Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

БИЁ, БАҲОР

Биё, баҳор, бозӣ кунем,

Чумчая наққошӣ кунем.

Чумча ба мо об диҳад,

Оба ба полиз диҳем.

Полиз ба мо сабча диҳад,

Сабчая ба модгов диҳем.

Модгов ба мо шир диҳад,

Шира ба деҳқон диҳем.

Деҳқон ба мо ғалла диҳад,

Ғаллая ба осиё диҳем.

Осиё ба мо орд диҳад,

Орда ба элак диҳем.

Элак ба мо бехта диҳад,

Бехтая ба суфра диҳем.

Суфра ба мо хамир диҳад,

Хамира ба танўр диҳем.

Танўр ба мо кулча диҳад,

Кулчая ба чўпон диҳем,

Чўпон ба мо барра диҳад,

Баррая ба бозор барем.

Китоба аз дукон харем,

Китоба мо хонда шавем,

Китоб ба мо савод диҳад.

ЯК ДОНА МАРВОРӢ

Як дона марворӣ,

Ду дона марворӣ.

Ман банда ба саракат,

Тарбузи ғелон ворӣ.

Ман банда ба пешонӣ,

Тахти Сулаймон ворӣ.

Ман садқа ба гўшакат,

Гўшвори овезон ворӣ.

Ман банда ба чашмонат,

Мушки Ҳиндустон ворӣ.

Ман банда ба дандонат,

Ёқуту марҷон ворӣ.

Ман банда ба дастакат,

Дасти ҳунардон ворӣ.

Ман банда ба поякат,

Кафши дав-давон ворӣ.

Ман банда ба қадакат,

Химчаи ларзон ворӣ.

Ман банда ба рафторат,

Кабки хиромон ворӣ.

ЧӢ ГАЗИД?

Э, вой, мана дупар газид!

- Чӣ газид? Ғунда газид?

Дар болои кунда газид?

Э кошкӣ ғунда мегазид,

Болои кунда мегазид,

Э вой, мана дупар газид.

- Гў, чӣ газид? Мор газид?

Дарози думдор газид?

Э кошкӣ мор мегазид,

Дарози думдор мегазид,

- Э, вой, мана дупар газид!

- О, чӣ газид? Мўрча газид?

Дар хамаки кўча газид?

- Э кошки мўрча мегазид,

Миёни кўча мегазид,

Э вой, мана дупар газид!

- О, чӣ газид? Гурба газид?

Дар пуштаки тўрба газид?

- Э кошкӣ гурба мегазид,

Дар пушти тўрба мегазид,

Э вой, мана дупар газид.

- О, чӣ газид? Хар газид?

Дар лабаки ҷар газид?

- Э кошки хар мегазид,

Дар лабаки ҷар мегазид,

Э вой, мана дупар газид!

- О, чӣ газид? Зоғча газид?

Дар болои шохча газид?

- Э, кошки зоғча мегазид,

Болои шохча мегазид,

- Э вой мана дупар газид?

- Вай саласурхи дупара,

Миёнборики ҷангара,

Дорад ба қассоб рафтуо,

Нўги думаш неши бало.

Дар боғ дорад хонаҳо.

Дар дасту пояш шонаҳо.

- О, чӣ газид? Ору газид?

- Ҳа, ҳа, худи ору газид!

БУЗАКАМ ЧИГӢ-ЧИГӢ

Як буз дорам, кабуд аст,

Ҷояш таги муруд даст,

Хурма пури қурут аст,

Бузакам, ҷигӣ-ҷигӣ!

Бузакам шохкалон аст,

Пеши моли чўпон аст,

Аҷалаки гургон аст,

Бузакам, ҷигӣ-ҷигӣ!

Бўзаки шўхам тоқ аст,

Почадарози қоқ аст,

Саркашаки айлоқ аст,

Бузакам, ҷигӣ-ҷигӣ!

Бузакамро, ки ҷўшам,

Ширакашро фурўшам,

Ҳалқа харам ба гўшам,

Бузакам, ҷигӣ-ҷигӣ!

Ҳой-ҳой, амаки чўпон,

Бузма надеҳ ба гургон,

Аз ту мгирам товон,

Бузакам, ҷигӣ-ҷигӣ!

пешина
аз 25
навбатӣ