Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

САРАФСОНАҲО

Аввали афсонаҳо чунин сар мешавад:

Буд, набуд, будгор буд,

Замин набуд, шудгор буд.

Фаслаки баҳор буд,

Вақти гули хор буд.

Дар як хона тўй буд,

Хона лаби ҷўй буд.

Лаклак тавлакзан буд,

Достак дуторзан буд.

Тўтӣ саногўй буд,

Қумрӣ дуогўй буд.

Гурба бакавул буд,

Рўбоҳ ясавул буд.

Ҳуд-ҳутак ҳоким буд,

Мусича ходим буд.

Калламуш дарбон буд,

Мушак сари нон буд.

Гургак шўрбопаз буд.

Хирсак ҳалвопаз буд,

Гўшдароз ҳаммол буд,

Қурбоққа даллол буд,

Тўй тўйи калон буд,

Бисёр одам дар он буд,

Зоғак ҳадягир буд.

Булбул арўсгир буд.

Арўс дар фиғон буд,

Тағош меҳрубон буд,

Модараш гирён буд,

Хоҳараш ҳайрон буд.

\* \* \*

Будро, набудро,

Калбузи кабудро,

Хўрдани қурутро,

Тофтани бурутро.

\* \* \*

Афсона сано буд,

Буз марди гадо буд,

Хар ғалтиду ҳанг зад,

Э, ин чӣ бало буд?!

\* \* \*

Дар вақтҳои вақт буд,

Як хари карахт буд,

Боркаши ҷонсахт буд,

Охур аз дарахт буд.

\* \* \*

Шақ-шақи зоғон буд,

Ғорати боғон буд.

Чиқ- чиқи гунҷишкон буд,

Ҳай-ҳайи кампирон буд.

Як хурма панир буд,

Як танўр фатир буд.

Дар як коса дўғ буд,

Ин ҳама дурўғ буд.

БОЗИҲО БАРОИ ИСТИФОДАИ МУРАББИЁН ВА

ОМЎЗГОРОН ДАР МАШҒУЛИЯТ ВА ДАРС (Ё БЕРУН АЗ ДАРС )

АРҒУНЧАК

Наврўз оғози фасли баҳор , айёми кишту кор аст.

Наврўзро бо шодию нишот пешвоз мегиранд. Ҳар навъ бозиҳо ташкил мекунанд. Дар рўзҳои иди Наврўз калонсолон барои духтарон дар шохҳои дарахтон арғунчак мебанданд. Онҳо навбат ба навбат мепаранд.

Агар дар вақти арғунчакпарӣ нағз ҳаво гиранду аз шохи дарахт нишонае гирифта, ба дугонаҳояшон диҳанд, паи ҳам ду навбат мепаранд.

Арғунчакпарӣ сурудҳои худро дорад. Яке аз инҳо ин аст:

Ҳаво, ҳаводор-е,

Барги сафедор-е.

Уштури қатор-е,

Сандуқи пурбор-е.

Ҳаво, ҳаводор-е,

Барги сафедор-е!

Ё ки ин хел месароянд:

Арғунчаку белинчак,

Ман духтари келинчак.

Келиннчак хамир кардаст,

Камтарак камӣ кардаст.

Ордакаш камӣ кардаст,

Ҳезумаш намӣ кардаст.

Бобом ба ҳезум рафтаст,

Арғамчина гум кардаст.

Арғамчин дар боғи мо,

Боғи мевадори мо!

МА, ГУЛ

Бачаҳо ғун шуда, шумурак гуфтанд:

Луғат: Ғун-зам

Зоғу кулоғон,

Дар дашту ёбон.

Ту рафта орд без,

Ту шину ту хез!

Ҳама як-як аз давра баромаданду Раҳмат танҳо монд ва сармир шуд.

Вй бачаҳоро паҳлўи ҳам шинонд. Худаш дар аввали қатор нишасту ба тарафи росташ , ба Аҳмад нигариста гуфт:

- Ма, гул!

- Чӣ гул?

Гули шафтолу- гул! – ҷавоб дод Раҳмат.

- Ма, гул!

Чӣ гул!

Гули себ - гул!

Ҳар яке номи гулеро мекофт, вале гуфтаи рафиқонашонро такрор намекард. Навбати Қодир шуд.

Қодир ба Собир гуфт:

- Ма, гул!

- Чӣ гул? –пурсид Собир.

Қодир дар ҷавоб:

- Гули шамшод - гул! - гуфт. Раҳмат аз ҷой хесту бозиро боздошт ва аз бозигарони дигар пурсид:

- Гули шамшодро кӣ дидааст?

- Мо надидаем! – гуфтанд бозингарон.

- Қодир бозиро бохт.

Сармир хоҳиш намуд, ки Қодир суруде гўяд ё бирақсад. Қодир суруде гуфту дар ҷояш нишаст.

Бозӣ аз нав сар шуд…

Эзоҳ: Дар бозӣ натанҳо писарон, балки духтарон ҳам иштирок мекунанд ва сармир ҳам таъин мешаванд.

ЛЕЛАК-ЛЕЛАКИ БОҚӢ

Ҳашт нафар бачаҳо давра нишастанд ва бо амри

Замира пойҳояшонро дар мобайн дароз карданд. Замира, ки сармир интихоб шуда буд, ба гуфтани суруди ин бозӣ шурўъ кард:

Лелак-лелаки боқӣ,

Дастам гулаки соқӣ.

Соқӣ ба бозор рафтаст,

Куррачасавор рафтаст.

Се уштури қазоқӣ,

Биниҳошон ямоқӣ,

Каҷовабор рафтанд,

Дум-думаш қатор рафтанд.

Андар кашу мандар каш,

Як пою дастат каш!

Замира суруд мегуфту ба пойҳои бозигарон бо ангушташ ишора мекард. Калимаи «каш» ба пои рости

Ҳалима рост омад. Ҳалима пояшро ғундошта нишаст.

Замира боз сурудро аз аввал гуфт. Ин дафъа поёнии суруд ба пои чапи Ҳалима рост омад. Ҳамин тавр бозигарон як- як пойҳояшонро аз давра кашида, чорзону нишастанд.

Ҳамаи пойҳо, ки ғундошта шуданд, Замира ҳам чорзону нишаст. Акнун ҳама баробар зонуҳояшонро молида, се- чаҳор карат:

Деворака кофтем,

Қунғузака ёфтем.

Кокулоша бофтем,

Паси пушт партофтем!

- гуфтанд. Бо фармуди Замира бозигарон дастонашонро часпонида, лелакҳояшонро байни ҳам гузаронданд ва ба сари зонуҳои чапу рост ба навбат зада гуфтанд:

Ин ҳандалак,

Ин тарбузак!

Ин зомуча,

Ин харбуза.

ЛУҒАТ

ЗОМУ - дастанбўй

ЗОМУЧА - харбузаи лўндаи тезпазаки хушбўй, ҳандалак.

Замира, ба Ҳалима, ки ҳар ду пояшро аз ҳама пеш аз давра кашида буд, фармуд, аз ҷой хезад. Вай оҳиста-оҳиста аз ҷой хест. Ҳар ду зонуяш «қирс»-«қирс» карда, садо баровард. Ҳамаи бачаҳо баробар:

- Ҳалима – булбул! Ҳалима – булбул! - гуфтанд.

Навбат ба Ҳамида расид. Ҳамида аз ҷой хест, як зонуяш садо баровард, дигараш не. Бозигарон ба вай нигариста:

-Ҳамида – кабкак! – Ҳамида – кабкак! - гуфтанд.

Ҳафиза аз ҷой хест. Ҳар ду зонуяш садо набаровард.

Бачаҳо ба вай гуфтанд:

- Ҳафиза зоғ! - Ҳафиза - зоғ!

Ҳафиза мувофиқи шарти бозӣ ва фармуди сармир ба рақс даромад. Ҳафиза мерақсиду бозигарони дигар каф зада месароиданд:

Ҳафиза, пешу пушт рав,

Аз ҷо хезу арғушт рав!

Сармир ҳамаи бозигаронро як-як аз ҷой мехезонд.

Бозӣ давом мекард.

пешина
аз 25
навбатӣ