Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

РЎБОҲАК

- Ман рўбоҳаки чусту чаққонам,

Дар ҷанги мурғон шерри жаёнам.

Мириҳазори бузғолгонам,

Дар доми сайёд асло намонам.

Ман мурғаконро аз дарахт гирам.

Хурўси тоҷдор аз тахт гирам.

Шаб ангури боғ ба ғорат барам,

Нест ғайри дуздӣ кори дигарам.

МАЛЛА

Малла хурду чаққон аст,

Дум-думи бачагон аст.

Гўшҳои малла лаққа,

Дар гўши малла ҳалқа.

Ак-ак ба акка кунад,

Ҳамла ба такка кунад.

Рўз паи гурба давад,

Шом, ки шавад, хоб равад.

Мурғака рўбоҳ барад,

Бегоҳу пагоҳ барад.

Малла парво надорад,

Парво асло надорад.

- ПИШӢ, ТУ КУҶО АЛЛА?

- Пишӣ, пишӣ, лолоӣ ту,

Мошони мо бобои ту.

Аз кўча гаштанҳои ту,

Чорўқ намонд дар пои ту.

Саг пуштаки дар хуфта,

Пишӣ, ту куҷо алла?

Рўбоҳ ба шикор рафта,

Пишӣ, ту куҷо алла?

Тоқдон ғур-ғури шамол,

Пишӣ, ту куҷо алла?

Бомак ғарами пахол,

Пишӣ, ту куҷо алла?

Танўрак пури алов,

Пишӣ, ту куҷо алла?

Ҷўяк шилдираси об,

Пишӣ, ту куҷо алла?

- Дари мушхона алла,

Таги остона алла.

МОМОҶУРҒОТАК

Момоҷурғотак,

Чаро ту хурдак?

Болу паракат

Сурхаку зардак?

Чаро ту мудом,

Аз саҳар то шом.

Боло мепарӣ?

Куҷо мепарӣ?

Момоҷурғотак,

Ҷурғотат канӣ?

Соли нав омад,

Савғотат канӣ?

СИНФИ 4

БАҲОР ОМАД

Баҳор омад, баҳор омад,

Гули савсан қатор омад,

Ба деҳқон вақти кор омад,

Баҳори лолазор омад!

Ба рўи сабза борон шуд,

Ҳама олам гулистон шуд,

Камарҳо ҷумла бўстон шуд,

Баҳори лолазор омад!

Баҳор омад ба некрўзӣ,

Бичин гулҳои наврўзӣ,

Бипўш тоқии гулдўзӣ,

Баҳори лолазор омад!

Гули сияҳгўш ҳафтранг аст,

Хўроки кабки дилтанг аст,

Миёни хору ҳам санг аст,

Баҳори лолазор омад!

Гули сияҳгўш ҳафтранг аст,

Ҳамеша дар сараш ҷанг аст,

Аз ин дилҳо чӣ хурсанд аст,

Баҳори лолазор омад.

Гули сияҳгўш лабгардон,

Камарбанди ҷавонмадон,

Аз ў ҳар марду зан хандон,

Баҳори лолазор омад!

Чу лайлак дар Ҳисор омад,

Ба ҳар шохи чинор омад,

Зимистон буд, баҳор омад,

Баҳори лолазор омад!

Баҳор омад ба меҳмонӣ,

Ба таърифаш суруд хонӣ,

Ту қадри гул намедонӣ,

Баҳори лолазор омад!

БОЙЧЕЧАК

Бойчечаку бойчечак,

Гули хушрўйи химчак,

Бойчечак, бойчечак.

Бойчечак омад луччак,

Тамошо кун келинчак,

Бойчечак, бойчечак.

Бойчечаки ҳисорӣ,

Танга тилло, ҷуворӣ,

Бойчечак, бойчечак.

Бойчечак калон шудаст,

Пешопеш равон шудаст,

Бойчечак, бойчечак.

Эй холаи хонаддор,

Ҳар чӣ мехоҳӣ, барор,

Бойчечак, бойчечак.

Таги остона ғур-ғур,

Хонаи мо ба нон пур,

Бойчечак, бойчечак.

Таги остона дутор,

Будам хумори баҳор,

Бойчечак-бойчечак.

Бўйи баҳор, бойчечак,

Муждаи кор бойчечак,

Бойчечак, бойчечак.

пешина
аз 25
навбатӣ