АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
- мегўяду худро ба «коре» овора мекунад. Бачаҳо оҳиста-оҳиста омада, «харбуза» мекананд, полезро вайрон мекунанд. «Саг» «ак-ак» карда сўи «полез» медавад.
«Боғбон» аз думболи «саг» давида, харбузахўрҳоро пеш мекунад. Агар то марраҷой расидан бозигаре дастгир шавад, ба ҷои «боғбон» дар сари «кишт» мешинад ва
«боғбон» дар қатори бачаҳои дигар ба марраҷой мегузарад. Бозигари ба дасти «саг» афтода, «саг» мешавад.
Бозӣ аз нав шўруъ мегардад.
ПАРИД-ПАРИД
Бачагон дар лаби ҷўй, болои майса давра нишастанд.
Нодираи доно ва зирак сардор шуд.
- Мусича парид! – гуфт Нодира.
Ҳама дасти росташонро боло карданд.
- Сўзанак парид!
- Ҳама даст бардоштанд. Ҳамин тавр «булбул парид»,
«»майна парид» гуфта Нодира ба бачаҳо менигарад, ки ҳама ҳама бехато даст боло мекунанд.
Баъд гуфт:
- Гўсфанд парид!
Касе даст набардошт. Боз:
- Лаклак парид! – гуфт, ки ҳама даст бардоштанд.
Нодира боз чанд парандаро тез-тез ном гирифта, «парид- парид» гўён даст бардоштагон ё набардоштагонро назорат мекард. Якбора ў:
- Гов парид! – гуфт. Насим дар ғафлат монда, даст бардошт. Нодира ва бозигарони дигар:
- Гов намепарад! – гўён Насимро ба миёнаи давра даъват карданд. Насим дар байн рост истода, мувофиқи шарти бозӣ омодаи рақс шуд.
Бачаҳо сароиданд. Насим ба рақс даромад:
Чӣ парид? Булбул парид,
Аз шохаҳои гул парид.
Аз чанор лаклак парид,
Навохта думбак парид.
Сўзанак боло парид,
Лаб-лаби ҷўйҳо парид.
Ҳар чӣ қанотдор, парид!
Дур-дуру бисёр парид?
Суруд ба охир расиду Насим ҳам рақсро бас кард ва ба ҷои худ рафта нишаст. Бозӣ аз нав сар шуд.
БОБО-БОБО
Бачагон дар назди Ҷалилино ҷамъ шуданд. Фозил асои бобокалонашро овард. Асоро диданду дар дили ҳама хоҳиши бозии «бобо-бобо» пайдо шуд. Ҷалил шумурак гуфт:
Алон,
Долон
Хурду
Калон,
Лелак,
Шакар,
Гулдур,
Гуп!
Калимаи «гуп»-и шумурак ба кадом бачае расид, ҳамон аз саф мебаромад. Дар охири шумуракгўӣ Халил танҳо монд. Асоро ба дасти вай доданд. Халил асозанон роҳгардии пирамардонро тақлид карда мерафту дигарон аз қафояш. Аз марраҷой се-чор қадам дур шудан замон, ҳама баробар:
- Бобо-бобо! - гуфтанд.
- Ҷони бобо, - роҳравон ҷавоб дод Халил.
- Куҷо меравед?
- Шахри Лаклакон!
- Дар кулворатон чӣ?
- Тўшаю талқон!
- Ба кӣ мебаред?
- Ба бачаякон!
- Моро ҳам мебаред?
- Аз очатон пўрсетон!
Бачаҳо камтар хомўш истоданд ва боз ба «бобо» наздик рафта гуфтанд:
- Бобо-бобо!
- Ҷони бобо!
- Аз очаамон пурсидем, рухсат доданд.
- Ин тавр бошад, аз қафои ман омадан гиред, лекин шўхӣ накунед, нахандед, аз калтакам тарсед.
- Хуб шудааст, бобоҷон, - гуфтанд бачаҳо.
Роҳравон бозигарон ҳар хел ҳаракат, имову ишораҳои хандаовар мекарданд, то ки рафиқонашон биханданд.
Фозил қоматашро хам карда, як дасташро ба пушташ бурда, роҳгардии «бобо»-ро тақлид кард, ки ҳама хандиданд.
«Бобо» асоро бардошта бачаҳоро пеш кард ва дар қариби марраҷой Сатторро дошт. Акнун Саттор «бобо» шуду Халил ба ҷойи вай гузашт. Агар Халил ягон бачаро то марраҷой дастгир намекард, боз худаш «бобо» мешуд.
ПУФАКБОЗӢ
Бачагон дасти ҳамдигарро гирифта давра мешаванд.
Як нафар «мураббия» шуда, пуфаке дар даст байни давра меистад ва пуфакро оҳиста-оҳиста дам мекунад. Бозигарон бо низоме дасти ҳамдигарро гирифта ба «мураббия» наздик мешаванд. Ва баъд оҳиста-оҳиста дур шуда,
80 давраро васеъ мекунанд. Дар вақти аз мураббия дур рафтан ба такрор мегўянд:
- Пуфаки сурху кабуд,
- Гирдаку ғелон бишуд.
Вақте ки давраи бозигарон васеъ мешавад,
«мураббия» оҳиста-оҳиста дами пуфакро сар медиҳад.
Бозигарон дасти ҳамдигарро сар дода:
Пуфаки сурху кабуд,
Гирдаку ғелон бишуд.
- гуфта, оҳиста-оҳиста чапак зада, ба зону менишинанд.
«Мураббия» давраро гирд гашта, ба сари китфи ҳар бача даст мерасонад. Ҳама аз ҷой мехезанд, дасти ҳамдигарро мегиранд, давра мекунанд ва суруд мехонанд:
Ҳой-ҳой, сарак-сарак,
Ман гардам аз ин сарак -
Харбузеки дар палак.
Ман гардам аз ин қошак -
Аз қошаки пайвастак.
Ман гардам аз ин чашмак -
Аз булўраки серпашмак.
Ман гардам аз ин бинӣ -
Аз кўзачаи чинӣ.
Ман гардам аз ин рўяк -
Аз кулчаи хушрўяк.
Ман гардам аз ин дандон -
Аз биринҷи Ҳиндустон.
Ман гардам аз ин дастак -
Ин дастаки пурғайрат.
Ман гардам аз ин пояк -
Мактаб раваду ояд.
Аз боло шамол омад,
Аз поин ғубор омад.
Тақ-тақаки дар бишуд,
Бобобахтиёр омад.
Чил аспа савор омад,
Хўрҷин пури бор омад,
Қамчин думи мор омад.
Момо - Гулбаҳор омад,
Чун гули анор омад,
Монанди баҳор омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё