АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
ТАПАР-ТАПАР
Бачаҳо майли бозии «Тапар - тапар» карданду
Ҳабибу Кабирро сармир хостанд. Ва худашон «ҷуфт-ҷуфт» ёр даромада, ба ду гурўҳ ҷудо шуданд. Ёрони Ҳабиб даҳ нафар, аз они Кабир ҳам - даҳ нафар.
Гурўҳҳо 10-дувоздаҳ қадам аз ҳам дур саф кашиданд.
Сармирон ёронашонро паҳлуи ҳам шинонданду ба ҳар яке ном монданд: гул, булбул, қумрӣ, барра, боғ, замин, осмон, ситора, дафтар, китоб…Ҳабиб ба ёронаш тезтар ном монду ба миёнаи майдон омада истод. Бо ҳамин навбати аввалро соҳиб шуд. Ду сармир ба бозӣ тайёр будани бозигаронро эълон карданд.
Ҳабиб ба назди гурўҳи Кабир рафту чашми яке аз бозигаронро бо рўмолча баст ва ба тарафи бозигарони гурўҳи худаш нигариста, :
- Замин! - гуфт. «Замин» оҳиста-оҳиста омаду ба пешонаи бачаи чашмбаста ҳўппоқ зад ва боз ба ҷои худ рафта нишаст. Нишасту ёронаш баробар ба замин даст зада суруди зеринро хонданд:
Тапар-тапар сияҳқош,
Ба по омад аз Кўктош,
Сўзан шудаст асояш,
Ғалбер шудаст чоруқош.
Мо тапар-тапар кардем!
Номаша дигар кадем!
То омада бозигарони ҳуппоқзадаро ёфтани бачаи чашмбаста ин сурудро такрор ба такрор гуфтанд.
Бозигар кӣ будани «замин»-ро аниқ карда натавонист. Бачаи дигарро нишон дод. Бачаҳо ўро дар қатори худ шинонданд.
Боз давр ба Ҳабиб монд. Ин дафъа Хабиб «булбул»- ро даъват кард. Айнан ҳамон тарз бозӣ давом кард. Ва охир бачаи чашмбаста кӣ будани «булбул»-ро аниқ гуфт.
«Булбул» ба гурўҳи Кабир гузашт.
Акнун навбати Кабир расид. Кабир ҳам мисли Ҳабиб амал кард. Суруди бозиро ин дафъа бозигарони гурўҳи
Кабир гуфтанд.
Бозӣ то ҳамон даме давом кард, ки дар як гурўҳ
Кабир танҳо монд.
ШАҲРБОЗӢ
Бачаҳо давра шуданд. Шарифа шумурак гуфт:
Як калла,
Ду калла,
Гову гўсфанд
Се гала!
Гурбаи шум
Кард тала,
Хари лаванд
Хўрд хала.
Гови қашқа
Серфалла.
Хоки адир
Серғалла
Брав, пур кун
Ҷуволи ғалла!
Ду бачаи дигар дар охири шумуракгўӣ сардор мешаванд. Дигарон ҷуфт-ҷуфт шуда, ба ҳам пинҳонӣ ном мемонанд. Баъд даст ба гардани якдигар партофта, пеши сардор меоянд. Аз онҳо мепурсанд:
- Ба кӣ себу ба кӣ ангур?
- Ба кӣ тору ба кӣ танбур?
Ба кӣ Кўлоб, ба кӣ Хуҷанд?
Ба кӣ шакар, ба кӣ сарқанд?...
Ҳамин тариқ, бачагон ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд. Ва ба ду тарафи майдон рафта, қатор меистанд, ё мешинанд.
Сардорон дар миёни ду гурўҳ қарор мегиранд. Яке аз онҳо
69 сангчае дар мушт пинҳон мекунад. Агар сардори дигар сангчаро ёбад, навбатдор мешавад…
Ду сардор маслиҳат карданд, ки аз кадом шаҳр сар кунанд. Охир маслиҳаташон пухт. Сардори навбатдор ба ёронаш маслиҳат карда гуфт:
- Ёрон, ёрони мо! Ёронаш :
- Лаббай, мирони мо!
Сардор:
- Сари ҳарфаш К.
Ҳама ба фикр мераванд. Ду сардор оҳиста-оҳиста аз як то даҳ шумурданд. Як бозигар:
- Мирон, мирони мо!
Сардор:
- Лаббай, ёрони мо!
- Ман ёфтам, Кўлоб!
- Не, ғалат гуфтӣ.
Баъд сардори дуюм ба ёрони худаш ҳамон тарзе, ки сардори якум саволу ҷавоб карда буд, муроҷиат кард.
Сардорон боз аз як то даҳ шумурданд. Бачае ба сардор муроҷиат карда буд, муроҷиат карда гуфт:
- Ман ёфтам, Киев!
Ҳар ду сардор розӣ шуданд. Яъне онҳо ҳамин шаҳрро дар назар доштаанд. Бозигарони тарафи ғолиб тозон ба сўи бозигарони тарафи мағлуб рафтанд ва онҳо савор шуда, то ҷои худ омаданд.
Боз ду гурўҳ дар ҷойҳои худ нишастанд ва сардорҳо шаҳрҳои П. (Париж), Д. (Душанбе), Л. Ленинобод (ҳозир
Хуҷанд) , М. (Москва), С. (Самарқанд), Б. (Бухоро) ва монанди онҳоро гуфта, дониши бачаҳоро санҷиданд.
Агар бо ин бозӣ бачаҳои хурдсол машғул шаванд, онҳо ҳамдигарро намебардоранд, балки ғолибон бохтагонро мефармоянд, ки аз марраҷой то марраҷойи дигар «зу-у» гуфта даванд.
Дар охири бозӣ яке аз бачаҳо ба овози баланд мегўяд:
- Дар таги поятон чӣ?
Ҳама якбора ҷавоб медиҳанд:
- Нахўд!
Ҳамон бача:
- Ҳар кӣ хонаи худ! мегўяд-ва бозигарон хона ба хона мераванд.
БОЙЧЕЧАКБОЗӢ
Имрўз офтоби баҳорӣ бачагонро ба бозиҷой барвақт овард. Қариб бист нафар ғун шуданд. Ҳама қарор доданд, ки бойчечакбозӣ кунанд. Наргису Лоларо сардор хостанд.
Ду сардор дар ду сўи бозиҷой истоданду баробар:
- Ёр ёри ман кӣ?! - гуфтанд.
Қисме аз бачаҳо ба сўи Наргис давиданд. Қисми дигар ба тарафи Лола. Ҳамин тариқ, ду гурўҳ шуданд.
Наргису Лола сангча руст карданд.
Навбати аввал насиби гурўҳи Лола шуд. Ёрони Наргис ба канори бозиҷой рафтанду паҳлуи ҳамдигар, ҳар кадом дар дури се-чор қадам дар
«хонаҳояшон» (шартӣ) нишастанд.
Лола бо дастаи «бойчечак» (шартӣ) дар пеши сафи ёронаш истод.
Дигарон ҳам дар даст яктоӣ «бойчечак» (шартӣ) гирифтанд. Бо ишораи Лола ба гуфтани суруди
«Бойчечак» шўруъ карданд:
Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрўи химчак
Бойчечак, бойчечак.
Бойчечак омад луччак,
Тамошо кун, келинчак,
Бойчечак, бойчечак.
Бойчечаки ҳисорӣ,
Танга тилло, ҷуворӣ,
Бойчечак, бойчечак.
Таги остона ғур-ғур,
Хонаи мо бо нон пур.
Бойчечак, бойчечак.
Таги остона дутор,
Будем хумори баҳор,
Бойчечак, бойчечак.
Бўи баҳор бойчечак,
Муждаи кор бойчечак,
Бойчечак, бойчечак.
Гули гулҳо бойчечак,
Тоҷи сарҳо бойчечак,
Бойчечак, бойчечак.
Бойчечак омад ба дар,
Эй хола, дорӣ хабар?
Бойчечак, бойчечак.
Эй, холаи хонадор,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, барор!
Бачаҳо сурудгўён оҳиста- оҳиста ба назди бозигарони дигар омаданд. Лола дастаи «бойчечак»-ро аввал ба
Наргис дароз кард. Наргис гулро гирифта, ба чашму абрўяш молид ва гуфт:
Эй муждаи баҳор,
Қосиди киштукор,
Хуш омадӣ!
Ҳусни рўят аз ман,
Тоза бўят аз ман,
Хуш омадӣ!
Баъд, «гулдаста»-ро баргардонид ва аз «хонааш» ба бачаҳои гулгардон мавизу донак, ғўлунгу чормағз дод. Ёрони Лола ба «ҳавлии» дигар сурудхонон рафтанд.
Онҳоро соҳибхона монанди Наргис қабул кард ва туҳфа бахшид. Ҳамин тариқ, ҳамаи «ҳавлиҳо»-ро давр заданд.
Миёнаи бозиҷой омаданд. «Туҳфа»-и аз гулгардонӣ ғун кардаашонро «хўрданд» Бачаҳои гурўҳи дигар ҳам омада ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Ҳама суруд хонданд, рақсиданд ва боз ба ду гурўҳ ҷудо шуданд. Ин дафъа ёрони Лола дар
«хонаҳояшон» нишастанду бозигарони Наргис «Бойчечак» гуфтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё