳолу малолу вубол буд, ки Мирак аз оҷизиву забунӣ омад рўи намадпораи суфаи айвон нишаст. Ин дам бузи гуруснаи оғил баос зад. Мирак осема сари по шуд. «Буз? Мўй? Чӣ фарқ дорад мўи бузи ман ё мўи зулфи зан! Кампири Осуда, ки тафриқа намедиҳад?»

Мирак чокуро аз ғилофи миёнаш берун кашиду ба сўи оғил давид.

\* \* \*

Мирак дар хонаи холӣ хоби роҳат надошт, аз ин рў шабҳо рўи суфаи айвон мехобид. Вале ҳоло ба хона кўч баста буд, ғалақаи дарро низ андохта буд, чароки имшаб кампири Осуда ҷоду мекард ва худо медонист чӣ пеш меояд.

Нимашаб дари хонаро сахт бо қаҳру дағдаға кўфтанд. Мирак ҳаросон аз хоб бедор шуд, гўш дод, дарро чунон мезаданд, ки ангор касе онро шикаста андарун омадан мехост.

– А! – хитобид Мирак, – ба ин занак ҷодуи кампири Осуда чунон асар карда, ки вай пойлучу сарлуч тозон омадааст ва ҳоло чун девона дарро задан дорад!

Мирак аз ғояти лаззату шавқ ҳамон буд, ки бехуд шавад, парида аз ҷойхоб хест ва худро дар зум пеши дар гирифт, ғалақаро бардошт ва дарро боз кард.

Дарро боз карду ду гом ба қафо ҷаст.

Пушти дар занро не, бузро дид.

Бузе ки чашмонаш девонавор барқ мезаданд.

пешина
аз 17
навбатӣ