АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
СЎЗАНИ ТИЛЛО
Бозигарон ҳар чи қадар зиёд бошанд, бозӣ ҳамон қадар башавқ мегузарад. Бачаи бисёре ҷамъ шуд, Мавлуда шумурак гуфт:
Як палак,
Ду палак,
Се ҷувол,
Ҳандалак.
Ту хурдӣ,
Ту бурдӣ,
Ту исто,
Ту баро!
Ҳама як-як аз давра баромаданд. Малоҳат танҳо монд. Бачаҳо доира кашиданд. Дар миёна Малоҳатро шинонданд. Бо рўймолча чашмашро бастанд. Малоҳат қиёфаи пиразанеро гирифта, бо ду даст атрофашро палмосид. Мавлуда аз ў пурсид:
- Бибӣ, чиятон гум шуд?
- Сўзани тиллом гум шуд! – гуфту боз атрофашро палмосид. Боз бачаи дигар :
- Бибӣ, сўзанро ман ёбам, чӣ медиҳед? – гўён Малоҳат даст дароз кард.
Бозигар ба дасти вай як чўбчаро партофту гурехт.
Малоҳатбибӣ оташин шуду боз атрофашро палмосидан гирифт. Дар ин лаҳза дигарон ба сурудгўӣ сар карданд:
Бибӣ итоб кунад-е,
Ба мо итоб кунад-е,
Мўл кофтукоб кунад-е,
Савғои бобо канӣ?
Баъд Муҳаббат бачаҳоро хомўш карду пурсид:
- Бибӣ, хонаатонро рўбам?
Бибӣ розӣ шуд. Муҳаббат гирд-гирди Малоҳат дуқат шуда, тақлиби ҷойрўбӣ карду оҳиста омада ба дастаи бачаҳо ҳамроҳ шуд. Бачаҳо бо овози баланд гуфтанд:
Ҳо, ҷастаму ҳо, ҷастам,
Сўзани тилло ба дастам.
Бибӣ аз ҷой ҷаста хесту:
Сўзани тилло канӣ?
Савғои бобо канӣ?
- гуфта бачагонро пеш кард. Бачагон аз ў дур шуданд.
Аз кадом сў овоз барояд, бибӣ ҳамон тараф мерафт.
Бачаҳо бошанд, суруди зайлро такроран мегуфтанд:
Бибӣ, бибича-е,
Палаки зомуча-е,
Нуқранамакдон-е,
Сўзани тилло-е,
Савғои бобо-е,
Канӣ дар дастаки кист?
Канӣ, дар ҷайбаки кист?
Бачаҳо аз хати доира берун намебаромаданд. (Касе аз бачаҳо қадаме аз доира берун гузорад, «месўзад», яъне аз бозӣ ронда мешавад). Малоҳати чашмбаста ҳам кўшиш мекард, ки ягон бозигарро дар дохили доира дорад.
Мабодо аз хат берун қадам монад, дигарон «алав», «ҷарӣ»,
«дарё» гуфта фарёд мекарданд. Малоҳат худро дарун мегирифт. Охир Сабоҳат ба дасти Малоҳат бархўрд.
Бачаҳо акнун чашми Сабоҳатро бастанд ва ўро миёнаи доира шинонданд. Бозӣ аз нав сар шуд.
Луғат: палмосид- даст-даст кард.
МО МАЛАНГЕМ
Дар ин бозӣ бояд бозигарон ҷуфт бошанд. Ду нафар сармир интихоб мешавад. Ин дафъа бачаҳо Ҳамиду
Саидро хостанд ва ҷуфт-ҷуфт ёр даромада, ба ду гурўҳ ҷудо шуданд.
Сармирҳо «мушту шаппотӣ» карданд. Саид навбатдор шуд. Ёрони Ҳамид ҳама рў ба девор оварда, суруди зайлро замзама намуданд:
Мо малангем,
Кўчалангем,
Оби зам-зам,
Тири маҳкам,
Шер, гир!
Саид дар сари марра истода, назорат мекард, ки ёрони Саид ба пушташон нигариста, кадом сў рафтани ёронашро набинанд. Ҳамаи ёронаш пинҳон шуданд. Баъд ба овози баланд:
-Тут пухт? –пухт? -гуфт.
Бачаҳо аз ҳар канор: - «Ҳа, пухт! -гўён овоз бароварданд. Ёрони Ҳамид ба ҷусутуҷўй рафтанд. Ҳар бозигар ҷуфти худашро меҷуст.
Саиду Ҳамид дар сари марра истода, рафти бозиро назорат мекарданд. Агар ёрони Ҳамид аз пиллаҷой дур раванд, Саид:
Мо малангем,
Кўчалангем,
Оби зам-зам,
Тири маҳкам,
Шер, пар!
- мегуфт. Ё худ, хавфро ҳис кунад, дар охрири суруд
«шер, напар!- ро илова мекард. Ёрони Саид мекўшиданд, ки чашми ҷуфташонро хато карда, ба пиллаҷой омада овоз бароранд. Бозигари ба пиллаҷой расида, дар паҳлуи сармираш меистод.
Ду-се нафар ёрони Ҳамид аз пиллаҷой дур нарафта, ҷуфташонро интизор шуданд. Саид ба онҳо нигариста:
- Дар сари пилла чӣ кардӣ? – гуфт. Онҳо оҳиста- оҳиста, аз сари пилла (марра) дур рафтанд.
Ҳамин тавр, дар охири бозӣ маълум шуд, ки ёрони
Ҳамид аз даҳ ёри Саид ҳафт нафарашонро даст гирифта, ғолиби бозӣ ва соҳиби навбат гардидаанд.
ҲАВЗАК - ҲАВЗАК
Калонсоле бачаро дар бағал гирифта, дасти рост ё чапи ўро рўйи кафаш мегузорад ва гирд-гирди кафи бача бо ангушти ишорат «хат» кашида:
Ҳавзак – ҳавзак,
Гирдаш сабзак, - мегўяд ва миёнаи кафро нишон дода, ба оҳанги фораму дилкаш месарояд:
Ору омад, об хўрд,
Оҳу омад, об хўрд.
Баъд аз лелача сар карда, ангуштони бачаро як-як дар рўйи кафаш қат мекунад ва дар ин маврид сатрҳои зеринро мегўяд:
Ин гов кушад,
Ин пўст канад,
Ин пазаду соз кунад,
Ин хўраду ноз кунад.
Ин майдаяк куҷо буд,
Ки шўрбо нарасид?!
Бача аз ин бозӣ ба завқ меояд ва калонсол оҳиста- оҳиста ба нармӣ ўро қитиқ карда:
Чулулу,
Барги каду!- мегўяд. Бача баланд механдад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё