Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.
зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа
Занак боз ба дағдаға оғозид, ки ман бо ин дар рўдро намегузарам! Хоб рафта?
Ҳеч гоҳ! Агар меҳмон намебуд, агар фарзанди ҳамин деҳ мебуд, Шопури Моҳигир ду-се ҳарфи баҷоӣ мезаду пайи кораш мерафт. Аммо меҳмон буд, гузашта аз ин арўси деҳ буд, мебоист ба ин бадбахт хушомад занӣ, ки ин рўд кўли Камсамол ва ин дар заврақи даҳпар нест, ки чорзону нишиниву онро гузарӣ...
Магар ин мавҷҳои балохезу кафкҳои даҳони уштури мастро намебинӣ? Як латмаи мавҷ кифоя аст, ки ту шаҳбонуи рўи тахт, яъне ҳамин дар нишастаро ба коми обхез супорад... Билохир бадбахтро моил карданд, ки ба ин «таҳқир» тан диҳад.
Шопури Моҳигир занакро ки рўи дар дароз кашид, бо чилбури бобои Маҳрбон оварда баст, баъд худоро шукр кард, ки ўро баст, гарданбанди гупсарро ба китф гирифту дарро ба рўд кашид. То ними рўд ҳамвор шино карду пеш рафт, ногоҳ мавҷе рў-рўи об пеш омаду Шопур хост худ ва ядакашро аз он дур гирад, аммо дастаи дар канда шуду мавҷ дарро канор заду бо худ бурд. Аз соҳили чап фиғони шавҳару бачаҳо баланд шуду аз соҳили рост фиғони хусуру хушдоман.
Шопур чун дид, ки зан ҷонхурўш кўшиши аз банд раҳо шудан карду ба сўе лағжид ва ҳамроҳи дар чапагардон гашт, гупсарро раҳо намуду бо суръат оббурон ба сўи дар рафт. Ҳаминки ба дар расиду ба зери он даст бурд, ба чангаш чизе наёмад. Зан бо талвосаи ҷон худро аз банд раҳо карда буд. Одамони ду соҳил занро медиданд ва ба вай ишораҳо мекарданд, лек Шопур вақти онҳоро нигаристан ҳам надошту дар ин растохези рўд ғиревашонро ҳам намешунид. Билохир вай ҳам занро дид, ки мавҷ ўро ба сўи парчи селбурда мекашад.
Ҳарчи нерўе дар тан дошт, оббурӣ карду ба вай расиду ўро аз рўд берун овард.
Аз ун рўзу сол ба пасон зану бачаҳои Боғбон дигар ба деҳ намеомаданд, вале Боғбон соле се-чор рўз меомаду мерафт... Шопури Моҳигир то бад-ин рўз намедонад ба ин ҳама ў гунаҳгор аст ё зани сояпарвардаи Боғбон. Баъди он воқеа моҳигир гоҳу ногоҳ хоби кобус мебинад, ки чӣ тавр сел модари ғариқро мебараду фарзандони нотавон дар соҳил нолаву шеван мекунанд...
Шопури Моҳигир аз бомраҳа ба роҳи борики деҳ фуромад, то аз ҳамсояҳои пасу пеш барои мулоим кардани гупсарҳояш оби ҷўш, ҳеч бошад оби гарм талабад. Ба поин фуромаду сари роҳ Нўшинаи париёрро дид, ки бо чи ҷазбае рост истода буд. Моҳигир аз паҳлуи ў хомўш гузашта рафтанӣ буд, ки Нўшина ба дафзанӣ оғозид.
Даф мезанам, даф мезанам,
Бар доира каф мезанам.
Эй, зинда дар дунёи роз,
Дар ҳирс печидиву оз.
Некӣ накардӣ бар касе
Дар роҳи кўтоҳу дароз.
Даф мезанам, даф мезанам,
Бар доира каф мезанам.
Ман омадам, ман меравам,
Аз кўю барзан меравам.
Дар лаб дуову фотиҳа,
Чун шамъи равшан меравам.
Шопури Моҳигир, ки ҳангу манг дар ҷояш мехкўб шуда буд, бо шунидани ин тарона дилаш аз қафаси сина канда шуда ба тахтапушташ часпид.
Шопури Моҳигир ду писар дошт, ҳар ду ба Русия рафтанду бедарак шуданд.
Аз онҳо на хат буду на хабар. Солиёни зиёд интизор буду умедвор, ки як рўз не, як рўз ё худашон аз дар медароянд ё хаташонро мошини пўшида меорад, на ин шуду на он. Занаш ки як ҷавонзани сархаму камгап буд, якбора ба пирзан мубаддал шуду аз гап монд.
Кори Шопур ҳамин буд, ки хурўсбонг ба лабоба мефуромад ва то омадани мошини пўшида ё як, ё ним сатил моҳӣ медошт бо шасту бо сабадак, баъд онро ба ягон мусофир медод, то ба шаҳр бараду ба дасти чойсолори чойхонаи «Агмаддара» супорад.
Чойсолор ҳам ҳамоно пули моҳиро медоду сатили холиро бармегардонд.
Шопури Моҳигир ҳеч ба шаҳр намерафт – ба ҳар ҳол ягон сармаддеҳӣ инро ёд надошт – ҳама бодрўзаи худро аз мағозаи деҳ мехарид.
Ва баногоҳ занаш ба дарде гирифтор шуд – ҳама мегуфтанд, ки – сил! – ва замингир гашт. Парастори ў Шопур буд.
Бечора ҳафтае хона рўшан карду Шопурро дилгарм, аммо як бомдод бо ишора Шопурро наздаш хонд, чизе гуфтанӣ шуд, забонаш нагашт, дасти Шопурро ба даст гирифту ҷон дод. Баъди ин миёни Шопур хам зад. Дигар ҳафтае як раҳ моҳидорӣ мефуромад. Намозхонӣ намерафт. Мулло Бухоризода мегуфтанд, ки ба ҷои ў, агар ҳар касе мебуд, ё аз масҷид намебаромад, ё ба он наздик намешуд.
Ана ҳозир Шопури Моҳигир чаҳор гупсарро дамида, даҳон ба даҳон баста, мунтазири кампири Осуда нишаста буд, ки кампирак аз пушти дар ўро садо кард.
Шопури Моҳигир саночҳоро ба китф гирифта аз дар баромад ва хомўш равон шуд.
Кампири Осуда як ба чеҳраи ў нигаристу дар он нақши панҷаи маргро диду таконе хўрду беҳарф дунболи ў гирифт.
Аммо осудагӣ дар дини кампири Осуда ҳаром буд. Баъди ду-се хонаро гузаштан ба гап даромад.
– Лударо даруни синаҳояш ғадуд пайдо шудаву ғамаш медиҳад. Гумон дорад, ки гирифтори саратон шудааст, зеро кам- кам ин ғадудҳо бузург шудан доранд.
Метарсад ба духтур намояд. Рафту фикри дар гумон андохтааш ҳақ барояд, яъне ҳароина саратон бошад? Аммо ман, ки медонам ин дарди қадимаро! Давояшро низ. Ин ғадудҳоро момоҳои мо «ширхоя» мегуфтанд. Бештар занҳои нозову аз зоиш мондаву мардинаро надида гирифтор мешаванд. Давои беҳтаринаш – зок! Ҳо, ҳамин маъдани назарногир, ки ба қавле дар вартаи Дўзахак саг бў намекунад, ҷавоби сад доруи инзамонаро медиҳад. Шопури Моҳигир бо ҳайрат ба кампири Осуда нигарист. Инак лаҳзае чанд буд, вай аз олами кобусҳои худ берун ояд ва ба кампирак, ки заминро аз зери пои ў кашида буд, гўш фаро дорад.
–Ҳамин сангро меканиву мехўрӣ?
–Сода! Зокро мегириву дар шир меҷўшонӣ, ҳаминки шир бурид, онро гарм-гарм мехўрӣ...
–Агар набурад?
–Набурида рўз надорад...
–Барои чӣ?
–Табиаташ чунин аст, ки ширро мебураду марҳам месозад.
Кампир лаб фурў баст, Шопур таконе хўрду гумон бурд сар то пояш сард шуд.
Аз лабоба садои дафи Нўшина меомад, ки бо таронахониаш ҷўр буд.
Даф мезанам, даф мезанам,
Бар доира каф мезанам.
Пайдо шудам, пинҳон шудам,
Дармондаи ҳиҷрон шудам.
Бо ин паридории худ
Ҷўяндаи инсон шудам...
–Бечора! – гуфт кампири Осудаву дигар ҳарфе наафзуд...
Шопури Моҳигир кампири Осударо ба ду гупсари дасти рости худ баст, халтачаи доруву давояшро худ гирифт, ки боз кампир аз тарс онро раҳо накунад, ё агар раҳо накунад, тар карданаш яқин буд. Шопури Моҳигир дар шигифт монда буд, ки кампири Осударо ҳаросе на дар ваҷоҳаташ, на дар ҳаракатҳои дасту поҳояш дида намешуд. Вай ўро дар дил таҳсин карду ба оббурӣ даромад. Рўдро бе ягон ҳодиса убур карданд. Чун ба сари Луда-Палвон расиданд, ўро рўи пўстак хобидаву ҳазёнгў ёфтанд.
Кампири Осуда косаи назди Людмила Павловна сарнагунро диду онро бардошта канор гузоштанӣ шуд, лек зуд ба ҷояш гузошт.
– Ўро каждум газидааст!–хабар дод Шопури Моҳигирро ба косаи сарнагун ишора карда.
Баъд зуд халтачаашро аз дасти Шопур гирифту даҳонашро боз кард.
Шишачаеро байни анбончаҳо диду оҳи сабук кашид.
– Хайрият, ки гирифтаам!
– Ин чист?
– Подзаҳр, – ором гуфт ў ва аз сатил дўлчае об гирифту аз он шишача қатрае чанд чаконд ва Шопурро гуфт, – сари ўро бардор!
Обро ба лаби Людмила Павловна бурд ва дар ҳоле ки ними об аз даҳони зан берун мезаҳид, оби дўлчаро ба ҳалқи ў рехт. Пасон бо кўрпаи нимдошт тани занро пўшонида, ба ҷустуҷўи чизе даромад. Аз даруни соғуи тоқча дирафш ёфта омад, косаи сарнагунро бардошт, неши дирафшро ба пушти каждум хаст, бардошт, бурду ба қаламчаи тоқча зад, гўш фаросўи каждум бурд, баъди чанде қаноатмандона гуфт:
– Сар кард!
Шопури Моҳигир ҳайратзада ўро менигарист. Тоқат наёварду пурсид:
– Чиро сар кард? Кӣ?
– Аввалаш «кӣ» не, «чӣ». Баъдаш, каждум сар кард зораву таваллоро. – Кампири Осуда мармуз ба Шопур нигарист, ки ин дам аз ҳайрат комаш афтода буд. Кампирак ба ў раҳм карду шарҳ дод:
– Худоро зора дорад, ки заҳрамро бидеҳу ҷонамро гир ва маро аз азоби дўзах раҳо бахш, ки тоқати азоби неши дирафшро надорам.
– Аҳа, – гуфт кампири Осуда ба Шопури Моҳигир рў оварда, – донистӣ?
Ба неши беозори дирафш тоб намеораду неши пурдоғи худро ба чапу ба рост бепарво мекушояд, – ин дам кампири Осуда ба Людмила Павловна нигаристу нидо кард: – худоро шукр, хобаш бурд!
Людмила Павловна пас аз ним соат чашм кушод, аввал чашмаш ба Шопури Моҳигир, баъд ба кампири Осуда афтод. – Ман медонистам, ки ту меоӣ, ту на аз об метарсиву на аз оташ. Ту, Асия, одами заминӣ нестӣ, намедонам кистӣ, ҳаминки пулро сел бурд, рўи пўстаки кампири Майса бахшида дароз кашиданам ҳамон буду аз дарди ҷонкоҳ наъра кашиданам ҳамон, дидам, ки ин палидак аз зери поям берун омад, ҳамоно косаро ба рўяш чапа кардам, аз куштанаш тарсидам, баъд дар гармогармии дард халтаи коҳро рехтам ба саҳни ҳотаву оташ задам, медонам омадаму рўи ин пўстак дароз кашидам ва аз ҳуш рафтам, магар аз зарби дард, дигар чизе дар хотир надорам...
– Ту дуои ҷони Шопурро кун, ки бе ҳеч диранг маро гирифту овард.
Шопури Моҳигир боз ба олами кобусҳояш фурў рафта буд, ки онҳоро намешуниду намедид. Ду зан ба ў лаҳзае чанд ҳайратзада хира монданд. Баъд боз ба сўҳбати занонаи худ дунбола доданд.
Ва баногоҳ миёни сўҳбати онҳоро нидои Шопури Моҳигир шикаст.
–Ба дилам зад!
–Чӣ?! – ба як овоз пурсиданд ду зан.
– Зиндагӣ, – инро вай чунон ором гуфт, ки мў дар бадани он ду сих зад.
Людмила Павловна бо суол ба кампири Осуда нигарист – оё ту чизе мефаҳмӣ?
Кампири Осуда ангушти ишорат ба лаб бурду пас ба Шопур рў овард. – Додарак, ман ин ҷо назди Луда ду-се рўз мемонам, ту пайи корат шав. Беҳтар мешуд, агар бобои Маҳрбон ва кампири ўро як хабар мегирифтӣ.
Шопури Моҳигир ҳарфе назад, вазнин аз ҷо баланд шуд, гупсарҳоро бардошт, ба чи андешае ду гупсарро ҷудо карду ба гўшаи хона гузошт ва аз дар берун шуд.
– Ба хайр аст? – пурсид Людмила Павловна аз кампири Осуда.
– Зиндагӣ тангаш гирифтааст мегўям, ки аз субҳ ба худ бегона аст.
– Ба худ бегона? – чизе нафаҳмид Людмила Павловна.
– Гоҳу ногоҳ бо ҳар кас рух мезанад, баногоҳ ҳис мекунӣ кўррўдае дар тани ҷомеаӣ.
– Ман ҳам гоҳу ногоҳ чунин фикр мекунам, – бо андўҳ гуфт Людмила Павловна.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё