Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.
зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа
Ҷасади Шопури Моҳигирро дар поёноби Кафкрўд мавҷи об ба соҳил афканда буд. Онро аз мошини пўшида дида, гирифта ба деҳ оварданд.
Сармаддеҳиён вокунише ба ин қазия нишон надоданд.
Бобои Маҳрбон, ки ўро бори охир дида буд, ҳикоят мекард: то ними рўд гупсарсавор рафт, баъд гупсарҳоро раҳо карду худро ба ихтиёри мавҷҳои балохези Кафкрўд гузошт, шино намекард, чароки дасту по намезад, то парчҳои пули селбурда ҳамин тур рафт, баъд аз назарҳо пинҳон шуд.
Рўзи дигар ки гўрканҳо дар гўристони Мардони Мард қабр меканданд, ба ногоҳ Нўшина дафзанон пайдо шуд. Гирди гўрҳо мегашту тарона мехонд:
Даф мезанам, даф мезанам,
Бар доира каф мезанам.
Аз гўрҳо, бар гўрҳо,
Даф мезанам бо шўрҳо.
Дар пеши поям мехазанд,
Ҳам морҳо, ҳам мўрҳо.
Даф мезанам, даф мезанам,
Бар доира каф мезанам.
Чўкида чун чашми аҷуз,
Бетаҳ, даҳанво, пушт куз,
Ҳар гўр мегўяд ба мо:
«Охир намефаҳмед рамуз?!»
Аммо ин ҳамаро Шопури Моҳигир дигар намедиду намешунид.
ХОЛДОРИ САЙЁД
Ба шумо дурўғу ба халқи олам рост, бо ман қазияе иттифоқ афтод, ки таърих ёд надорад. Рафтам ба шикор, ба гарданаи кўҳи Шеданзо. Он ҷо бо дурбини Навбахт як рўз пеш рамаи оҳувонро дида будам.
Пеши худ гуфтам, як такка мезанаму бас, фикри шумо, насли ояндаро ҳам мебояд кард.
Ба гардана расидаму донистам, ки тирҳоро бо худ нагирифтаам. Бо донаки вағнич оҳуро ки сайд карда нашавад!
Зери бурсе нишастаму кулаҳро аз сар гирифтаму фикр кардам, тирро аз ёд баровардӣ, осиёи пичингу тамасхури душманон гардон мешавад. Оби рў оби осиё нест, ки бандиву кушоӣ. Ман, сар кафид зери тоқӣ, намепўкам. Кадом ҳушманд дидаву дониста худро фармуки писханду ришханд қарор медиҳад? Аммо ин сардоя, занамро мегўям, зан, ки ҳаст, сирри мардон пўшида беҳро вожгуна мефаҳмад, ҳароина мепўкад, чароки бегоҳ дида буд, ки ман як қуттӣ тирро рўи тахтонаи тиреза гузошта – субҳ фаромўш накунам гуфта – сина дамонда, эълом доштам, ки бомдод пеш аз азони мулло Бухоризода, ба шикор меравам, ба сўи офтоббаро, яъне ба кўҳи Шеданзо ишора карда.
Ҳамин сардоя, ки вақти аз хона баромадани ман хоб буд, бо шунидани азони мулло аз хоб парида мехезад, то таҳорат кунаду намози бомдод гузорад, аз рўи одат назди тиреза меояд, гўш фаросўи масҷид медорад, ки ҳароина азонро шунидааст ё гўшаш чун гоҳу ногоҳ садо додааст. Ва нахустин чизе ки чашмаш ба он меафтад, ҳамин қуттии тири рўи тахтона, ки мани фарнос бегоҳ гузоштаву ўро огоҳонида будам...
Бо ин андешаҳои нохуш зери бурс нишаста будам, ки баногоҳ фариштае болои сарам бол заду фикри арзандае ба сарам ҷо кард. Туфангро ба як ҷойи дилпур паноҳондаму ҷомаро байни шаппаҳои бурсе, ки зераш менишастам, тапонидам, то ба чашми бегона нанамояд, пеши худ гуфтам, ки пагоҳ ё фардо меояму мебарам.
Дидед, фаришта, ки болои сарам бол заду фикри арзандае ба мағзам ҷо кард, яқин буд, ки бозтоб мегардад. Чун сайёди асил як қабза шаппаи тар гирифтаму ба зери кашу гардан ва дигар ҷойҳои арақҷўши танам молидам, то бўяш берун назанад. Баъд рафтаму пушти харсанге ки паҳлўяш ягона пайраҳаи оҳугузар буд, камин гирифтам.
Ба шумо дурўғу ба халқи олам рост, қариб се соат дар камин будам, ки ниҳоят рамаи оҳу пайдо шуд. Аз чакочаки сангчаҳо, ки аз зери сумашон меҷастанд, ба ҷарӣ сарозер мешуданд, пай бурдам, наздик шудан доранд. Каме ба пеш хазидам.
Донистед, ки чаро? Қурбони аҳли фаҳм, вагарна чизеро дидаву коре ҳам карда наметавонистам. Ҳанўз ки нури чашмонам дидаҳоямро ранги бобои Сангин тарк накардаанд, ҳанўз ки «дурру марҷонам» ба қавли бобои Рўдакӣ насудаву нарехтаанд, ҳанўз ки мисли бобои Маллаву Маҳрбон асо ба даст нагирифтаам, шумо, бачаҳо, будани маро ғанимат шуморед, ин қиссаро дар ёд нигаҳ доред ва ба фарзандони худ қисса кунед: ана, чӣ шаҳбозе буд Холдори Ҳамадони мо!
Дар интизори рамаи оҳувон ду дақиқа ба назарам ду сол намуд. Билохира пайдо шуд, аввал шохаш, баъд сараш ва ними танаш – сархайли рама! – вай ҳамеша пеш- пеши гала меояд – бебок, бовиқору ҳушёр...
«Ё мазори Мардони Мард, мадад!» – гуфтаму ба тахтапушташ ҷастаму ду шохи бузургашро чун фармони (рули) дучарха бо ду даст сахт доштам...
Беҳуда механдед! Ҳарчанд ба ман лақаби «Чилдурўғ» додаанд, ноҳақ, каме муболиға карданро хуш дорам, ки дар назари мардуми ноошно дурўғ метобад.
Ҳоло як қазияи беперояро мегўям, агар дурўғ гўям, санг шавам, кулўх шавам...
Оҳуи бечора талхакаф шуд, гумон бурд паланге бар пушташ парид, ҳароина ман он вақт палангро мемондам ё шерро. Оҳу ҷасте заду ба пеш тохт. Азбаски шохҳояш дар дасти ман буданд, ғайр аз итоат ба фармони дасти ман дигар чора надошт.
Ман ҳам ўро аз пайраҳа ба бероҳа гаштан намемондам, чароки ин пайраҳа, агар ба чапу рост нагардӣ, рост ба деҳ мебурд. Чанд карат дур набуд, ки чун гулўлаи тўп аз пушташ парам, вале рўҳи пирони мазори Мардони Мард мададгорам шуданд, побарҷо мондам...
Ана ба деҳ ҳам расидем, шигифт доштам, деҳе ки рўзона ҳамвора рўи бому пушти девор таневу сареро медидӣ, ту гўӣ, матрук буд! Ва ягона дари кушода дари оғили Фармони Мурод буд.
«Рулро» ба ҳамон сў тофтам ва ҳаминки оҳу худро дар байни чордевори сарпўш дид, чароғпоя шуду шохи худу сари маро ба сақфи шохпўш заду баъд бо чор пои худ тарсону ларзону ҳайрон рўи фарши саргинӣ қарор гирифт.
Ман ҳам фурсатро ғанимат дониста, аз пушти ў ҷаста, худро берун гирифта, дарро бастам. Дилам ором наёфт, ба пушти дар танба ҳам задам. Ва рафтам хона, ки хару ресмон орам ва ҳам аз ҳамсояамон Навбахт туфангашро ба орият гирам, вагарна ин кўҳпораро, яъне оҳуи ҳузарбро чӣ гуна аз по меафтонӣ?
Бо кўмаки Фармони Мурод? Аввал ин ки чашмзахм мезанад, гўшт ё пирзада мебарояд ё бирзада! Баъдаш аз ҳасад месўзаду мегўяд: «молу маноли маро накбатзада магардон, ба хонаат бару куш!» То рафтам туфангро ба орият гирифтам, харро интизор шудам – сардоя ўро ядак гирифта обхўри бурда буд Кафкрўд, – то бозгаштам, хелеяк ҳам вақт гузашта буд.
Омадаму чиро дидам мегўед? Дар сад сол намеёбед. Ба шумо дурўғу ба халқи олам рост, Фармони Муродро ки оҳуи маро бо кўмаки ҳамсоя сар буридаву пўст кандаву ба шохи дарахт овехтаву шикамашро чок кардаву машғули берун овардани дарунмояаш буд!
Ними барфҳои теғаи Шеданзоро ангор ба тораки сарам рехтанд.
Ҳангу манг назди дарвозаи ба пушт бози Фармони Мурод истода будаму намедонистам чӣ кунаму чӣ гўям. Вай ҳаромзода ҳам чун маро бо туфангу ресмону хар дид, ҳамоно пай бурд, ки соҳиби оҳу кист, лек худро ба гўлӣ заду ранги ғар пешхезӣ карду сина дамонда гуфт:
– Худо диҳад, намепурсад, ки бачаи кистӣ. Нигоҳ кун, Холдор, худ ба пои худ омадаву ба оғили ман даромадааст.
Захмӣ ҳам набуд. Шояд саръӣ буд, ба куҷо афтоданашро то сар буриданам, намефаҳмид, акнун дигар намефаҳмад.
Азбаски мағзаш осебдор аст, ба каллашўрбо ба кор намеояд, аз он хўса месозам. Ин шохҳоро нигар! Ба як дўсти шаҳриам, мудири база тўҳфа мебарам, ана он вақт ҳар чи хоҳам, хоҳ чиниву хоҳ финӣ, ёфта медиҳад.
Ба ин гурсўхта чӣ ҳам мегуфтам? Агар мегуфтам, ки таккаро ман зин зада, ин ҷо овардам, аввал аз ханда ба замин ғел мезад, баъд нимхез шуда, ангушти ишора ба лаб бурда мегуфт: «оҳиста, боз касе нашунавад, ки расвои олам мешавӣ!
Охир, ҳеч шунидаву дидаӣ, ки касе оҳуро зин зада ба деҳ оварда бошад?!»
Аз ин рў мўҳр ба лаб задаму «муборак шавад!» – гуфтам ва дар дил афзудам:
«заҳри баданат ҳам!»
Бачаҳои азиз, ин буд як шикори бобарори бебарори ман. Бовар кардед– кардед, агар на, ихтиёратон. Афсўс, ки Фармони Муродро барқ заду кушт, агар ў зинда буд, амруляқин будани ин қазияро тасдиқ мекард... боз худо медонад. «РАДНОМА» Гови Оростаи Сиёҳ айёми ширдўшӣ лагадзан шуд. Баъд пок аз шир монд. Ин гов сармояи Ороста буд. Шир медўшид, ҷурғот мехобонд, чака мегирифт, хомак меғундошт... гўсолаашро яксола мекарду мефурўхт. Аз ин рў ҳар гоҳе Холдори Чилдурўғ Оростаро медид, «говат чӣ тур?» – намегуфт, бал «бонки той-тоят чӣ тур?» – гўён суол медод.
Ороста як порча замин ҳам дошт, ки сабзаҷот мекишту барои хорбори худ дар лалми доманкўҳи бағали ҳаёташ гандуму нахўду наск. Барои худу барои гов ба коҳдони зимистон аз кўҳу пушта ҳезуму алаф меовард.
Аммо гов, ба қавли Холдор ин «бонки той-той», қуввати миёнаш буд. Акнун барои гўсола аз кӣ шир металабӣ? Бе маскаву чака зимистонро чӣ тур пушти сар мекунӣ?
Аз дарду аз ғам Ороста омода буд, ки чун гўсолаи гурусна «баъ-баъ» занад.
Боз сол-соли хушк, лалми ў билкул вағида буд.
Пиразани ҳамсоя маслиҳат дод, ки говро ё чашмзахм расида, ё ноҷинсе ҳамроҳ шуда ширашро ноаён мемакад, аз ин рў ў бояд аз мулло Бухоризода раднома бигирад, ба шохи гов бибандад, чашмзахмро мебардораду ноҷинсро мефурорад.
Аммо мулло Бухоризода дар ҷавонӣ камтар хурофотӣ буда бошанд ҳам – гарму хунук мекарданд, раднома менавиштанд, ҳатто бо илми Кашмир ҷодуҳо месохтанд, акнун ба қавли худашон «хомӣ дигар намекунанд, аз тоату ибодат по каҷ намениҳанд». Кампири Осуда дар ин гуна мушкилакушоӣ мумтоз буд, аммо Ороста бо вай ногап.
–Агар масъала ин аст, – гуфт пирзани ҳамсоя, – аз нафари босаводе, ки пояш аз масҷид канда нест ва рўзе панҷ навбат намоз мегузорад, раднома бигир.
Тафаҳҳус карданду ба ҳайрат афтоданд, чунин одам дар деҳ фақат ду нафар будаанд, яке бобои Сангину дигаре Шераки Хол!
Номзадии бобои Сангинро ҳамоно канор заданд, чароки савод надошт, ба ин сабаб Ороста ночор буд, роҳи хонаи Шераки Холро пеш гирад.
Шераки Хол бо диққат Оростаро гўш кард, хушҳол шуд – мо ҳам саҳл одам нестем! – ба ҷустуҷўи қалам афтод, билохира нўкчақаламе ёфта омаду боз норизо аз худ сар ҷунбонд ва пайи пайдо кардани чизе шуд. Ниҳоят коғазпорае ёфта омад, рўи сандалӣ гузошту бо хатҳои каҷу килеб ба навиштани раднома машғул шуд. Дар кўдакӣ бо исрори падар муддате дар назди Бухоризодаи Аввал дарси хат гирифта буд.
Шераки Хол коғази навиштаашро ба шакли секунҷа тарҳу ҷамъ кард ва ба Ороста доду гуфт:
–Инро бубару пўша зану ба шохи говат овез, худо агар хоҳад, баъд аз се рўз ба шир додан сар мекунад.
Ҳароина баъд аз се рўз гови Ороста ба шир додан оғозид ва ҳам лагад заданро ба хари Шераки Хол супорид.
Ин «мўъҷиза» зуд вирди забонҳо шуд. Ба ёд оварданд, ки падари Шераки Хол паҳлавони беназир буду ҷаддаш китобхону ҳамадон.
Мулло Бухоризода аз ин воҳима хеле тааҷҷуб намуданд ва хоҳиши он радномаро хондан карданд. Чун радномаро оварданд, он кас кўки пўшаро боз карда, навиштаи «таъвизро» хонданд, хеле бо завқ хандиданд. Оростаи Сиёҳ аз гузари ба ном Ҷевачӣ буд. Мегўянд, замоне дар он ҷо гевагаре мезиста, аз ин рў бо ҳамин ном маъруф шуда.
Шераки Хол дар «раднома» бо хатти каҷу килеби худ навишта буд:
«Гови зарди, рихи Ҷевачӣ,
Шир метӣ-наметӣ, ба мо чӣ?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё