АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
БОҒУ БОҒБОН
Бачаҳо ду нафарро сармир хостанду худашон ду-ду ёр даромаданд.
Даҳ нафарӣ ба ду гурўҳ ҷудо шуданд. Сармирҳо, як тарафи сафолпораеро тар карданд. Сармири якум:
- Обӣ, лалмӣ? – гуфт ва дар ҷавоб сармири дуюм:
- лалмӣ, - гуфта сафолпораро баланд партофт, тарафи хушкаш дар рў шуд. Сардори дуюм навбатдор шуд.
Бачаҳо дар масофаи даҳ - дувоздаҳ қадам ба муқобили ҳамдигар саф кашиданд ва дасти ҳамдигар гирифтанд. Сармири дуюм ба сармири якум рў оварда гуфт:
- Боғу боғбон!
Ҷони боғбон! – ҷавоб дод сардори якум.
Ангурако пухтанд?
- Ниму нимкола!
Аз мо кӣ равад?
- Латиф! – гуфт сардори якум.
Латиф дасти шариконашро сард доду ба шаст давид ва худро ба сафи бачагони тарафи муқобил зада, сафи онҳоро рахна карданӣ шуд, кўшишаш натиҷа надод.
Худаш мувофиқи шарти бозӣ ба тарафи ин гурўҳ гузашт.
Саволу ҷавоби сармирон аз нав шўруъ шуд. Акнун сармири якум ба сармири дуюм муроҷиат кард:
- Боғу боғбон!
Ҷони боғбон!
- Ангурако пухтанд?
- Ниму нимкола!
- Аз мо кӣ равад?
- Қамар!
Қамар бо суръат давида, худро ба гурўҳи дигар зад, ки дасти ду бача аз ҳам ҷудо шуда, сафашон ду ҳис шуд.
Қамар ғолиб омад. Ў яке аз бачагонро ҳамроҳаш ба гурўҳи худ овард.
Бозӣ ҳамин тавр то ҳамон лаҳзае давом кард, ки дар як гурўҳ сармир ва як бозигар монд.
АРРА, ТЕША
Ду бача муқобили ҳам нишаста, кафи пойҳояшонро ба кафи пойҳои шариконашон ҷафс мекунанд. Дасти ҳамдигарро мегиранд ва баробар мегўянд:
Арра,
Теша,
Моку,
Тамоку!
Баробари «арра» гуфтан, бозигарон пою дасти росташонро ба тарафи худ мекашанд ва пою дасти чапашонро дароз мекунанд. Бо гуфтани «теша» ҳамаи ин ҳаракат аз пою дасти чап шуруъ мешавад.
АБЎЛАКАМ
Бачаҳо давра нишастанд ва пойҳояшонро ба мобайн дароз карданд.
Холида ба бозигарон гуфт:
- Ман «Абўлакам»-ро мегўям. Калимаи «каш»- охирин ба пои кӣ рост ояд, ҳамон кас аз мобайн пояшро кашида, ғун карда мешинад:
Абўлакам,
Ду бўлакам.
Лаби ҳавзи заргарон,
Мўй дорем то миён,
Мўи мо ишкели хон.
Хон ба мо чӣ медиҳад?
Як ғуломи ҳабашӣ.
Корди пўлод чарх кашӣ,
Ҳабашӣ корд кашад,
Корди пўлод кашад.
Андар каш,
Мандар каш,
Як поятро каш!
Холида «Абўлакам» мугуфту ба пойҳои бозигарон бо ангушташ ишора мекард. Калимаи «каш» ба пои рости
Халил рост омад. Халил пои росташро кашид. Холида боз
«Абўлакам»-ро аз аввалаш гуфт. Ин дафъа суруд дар рўи пои чапи Ҳанифа тамом шуд.
Ҳамин тавр, бозигарон як-як пойҳояшонро аз давра кашида, чорзону менишастанд. Дар охир Холида ҳам чорзону нишаст. Бо фармони Холида ҳамаи бозигарон баробар сари зонуҳояшонро молида, се-чаҳор карат шумурак гуфтанд:
Шутури қазоқ,
Собуни Ироқ,
Якта занам,
Пояш чўлоқ!
Холида лелаҳои дасташро байни ҳам гузаронда, мушт карда ва ба сари зонуҳои чапу рост ба навбат зада гуфт:
Ин ҳандалак,
Ин тарбузак!
Ин зомуча,
Ин харбуза!
Дигарон ҳама ба Холида тақлид (пайравӣ) карданд.
Чанд дақиқа гузашт. Холида фармуд, ки бачаҳо ба навбат як-як аз ҷой хезанд. Дигарон бо диққат гўш карда, муайян кунанд, ки зонуи кадом бозигар «қирс», «қирс» садо мебарорад.
Аз рўи қоидаи бозӣ Халил , ки аз ҳама пеш пойҳояшро ғундошта менишаст, оҳиста аз ҷой хест. Ҳар ду зонуяш садо баровард. Хама шуниданд ва офарин гуфтанд.
Навбати Ҳабиба расид. Ҳабиба оҳиста-оҳиста аз ҷой хест.
Зонуҳояш садо набароварданд. Ў мувофиқи шарти бозӣ ё мерақсид ва ё суруде мегуфт. Ҳабиба суруд гуфт:
Ҳо ҷастаму ҳо ҷастам,
Рўмолчаба нон бастам.
Ани бибиҷон рафтам,
Гўгирдаша гум кардам,
Аловаша пуф кардам.
Ҳамин тариқ, ҳама як-як аз ҷой хестанд ва бозӣ шавқовар гузашт.
ҶОГОҲ КУНЕ, ҶОГОҲ КУН
Бачаҳо ҷамъ шуданд ва яке шумурак гуфт:
Аттораш,
Кўлвораш.
Дастрўмоли
Гулдораш.
Дар ҳар гуфтани шумурак як бозигар аз сафи бачаҳо берун рафт. Дар охир танҳо Мавлуда ва Асрор монданд.
Барои ҳардуяшон боз шумурак гуфтанд. Калимаи
«гулдораш» ба Асрор расид. Рўмолчаро ба Мавлуда доданд.
Дигарон давра нишастанд ва байти зайлро такрор карданд:
Ҷогоҳ куне, ҷогоҳ кун,
Нусратҷона огоҳ кун!
Ҷогоҳ куне, ҷогоҳ кун,
Нусратона огоҳ кун!
Нусрат рўмолча гирифта аз паси Мавлуда давид.
Мавлуда ҳалқаи бозигаронро ду-се давр зада, ба пеши яке аз онҳо омада нишаст. Он бозигар зуд аз ҷо бархоста , дар атрофи давра давидан гирифт.
Нусрат тезтар давида, бо рўмолча ба китфи он бозигар , ки Маҳмуд ном дошт, зад. Маҳмуд истод ва рўмолчаро аз Нусрат гирифт. Нусрат дар ҷои аввалааш рафта нишаст. Бозӣ аз нав шўруъ шуд.
ХАРБУЗА ПУХТ?
«Харбуза пухт» бозии пиарбачаҳост. Аз бачагон ягон нафар «боғбон» ва дуюмӣ «саги посбон» ва дигарон харбузахўр - меҳмон мешаванд.
Боғбон дар як гўшаи бозиҷой «харбуза» мекорад.
Каллапўши бозигарон ё чанд сангро ҳар ҷо- ҳар ҷои
«майдони кишт» мегузорад. Баъд ҳамроҳи «сагаш» ба гўшаи полез рафта мешинад.
Ҳамин вақт аз марраҷой , ки дуриаш аз «полези харбуза» даҳ-понздаҳ қадам аст, бачаҳо ба сўи «боғбон» ҳаракат мекунанд. Дар як гўшаи майдони «харбуза» меистанд. Ва аз «боғбон» мепурсанд:
- Бобо, бобо!
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав замина гардондам.
- Бобо, бобо!
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Дина тухмаша коштам.
- Бобо, бобо!
-Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Акнун неш мезанад.
- Бобо, бобо?
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав дубарга шуд.
- Бобо, бобо?
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав чорпалак шуд.
- Бобо, бобо?
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав палак кард.
- Бобо, бобо?
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт!
- Акнун гул кард!
-Бобо, бобо!
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав сабча баст.
- Бобо, бобо!
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Каллапўш барин шуд!
-Бобо, бобо!
-Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Ҳа, бачам, харбуза пухт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё