Зеҳн
Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.

зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДОҒИ ЯХ

Хона нимарўшан буд. Чароғи мумсик чунон месўхт, ки ангор нур намеафканд, ҷон меканд.

Ҷомаро ба тан печида буд Ниёз. Аз ҷома барои худ қалъа сохта буд, қалъаи Аламут, ҳарчанд Ҳасани Саббоҳ набуд, ҳарчанд кеши тозаеро ҷонибдорӣ намекард, пайраву пайгире ҳам надошт.

Як марди одии бечорае буд, ки лак-лак меоянду мераванд, пурармон, бенишон.

Аз будану набуданашон суде нест.

Ба синни мубораки панҷоҳ расида буд ва ягона писарашро зан дода буд.

Писараш шубон буд, Муроди Чўпонак мегуфтандаш, ду-се моҳ як раҳ меомад, ҳафтае меистоду мерафт. Маълум набуд, Ниёз синҳорбон буд ё синҳор хусурбон.

Қабл аз арўсии фарзанд Ниёз аз хонаи асосӣ, ки иборат аз як ҳафтболор ва як даҳлез буд, ба меҳмонҳона кўч баст.

Меҳмонхона дуртар аз хонаи асосӣ, назди дарвоза буд, як хоначаи панҷболор буд, ба ҷои даҳлез як шипангчаи кафшкан дошт. Синҳор хўрду хўри ўро ҳамин ҷо меовард. Арўс ҳеҷ гоҳ бо хусур сари як дастархон наменишаст. Синҳор рўзи дароз як лаҳза ором набуд.

Чӣ ҷумбуҷўл мекард, барои падаршў торик буд. Хоҷагиашон хурд буд. Моли парвоӣ ва дўшоии зиёд ҳам надоштанд. Ҷамъ ба ду-се соат кор буд ҳама рўз. Аммо синҳор аз каллаи субҳ то пои шом ҷумбуҷўлу такопў дошт, ангор як ферма ё як корхона ба зиммааш бошад.

Соле пеш зани Ниёз аз дорулфано ба дорулбақо рахт баста буд. Дардманд буд, орзуяш ҳамин буд, ки ягона фарзандашро соҳибдор бубинаду баъд бигузорад рўҳи лаббафарёд ҷисми пуразобашро тарк бигўяд. Дар сарнавишти талху шўраш сатре дар ин бора мундариҷ набуд магар, рўзе аз по афтоду дигар барнахост.

Ҳама бар ин буданд, ки Ниёз аввал зани мувофиқи соли худ биёбад ва он гоҳ барои фарзанд ҷуфт биҷўяд.

Аммо ҳанўз Ниёз ба хулосае наомада, писараш арўсаке хуш намуд, бетоқатӣ зоҳир кард, «ночор пеш омаду хуш омад» гўён синҳор овард ба хона.

Арўсу домод чиларо гузаронданд, домод пайи кораш рафт, ду-се моҳ буд назди рама ва ҳафтае хона меомад.

Ниёз бо сари қоқаш танҳо монд. Ва ҳоло маълум набуд, хусур синҳорбон аст ё синҳор хусурбон.

Танҳо дар хона менишаст, танҳо нон мехўрд, танҳо хуфтухез мекард. Соҳиби хона не, сояи хона шуд, ангор ангушти шашум буд: буданаш безарар аст, набуданаш хуштар аст. Ин буд, ки рўзи дароз як нони танўриро ба миён мебаст, субҳи барвақт аз хона мебаромад, киштзор мерафт, то тафси офтоб кор мекард, баъд нонро дар Кафкрўд тар мекарду мехўрд, ба сояи бед дароз мекашиду хоб мерафт, ду-се соат хоб мерафт, баъд то офтобшин боз машғули кор мешуд, шом ба хона бармегашт, шомиёнаи синҳор омодасохтаро мехўрду сар ба ҷогаҳ мениҳод.

Ҷогаҳ сард буд, сардии онро ҳар рўз бештар эҳсос мекард, набудани ҳамсўҳбат ҳар рўз бештар дарк мешуд, хона дар назараш ҳар рўз тангтару тангтар мегашт, нафас рост кардан намемонд, харнояшро меҷафид, ҷисму танашро чанг мезад, мефушурд, мебалъид, баъд ўро дар сурати як лахт палтармаи хоидаву макида қай мекард. Ва ў ҳар субҳ худро ҷамъ месохт, зара-зара, порча-порча худро ба сурати Ниёзи занмурдаву дилсўхтаву дар тафсгашти хуршеди умраш сардмонда медаровард, ноне ба миён мебаст, сари киштзорҳо мерафт.

Бешитоб, боҳавсала, покиза кор мекард.

Ин ҳамон айём буд, ки мардум базла мезаданд: Ниёз марзаи аспистро чунон оҳиставу покиза мисли Яздони Малла медаравад, ки то ба охири марза расидани ў асписти пушти сараш боз даравӣ мешавад. Ва рўзгори ў ба ҳамин минвол ба дарозо мекашид, то он рўз, ки манзараи шигифтангезу шаҳватхезеро дид ва гуноҳи кабира содир кард, хайёлан содир кард.

Аммо чӣ гуноҳе!

Пайомадаш ҳамин шуд, ки омаду ҷомаро ба тан қалъаи Аламут сохт.

Ҳолаш ба вазъи ҳамин чароғи мумсик буд, ки чунон месўхт, ангор нур намеафканд, бал ҷон меканд.

Он рўз ҳам сари субҳ ба киштзор омад.

То қиёми офтоб заҳмат кашид. Арақшор шуд. Нафас рост кард, бо дилтангӣ ба ёд овард, ки аз рўзи синҳор овардан то бад- ин рўз боре ҳам тан нашустааст.

Қаблан ҳафтае як раҳ дар ташноби даҳлези хонаи асосӣ тан мешуст. Як гўшаи даҳлезро деворак гирифта, дарбача зада, ҳаммомаке сохта буд. Ҳоло ки хонаи асосӣ аз ў набуд, ҳаммомак низ. Кафкрўд бо тунукобае ки назди деҳ дошт, чун даст метофт, моли бачагон буд. Ҳатто ҷавонони навхат аз пеши чашми мардум тан шустан ибо мекарданд. Қонуни нонавишта буд. Касе маҳкум намекард, кордор ҳам шояд намешуд, аммо Ниёз ёд надошт, духтарбачае ё ҷавонмарду солоре дар тунукоба обтанӣ карда бошанд.

Ба ногоҳ чеҳрааш шукуфон шуд, шаршари чашмаи Муғон ба ёдаш омад. Оби чашмаи Муғон аз фарози Буздавак поён меомад, дар расидан ба Кафкрўд маҷро шаршаре сохта буд, баланд набуд, як қади одам буд, анбўҳи ангату муша онро аз чашмҳо пинҳон медошт, азбаски обаш хеле сард буд, он ҷо касе обтанӣ намекард.

Аммо ин тур набудааст, нафаре ўро пешдастӣ карда буд. Даставвал макони мақсудро ишғол дида, бозгаштан хост, чун дар оббоз гесуҳои дарозро мушоҳида кард, дилаш таҳ хўрд: «зан!». Пояш суст шуд, бемадор ба замин нишаст, заработи қалбаш афзуд, ба худ коре наметавонист бикунад, ғайри ихтиёр пеш хазид, дар масофаи начандон дур аз зан қарор гирифт, паси анбўҳи буттаҳо буд, касе ўро ташхис дода наметавонист.

Зан сар хам карда буд, пушт ба пармоси роҳатбахшу сард гузошта буд, гесувонаш рўяшро пўшида, аз гардан поён ду қисм шуда буд, аз роғи онҳо синаҳои таранги норпистон ва шиками булўрин метофт, аз камар поён танҳо об, ки рўи пўсти сафеду ронҳои ғафсаш мешорид, поҷома шуда буду бас.

Ниёз, ки ҳатто тани зани худро бараҳна надида буд – раҳматӣ хеҷ гоҳ намегузошт, ки пироҳани шабпўшашро аз тан бикашӣ – ба ин мўъҷизаи пеши чашмонаш лолу мабҳут менигарист...

Лаҳзае пас пай бурд, ки вай аз ин дурӣ пайкари булўрини лағжонро меҷафад, меламсад, мебўсад, мегазад... ҳис мекард, ки ба таҳрики шайтон меравад, гуноҳ мекунад, аммо бо худ коре наметавонист кард... Ва ба ногоҳ карахту ваҳшатзада шуд, анқариб фарёди ҷонхароше аз харнояш берун ҷаҳида буд. Зан сар бардошта буд ва вай синҳори худро шинохта буд… Ва ҳоло хусур гўшаи хонаи нимарўшанро иҷора гирифта буд, ҷомаро барои худ қалъаи Аламут сохта буд.

Аз ун макон то бад-ин макон чӣ гуна омада буд, ёд надошт. Ҳамин қадар медонист, ки аввал дар таб месўхт, баъд вараҷааш гирифт, арақи сард аз сару рўяш мезаҳид, ба замин мечакид, ҷўяк мекашид, роҳ меҷусту роҳ мерафт, ҷониби шаршари чашмаи Муғон мешорид, ба оби чашма меолоид, меосоид.

Аммо оби чашма онро қабул надошт, бо ҷўяки оби ҷабин меситезид, меғурид, меҷўшид, буғ мешуд, бухор мешуд, хушк мешуд, дуд мекард. Чашма месўхту Ниёз ҳам месўхт, валек гармиро ҳис намекард, ҷисмаш пурдард буду сард, сард буду пурдард…

Синҳор дарро кушоду дарун омад.

Чароғро рўшан кард. Ҳайратзада ба падаршў нигарист. «Таб доред?» Посухе нашунид. Хусур ҳатто сар бардошта ба ў нанигарист. Берун шуд, дастархону дами гарм овард. Дастархонро паҳн кард, чумча даруни коса, косаро назди падарарўс гузошт. Баъд аз соате бозомада, ҳамаро чун пешина дид, ғундошт, ҳарфе назаду берун бурд.

Нимашаб буд, ё субҳ мерасид, Ниёз намедонист.

Аммо як чизро ба хубӣ фаҳмидаву натиҷа гирифта буд. То ҳаст, то рамақе аз ҷон дар танаш боқист, дигар наметавонад ба чашми фарзанд ва зани фарзанд бингарад.

Бо вазнинӣ аз ҷо хест, ҷомаро, қалъаи Аламутро дур андохт. Нақдинаи барои рўзи мабодо пасандоз кардаашро аз байни рахти хоб берун овард, қисмеро бардошт, қисми дигарро рўи тахтонаи тиреза гузошт.

Чанде пас марди панҷоҳсолаи сарфурўгирифтае, пеш аз вақт миён хамидае дар ҷодаи Сармаддара ба сўи сарнавишти номаълум гом мебардошт ва дар хонаи бекасмонда чароғи мумсик чунон месўхт, ки ангор нур намеафканд, балки ҷон меканд.

МУЛЛО ВА ЧОВАНДОЗ

Мулло муллои деҳи мо набуд, аз ҳамсоядеҳ буд. Агар муллои мо, Бухоризода тиловату муроқабатро хуш карда буд, ин мулло ҳаловату фароғатро.

Ҳафтае як раҳ аспро зин мезаду чарогоҳу овулҳоро давр зада, ба қавли худаш ба «аёдати муридон» мерафту меомад.

Дасти холӣ намеомад, албатта.

Шикамбаи айрону маска, нони дегиву кўмочу кулча дар хонаҳои хурҷин ҷо буданд. Муллои баинсоф буд, аз ину аз он назрро ба навбат мегирифт. Аз ин рў ҳамдеҳагонаш ноҳақ муллои Заранг лақаб дода буданд. Аз қазо чунин иттифоқ афтод, ки муллои деҳи ҳамсоя ва паҳлавони деҳи мо дар маъракае сар ба сар заданд.

Муллозаранг, биёед минбаъд ўро ҳамин тур меномем, аспдўст буд. Ҳар куҷое дар ин обрав бузкашӣ мешуд, ҳозиру нозир буд. Азбаски мардум ба даму суфаш қоил буданд, иззату эҳтиромашро ба ҷо меоварданд.

Ҳамин ки аспи куранги ў ба давра медаромад, пайкорони савор – ба аспҳои худ гирду пеши давра «ҷавлон» мезада – мулло човандози баргузида надоштанд, ҳар маърака онҳо иваз мешуданд – кўшиш мекарданд, ки маслухро човандози мулло бигирад. Агар ноошное даст ба маслух мебурд, дасташро ноаён медоштанду ба гўшаш мегуфтанд: «ин ҳаққи ҳалоли муллост!»

Гуфта будем, ки баинсоф буд мулло, чун медид, ки мардум ҳурматашро ба ҷо меоранд, ў низ ҳамин тур подош медод, курангро беш аз яку ду раҳ ба давра намедаровард.

Аммо паҳлавони деҳи мо, Шодон аз ин хабар надошт, агар гуфтем бохабар ҳам мебуд, гумон буд, мўе аз бурути шофмонояш биҷунбад.

Омад ба аспи якрони худ, дар маъракаи ҳамсоядеҳагон ширкат кард. Се раҳ то пилаҷо пирўз омад, баъд аспро ба ёвараш дод, ки хунук кунад ва худ канори ҳамдеҳагон дар ёнае каҷпаҳлў зад, то вақте аз пойгаҳ ҷор кашиданд, сарсолин – мототсикли сечархаро навбаташ расид.

Ҳама ба ҷунбиш даромаданд, ҳам тамошоиёну ҳам саворон. Ҳатто Муллозаранг ҳам бетоқат шуд, ки қаблан аз эшон дида намешуд, чароки ҳеҷ гоҳ довталаби сарсолин намешуд, ба қавли худаш «хатти эътидолро маръӣ» медошт.

Аммо ин дафъа бепарво нишастан маънои моҳии рўи тобаро дошт. Ҳамоно кукуи мағзи сараш чун кукуи соати деворӣ хабар дод, ки инак моҳест, писари аршадат гиребон гирифта, ки «сечарха бихар!»

Маслух ҳам маслухи диданӣ буд –тўрпӣ!

Мурдакаш бо маслух ба майдон даромаду аспро маҳмез зад ва кўшиш дошт, онро ҳар чи дуртар бибарад, то гирудор гармтар бишаваду ҳаёҳуйи тамошоиён бештар, вале ин ба ў муяссар нагардид, чароки тўрпӣ сангин буду аспрез фарозу шебин. Аз ин рў нисфи роҳ тўрпӣ аз рикобаш раҳо хўрду бар замин афтод. Ҳамоно саворони пайгир гирди он чанбар заданд.

Ҳай ҳангомае барпо шуд. Тамошоиён ҳама сари по шуда буданду ғирев бардошта. Маслух чун санги осиёб буду солин моли ноёб. Маълум, ки саворон чӣ талошҳое ба кор мебурданд, то тўрпиро аз давра берун кашанд!

Баногоҳ чунонки боди балони мошинро кам-кам сар диҳӣ, гирудори бузкашон низ ҳамин зайл суст шуд. Ва пич-пиче гўш ба гўш рафт: «куранг, куранги Муллозаранг!»

Ба гўши Шодонпаҳлавон ҳам расид, ки бо ду савори дигар барои чанг задану аз давра баровардани тўрпӣ кашмакаш мекарданд. Он ду паҳлавон низ суст шуданд, вале Шодонпаҳлавон ҳамоно сўи пои тўрпӣ даст дароз кардан дошт.

Яке аз саворон дасти ўро қабза заду ба гўшаш гуфт: «ин моли ҳалоли аспи муллост!»

Шодонпаҳлавон дасти ўро ором дур карду гуфт: «ин ҷо гапи ҳаловат дар миён нест, ин ҷо гапи саломат дар канор аст!» Ва маслухро бардошту бағал заду аз давра берун шуд. Ғиреви тамошоиён дучанд гашт.

Вақте Шодонпаҳлавон маслухро оварда, ба пилаҷо афканд, як ба бари ҷомааш арақи ҷабинашро пок карду баъд асп ба сўи пойгаҳ ронд. Пойгаҳ як мошини боркаши бортҳояш кушода буд, ки дар кафаи он ҷоркашу се довар, яке Муллозаранг нишаста буданд. Човандози деҳи мо баробари пойгаҳ омаду ба Муллозаранг рў оварду гуфт:

– Мулло бояд дар масҷид худнамоӣ кунад, на дар корзору бозор!

Аз ун рўз ба баъд Муллозаранг ҳангоми бузкашӣ дар радаи тамошоиён менишаст ва куранг ҳам аз дур, аз ёлаи сабзаҷўш бузкаширо наззора мекард.

КЎЧАК

Бобокўчак мурдашуй ва ҷоркаши деҳи мо буд. Марди хубу беозоре буду дар ҷоркашӣ зарбулмасал. Нахуст рўи боми хонааш мебаромад, ба тамоми деҳ ҷор мекашид, ки соати фалон дар хонаи баҳмон маъракаи сур ё сўг, салоти ҷаноза ё фотиҳаи хатна баргузор мегардад, агар савоб мехоҳед – бишитобед, агар гуноҳ мекобед –биоромед! Пасон ба хари ранги худаш хубу беозор менишасту кўчаву пасткўча ва бомраҳаҳои деҳро дар ба дар мегашт, пушти дар пурсадо номи соҳибхонаро ба забон меоварду даъваташро такрор мекард.

Агар рафту худо накарда – ин ҳол ҳамон вақт иттифоқ меафтод, ки касе ўро дар роҳ ба гап гирад – нафареро аз ёд мебурд, аз ними роҳ бармегашт.

Баръакси ў Оростаи Сиёҳ, ки занҳоро ба маърака даъват менамуд, амал мекард. Вай дар ба дар намегашт, рўи бом мебаромаду даф мезад, баъди ду-се дақиқа даф заданро қатъ мекарду ба қавли худаш «дўстонашро бо овози бам, душманонашро бо навои зер» садо мекарду пас аз ба забон овардани се ном меафзуд: «агар омадӣ – ош мехўрӣ, наомадӣ-пош мехўрӣ!», пас аз ба забон овардани номи «душманон» зери лаб меғуррид: «агар омадӣ – гул мебўӣ, наомадӣ – дар гуҳ меҷўлӣ!» Боз ба дафзанӣ давом медод, ду-се дақиқа, то боз ист мекарду се номи занро нидо мекард...

Аз буду нобуди ин деҳ ман то ҳадде хабар дорам, аммо дар бораи мурдашўии Бобокўчак чизе намедонам, аз ҷоркашиаш ҳикояте чанд шунидаам, якеро пеш меорам.

Бобокўчак ҳамаро хабар мекард, дар қатори хешон пеши дари соҳибхона менишаст барои пешвози меҳмонон. Чун маърака тамом мешуд, ба ў як табақ ош бо ду нони сарпўш, чунон ки таомули мост, меоварданду медоданд ва ў сур ё сўгхонаро тарк мекард.

Ҳақшинос буду босипос, аммо аз одатҳои пураҷаби ў яке ин буд, ки ҳеч гоҳ табақи ошро барнамегардонд, соҳибонашон ҳам талаби бозпас гардонидани онҳоро намекарданд. Шояд ҳаққи ҳалоли поранҷи ў мешумориданд. Худи Бобокўчак пас аз марги усто Гиёҳ бо тарошидани чумча, коса ё табақи супоришӣ рўз мегузаронд. Буданд ду- се нафаре ки тўҳмат мезаданду мегуфтанд, ки Бобо он табақҳоро ки аз маъракаҳо меорад, тозаву суфта карда, ба дигарон мефурўшад.

Гуноҳу савоби ин гўяндагон ба гарданашон, ман надидаму намедонам.

Баъд Бобокўчак пиру заиф шуд. Дигар кораш ҳамин буд, ки меомад ҳар субҳ баъди чошт рўи боми оғили колхоз, ки ба қавли Холдори Чилдурўғ «Ситоди пирмардони ҳамзонуи деҳ» буд, дар радаи чанд мўйсафеди дигар менишаст, ба сўҳбати ҳамнишинҳои худ намепайваст, агар бо суоле ба ў рў меоварданд, муҷмал посухе медод. Чизи тозае ки ҳамзонуҳо ба мушоҳида гирифта буданд, ин буд, ки Бобо гоҳу ногоҳ ба бурси якаи Зови Карафса бардавом хира мемонад ва ба чӣ хаёлҳое ғарқ мегардид. Шояд бурси якаву танҳо дар пешони зови бедолу дарахт ёдҳои аз ёд рафтаашро бармегардонд, ё чизи дигаре буд, ҳамин тавр пўшида монд. Як рўзи тўфонӣ ин бурсро барқ заду сўзонд ва Бобокўчаки бечора, ки ин манзараро аз тирезаи хонааш медид, ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Тасодуф буд ё чизи дигар ба ҳамагон рози баста монд.

Беҳуда дар «Инҷил» нагуфтаанд: «Роҳҳои Худованд нопаймуданист.»

\\\*

Як рўз, кушед ҳам, гуфта наметавонам, ки чанд рўз аз мурдани Бобокўчак гузашта буд, Холдори Чилдурўғ, ки ба қавли сармаддеҳиён моҳе як раҳ-ду раҳ ҳангома ба по накунад, илмаш қарор намегирифт ва ҳам дурўғаш ба қавли ҳамдеҳагони ман «истанса надошт», ба деҳ аз чарогоҳи Гулбасарон, аз тариқи гўристони Мардони Мард ба поён ҳаш-ҳашу фаш- фашкунон фуромаду ба бознишастагони рўи боми оғили колхоз гуфт: –Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, аз назди гўристон мегузаштам, ки садои аҷибе ба гўшам расид. Аввал аз тарс заҳракаф шудаму баъд аз пешомади аҷибу ғарибе ширакайф. Гўшҳоямро чун гўшҳои хари Шераки Хол чур кардаму дарёфтам, ки садо аз гўри раҳматии Бобо ба атроф мепечад. Гўш ба гунбази гўри Бобо гузоштаму қариб буд ҷобаҷо мурам! Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, аз даруни гўр садои ба ҳам бархўрдани даҳҳо, садҳо табақи чўбиву сафолӣ шунида мешуд...

Касе ба ў бовар накард, вале чун диданд, ки ба гуфтааш бисёр исрор меварзад, ду-се говҷигар миён бастанду рафтанд ва гўристонро мисли ҳамеша хомўши бардавом ёфтанд.

Аммо ду-се рўз баъд зани Муроди Чўпонак, ки бо сардоя ҳамовул буд, ба деҳ фуромаду ину онро гуфт, ки аз гўристон чӣ садое ба атроф мепечад! Боз ду-се тан миён бастанду рафтанд, боз ҳамон мўҳри хомўшии ҷовидон бар даҳони гўристон буду бас.

Билохир Барзуи геолог барои хорбори дастаашон аз кўҳ ба мағозаи деҳ фуромаду хабари тозаро шунида, қоҳ-қоҳ зада... гуфт, ки онҳо дар хамии гўристон гумона мекананд ва ун садо ҷуз садои пармаи онҳо чизи дигаре нест! Беҳуда дар «Инҷил» нафармудаанд:

«Роҳҳои Худованд нопаймуданист!»

пешина
аз 17
навбатӣ